Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019

ҚАРОРИ БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намояд.
  3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2019 дар анҷоми ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
  4. Дар банди 19 Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 316 тасдиқ шудааст, калимаҳои “давлатии мақсадноки” хориҷ карда шуда, калимаҳои “театрии Тоҷикистон” ба калимаҳои “театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2012, № 675

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …