Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ТО СОЛИ 2025

БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ТО СОЛИ 2025

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2025

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақлиёт” бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи нақлиёт ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1) Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиммяти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ Барномаи мазкурро ба инобат гирифта, аз натиҷаи иҷрои он ҳар сол на дертар аз 5 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дар бораи рафти иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 апрели соли 2011 № 165

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …