Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2004-2014

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 № 1047 “Дар бораи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии замимашудаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014 тасдиқ карда шавад.
  2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2004 ва солҳои минбаъда барои амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014 вобаста ба имкониятҳои буҷет маблағ пешбинӣ намоянд.
  3. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ барои иҷрои вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда тадбирҳо андешанд.
  4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба тайёр ва таъмин намудани кадрҳои илмию педагогӣ, такмили тайёрии методии онҳо чораҳои мушаххас андешида, барои ҳамаи табақаҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ созмон диҳанд.
  5. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи чорабиниҳои фарҳангию оммавиро барои кўдакону ҷавонон зиёд карда, чопи босифати китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимиро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монад. Бо иштироки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тарҷумаи адабиёти бадеӣ, илмӣ ва илмӣ-оммавии заруриро ба забонҳои русию англисӣ ва тоҷикӣ таъмим намояд.
  6. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои телевизион ва радиоро бо забонҳои русию англисӣ такмил дода, вақти барои онҳо ҷудошударо зиёд намояд.
  7. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаш моҳ ҷараёни иҷрои қарори мазкурро баррасӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2003 № 508

ш. Душанбе

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …