Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ОМЎЗГОРӢ

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ОМЎЗГОРӢ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ОМЎЗГОРӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2005-2010

Маълимон

Бо мақсади иҷрои Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгори барои солҳои 2005-2010″ маъқул дониста шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети давлати барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дастгоҳи маркази), Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои тобеи ин вазорат ҳамасола пешбини мегарданд, иҷрои “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгори барои солҳои 2005-2010”-ро таъмин намояд.
  3. Раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо иҷрои тадбирҳои барномаи мазкурро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. Раҳмонов

аз 1 ноябри соли 2004 № 425

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …