Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои дахлдор Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравиро таъсис диҳад.
  3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
  4. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, инчунин маблағҳои муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва донорҳо ба роҳ монда шавад.
  5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001, № 272 “Дар бораи тасдиқи Барномаи Системаи давлатии омўзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2012, № 678

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …