Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024

БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” июли соли 2016, № 329 тасдиқ шудааст

 

***ШИНОСНОМАИ БАРНОМА

Номгӯи Барнома Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран

барои солҳои 2016 – 2024

 

Мӯҳлати татбиқи Барнома Солҳои 2016 – 2024
Асоси таҳияи Барнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ”,

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014, № 505 “Дар бораи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран 2014 – 2024”

Таҳиягарони Барнома Вазорати саноат ва технологияҳои нав,

КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”,

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафҳои асосии Барнома 1. Таъмин намудани амнияти зисти аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи таъсири объектҳои мероси саноати уранӣ.

2. Муҳайё намудани шароитҳои рушди устувори иқтисодии маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои мероси уранӣ.

Вазифаҳои асосӣ 1. Такмил ва ҳамоҳангсозии заминаи қонунгузорӣ ва меъёрии идоракунии амният ва солимгардонии объектҳои мероси уранӣ, аз ҷумла:

– муносибгардонӣ ва муқарарсозии меъёрҳои миллии таъмини бехатарӣ ва амалигардонии самарабахши чорабиниҳои солимгардонӣ;

– таҳияи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

– ҷорӣ кардани қоидаҳои гузаронидани экспертизаи байнадмилалӣ;

– такмили расмиёти арзёбии самарабахшиии чорабиниҳои иҷрошаванда;

– идоракунии маълумотҳои мониторингӣ, назоратӣ ва ғайра.

2. Ба вуҷуд овардани низоми самараноки назорати бехатарии муомилот бо партовҳои коркарди маъданҳои уранӣ ва идоракунии дарозмуддати бехатари майдонҳои объектҳои мероси уранӣ, аз ҷумла:

– арзёбии вазъ дар асоси гузаронидани барӯйхатгирӣ ва шиносномакунонии объектҳои мероси уранӣ;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирии низоми иншоотии мониторинг ва назорати техникӣ;

– таъмини барномаи мониторинги инфиродии ҳайати кормандон ва пешбурди феҳристи бақайдгирии шуоъгирӣ;

– таҳияи нақшаҳои муҳофизати радиатсионӣ зимни иҷрои чорабиниҳо ва барномаҳои назорати институсионалӣ дар давраи баъд аз анҷомёбии фаъолияти солимгардонӣ.

3. Рушди инфрасохтори техникии зерсохторҳо ва иқтидори кадрии оператору танзимгар ҷиҳати амалигардонии самарабахши вазифаҳояшон.

4. Беҳтаргардонии шароитҳои иҷтимоиву иқтисодии зисти аҳолӣ дар ҳудуди минтақаҳои таъсири объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ.

5. Ташкил кардани шароитҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ барои дастгирии барномаҳои фаъолияти солимгардонӣ.

Маблағҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ Татбиқи Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла маблағҳои Буҷети давлатӣ, ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва кӯмакҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Барои амалӣ намудани як қатор вазифаҳои Барнома таъмини мониторинги радиоэкологӣ ва назорати техникӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ трансфертҳои мақсаднок пешбинӣ гардидаанд (дар соли 2015 – 500, 0 ҳазор сомонӣ).

Дар назар аст, ки маблағгузорӣ дар ин самт минбаъд низ идома меёбад, ҳамчунин мувофиқи рӯйхати пешниҳодшавандаи чорабиниҳои аввалиндараҷа афзун мегардад.

Маблағгузории корҳо оид ба иҷрои вазифаҳои алоҳидаи Барнома бо лоиҳаҳои мушаххас оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамчунин дар доираи маблағгузории буҷетӣ барои иҷрои вазифаи оператори майдонҳои мероси уранӣ тибқи рӯйхати пешниҳодшудаи чорабиниҳои аввалиндараҷаи Барномаи мазкур, муайян карда хоҳад шуд. Ҳаҷми мамблағгузории ҳарсолаи Барнома ҳангоми ташаккули буҷет барои соли молиявии дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар назар аст, ки маблағгузории зарурӣ барои ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва таъминоти моддиву техникии фаъолияти ташкилоти оператор (Корхонаи махсусгардонидашудаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”) ва озмоишгоҳҳои мақоми тазимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзиши мутахассисон асосан аз ҳисоби лоиҳаҳои кӯмаки байналмилалии техникӣ, аз ҷумла дар доираи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ ва дигар барномаҳо иҷро карда мешавад.

Хароҷоти амалиётии озмоишгоҳҳо ва гурӯҳҳои назорати санҷишӣ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи мазкур, мисли дигар чорабиниҳои дар замима дарҷгардида, иҷро карда мешаванд.

Дар назар аст, ки корҳо оид ба баҳодиҳии бехатарӣ ва таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии (АТИ) чорабиниҳо, хусусан, барои объектҳои шаҳри Истиқлол, Деҳмой ва чанде дигар, ҳамчунин маблағгузории як қатор чорабиниҳои муҳандисӣ дар доираи барномаҳои комплексии кӯмаки техникии Комиссияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо иҷро карда мешаванд. Ҳамчунин дар назар аст, ки соли 2017 фонди кишварҳои донор таъсис гардида, имкони иҷрои корҳоро барои ба ҳолати бехатар овардани якчанд майдонҳои меросии истеҳсолоти ураниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Корҳо оид ба таъмини назорати танзимӣ ва техникии ин лоиҳаҳо дар доираи буҷети Барномаи мазкур маблағгузорӣ мегарданд.

 

Натиҷаҳои пешбинишаванда Дар натиҷаи амалӣ шудани Барномаи мазкур натиҷаҳои пешбинишавандаи зерин ба даст оварда мешаванд:

1. Стандартҳои миллӣ (меъёрҳо ва қоидаҳо), банақшагирӣ ва иҷрокунии чорабиниҳои солимгардонии объектҳои мероси уранӣ мувофиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мукаммал гардонида мешаванд.

2. Барномаи иншоотии мониторинг ва назорати техникӣ, ҳамчунин барномаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар майдонҳои меросӣ, чун воситаи дастгирӣ ва таъмини назорати радиатсионӣ, ҳамчунин барои арзёбии самарабахшии иҷрои чорабиниҳои солимгардонӣ таҳия ва муносиб гардонидашуда, мунтазам иҷро карда хоҳанд шуд.

3. Ташкилотҳои (операторҳои) майдонҳои меросии истеҳсолоти уранӣ беҳтар омода мешаванд ва метавонанд самараноктар вазифаҳои назорати бехатарии майдонҳои меросиро иҷро намуда, дар ҳолатҳои садамавӣ сари вақт эътино намоянд, ҳамчунин иттилоотонии мақомоти маҳаллии ҳокимият ва аҳолиро дар масоили банақшагирӣ ва амалисозии лоиҳаҳои фаъолияти солимгардонӣ иҷро намоянд.

4. Дар яқҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ барномаҳои комплексии банақшагирии марҳилавӣ ва амалисозии чорабиниҳои солимгаррдонӣ бо истифода аз фондҳои кӯмакҳои байналмилалӣ, ҳамчунин фондҳои миллӣ таҳия ва тайёр карда мешаванд. Маблағгузории чорабиниҳои назорати танзимӣ ва техникӣ дар доираи Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки самарабахшии иҷро ва устувории натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳои кӯмаки байналмилалӣ таъмин карда шаванд.

5. Низоми такмили тахассус ва омодагардонии кадрҳои миллӣ дар соҳаи банақшагирӣ, амалисозии фаъолияти солимгардонӣ, амнияти радиатсионӣ, муомилот бо партовҳо, дастгирии таҳлилии барномаи мониторинг ва назорати техникӣ ташкил карда мешавад.

6. Низоми иттилоотию таҳлилӣ ва маҳзани маълумот оид ба ҳолати объектҳои мероси уранӣ, маълумотҳои мониторинг ва чорабиниҳои рекултиватсионии амалишаванда (шиносноманоккунонии объектҳои мероси уранӣ) ташкил карда мешавад.

7. Бар асари амалӣ гардидани чорабиниҳо дар доираи Барномаи мазкур дар объектҳои мероси уранӣ идорашавандагии майдонҳои мазкур таъмин хоҳад шуд, ки барои ҷалби маблағҳо ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ мусоидат менамояд. Шароитҳои иҷтимоию иқтисодии рушди минтақаҳои аз таъсири объектҳои мероси уранӣ осебдида беҳтаргардида, ҷолибияти сармоягузорӣ барои эҳёи ҳудудҳои ҷойгиршудаи объектҳои мероси уранӣ баланд мегардад, ҳамчунин хавфи таъсироти манфии объектҳои мероси уранӣ ба саломатии одамон ва муҳити зист кам мегардад.

 

 

 

 

 

МУҚАДДИМА

 

  1. Таъмини амнияти радиатсионӣ унсури амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чорабиниҳои ба ҳолати бехатар овардани объектҳои мероси уранӣ намудҳои фаъолияти зеринро дар бар мегиранд: муайян намудани таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ (сарчашмаҳои шуоъхўрӣ ва ифлосшавии муҳити зист); арзёбии ҳолат ва тавсифоти таъсири манбаъҳои шуоъхўрии воқеӣ ва эҳтимолӣ; асосноккунӣ ва амалигардонии чорабиниҳои асоснок ва муносиби солимгардонӣ, ҳамчунин мушоҳидаи дарозмуддат ва назорати техникии майдонҳо баъди ба ҳолати бехатар овардани онҳо тибқи меъёру талаботи танзимкунӣ.
  2. Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист низ чун таъмини дараҷаҳои бехатари шуоъхўрӣ дар минтақаи таъсири объектҳои мероси уранӣ ҷузъи муҳими назорат мебошанд. Объектҳои мероси уранӣ одатан ба ғайр аз таъсироти радиологӣ метавонанд ба ифлосшавии кимиёвии муҳити зист оваранд (махсусияти таъсир аз геокимиёи масолеҳи маъданӣ ва истифодаи технологияи коркарди маъданҳо вобаста аст).
  3. Тоҷикистон, ҳамчун давлати узви Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА), бо ҳамроҳшавӣ ба конвенсияву созишномаҳои байналмилалӣ вазифадор аст стандартҳои асосӣ ва принсипҳои амниятиро дар вақти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва таҳияи нақшаҳои фаъолияти солимгардонӣ ба инобат гирад, самаранокии иҷрои лоиҳаҳои солимгардониро (рекултиватсиониро) назорат намояд ва идоракунии бехатарии чунин майдонҳоро дар тамоми давраи муқаррар кардани назорати танзимкунӣ амалӣ созад.
  4. Барои ноил шудан ба мақсадҳои самараноки стратегияи бехатарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки асосҳои қонунгузорӣ ва меъёрии худӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои радиоактивӣ куллан ва майдонҳои меросии истеҳсолоти уранӣ қисман мукаммал карда шаванд. Барои ин зарур аст талаботу меъёрҳои танзимкунӣ такмил дода шаванд, ки имконияти самаранок банақшагирӣ ва иҷрои чорабиниҳои солимгардонии чунин объектҳоро медиҳанд, ҳамчунин инфрасохтор ва имконоти техникии операторҳои майдонҳои мероси уранӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои вазифавиашон оид ба нигоҳдории бехатарӣ ва ҳамроҳии лоиҳаҳои фаъолияти солимгардонӣ мукаммал мегарданд.
  5. Қайд намудан муҳим аст, ки дар шароити мавҷудаи иқтисодии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби норасоии захираҳои молиявӣ техникӣ ва кадрӣ мустақилона омода ва амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги солимгардонии объектҳои меросии истеҳсолоти уранӣ имконпазир аст. Аз ин рў, ба нақша гарифта шудааст, ки рўйхати асосии чорабиниҳои омодасозӣ ва муҳандисӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои кўмаки баймилалии техникӣ иҷро карда шаванд. Илова бар ин муҳим аст назорати таъмини бехатарӣ ва корҳои ҳамроҳӣ ва санҷиши чорабиниҳои иҷрошаванда, ҳамчунин истифодаи дарозмуддати майдонҳо дар доираи барномаи назоратии институтсионалӣ, ки бояд аз ҷониби кадрҳои миллӣ иҷро гарданд ва маблағгузориашон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ бошад, таъмин карда шавад.
  6. Солҳои охир Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақоми танзимгари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти радиатсионӣ) ҳамчунин оператори объектҳои мероси уранӣ (Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқан ташкилоти идоракунанда КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”) дар бисёр лоиҳаҳои байналмилалӣ, ки ба расонидани кўмакҳои техникӣ ва молиявӣ ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои омодасозӣ ҷиҳати ба ҳолати бехатар овардани объектҳои мероси урании ҷумҳурӣ равона гардидаанд, фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, иштирок дар лоиҳаҳои АБЭА ва кооператсия бо Агентии муҳофизати радиатсионии Норвегия имконияти моҳиятан беҳтар намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии заминавиро дар ҷумҳурӣ дод ва якчанд қонунҳо, ки имкони оғози омодаи фаъолонаро барои амалисозии чорабиниҳои солимгардонӣ медиҳанд, таҳия гардиданд. Дар доираи иштирок дар барномаҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ – Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва барномаҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо (ИА), ҳамчунин аз ҷониби баъзе аз фондҳои шахсӣ (масалан, чун Фонди Швейтсариягӣ оид ба безараргардонии минаҳо FSD) корҳо оид ба гузаронидани тадқиқот ва лоиҳакашии чорабиниҳои муҳофизатӣ ҷиҳати ба ҳолати бехатар овардани баъзе аз объектҳои мероси уранӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз гардидаанд. Аммо, шарти умумии ҳалли самараноки мушкилоти бехатарии чунин объектҳо барои дурнамои дарозмуддат зарурати истифодаи муносибати маҷмўӣ ва бонизом мебошад. Он дар худ омода намудани нақшаҳои миллии фаъолияти солимгардонӣ, гузаронидани мониторинг ва назорати ҳолати объектҳои меросӣ, ҳамчунин идоракунии чунин майдонҳо ва ҳамкории мутақобил бо аҳолӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи барномаҳои миллиро дар бар мегирад. Мавҷудият ва иҷрои чунин барномаҳо дар кишвар ҷиҳати ҷалб ва самаранок истифода гаштани захираҳои молиявӣ ва кадрии ташкилотҳои байналмилалӣ кўмак менамояд, ҳамчунин дар таъмини низоми дарозмуддати идоракунии чунии объектҳо ва амнияти монеаҳои муҳандисӣ ва иншоотҳо мусоидат менамояд.
  7. Иштироки фаъолонаи мақоми танзимгари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар вазорату идораҳо дар барномаҳои кўмаки техникӣ, аз ҷумла, дар барномаи Гурўҳи ҳамоҳангсоз дар соҳаи солимгардонии объектҳои мероси урании Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ CGULS (Coordinftion Group for Uranium Legacy Sites) ҳамчунин дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо, имкони умед бастанро медиҳанд, ки мумкин як қатор лоиҳаҳои гаронарзиши солимгардониро давлатҳо-донорҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) маблағгузорӣ намоянд. Айни замон дар якҷоягӣ бо шарикон аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони АБЭА ва ИА маводро ба Конфронси Донорҳо, ки соли 2017 доир мегардад, омода месозанд.
  8. Яке аз талаботи маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки солимгардонии объектҳои мероси уранӣ барои кишвар ин мавҷуд будани стратегияи давлатӣ нисбат ба чорабиниҳои ба ҳолати бехатар овардани майдонҳои меросии истеҳсолоти уранӣ ва барномаҳои миллии дастгирии чунин лоиҳаҳо мебошад, ки имкони таъмини намудҳои фаъолияти зеринро медиҳад:

– ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ бо стандартҳои асосии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА) ва беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, муносибгардонӣ ва муқаррарнамоии талаботи самараноки танзимӣ, меъёрҳои таъмини бехатарӣ, меъёрҳо, қоидаҳои омодасозӣ ва гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ;

– иштирок намудани кадрҳои миллӣ дар тайёр намудани лоиҳаҳо, экспертиза, иштирок дар иҷрои чорабиниҳои муҳандисӣ ва таъмин намудани назорат аз бехатарӣ ва самаранокии гузаронидани чунин лоиҳаҳо;

– иҷро намудани барномаи мониторинг ва назорати техникӣ дар объектҳои меросӣ мувофиқи талаботҳои танзимӣ;

– таҳия ва иҷрои барномаи дарозмуддати идоракунии майдонҳои меросӣ (бозбинии институтсионалӣ) баъди овардани онҳо ба ҳолати бехатар (аз ҷумла, онҳое, ки давлатҳо-донорҳо ё аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд).

  1. Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 (минбаъд – Барнома) ҷузъи муҳим дар таъмини натиҷаҳои самаранок ва устувори кўмакҳои техникии чашмдоштшаванда аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва фондҳои кишварҳои донор мебошад. Чорабиниҳои чунин Барнома имкони талошҳои муштаракро барои иҷрои лоиҳаҳо бо дастгирии молиявӣ ва кўмакҳои техникии кишварҳои донор медиҳад. Захираҳои Барнома имкон медиҳанд, ки инфрасохтори милливу экспертӣ, танзимӣ ва ташкилӣ барои амалисозии лоиҳаҳо ба ҳолати бехатар овардани объектҳои меросии истеҳсолоти уранӣ, инчунин идоракунии дарозмуддати бехатарӣ дар чунин объектҳо ва минтақаи таъсири онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъан тақвият ёбанд.
  2. Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди кўмакҳои назарраси техникӣ ва молиявии аз ҷомеаи байналмилалӣ чашмдоштшаванда объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд.

Таъмини санҷиши бехтарии истиқомат дар паҳлуи чунин объектҳо, идоракунӣ ва хизматрасонии майдонҳои мероси уранӣ, хизматрасонии объектҳои муҳандисӣ ва дигар вазифаҳои муҳими таъминкунандаи устувории чорабиниҳо барои давраҳои тулонӣ вазифаҳое мебошанд, ки бояд аз ҷониби кадрҳои миллӣ ҳал гарданд ва дар доираи барномаҳои миллӣ маблағгузорӣ шаванд. Дар доираи Барномаи миллӣ муҳим аст якчанд чорабиниҳо амалӣ шаванд, ки имкони мутобиқкунонии стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёриро медиҳанд, ҳамчунин иқтидорҳои кадриро дар ҷумҳурӣ барои иштирок дар барномаҳои дарозмуддати фаъолияти солимгардонӣ ҳавасманд мегардонанд. Самтҳои асосии тайёр намудани кадрҳо дар доираи иҷрои Барномаи мазкур бояд чунин бошанд: санҷиши экологӣ ва радиатсионӣ, муҳофизати радиатсионӣ аз шуоъхўрии ионзо, масоили мониторинг ва назорат, технология ва усулҳои муҳандисии идоракунии бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва партовҳои меросии истеҳсолоти уран ва ҷалби аҳолӣ барои қабул намудани қарор.

  1. Нақшаи чорабиниҳои дар доираи Барнома амалишаванда имкон медиҳанд, ки кор бо аҳолӣ самараноктар гузаронида шавад, масоили вобаста ба хавфи истиқомат дар паҳлуҳои объектҳои меросӣ, ҳамчунин натиҷаҳои гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ фаҳмонида шаванд (замима мегарданд). Ин имконияти паст намудани шиддати иҷтимоиро дар чунин минтақаҳо дода, боварии аҳолиро ба давлат зиёд менамояд, ҳамчунин ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ин минтақаҳо куллан мусоидат менамояд, ҷолибияти сармоягузорӣ, арзиши захираҳои табииро зиёд намуда, сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллиро баланд мебардорад.
  2. Ҳадафҳои асосии Барнома ба таъмин намудани амнияти истиқомати аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи таъсири объектҳои мероси собиқ истеҳсолоти уранӣ, ҳамчунин ба муҳайё намудани шароитҳои рушди устувори иқтисодии маҳалҳо дар минтақаи таъсири объектҳои мероси уранӣ равон гардидаанд.
  3. Дар ҳуҷҷати мазкур инчунин вазифаҳои асосӣ, ки иҷрояшон барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур мебошанд ва механизмҳои асосии иҷрои Барномаи мазкур баррасӣ мегарданд.
  4. Дар доираи Барнома корҳои барўйхатгирӣ ва арзёбии ҳолати майдонҳои мероси уранӣ, аз ҷумла партовгоҳҳо, хоктўдаҳои ҷинсҳои бегона ва дигар объектҳои инфрасохторӣ (карерҳо, боқимондаи биноҳо ва ғ.) анҷом дода мешаванд, ҳамчунин барномаҳои мониторинг ва назорати техникӣ амалӣ карда мешаванд. Иҷрои Барнома имкон медиҳад, ки хавфи эҳтимолии таъсироти объектҳои меросии истеҳсолоти уранӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ ба таври назаррас паст карда шавад.
  5. Барнома бо дарназардошти стандартҳои асосии бехатарии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА), дар асоси Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор то соли 2030 ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 таҳия гардида, қисми таркибии Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 ба ҳисоб меравад

 

1. ҲОЛАТИ КУНУНИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСӣ ВА МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ

 

  1. Ҷустуҷўи бошиддати маъданҳои урани саноатӣ дар Тоҷикистон аз солҳои баъдиҷангӣ (1945-1950) оғоз гардидаанд ва дар натиҷа як қатор конҳо кашф гардиданд. То ин муддат дар шимоли кишвар аз соли 1926 кони Табошар маълум буда, аз маъдани урандори он радий истихроҷ карда мешуд. Соли 1936 кон пурра ҳамчун манбаи ашёи хоми уранӣ иктишоф гардидааст. Дар соли 1940 мавҷудияти уран дар кони Адрасмон, ки дар миёнаи солҳои 30-ум висмут истихроҷ карда мешуд, муқаррар карда шуд.
  2. Мавҷуд будани конҳои уран дар Табошар ва Адрасмон якбора минтақаи шимоли Тоҷикистонро чун мавзеи афзалиятнок барои ташкили истихроҷи саноатии уран ва коркарди маъданҳои он муайян намуд.
  3. Барои амалӣ намудани истихроҷи уран дар шимоли Тоҷикистон соли 1945 комбинати кўҳиву кимиёвии махсуси №6 дар ҳудуди шаҳри Ленинобод таъсис дода шуд, ки баъдтар номи комбинати кўҳӣ-кимиёвии Ленинобод, Корхонаи давлатии “Комбинати металҳои нодири шарқ”-ро гирифта, ҳоло КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” номгузорӣ гардидааст.
  4. Дар натиҷаи истихроҷи саноатии маъданиёти уран дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти корхонаи мазкур хоктўдаҳои ҷинсҳои кушоиш, маъданҳои заиф ва беруназтавозунӣ аз кон, чоҳҳо ва партовҳои коркарди гидрометаллургии маъданҳо (партовгоҳҳо) ба вуҷуд омадаанд, ки дар онҳо ғилзатнокии зиёди радионуклидҳои пайдоишашон табиӣ ва якчанд моддаҳои заҳрнок дида шуда, аз сатҳи бехатарӣ барои аҳолӣ ва муҳити зист баланд мебошанд. Чунин объектҳо мувофиқи таснифоти Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА) ба объектҳои меросии истеҳсолоти уран дохил мешаванд ва гузаронидани чорабиниҳоеро талаб менамоянд, ки имкони паст намудани хавфи таъсироти манфии онҳоро диҳанд ва нигоҳдории бехатари дарозмуддати онҳоро таъмин намоянд. Миқдори умумии партовҳои саноати кўҳкории тули фаъолияти корхона ҷамъгардида бо сатҳи баланди миқдори радионуклидҳои табиӣ зиёда аз 55,0 млн. тоннаро дар майдони 180 га ташкил медиҳанд. Миқдори зиёди чунин партовҳо ба объектҳои мероси уранӣ тааллуқ дошта, назорати танзимӣ ва ба ҳолати бехатар оварданро талаб менамоянд.
  5. Партовгоҳҳои собиқ истеҳсолоти уран ва қисми зиёди хоктўдаҳои истихроҷи кўҳии маъданиёти уран дар қаламрави вилояти Суғд манбаъҳои эҳтимолии ифлоскунандаи ҳудудҳои ҳамшафат, ҳавои атмосферӣ, обҳои зеризаминӣ ва дарёҳо мебошанд, ки ба сифати манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ ва обёрӣ истифода мешаванд. Таъмини бехатарии ин объектҳо дарки инҳоро металабад: манбаъҳо ва роҳҳои шуъохўрии (таъсири экотоксикологии) объектҳои собиқи уранӣ ба муҳити зист ҳам дар шароити кунунӣ ва ҳам дар шароити зуҳуроти эҳтимолии имконпазири омилҳои фавқулоддаи табиӣ (заминларза, ярч, ҷараёнҳои сел, обхезӣ ва ғ.), ҳамчунин зери таъсири фаъолияти инсонҳо.
  6. Дар якчанд майдон дараҷаи баланди гамма-афканишоти берунӣ ба мушоҳида расида, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва операторҳои ин объектҳоро ўҳдадор менамояд, ки ба ин минтақаҳо аҳолиро роҳ надиҳанд, ҳамчунин оид ба риоя гардидани бехатарӣ дар чунин объектҳо санҷиш гузаронанд. Тавоноии миқдори баробари (ТДМ) гамма-афканишот дар сатҳи партовгоҳҳо ҳудуди аз 0,3?1,5 мкЗв/соат ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои партовгоҳҳои сатҳашон кушода ТДМ ба 30 мкЗв/соат ва зиёда аз он мерасад. Сатҳи баланди ТДМ гамма-афканишот, зичии баланди эскалатсияи радон ва мавҷуд будани минтақаҳои кушодаи сатҳашон ифлос, ки зарраҳои чангҳои ифлосгардидаи онҳо ба ҳудудҳои ҳамшафат паҳн мегарданд, масалан, аз сатҳи партовгоҳи Деҳмой ё дар минтақаи ҷойгиршавии хоктўдаҳои фабрикаи маъданиёти заифи шаҳри Истиқлол (Табошар), омилҳои хавфноки радиатсионии шуоъхўрӣ барои аҳолӣ ва ифлосшавии муҳити зист маҳсуб мегарданд. Дар ин замина сатҳи манзари табиии гамма-афканишот дар ҳудудҳои ҳамшафат дар доираи аз 0,10 то 0,30 мкЗв дар як соат фарқ менамояд. Барои гурўҳҳои муайяни аҳолии маҳаллӣ миқдори солонаи шуоъхўрӣ мумкин аст аз 1 мЗв, ки ба ҳудуди поёнии қимати сатҳи референтӣ барои ҳолати мавҷудаи шуоъхўрӣ мувофиқ меояд, зиёд шавад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ эҳтимолияти ҷойдоштани чунин сатҳи шуоъхўрӣ зарурати гузаронидани чорабиниҳои муайяни муҳофизатиро ба назар мегирад, ки санҷиши манбаъҳо ва роҳҳои ташаккулёбии шуоъхўриро имкон медиҳад, инчунин амалисозии барномаи мониторинг ва назорати техникиро ба сифати воситаи дастгирии иттилоотӣ дар асосноккунии чунин чорабиниҳо талаб менамояд.
  7. Дар чунин майдонҳо истифода намудани об барои нўшидан ва обёрӣ, ки зери таъсири шахтаву карерҳои урании таги обмонда ифлос мегарданд, обҳои равони заҳкашҳо аз партовгоҳҳо низ метавонанд ба таври қатъӣ ба шуоъхўрӣ оранд. Арзёбии коршиносони АБЭА нишон дод, ки шуоъхўрӣ барои гурўҳҳои муайяни аҳолӣ танҳо аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлосгардида дар ғизо ва маҳсулоти хўроквории дар қитъаҳои бо обҳои ифлосгардидаи заҳкашӣ обёришаванда мумкин аст иловатан ба омилҳои шуоъхўрӣ аз ҳисоби манзари табиӣ ба 1?3 мЗв дар як сол расад. Таносуби роҳҳои шуоъхўрӣ (аз ҳисоби шуоъхўрии мустақим, ингалятсия, истеъмоли об, истеъмоли маводи хўрока) барои ҳар яке аз обтектҳои мероси уранӣ фарқ менамояд ва бояд дар марҳилаи арзёбии бехатарии ҳар як объекти мушаххас дар асоси барномаи арзёбии ҳолат ва мониторинги муҳити зист муайян карда шаванд Аз ин рўбарои ҳар як майдон гузаронидани мониторинг ва арзёбии роҳҳои афзалиятноки шуоъхўрӣ ҳамчун асос барои қабул намудани қарор қабул карда мешавад.
  8. Хусусияти хоси ҳамаи объектҳои мероси уранӣ ин ҷойгиршавии онҳо дар минтақаҳои кўҳӣ ва бевосита дар наздикии минтақаҳои аҳолинишин мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар як қатор объектҳо ҳодисаҳои геотехникӣ (заминларза, ярч, селҳо, равандҳои эрозионӣ ва ғ.) бояд дар вақти арзёбии хавфҳо ва банақшагарии чорабиниҳои солимгардонӣ ба инобат гирифта шаванд. Аз ҷумла, чунин ҳодисаҳои хусусияти табиӣ дошта барои ҳудуди Шимоли Тоҷикистон (минтақаи аз ҷиҳати заминларза ва омадани сел хатарнок) хос мебошанд. Тайи чанд соли охир шаш ҳодисаи шусташавии партовгоҳҳо аз ҷараёни сел дар шаҳри Истиқлол ва шаҳраки Адрасмон рўӣ додааст.
  9. Мушкилоти асосӣ ин муҳофизати обҳои зеризаминӣ ва сатҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар минтақаи эҳтимолии ифлосшавӣ аз обдавҳои дренажӣ ва полоишии партовгоҳҳо ҷой гирифтаанд. Манбаъҳои зиёди эҳтимолии ифлосшавии об ин обдавҳо аз партовгоҳҳои шаҳри Истиқлол ҳамчунин обҳои зеризаминӣ дар минтақаи таъсири партовгоҳи Деҳмой мебошанд, ки ба дарёи Сир равон мегарданд ва мувофиқан муҳимияти ташаккули барномаи мониторнинги фаромарзии ифлосшавии дарёро ба миён меорад.
  10. Кор бо аҳолӣ, ки мумкин аст дар доираи чорабиниҳои Барномаи мазкур дасгирӣ ёбад, имкони баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии аҳолӣ, ба аҳолӣ ёд додани қоидаҳои риояи истифодаи бехатари замин дар мавқеъҳои ҷойгиршавии объектҳои мероси уранӣ ва ҳамчунин эътимоднокӣ ба маълумотҳои арзёбии ҳолат ва чорабиниҳои гузаронидашавандаро дар майдонҳо медиҳад. Робита бо аҳолӣ, иттилоот ва чорабиниҳои мунтазами назорати техникӣ имкон медиҳанд, ки миқдори ҳолатҳои истифодаи масолеҳи партовгоҳҳо, хоктўдаҳои маъданиёти заиф, оҳанпораҳо ва дигар боқимондаҳои мероси уранӣ барои эҳтиёҷоти сохтмонӣ ва маишӣ кам гардад.
  11. Омилҳои дар боло зикргардида барои зарурати таҳия гаштани чунин барномаҳо дар муддати кўтоҳтарин ҷиҳати оғози гузаронидани чорабиниҳои амалӣ замина фароҳам меоварад. Бо вуҷуди ин, барои таъмини устувории дарозмуддат ва суботи чунин чорабиниҳо бояд талаботи заминавӣ ва таҷрибаи ташкили кор ва назорат аз болои гузаронидани онҳо бо дарназардошти амалияи беҳтарини ҷаҳонӣ риоя гарданд. Аз ҷумла, дар оянда бояд арзёбии асосноккардашудаи муайянҷўӣ ва чорабиниҳои афзалиятнок иҷро карда шаванд.
  12. Барои таъмини шароитҳои дар боло овардашуда дар Тоҷикистон бояд кадрҳои миллӣ омўзонида ва таӣёр карда шаванд, то ин ки онҳо тавонанд дар ҳама марҳилаҳои банақшагирии стратегияҳо, таҳияи лоиҳаҳо ва амалисозии онҳо иштирок намоянд. Чунин барномаҳо айни замон дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ гузаронида шуда истодаанд. Бо вуҷуди ин, муносибати бонизом ба тарбияи кадрҳои миллӣ метавонад танҳо дар доираи дастргирии Барномаи давлатии мазкур таъмин карда шавад.
  13. Пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе аз лоиҳаҳои солимгардонӣ аз ҷумла, пўшонидани партовҳои радиоактивии дорои сатҳи баланди радионуклидҳои табиӣ дар шаҳри Б.Ғафурови вилояти Суғд аллакай иҷро шуда буданд. Корҳо аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии “Востокредмет” (ҳозира КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”) дар оғози солҳои 90-ум иҷро гардида, аз пўшонидани партовҳо ва масолеҳи маъданӣ бо қабати хокҳои безарар, ки дар заводи таҷрибавии шаҳри Ғафуров коркард шудаанд иборат мебошад. Аз рўи нишондиҳандаҳои худ ин партовгоҳ, ки дар ҳудуди шаҳр ҷой гирифтааст, айни замон ҳеҷ хатари ҷиддӣ барои аҳолии шаҳр надорад. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки барои партовгоҳи мазкур масолеҳи коркард дар шароити нисбатан мусоид қарор дорад (мавҷуд набудани хатари зери обмонӣ, рўйпўши эътимоднок – 2,5 м, гилхок, иқлими “хушк”). Аз ин рў, дар шароити ҳозира партовгоҳ нисбатан бехатар мебошад, Аммо, барои арзёбии ҳолати он дар давраи ҳисоботӣ (150-200 соли минбаъда) зарур аст, ки арзёбии мувофиқ гузаронида шавад ва ҳангоми сохтмони нави объекту рўйпушҳои ҳифозатӣ меъёрҳои муайяни лоиҳавӣ аз амалияи беҳтарини ҷаҳонӣ истифода гарданд.
  14. Дар ин солҳо 6 партовгоҳ дар ҳудуди шаҳраки Адрасмон дар як партовгоҳи №2 ҷойгир карда шуд ва майдони ҷойгиршавии онҳо барқарор карда шуд. Партовгоҳи № 2 бо масолеҳи харсангии пораҳояш калон пўшонида шуд. Дар натиҷа вазъи радиатсионӣ дар шаҳрак беҳтар гардонида шуд. Аммо фарш ва нишебиҳои партовгоҳи №2 устувор нестанд, дар як қатор ҷойҳо обкандҳо ва баромади масолеҳи партовгоҳ бо нишебӣ ба берун мушоҳида мегардад, ки чорабиниҳои фавриро оид ба нест кардани обкандҳо ва ташкил кардани обпартоҳоро аз сатҳи он талаб менамоянд.
  15. Дар соли 2001 аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида, оқибатҳои омадани ҷараёни сел ба шаҳри Истиқлол, партовгоҳи шуста вайронгаштаи собиқ Коргоҳи №3 ва селнигоҳдорандаи пуршуда барҳам дода шуданд, ҳамчунин дар партовгоҳи №2 шаҳраки Адрасмон чуқурии обканда пўшонида шуд ва дар минтақаи аз маводи радиоактив ифлосгашта корҳои солимгардонӣ гузаронида шуда буд. Аммо ин нокифоя буд, зеро қисми зиёди партовҳои Коргоҳи № 3 тавассути селоба ба масофаи хеле калон ба қисмати поёнии водии Сарым-Сахли-Сай и Уткем-Су оварда шуд, ки васеъ намудани минтақаи санҷишӣ ва назоратиро талаб менамояд. Масолеҳи партовгоҳ бояд ҷамъоварӣ гашта, ҳалли муносиби он барои нигоҳдории дарозмуддат дар доираи консепсияи ягонаи ба ҳолати бехатар овардани майдонҳои мероси уранӣ ёфта шавад. Хизматрасонии монеаҳои бехатарӣ дар чунин объектҳо бояд мунтазам гузаронида шуда, қарор оид ба мудохила дар асоси маълумотҳои назорати техникӣ ва мониторииг қабул карда шавад.
  16. Соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои АБЭА гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон вазифаҳои мақоми давлатии танзимкунанда ба души Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, ки дар соли 2003 дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, гузошта шуд. Корҳои мувофиқанамоии меъёрҳои байналмилалии идоракунии манбаъҳои хатарноки радиатсионӣ ва фаъолияти вобаста ба истифодаи технологияи радиатсионӣ оғоз гардиданд. Ин ҳамчунин имкон дод, ки ба зарурати ҳалли масъалаҳои мавҷудбуда ва идоракунии бехатар, ба вуҷуд овардани монеаҳои дарозмуддати бехатар дар партовгоҳҳо ва майдонҳои собиқ истеҳсолоти Уранӣ тибқи стандартҳои баймилалии АБЭА таваҷҷўҳ зоҳир гардад ва аз он ҷумла, корҳои мураттаб барои ҷалби захираҳои байналмилалии молиявӣ оғоз шаванд. Як қатор чорабиниҳо, ки дар доираи лоиҳаҳои кўмакҳои байналмилалии техникӣ маблағгузориашон ба назар гирифта шудааст, дар рўйхати чорабиниҳои Барномаи мазкур ҷой дода шудаанд.
  17. Ҳамчунин барои амалӣ намудани чорабиниҳо захираҳои фондҳои хусусӣ ва давлатии кишварҳои донор дар доираи созишномаҳои дуҷониба ҷалб карда мешаванд. Ҳамин тавр, дар соли 2014 дар ҳамкорӣ бо Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо (ҒSD) лоиҳаи таворасозии атрофи партовгоҳи урандори “Харитаи 1-9” (бо дарозии қариб 2,0 ҳазор метр) бо муваффақона амалӣ карда шуд. Айни замон лоиҳаи тоза кардани минтақаҳои ифлосгардидаи объекти мазкур барои идомаи ҳамкориҳо таҳия гардида истодааст. Амалисозии лоиҳа имкон медиҳад, ки қабати болоии партовгоҳи “Харитаи 1-9” барқарор шуда, қисман собиқ майдони саноатии заводи гидрометаллургӣ дар шаҳри Чкалов тоза шавад, аммо ҳама гуна корҳои оид ба ҳамроҳӣ, санҷиш ва мониторинг дар таъмини бехатарии радиатсионӣ ва экологӣ бояд дар доираи Барномаи мазкур ва баъди анҷоми лоиҳа иҷро карда шаванд.
  18. Бояд қайд намуд, ки Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) Консепсияи барномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё “Солимгардонии ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиёи зери таъсири истеҳсолоти истихроҷи уран қароргирифта”- ро қабул намуд. Мақсади Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ – паст намудани хавфи ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда бо оқибатҳои радиоэкологӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ИҲИАО) мебошад. Бо сабаби барҳамхўрии ИҲИАО (соли 2014) амалишавии минбаъдаи Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ дар доираи Комиссияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта сурат мегирад. Ба сифати объектҳои афзалиятнок барои солимгардонӣ объектҳои мероси урании шаҳракҳои Мин-Куш ва Коҷи-Сой (Ҷумҳурии Қирғизистон) ва шаҳри Истиқлол (Ҷумҳурии Тоҷикистон) интихоб гардиданд. Арзиши умумии Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ 1 млрд.155 млн. 971 ҳазор рубли русиро ташкил дода (547 997,08 ҳазор рубли русӣ барои солимгардонии объектҳои шаҳри Истиқлол), эҳтимолан дар ду марҳила амалӣ мегардад:

– марҳилаи аввал солҳои 2013-2016;

– марҳилаи дуюм солҳои 2017-2018.

  1. Новобаста ба кўмакҳои зиёди аз ташкилотҳои байналмилалӣ чашмдоштшаванда ҷиҳати ҳалли мушкилоти меросҳои уранӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои муайянсозӣ ва арзёбии ҳолат, хизматрасониҳои техникии иншооти муҳандисӣ, амалисозии санҷиши бехатарӣ ва идоракунии объектҳо дар майдонҳои мероси уранӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат масъулият дорад. Айни замон ҳолати техникии партовгоҳҳо гузаронидани корҳои асосноккардашудаи солимгардониро талаб менамояд, зеро қабати болоии пештар сохташуда вайрон гашта истодааст ва хавфи садамаҳои радиатсионӣ бо оқибатҳои манфии зиёд ба аҳолӣ ва муҳити зист дар минтақаҳои таъсироти онҳо баланд гардидааст. Солҳои охир аз сабаби маҳдудияти имконоти молиявӣ корҳои садамавию барқарорсозӣ мумкин аст номунтазам ва дар ҳаҷми нопурра гузаронида шаванд.
  2. Ривоҷ додани захираҳои миллии кадрӣ ва дарёфти таҷрибаи техникии лоиҳакашӣ ва амалисозии лоиҳаҳои техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти амалияи беҳтарини ҷаҳонӣ муҳим мебошад. Ҳама гуна сабақу норасоиҳои бавуҷудории чорабиниҳои муҳофизатӣ дар объектҳои ҷумҳурӣ, ки қаблан иҷро гаштаанд бояд ба инобат гирифта шаванд ва мактаби миллии муҳандисии муосир оид ба хизматрасонии иншооти муҳофизатӣ ташкил карда шавад. Пештар дар вақти лоиҳакашӣ ва сохтмони партовгоҳҳо талабот ба мустаҳкамии онҳо ба назар гирифта намешуданд, монеаҳои дарозмуддати зиддиполоишӣ сохта нашудаанд, дар як қатор объектҳо монеаҳои муҳофизатии геотехникӣ, ки имконияти таъмини амниятии объектҳоро бар асари ярч, обхезӣ ва ҷараёнҳои сел медиҳанд, сохта нашудаанд.
  3. Ҳангоми таҳияи Барнома феҳристи объектҳои хатари радиатсионӣ дошта ба муҳити зист ва аҳолӣ дар асоси таҳлили маводи бойгонӣ тартиб дода шуд. Ғайр аз ин, барои қабули қарорҳои идоракунӣ зарур аст, ки доимо маълумот оид ба ҳолати объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ ва донишҳо дар бораи тағйирёбии хусусиятҳои таъсироти манбаъҳои ифлоскунандаи муҳити зист (динамикаи омилҳои шуоъхўрӣ) аз нав дигар шаванд. Барои ин зарур аст, ки ҳамаи бойгониҳои иттилоотӣ дастраси таърихӣ доир ба объектҳо ба тартиб дароварда шуда, талаботи муосир ба иттилоот ва шаклҳои таҳияи шиносномаи техникии объектҳо ташкил карда шаванд. Маълумот оид ба миқдор, таркиб ва шакли партовҳои дар маҳфузгоҳҳо ва хоктўдаҳо нигоҳдоришаванда ва вазни партовҳои радиоактивӣ аз рўи маълумоти ченкунии маркшейдерӣ, ки дар вақти баҳрабардорӣ ва муваққатан қатъ намудани истифодаи онҳо ба даст омадаанд, ҳисоб карда шудааст. Онҳо бояд аз рўи натиҷаҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим дақиқ карда шаванд.
  4. Зарур аст, ки қарор дар бораи меъёрҳои мансубияти масолеҳ ва объектҳои муҳити зист дар майдонҳои собиқи истеҳсолоти уранӣ ба объектҳои меросӣ, ки санҷиши танзимиро талаб менамоянд, қабул карда шавад. Мувофиқи стандартҳои бехатарии АБЭА ба сифати меъёрҳои муайянсози объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ ва қабули қарор оид ба зарурати санҷиши танзимӣ ва итифодаи чораҳои муносиби муҳофизатӣ, сатҳи реферантии доза истифода мегардад, ки одатан дар ҳудуди аз 1 то 20 мЗв дар як сол илова бар шуоъхўрӣ аз омилҳои табиӣ муқаррар карда мешаванд. Бештар меъёрҳои муайянсози ҳосилаи ғайримустақим, меъёрҳои бехатарӣ ё меъёрҳои озодшавии масолеҳ ва объектҳо аз санҷиши танзимӣ истифода мегарданд. Аксаран меъёрҳои муайянсози масолеҳ бо сатҳи баланди радионуклидҳои табиӣ (NORM) нисбат ба андозаи консентратсияи фаъолнокии ҳар кадоме аз радионуклидҳои қатори уран-ториӣ андозаи – 1 Бк/г истифода мешавад, ки зиёд накардани ин андоза имкон медиҳад, ки онҳо аз санҷиши танзимӣ озод шаванд. Аммо қарорро бояд мақомӣ танзимгар қабул намояд. Дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст ин гуна индикатор ба сатҳҳои болоӣ ё поёнии тавсияшуда дар асоси таҳлили бехатарии ҳар як ҳолати мушаххас асоснок карда шавад. Муқаррар намудани чунин меъёрҳо барои ҳар як объекти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мақоми танзимгар мебошад. Чунин вазифаҳо бояд дар доираи Барномаи мазкур низ иҷро карда шаванд. Меъёрҳои ба ин монанд (сатҳи санҷишӣ) барои дигар нишондиҳандаҳои ҳолати радиатсионӣ (тавоноии дозаи экспозитсионии гамма-шуоъхўрӣ, консентратсияи ҳаҷмии фаъолнокии радон-222 дар биноҳои собиқ истеҳсолоти уран ва дар биноҳои истиқоматӣ, нишондиҳандаҳои бехатарӣ барои об ва маводи хўрока, ки дар ҳудудҳои атрофи объектҳои мероси уранӣ парвариш гаштаанд) ё дигар нишондиҳандаҳои хавфноки ғайрирадиологӣ (масалан, ифлосшавии муҳити зист бо маводи кимиёвии пайдоиши маъданӣ) низ муқаррар карда мешаванд. Дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муносибате истифода мегардад, ки дар он болоравии сатҳи алфа-фаъолияти умумӣ дар обҳои дренажӣ ва полоишӣ индикатори – 0,1- Бк/л, диққати хосаро ба масъалаҳои ифлосгардии об, гузаронидани ташхиси таркиби изотопӣ ва баҳодиҳии бехатарии истеъмоли об талаб менамояд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаҳои меъёри токсикологии мақбули умум – миқдори умумии уран дар обсатҳи 30 мкг/л истифода мешавад. Дигар меъёрҳо барои нигоҳдорӣ ва сатҳи фаъолнокии хоси радионуклидҳои қаторҳои уран-ториӣ барои обҳои сатҳӣ ва зеризаминӣ ба сифати меъёри бехатари истеъмоли обҳо низ муқаррар карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти танзимгар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ бояд сатҳҳои мувофиқи референтии шуоъхўрӣ ва сатҳи ҳосилшавии ифлосгардии муҳити зистро муқаррар намоянд, ки бояд барои санҷиши таъсирот, амалигардонии самараноки барномаи мониторинг ва асосноккунии чораҳои фаврии идоракунии бехатарии майдонҳои истеҳсолоти уранӣ, аз ҷумла меъёрҳои ифлосшавии радиоактивӣ ва кимиёвии муҳити зист асос гарданд. Корҳои мукаммалсозии стандартҳои миллии ҳолати муҳити зист дар минтақаи таъсироти объектҳои истеҳсолоти уранӣ ва муқаррар намудани меъёрҳои бехатарии истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қисми таркибии чорабиниҳои назорати танзимии объектҳои мероси уранӣ гарданд.
  5. Умуман, дар қаламрави вилояти Суғд 10 объект бо партовҳои радиоактивӣ, ҳамчунин миқдори зиёди хоктўдаҳои ҷинсҳои кушоиш ва маъданҳои берун аз тавозунӣ аз карер, шахтаҳо ва штолняҳо ҷойгир шудаанд. Зарурати амалисозии чорабиниҳо, бонавбати ва афзалиятнокии онҳо бояд аз рўи натиҷаҳои барномаи назорат ва мониторинг дар доираи Барномаи мазкур, ҳамчунин дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии бехатарӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони байналмилалӣ муқаррар карда шавад.
  6. Ҳамин тавр, татбиқи Барнома ба инобат гирифтани ҳамаи натиҷаҳои корҳои пештар анҷомёфта, якҷоякунӣ ва иҷрои корҳои айни замон ва дар оянда маблағгузоришавандаро аз ҳисоби фондҳои кўмакҳои байналмилалӣ ва барномаҳои буҷетӣ дар доираи Барномаи давлатии ҳамоҳанггашта тавсия медиҳад, ки бешубҳа дар маҷмўъ самаранокии иҷрои ҳамаи чорабиниҳоро афзун менамояд. Иштироки кадрҳои миллӣ имкони қатъан рушди иқтидорҳои кадрӣ, техникӣ ва ташкилии ҳамкориҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти мероси истеҳсолоти уранӣ медиҳад.
  7. Дар поён тавсифи ҳадафҳо ва вазифаҳо, ки бояд иҷро карда шаванд, оварда шудааст. Сохтори Барнома тавре асоснок карда шудааст, ки ҳар як боби он аз номгўи чорабиниҳои, ки иҷрояшон дар доираи ҳар як вазифа зарур буда бо нишон додани иқтидори лоиҳаҳои кўмакҳои байналмилалӣ ва он лоиҳаҳо, ки дар доираи Барномаи миллӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ иҷро мешаванд иборат мебошад.

 

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

 

  1. Мақсадҳои Барномаи мазкур инҳоанд:

– таъмин намудани зиндагии бехатари аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳои ҷойгиронии объектҳои мероси уранӣ;

– муҳайё намудани шароитҳои рушди устувори маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои мероси уранӣ дар натиҷаи ба ҳолати бехатар овардани онҳо.

  1. Барои расидан ба ин мақсадҳо иҷрои вазифаҳои зерин зарур мебошанд:

– такмили заминаи қонунгузорӣ ва меъёрии идоракунии бехатарӣ ва солимгардонии объектҳои мероси уранӣ, аз ҷумла муносибгардонӣ ва муқаррар намудани меъёрҳои миллии таъмини бехатарӣ ва амалигардонии самараноки чорабиниҳои солимгардонӣ;

– ташкили низоми самараноки назорати бехатарии муомилот бо партовҳои коркарди маъданҳои уранӣ ва идоракунии дарозмуддати бехатарии майдонҳои ҷойгиршавии объектҳои меросии уранӣ, аз ҷумла: таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирии низоми иншоотии мониторинг ва назорати техникӣ; нақшаҳои муҳофизати радиатсионӣ зимни амалисозии чорабиниҳо ва барномаҳои назорати институтсионалӣ дар давраи баъд аз анҷомёбии фаъолияти солимгардонӣ;

– такмилдиҳии инфрасохтори техникии зерсохторҳо ва иқтидорҳои кадрии оператор ва регулятори объектҳои мароси уранӣ барои самаранок иҷро намудани вазифаҳояшон;

– такмили шароитҳои иҷтимоиву иқтисодии истиқомати аҳолӣ дар ҳудудҳои минтақаҳои таъсири объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ;

– фароҳам овардани шароитҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории баймилалии дастгирии барномаҳои фаъолияти солимгардонӣ.

  1. Ҳадафҳо ва вазифаҳои дар боло зикргардида, роҳҳои ҳалли онҳо, марҳилаҳои амалисозӣ, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва иҷрокунандагони эхтимолии вазифаҳо дар Барномаи давлатии мазкур баррасӣ мегарданд.

 

3. МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ БАРНОМА ВА САНҶИШ АЗ РАФТИ ИҶРОИ ОН

 

  1. Руйхати чорабиниҳо, ки барои расидан ба мақсадҳои дар боло овардашуда ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда пешниҳод гардидаанд, дар асоси омўзиши таҷрибаи барномаи мушобеҳ бо дарназардошти натиҷаҳои кори дарозмуддати Коргоҳи илмӣ-истеҳсолии “Технология” КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, дар асоси пешниҳодҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тавсияҳо, ки аз коршиносони Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА) ва дар натиҷаи баҳодиҳии пешакии як қатор лоиҳаҳои байналмилалӣ ба даст омадаанд, тартиб дода шудаанд.
  2. Иҷрокунандагони ҳуҷҷати мазкур Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои маъмурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва корхонаи махсусгардонидашуда оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мебошанд, ки ҳар яке метавонад дар амалишавии чорабиниҳои Барномаи мазкур дар доираи салоҳиятҳои худ иштирок намояд. Дар вақти таҳияи ҳуҷҷати мазкур пешниҳодҳо ва натиҷаҳои баррасӣ бо коршиносони Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ истифода гаштаанд.
  3. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои бузурги солимгардонӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳамаи иштирокчиёни манфиатдор нақши худро аниқ дарк карда тавонанд ва вазифаҳои онҳо ва пайдарпаии амалисозии барнома муайян шудаанд ва дақиқ иҷро карда мешаванд.
  4. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тавсияҳои АБЭА Низомномаи иҷозатномадиҳиро барои барномаи иҷрои чорабиниҳои солимгардонӣ ки дар он вазифаҳои корхона – Оператори объектҳои меросӣ, ҳамчунин вазифаҳо ва механизми иҷрои чорабиниҳо дар доираи Барномаи мазкур возеҳ дарҷ гардидаанд, таҳия менамояд. Ҳамчунин меъёрҳои танзимии мувофиқ таҳия, тартиби назорати инспекторӣ аз болои иҷрои вазифаҳои таъмини бехатарӣ ва самаранокии иҷрои Барномаи мазкур барои ҳамаи иштирокчиёни он муқаррар карда мешавад.
  5. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми танзимгар мебошад ва сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи амнияти радиатсионӣ мебарад. Вазифаҳои асосии он оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мувофиқи тавсияҳои Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ оид ба ташкили корҳо дар объектҳои мероси уранӣ инҳоянд:

– якҷоя бо оператор стратегия ва барномаи (нақшаи) гузаронидани чорабиниҳои солимгардониро таҳия менамояд;

– мутобиқати стратегияи пешниҳодшударо бо меъёрҳои қонунгузорӣ ва танзимии амалкунанда арзёбӣ менамояд, ҳангоми зарурат мувофиқа мекунад ё ҳуҷҷатро барои такмилдиҳӣ мефиристад;

– меъёрҳои ҳолати охирони майдон – радиологӣ ва экологӣ (маҳдудиятҳои дозавӣ, дараҷаи санҷиши ифлосшавӣ, озод шудан аз санҷиши танзимӣ ва ғайра), ҳамчунин меъёрҳои бехатарии истифодаи заминро баъди анҷоми чорабиниҳо муқаррар менамояд; – шароити иҷозатномадиҳиро барои иҷрои самараноки чорабиниҳо, аз ҷумла талабот оид ба таъмини бехатарӣ, мониторинги муҳити зист, иазорати ҳолати объектҳо ва сифати корҳо таҳия менамояд;

– назорати танзимии натиҷаҳо ва самаранокии иҷрои Барномаро таъмин менамояд;

– нақшаҳои назорати техникии дарозмуддат ва институтсионалиро (аз ҷумла танзимиро) мувофиқа ва тасҳеҳ менамояд.

  1. Мақоми танзимгар фаъолияти худро дар кооператсияи зич бо дигар вазорату идораҳо, ҳамчунин бо оператори майдонҳои мероси уранӣ иҷро менамояд.
  2. То имрўз ҳамаи партовгоҳҳо ва хоктўдаҳои ҷинсҳои кўҳии саноати уранӣ дар тавозуни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” қарор доранд, ки он оператор оид ба гузаронидани корҳои солимгардонӣ маҳсуб ёфта, дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ – Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар назар аст дар доираи амалисозии чорабиниҳои Барнома корхонаи махсусгардонидашуда оид ба назорати майдонҳои меросии истеҳсолоти уранӣ таъсис гардида, вазифаҳои иҷроияи оператори миллии объектҳои мероси уранӣ ба он мегузаранд.
  3. Мувофиқи амалияи беҳтарини ҷаҳонӣ ва тавсияҳои Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ вазифаҳои оператор аз инҳо иборатанд:

– таъмин намудани санҷиш ва мониторинги ҳолати объектҳои мероси уранӣ ва мунтазам гузаронидани баҳодиҳии таъсири онҳо ба муҳити зист, муайянсозии объектҳои меросӣ, ки мувофиқи талаботи танзимӣ ва меъёрҳои бехатарӣ чорабиниҳои муҳофизатиро талаб менамоянд;

– гузаронидани назорати техникӣ, ташкил ва ҳамроҳии чорабиниҳои техникӣ дар марҳилаи омодасозӣ, амалисозӣ ва пас аз анҷомёбии чорабиниҳои солимгардонӣ (санҷиши институтсионалӣ);

– таъмин намудани нигоҳдорӣ ва идоракунии ҳамаи маълумотҳои дастрас оид ба ҳолати майдонҳо, натиҷаҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва чорабиниҳо, ки ягон вақт иҷро гаштаанд ё дар майдонҳои мероси уранӣ иҷро мешаванд, муайянсозии объектҳои меросӣ барои гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа, мусоидат намудан ба иҷрои самараноки баҳодиҳии бехатарӣ ва дар омодасозии чорабиниҳои солимгардонӣ; – иштирок намудан дар таҳияи стратегия ва барномаҳои чорабиниҳои солимгардонӣ дар объектҳо (дар ин маврид якҷоя бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ). Гузаронидани мурофиаи ҷамъиятӣ ва мувофиқа намудани нақшаи чорабиниҳо бо аҳолии маҳаллӣ, ташкилотҳои манфиатдор, ҳамчунин стратегияи дарозмуддати истифодаи чунин майдонҳо пас аз анҷоми Барнома мувофиқи меъёрҳои вазъи ниҳоӣ, ки дар Стратегияи миллӣ муқаррар гардидааст;

– гирифтани иҷозатнома бораи иҷрои корҳо, муайян намудани пудратчии мутасаддӣ, таҳия намудани барномаи кор ва ҷадвали муфассали иҷро намудани вазифаҳо ва марҳилаҳои мустақиман ё дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои лоиҳавии шарикӣ дар доираи лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалӣ;

– ташкил намудани тендер ва тартиби санҷиши иҷро ва сифати корҳо барои иҷрокунандагони Барнома;

– мустақиман ё дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои лоиҳавӣ иштирок намудан дар таҳия намудани лоиҳаи консептуалии (тарҳи) чорабиниҳо, асосноккунии техникиву иқтисодӣ, тайёр намудани ҳисобот дар бораи бехатарӣ ва арзёбиӣ таъсир ба муҳити зист, таҳлил ва гузаронидани чорабиниҳои экспертии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ҳамчунин мустақиман ё дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои пудратӣ таъмин намудани чорабиниҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии иншооти муҳандисӣ;

– арзёбии таъсир ба муҳити зист, ҳалли лоиҳавӣ, чорабиниҳои муҳандисӣ, барномаи мониторинги иншоотӣ мувофиқи роҳҳои афзалиятноки шуъохўрӣ ва таъсир ба муҳити зист;

– тайёр намудани ҳисобот ва маълумот барои мақоми танзимгар ва мақомоти идоракунии давлатӣ оид ба ҳолати объектҳо, рафти иҷрои корҳо, ҳамчунин оид ба ягон ҳолати хусусияти фавқулоддадошта ё мухолифати иҷрои фаъолият ба расмиёти муқарраргардида, талабот ё шартҳои иҷозатномавӣ дар давраи гузаронидани чорабиниҳо ва санҷиши институтсионалии дарозмуддат дар давраи пас аз солимгардонӣ.

  1. Назорат ва санҷиши институтсионалии ҳамаи намуди фаъолияти солимгардонӣ аз тарафи оператор дар якҷоягӣ дар ҳамаи марҳилаҳои иҷрои кор (дар марҳилаи банақшагирӣ, иҷрои кор ва баъди анҷоми кор дар рафти давраи аз тарафи мақоми танзимгар муқарраргардида) гузаронида мешавад. Чунин намуди корҳо аз тарафи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои шарикӣ иҷро карда мешаванд. Тартиби ҳисоботдиҳӣ аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Дар назар аст, ки қисмати зиёди ҷорабиниҳо дар доираи барнома ва лоиҳаҳои баймилалии кўмаки техникии дуҷониба маблағгузорӣ мегарданд. Чорабиниҳои дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ иҷрошаванда бояд бо он чорабиниҳое, ки дар доираи маблағгузории буҷетӣ мувофиқи Барномаи давлатии мазкур иҷро мегарданд, самаранок ҳамоҳанг карда шаванд. Вазифаи ҳамоҳангсозии чунин лоиҳаҳо ва чорабиниҳо дар доираи барномаҳои гуногун мумкин аст ба Шўрои махсуси мушоҳидавӣ ё ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ вогузор карда шавад. Ин имконияти ҳамасола банақшагирии самараноки чорабиниҳоро дода, ҳамоҳангсозӣ ва санҷиши самаранокии иҷрои вазифаҳои ба оператор гузошташударо амалӣ менамояд Мувофиқи амалияи беҳтарини ҷаҳонӣ агар оператори иҷрокунандаи лоиҳаҳои фаъолияти солимгардонӣ барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ ё чорабиниҳои муҳандасӣ ягон ташкилоти пудратчии ғайриасосиро ҳамроҳ намояд, масъулияти бехатарӣ, иҷрои талаботи танзимӣ ва талаботи иҷозатномавӣ ба дўши ташкилот-оператор вогузор мешавад. Аз ин рў, дар доираи Барнома бояд шартҳои муфассали иҷозатномавӣ, ҳамчунин тартиби санҷиши маъмурӣ ва танзимӣ аз болои иҷрои онҳо таҳия карда шавад.
  3. Иҷрои лоиҳаҳои байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳоро мувофиқи қонунгузории миллӣ талаб менамояд, ҳамчунин дар як қатор ҳолатҳо барои гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои байналмилалӣ мумкин аст онҳо ба Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ фиристода шаванд. Коршиносони баймилалиро Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ метавонад ҷалб намояд ва аз ҳисоби буҷети Барномаи CGULS ҳаққи кори онҳоро пардохт намояд.
  4. Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати объектҳо ва рафти иҷрои корҳо дар доираи иҷрои Барнома ҳисобот пешниҳод менамояд.

 

4. ХАВФУ ХАТАР БА ТАТБИҚ ГАРДИДАНИ БАРНОМА

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома танҳо дар сурати дастгирии молиявӣ дар доираи Барномаи давлатии мазкур, донорҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ҳамкории самаранок миёни мақоми танзимгари Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва оператори объектҳои меросӣ (КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”) ноил ва иҷро мегарданд. Таъмини самараноки ҳамроҳии танзимии чорабиниҳои Барнома, ҳамчунин ҳамкории тарафайн бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, сохторҳои байналмилалӣ донорҳо ва ҳамоҳангсозони барномаҳое, ки дар доираи онҳо чорабиниҳои Барномаи мазкур маблағгузорӣ мегарданд, низ муҳим мебошад.
  2. Бо иҷрои бобарори Барнома ҳамчунин метавонанд хавфҳои идоракунии ғайрисамаранок ва таъмини нокифояи меъёриву танзимии чорабиниҳо, ки бевосита ва ғайримустақим метавонанд барои расидан ба мақсад ва вазифаҳои Барнома таъсир расонанд, монегӣ намоянд.
  3. Таҳдидҳо ба амалишавии Барнома метавонанд омилҳои дохилӣ ва берунӣ бошанд:

а) омилҳои беруна:

– имконнопазирии амалишавии барномаҳои байналмилалии ҳамкории техникӣ ё дигар шароитҳои объективии пасткунандаи ҳаҷм ва самаранокии ҳамкориҳои байналмилалии техникӣ;

– қарорҳои лоиҳавӣ, ки дар натиҷаи экспертизаи байналмилалӣ такмили лоиҳаҳо ё маблағгузории иловагии бо қарорҳои лоиҳавӣ пешбининашударо талаб менамоянд;

– тағйир ёфтани шароити сиёсии ҳамкорӣ ё дигар ҳолати форс-мажории мустақил, ки метавонанд ба қатъ ё ба дигар мўҳлат гузаронидани кўмакрасонӣ оранд.

б) омилҳои дохилӣ:

– номукаммалии меъёрҳо ва қоидаҳои банақшагирӣ ва таъмини барномаи чорабиниҳои солимгардонӣ;

– мавҷуд набудани механизми самараноки идоракунии майдонҳои меросӣ, нокифоягии иштирок ва сатҳи тахассусмандии кадрҳои миллӣ, кори бесамари оператор, мавҷуд набудан ё механизми бесамари маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба самаранок иҷрошавии Барнома ҳолатҳои форсмажорӣ ба намуди ҳодисаҳои садамавӣ ва фавқулодаи табиӣ, ҳамчунин амалиёти ҳарбӣ ё дигар амалиёт дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи Барномаи мазкур эҳтимолияти онҳо хеле кам аст, метавонанд таъсир расонанд.

 

5. НАТИҶАҲОИ МАНЗУРӣ АЗ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

  1. Дар натиҷаи амалишавии чорабиниҳои Барнома, аз он ҷумла банақшагирӣ ва иҷрои чораҳои солимгардонӣ, ки дар Барнома пешбииӣ шудаанд, аз ҷумла аз ҳисоби кўмакҳои байналмилалӣ, чунин натиҷаҳо чашмдошт хоҳанд шуд: майдонҳои мероси уранӣ ба ҳолати бехатари экологӣ бо роҳи консерватсияи объектҳо ва солимгардонии майдонҳои меросӣ бар асари сохтани монеаҳои ҳифозатӣ, тоза намудани майдонҳои ифлосгардида, бунёди низоми самаранок ва бехатари муомилот бо партовҳои истеҳсолоти уран тибқи амалияи байналмилалӣ, талаботи танзимӣ ва техникӣ оварда мешаванд. Чорабиниҳо дар ҳамаи объектҳои мероси урании ошкоргардида ва дар доираи Стратегияи миллӣ мувофиқагардидаи ҳудуди вилояти Суғд гузаронида мешаванд.
  2. Ба натиҷаҳои чашмдоштшаванда метавон бо роҳҳои зерин ноил гардид:

– таъсиси заминаи меъёриву танзимии самараноки идоракунии майдонҳои мероси уранӣ ва партовҳои истеҳсолоти уранӣ;

– баҳисобгирии объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ;.

– ташкили санҷиши танзимӣ, мониторинг ва назорати техникӣ дар объектҳои мероси уранӣ, ки имконияти пешгирӣ намудани воридшавии беназоратро ба майдонҳои меросӣ, вайронсозии монеаҳои амалкунандаи бехатарӣ ва истифодаи беназорати майдонҳо, масолеҳи меросӣ ва партовҳои радиоактивиро дар объектҳои мероси уранӣ медиҳад;

– банақшагирии асоснокшуда ва муносибгардонии чорабиниҳо дар мувофиқа бо лоиҳаҳои байналмилалии ҳамкорӣ, амалисозии чунин лоиҳаҳо ва таъмини назорати дарозмуддати ҳолати онҳо;

– баланд бардоштани тахассусмандии кадрҳои миллӣ таъмини дастурӣ, дастурамалҳо, тавсияҳо ва тартиби баҳодиҳии ҳолати объектҳо, гузаронидани барномаи назорати техникӣ ва мониторинг, ташкили чорабиниҳои муҳофизати радиатсионӣ ва иттилоотонии аҳолӣ, ҳамчунин иштироки кадрҳои миллӣ дар амалигардонии чорабиниҳои муҳофизатӣ ва назорати дарозмуддат.

  1. Иҷрои чорабиниҳо дар доираи Барнома имконияти таъмин намудани санҷиши бехатариро дар чунин майдонҳо, баҳисобгирӣ ва коҳиши ҳаддиақалии хавфҳои таъсироти онҳоро медиҳад, ба таври мувофиқ барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароитро на фақат барои амалисозии лоиҳаҳои фаъолияти солимгардонӣ фароҳам месозад, балки дар умум ҷалбияти сармоягузориро барои рушди иқтидорҳои иқтисодии минтақа баланд мебардорад. Иҷрои Барнома имконияти васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва рушди бехатарии радиатсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

 

6. МАБЛАҒҲОИ ЗАРУРӣ ВА САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӣ

 

  1. Таҳияи ин Барнома ва минбаъд лоиҳакашиҳои марҳилавии чорабиниҳои муҳандисӣ дар шароите иҷро карда мешаванд, ки ҳамаи корҳо оид ба истихроҷ ва коркарди уран дар қаламрави Тоҷикистон қатъ гардидаанд. Корхонаҳо, ки бо қувваи онҳо амалисозии лоиҳаҳои аз баҳрабардорӣ баровардани конҳо, таъмин намудани гуронидани партовҳо тоза намудани ҳудудҳои ифлосгардида ба назар гирифта шуда буд, аллакай вуҷуд надоранд. Баъзеи онҳо табдили истеҳсолот кардаанд ва корхонаҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ба ҳолати бехатар овардани майдонҳои мазкур захираҳои зарурӣ надоранд. Ин вазъият дар шароити баамаломада дар қатори дигар омилҳое, ки ба андозаи харҷи чашмдошт таъсир мерасонад муайянкунанда мебошад. Ҳамчунин дар назар аст, ки агар солҳои наздик чорабиниҳои барқарорсозӣ дар як қатор объектҳо гузаронида нашаванд, он гоҳ дар оянда барои ба ҳолати бехатар овардани онҳо маблағхои хеле калон лозим мегарданд. Аз ин рў, дар назар аст, ки ба шароити вазнини иқтисодӣ нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии мазкур имкониятҳоро барои маблағгузории чорабиниҳои муносибгардонӣ ва такмилсозии ҳуҷҷатҳои меъёриву танзимии миллӣ, мониторинг ва назорат, таъмини гузаронидани корҳо дар объектҳои мероси уранӣ ва дигар чорабиниҳои дар Барнома қайдгардидидаро, ки имкони ҷалб ва истифодаи самараноки кумакҳои молиявии ташкилотҳои байналмилалиро медиҳанд, дарёфт менамояд.
  2. Бо назардошти вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ манбаъҳои асосии маблағгузории ҳамаи корҳо барои мавқуф гузоштан ва гўронидани партовҳо, бартарафсозии оқибатҳои коркарди конҳои уранӣ бояд ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ – фондҳои ҳифзи муҳити зист, кўмаки созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра бошанд. Лекин, бояд зикр намуд, ки унсури муҳим дар баланд бардоштани самаранокии кўмаки байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи солимгардонии собиқ объектҳои уранӣ ва муҳайё намудани шароити бехатари зисти мавзеи ҳамшафати аҳолинишин ин ҷалби лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ бо истифода аз барномаҳои миллии буҷетӣ мебошад. Чунки кўмаки байналмилалӣ барои амалишавии лоиҳаҳо танҳо дар он сурат самаранок мегардад, ки дар баробари расонидани кўмакҳои молиявӣ, коршиносӣ ва техникии ташкилотҳои байналмилалӣ хароҷоти амалиётии татбиқи лоиҳаҳо бо маблағгузории миллӣ низ дастгириӣ ёбад.
  3. Дар шароити маҳдуди имконоти молияви афзалиятнокии иҷрои корҳо дар объектҳои хавфноки радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консепсиян миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 муайян карда шудааст, аҳамияти махсус дорад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …