Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020

ҚАРОРИ ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати иҷрои банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2015, № 21 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳои барои соли 2015” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ҳамоҳангсози Барномаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
  3. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои татбиқи мақсаду вазифаҳои пешбининамудаи Барнома чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни иҷрои Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 октябри соли 2016, № 455

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …