Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶТ с. 2018-2019

БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶТ с. 2018-2019

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “26” октябри соли 2017, № 499 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2019

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2019 (минбаъд – барнома) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” таҳия гардидааст.
  2. Барнома бо назардошти афзалиятҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайяншуда ва таҳлили нишондиҳандаҳои минтақавию соҳавии бозори меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ таҳия гардидааст.
  3. Барнома тадбирҳоро оид ба таъсис додани ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ дар бар мегирад.

12891161_1004684876268365_4048628488510749407_o

2.ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ, ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДӢ

  1. Дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ мавқеи сеюмро ишғол менамояд ва ба ҳолати 1 январи соли 2017 шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон 8 миллиону 742,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №366 “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2019” шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон дар соли 2018 ба 9 миллиону 37,3 ҳазор нафар ва дар соли 2019 бошад, ба 9 миллиону 245,0 ҳазор нафар мерасад.

  1. Мутаносибан ба ин шумораи захираҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ба 5 миллиону 395,2 ҳазор нафар ва дар соли 2019 то ба 5 миллиону 519,2 ҳазор нафар меафзояд. Дар муқоиса бо соли 2016 дар давоми ду соли оянда аз ҳисоби афзоиши табиии аҳолӣ шумораи захираҳои меҳнатии Тоҷикистон 5,6 фоиз зиёд мешавад.
  2. Бо дар назар доштани афзоиши табиии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ дар солҳои 2018 – 2019, афзоиши шумораи қувваҳои корӣ (аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол) низ ба амал меояд. Дар солҳои 2018 – 2019 шумораи қувваҳои корӣ дар Тоҷикистон мутаносибан то 2 миллиону 584,7 ва 2 миллиону 644,0 ҳазор нафар мерасад. Дар муқоиса бо соли 2016 афзоиши қувваҳои корӣ дар ин солҳо 8,4 фоизро ташкил медиҳад.
  3. Шумораи аҳолии машғули кор бошад, дар ин давра 97,6 фоизро аз шумораи қувваҳои корӣ ташкил намуда, соли 2018 ба 2 миллиону 522,7 ҳазор нафар ва соли 2019 ба 2 миллиону 580,5 ҳазор нафар мерасад.
  4. Дар ду соли оянда шумораи аҳолии машғули кор нисбат ба соли 2016 8,2 фоиз меафзояд. Дурнамои тамоюли тағйрёбии шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор дар ҷадвали 1 оварда шудааст.

Таносуби шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор барои солҳои 2016 – 2019 (ҳаз. нафар)

                                                          Ҷадвали 1

Нишондиҳандаҳо 2016 2017 2018 2019
Аҳолии машғули кор 2384,2 2491,5 2522,7 2580,5
Қувваи корӣ 2438,3 2552,8 2584,7 2644,0
Захираҳои меҳнатӣ 5224,3 5238,7 5395,2 5519,2
Шумораи аҳолӣ 8742,8 8925,8 9037,3 9245,0

  1. Афзоиши шумораи аҳолии доимӣ, захираҳои меҳнатӣ, қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
  2. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушд ин афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Тамоюли афзоиши ин нишондиҳанда дар солҳои 2012 -2016 нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои муқоисашаванда дар ин давра аз 36,1 миллиард сомонӣ дар соли 2012 то ба 54,5 миллиард сомонӣ дар соли 2016 ё ба андозаи 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
  3. Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2019 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №366) дар назар аст, ки дар соли 2017 ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 58,9 миллиард сомонӣ, соли 2018 65,7 миллиард сомонӣ ва дар соли 2019 ба 73,5 миллиард сомонӣ мерасад. Дар муқоиса бо соли 2016 дар ду соли оянда ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон 1,3 маротиба меафзояд (ҷадвали 1).

Ҷадвали 2. Тамоюли афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014 – 2019

Сохтори соҳавии  маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 2014 2015 2016 2017 2018 2019
1 Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалии муқоисашаванда, (млн.сом.) 45605,2

100%

48408,7

100%

54500,0

100%

58909,7

100%

65762,3

100%

73599,4

100%

2 Истеҳсоли молҳо- бо % нисбати  маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 20750,3

45,5%

22424,3

46,3%

25615,0

47,0%

3 Хизматрасонӣ – бо % нисбати  маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 18834,9

41,3%

19855,1

41,0%

22726,5

41,7%

4 Андоз аз маҳсулот бо % нисбати   маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 6019,9

13,2%

6129,3

12,7%

6158,8

11,3%

     Ҷадвали 2

  1. Вобаста ба ин пешбинӣ мешавад, ки тақсимоти маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2017 6661,9 сомонӣ, дар соли 2018 7276,0 сомонӣ ва дар соли 2019 то ба 7945,3 сомонӣ афзоиш меёбад.
  2. Дар навбати худ бо афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва тақсимоти он ба ҳар сари аҳолӣ даромадҳои пулии аҳолӣ ва хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ низ мутаносибан афзоиш меёбанд, ки ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
  3. Таҳлили муфассали сохтори соҳавии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар он саҳми соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ 20,7 фоиз, саноат 15,1 фоиз, сохтмон 11,2 фоиз, нақлиёт ва алоқа 11,5 фоиз, савдои яклухт ва чакана 14 фоиз ва дигар соҳаҳо 27,5 фоизро ташкил медиҳанд (маълумот барои соли 2016). Алҳол дар ташаккули ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ танҳо саҳми соҳаи кишоварзӣ назаррас мебошад.
  4. Аз ин хотир, дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 22 декабри соли 2016 таъкид гардид, ки дар 15 соли оянда саҳми саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас бояд афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.
  5. То соли 2030 тақсимоти маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бояд ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш ёбад, сатҳи камбизоатии аҳолӣ 2 баробар коҳиш дода шавад ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна аз 22 то 50 фоиз афзояд.
  6. Барои расидан ба ин ҳадафҳо муҳим аст, ки афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 ва амалисозии босамари барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазир ва фаъоли стратегияҳои болозикр ба ҳисоб мераванд, таъмин карда шаванд.

  1. ВАЗЪИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

  1. Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи қувваи корӣ дар моҳи июни соли 2017 2301,4 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин теъдод 2247,4 ҳазор нафар (97,7 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 54,0 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,3 фоизи шумораи қувваи кориро ташкил медиҳад.
  2. Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рўйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳамаи шакли моликият дар моҳи июни соли 2017 1099,0 ҳазор нафар ё 48,9 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод.
  3. Дар бахши воқеии иқтисодии кишвар шумораи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 2,2 фоиз кам шуда, 596,1 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ бошад, шумораи кормандони кироя дар давраи баррасишаванда 2,4 фоиз афзуда, 502,9 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҳамин тавр, дар шаш моҳи соли 2017 54,2 фоизи кироякорон дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ ва 45,8 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуданд.
  4. Тавре маълум аст дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ (штатӣ) қувваи корӣ дар шароити ду (якчанд) ҷой коркунанда ва дар асоси шартномаҳои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта низ истифода бурда мешавад.
  5. Дар моҳи июни соли 2017 дар ин шароит 49,2 ҳазор нафар шаҳрвандон машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 4,5 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи корӣ рост меояд.
  6. Шумораи кормандони дар шароити ду (якчанд) ҷой коркунанда ва бо шартномаи хусусияти гражданию ҳуқуқидошта коркунанда дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ 10847 нафар ва дар бахши хизматрасонӣ 38309 нафарро ташкил намуд.
  7. Дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ охири моҳи июни соли 2017 85,1 ҳазор нафар корҷўён, бо назардошти корҷўёни соли 2016, мавҷуд буд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз зиёд мебошад.
  8. Дар моҳи июни соли 2017 барои таъмин шудан бо ҷойи кор 8,8 ҳазор нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 7,4 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 фоиз зиёд мебошад.
  9. Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи июни соли 2017 аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 9,8 ҳазор ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шуд, ки аз ин теъдод 4,1 ҳазор ҷойҳои корӣ (41,8 фоиз аз шумораи умумии ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда) ба касбҳои коргарӣ рост меояд. Талабот ба ҳар як ҷойи кории холии пешниҳодшуда 8,7 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 (8,5 нафар буд) 0,2 нафар зиёд шудааст.
  10. Дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ то охири моҳи июни соли 2017 45,6 ҳазор нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 21,6 ҳазор нафар занон (47,3 фоиз) мебошанд.
  11. Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда 2,3 фоизро аз шумораи қувваҳои корӣ ташкил намуд.
  12. Бо назардошти вазъи воқеӣ дар бозори меҳнат ва эҳтимолияти ногузири таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, танзими масъалаи муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ нақши аввалиндараҷаро касб менамояд ва хеле муҳим аст, ки тақсимоти аҳолии қобили меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар мақсаднок амалӣ карда шавад.
  13. Дар солҳои 2018 – 2019 афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол тибқи пешгўиҳо 2,0 – 2,3 фоизро ташкил намуда, дар соли 2019 то 9245,0 ҳазор нафар меафзояд, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита дорад. Мувофиқи пешгўиҳо шумораи аҳолӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2016 502,8 ҳазор нафар зиёд мешавад ва дар ин ҳолат шумораи захираҳои меҳнатӣ 293,9 ҳазор нафар ва қувваҳои корӣ 184,0 ҳазор нафар меафзояд.
  14. Дар солҳои 2018 – 2019 пешбинӣ мегардад, ки ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ 65,0 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 25,0 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 32,5 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 253,8 ҳазор нафар, хатмкунандагон бо таҳсилоти миёнаи нопурра 261,5 ҳазор нафар, хизматчиёни ҳарбии аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озодшуда 32,0 ҳазор нафар, кормандони аз корхонаҳо ихтисоргардида 26,0 ҳазор нафар, шахсони аз маҳбас озодшуда 2,5 ҳазор нафар ворид мегарданд. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар ин давра 2875,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора ба 52,1 фоизи захираҳои меҳнатӣ дар соли 2019 рост меояд.
  15. Солҳои 2018 – 2019 мувофиқи Барномаи мазкур 532,6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд. Тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 205,8 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 79,6 ҳазор нафар дар корхонаю ташкилотҳо бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла 66,5 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ, 33,2 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ва бозомўзӣ, 11,0 ҳазор нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон, ба 6,9 ҳазор нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкории инфиродӣ ва ба 12,6 ҳазор нафар кумакпулиҳо барои бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад. Малакаҳои касбии 8,0 ҳазор нафар шаҳрвандон бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд. Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат дар замимаи 1 оварда шудааст.

  1. ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА САМТҲОИ АФЗОЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР СОЛҲОИ 2018 – 2019

  1. Барномаи мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сифати барномаи иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ амалӣ мегардад.
  2. Мувофиқи Барномаи мазкур тайи солҳои 2018 – 2019 чунин вазифаҳои асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян карда мешаванд:

– дастгирии соҳибкории хурду миёна барои таъсис додани шуғли пурсамар дар соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ, бо назардошти дастрасӣ ва имкониятҳо барои ҷавонон ва занон;

– таҳия ва амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳо барои ҳавасмандгардонӣ ва фароҳам овардани имконият ба шуғли пурсамар барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ;

– ҷорӣ намудани механизми ҳамкории давлатӣ ва бахши хусусӣ ва принсипҳои мақсадноки маблағгузории барномаҳои минтақавии шуғли аҳолӣ;

– ташаккул додани низоми миллии мусоидат ба рушди самаранокии меҳнат;

– таҳияи барнома ва механизмҳои арзёбии салоҳиятнокии мутахассисон дар соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон;

– андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”;

– таҳия ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати мутобиқсозии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба бозори меҳнати ҷумҳурӣ, ки вурудашон ба давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ манъ шудааст;

– мунтазам арзёбӣ намудани вазъи бозори меҳнат, муайян намудани талаботи корфармоён ба қувваи корӣ тавассути гузаронидани таҳқиқот дар бозори меҳнат;

– таҳия ва амалисозии тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои ихтисоршавии оммавии кормандон аз ташкилоту муассиса ва корхонаҳо;

– таъмини ҳамоҳангии амалисозии чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

  1. Солҳои 2018 – 2019 афзалиятҳои зерини сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешаванд:

– таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирии бозори меҳнати дохили Тоҷикистон;

– амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани саҳми шуғли расмӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон;

– таҳия ва амалисозии чораҳо оид ба таъмини самаранокии таҳсилоти касбии калонсолон дар Тоҷикистон;

– андешидани тадбирҳо барои таҳия намудани чорчўбаи тахассусҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– такмил додани системаи ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тадриҷан таъмин намудани иҷрои Нақшаи амалисозии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

5.ЧОРАБИНИҲОИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ

  • 1.Таъсиси ҷойҳои кории нав

  1. Мувофиқи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки солҳои 2018 – 2019 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҷмўан 326,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ҷумла дар соли 2018 161,9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва дар соли 2019 бошад, 164,9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Аз ҷойҳои кории таъсисшаванда 177,1 ҳазор ҷойҳои корӣ (54,2%) дар бахши воқеии иқтисоди ҷумҳурӣ ва 149,7 ҳазор (45,8%) дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт таъсис дода мешаванд. Дар ҷадвали 3 дурнамои таъсиси ҷойҳои кории нав дар бахшҳои иқтисодиёт ва сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

                                                                                                    Ҷадвали 3

Р/т Номгўи чорабиниҳо 2016 Нимсолаи

якуми соли 2017

2018 2019
1 Ҳамагӣ таъсиси ҷойҳои кории нав 50938 84227 161876 164951
2 Дар бахши воқеии иқтисодиёт 81804 38538 87736 89403
3 Дар бахши хизматрасонии

иқтисодиёт

69134 45689 74140 75548
4 Дар минтақаҳо:

–  Вилояти Мухтори Кўҳистони   Бадахшон

–  вилояти Хатлон

–  вилояти Суғд

–   шаҳри Душанбе

–  шаҳру ноҳияҳи тобеи ҷумҳурӣ

 

 

12026

50967

36046

27405

24494

 

 

2819

27228

18516

17905

17759

 

 

 

 

  • 2. Миёнаравӣ дар бозори меҳнат
  1. Бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ вазифаи асосии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмин намудани сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
  2. Дар ҳамин радиф масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён, иштироки фаъоли корфармоён дар раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ва бокортаъминкунии аҳолии бекор дар ҷойҳои кории холӣ ба мадди аввал мебарояд.
  3. Бо ин мақсад дар доираи амали Барномаи мазкур тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

– таҳия ва амалӣ намудани механизми муосири ҳамкорӣ бо корфармоён дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав ва бо кор таъмин намудани аҳолии бекор;

– амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати муайянсозии тавозуни воқеии талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

– такмил додани махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷўён ба ин маълумот;

– васеъ ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар байни бекорон, корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

– тақвият бахшидани таҷрибаи ташкили ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холӣ.

  1. Дар доираи Барнома пешбинӣ мешавад, ки давоми солҳои 2018 – 2019 аз ҷониби корфармоён новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ мутаносибан 32974 ва 33529 ҷойҳои кории холӣ (вакансия) пешниҳод мешавад, дар ин замина 750 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда мешавад ва тавассути роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ давоми ин солҳо 66,5 ҳазор шаҳрвандони бекор ба шуғл ҷалб карда мешаванд.

  • 3. Мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат рақобатнопазир

  1. Дар Барномаи мазкур фароҳам овардани шароит барои бо кор таъмин шудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир яке аз афзалиятҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
  2. Ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар бозори меҳнат асосан падару модари танҳо ва серфарзанд, ки дар тарбияашон фарзандони маъюб доранд, шахсони аз муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда, маъюбон, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дохил мешаванд ва барои бо кор таъмин намудани онҳо дар доираи Барнома имтиёзҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

– ба роҳ мондани кори инфиродӣ ва хизматрасонии машваратӣ тавассути роҳнамоии касбӣ;

– таъмин намудани шароит барои дастрасии васеи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба таълими касбӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

– банд намудани ҷойҳои махсуси корӣ (квотаҳо);

– мусоидат дар ташкили фаъолияти инфиродӣ тавассути таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ бо роҳи ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок.

  1. Дар баробари ин тадбирҳо таъсис додани ҷойҳои кории нигоҳдошташаванда барои ин табақаи аҳолӣ дар фаъолияти минбаъда тадриҷан амалӣ мешавад.
  2. Дар амал татбиқ намудани имтиёзҳои пешбинигардида имконият фароҳам меорад, ки давоми амали Барнома дар маҷмўъ 6,1 ҳазор нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

  • 4. Мусоидат ба шуғли ҷавонон

  1. Ҷавонон дар ҷомеаи имрўза мавқеи хоса доранд ва ба ин хотир сиёсати давлатии ҷавонон барои кишвари мо муҳим арзёбӣ мешавад.
  2. Мувофиқи омори расмии давлатӣ ҳиссаи ҷавонон дар таркиби захираҳои меҳнатии Тоҷикистон зиёда аз 52 фоизро ташкил медиҳад ва давоми солҳои 2008 – 2016 шумораи ҷавонон дар ҷумҳурӣ аз 2 миллиону 238,5 ҳазор нафар дар соли 2008 то 2 миллиону 630,4 ҳазор нафар дар соли 2016 афзудааст, ки афзоиш 17,5 фоизро ташкил медиҳад.
  3. Бо назардошти суръати баланди афзоиши шумораи ҷавонон, ки дар Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад, масъалаи мусоидат ба шуғли ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
  4. Таҳлили омори расмӣ оид ба сатҳи бекории ҷавонон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки андозаи он аз 5,4 фоиз то наздик ба 50 фоиз дар баъзе аз давлатҳо мерасад.
  5. Дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сатҳи бекории ҷавонон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 5,4 фоиз, Федератсияи Россия 9,6 фоиз, Беларусия 9,7 фоиз, Озарбойҷон 10,3 фоиз, Украина 12,9 фоиз, Қирғизистон 13,5 фоиз, Тоҷикистон 15,5 фоиз (аз рўи маълумоти таҳқиқоти қувваи корӣ соли 2009 дар Тоҷикистон) ва дар Арманистон 29,4 фоизро ташкил медиҳад. Маълумот оид ба сатҳи бекории ҷавонон дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷадвали 4 оварда шудааст.

 Сатҳи бекории ҷавонон дар кишварҳои

 Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Иттиҳоди Аврупо бо %

                                                                                                       Ҷадвали 4

Р/т  

Номгўи кишварҳо

Сатҳи бекории ҷавонон бо % Р/т  

Номгўи кишварҳо

Сатҳи бекории ҷавонон бо %
1 Юнон 47,0% 14 Дания 13,0%
2 Испания 40,8% 15 Украина 12,9%
3 Арманистон 29,4% 16 Люксембург 10,9%
4 Италия 25,2% 17 Иттиҳоди давлатҳои муастақил 10,4%
5 Латвия 20,8% 18 Озарбойҷон 10,3%
6 Франсия 18,0% 19 Малта 9,9%
7 Тоҷикистон 15,5% 20 Молдавия 9,9%
8 Британияи Кабир 15,4% 21 Белоруссия 9,7%
9 Белгия 14,6% 22 Россия 9,6%
10 Финляндия 14,3% 23 Нидерландия 7,9%
11 Қирғизистон 13,5% 24 Германия 7,4%
12 Туркия 13,4% 25 Австрия 7,4%
13 Чехия 13,1% 26 Қазоқистон 5,4%

  1. Бинобар ин, бо назардошти “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2019 барои мусоидат ба шуғли ҷавонон дар давраи амалисозии Барнома тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

– мусоидат намудан дар таъмини ҷавонон бо ҷойи кор аз ҳисоби ҷойҳои кории холии мавҷуда (33,9 ҳазор нафар);

– расонидани хизмати роҳнамоии касбӣ ва маслиҳатию машваратӣ (27,7 ҳазор нафар);

– сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои кўтоҳмуҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (23,2 ҳазор нафар);

– ҷалби ҷавонон ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (6,9 ҳазор нафар);

– дастгирии ташаббуси ҷавонон дар ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо (3,8 ҳазор нафар);

– дастгирии иҷтимоии ҷавонон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (10,1 ҳазор нафар);

– роҳандозӣ намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон доир ба масъалаҳои бозори меҳнат.

  1. Дар солҳои 2018 – 2019 тавассути татбиқи ин тадбирҳо 105,6 ҳазор нафар ҷавонон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд.

  • 5. Мусоидат ба шуғли занон

  1. Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №269 “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020”, дар доираи Барнома барои ба шуғл ҷалб намудани занон тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

– мусоидат намудан дар таъмини занон бо ҷои кори доимӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории  холии мавҷуда (32,5 ҳазор нафар);

– фарогирӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ аз рўи ихтисосҳои ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат (17,3 ҳазор нафар);

– дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ (3,1  ҳазор нафар);

– ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятии музднок (4,6 ҳазор нафар);

– дастгирии иҷтимоии занон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (6,4 ҳазор нафар);

– ҷалби қувваи кории занон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ;

– гузаронидани корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ (15,1 ҳазор нафар);

– ба роҳ мондани фаъолияти иттилоотӣ ва тарбияи ҳуқуқии занон.

  1. Ҳамагӣ мувофиқи Барнома тайи солҳои 2018 – 2019 79,0 ҳазор нафар занон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои Барнома дар самти бо кор таъмин намудани бекорон, аз ҷумла шахсони дар бозори меҳнат осебпазир дар замимаҳои 2 ва 3 оварда шудаанд.

  • 6. Дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта

  1. Дар натиҷаи таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба давлатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷониби ин давлатҳо дар қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон гардид.
  2. Дар баробари ин бо сабаби риоя накардани низоми муҳоҷират дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, вуруди як қисм аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин давлатҳо манъ гардид ва эҳтимолияти бозгашти теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан ҷой дорад.
  3. Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 аз ҳудуди ҷумҳурӣ 242792 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин шумора дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (308676 нафар буд) 65,8 ҳазор нафар ё ба андозаи 21 фоиз коҳиш ёфтааст.
  4. Дар ҳамин давра аз муҳоҷирати меҳнатӣ 160123 нафар шаҳрвандон ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (160434 нафар буд) 0,2 фоиз кам мебошад.
  5. Аз теъдоди муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта 138996 нафарро мардон ва 21127 нафарро занон ташкил медиҳанд.
  6. Мувофиқи маълумоти мавҷуда алҳол вуруди 151961 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия манъ мебошад, ки ин нишондод дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2016 54 фоиз коҳиш ёфтааст.
  7. Ба ин нигоҳ накарда, бо назардошти вазъи рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар солҳои 2018 – 2019 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

– мусоидат намудан дар таъмини муҳоҷирони меҳнатии бозгашта бо ҷойи кор аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (3,3 ҳазор нафар);

– сафарбар намудани онҳо ба курсҳои кўтоҳмудати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар (6,6 ҳазор нафар);

– ҷалби муҳоҷирони бозгашта ба Ватан дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (2,2 ҳазор нафар);

– дастгирии ташаббуси муҳоҷирони бозгашта дар ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо (1,6 ҳазор нафар);

– шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта (1,2 ҳазор нафар);

– хизматрасонии машваратӣ ва ҳуқуқӣ.

  1. Давоми солҳои 2018 – 2019 дар доираи чорабиниҳои Барнома маҷмўан ба 14,9 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта хизматрасонӣ анҷом дода мешавад.

  • 7. Мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат

62 . Табиист, ки ислоҳот вобаста ба ҷумҳурии индустриаливу аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори иқтисодиёти Тоҷикистон таъсир мерасонад, яъне тағйироти сохтори иқтисодиёт ба амал меояд.

  1. Тағйир ёфтани сохтори иқтисодиёт ва ворид гардидани технологияҳои нави истеҳсолӣ масъалаи омодасозии кадрҳои нави коргарӣ ва ё мутобиқсозии захираҳои меҳнатии мавҷударо ба талаботи иқтисодиёт, тақозо менамояд. Дар ин сурат раванди хизматрасонии таҳсилот ва таълими касбӣ ба талаботи воқеии иқтисодиёти кишвар бояд мутобиқ бошад.
  2. Дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” аз 1 августи соли 2012 қабул гардидааст, вале мутаассифона то ҳол механизми амалисозии қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.
  3. Аз ин хотир, муҳим аст, ки ҳарчӣ зудтар механизми амалисозии қонуни мазкур таҳия ва мавриди амал қарор дода шавад, дар акси ҳол зимни тадриҷан тағйир ёфтани сохтори иқтисодиёт дар масъалаи таъмин намудани соҳаҳои он бо кадрҳои коргарӣ мушкилоти зиёд метавонад пеш ояд.
  4. Бинобар ин, бо назардошти нақши муҳим доштани мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи воқеии иқтисодиёт дар доираи Барнома тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

– мунтазам мавриди омўзиш ва таҳлил қарор додани талаботи иқтисодиёт ба кадрҳои коргарӣ;

– роҳандозӣ намудани тадбирҳо барои баланд бардоштани салоҳияти касбии захираҳои меҳнатӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таълими касбӣ;

– ҳавасманд гардонидани корфармоён барои иштирок дар раванди таълими касбӣ;

– васеъ намудани доираи марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ ва марказҳои таълими касбӣ бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба таҳсилот ва таълими касбӣ;

– мустаҳкам ва васеъ намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълими касбӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

  1. Давоми солҳои 2018 – 2019 дар натиҷаи татбиқи Барнома 33,2 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии касбӣ фаро гирифта мешаванд (замимаи 4). Дар баробари ин малакаҳои касбии 8,0 ҳазор нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд.

  • 8.Хизматрасонии машваратӣ ва дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкории хурду миёна

  1. Тавре аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 22 декабри соли 2016 бармеояд, то соли 2030 дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна бояд аз 22 то 50 фоиз афзоиш ёбад. Заминаи асосии чунин пешрафт ин рушди соҳибкории хурду миёна мебошад.
  2. Барои ноил гаштан ба ин ҳадаф таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкорӣ нақши муҳим дорад.
  3. Аз ин лиҳоз бо мақсади дастгирии раванди рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ дар барномаи мазкур амалӣ намудани тадбирҳои зерин пешбинӣ мегардад:

– таҳким бахшидан ба фаъолият оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар байни шаҳрвандони бекор;

– ҷорӣ намудани шаклҳои муосири расонидани хизматҳои машваратӣ дар ташкили раванди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

– амалӣ намудани тадбирҳо барои дастгирии молиявии ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандони бекор дар бахши истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва тиҷорат;

– таҳия ва амалӣ намудани механизми муосири назорат, истифодаи мақсаднок ва бозгашти маблағҳои барои рушди соҳибкорӣ пешбинишуда;

– дастгирии афзалиятноки шаҳрвандони бекор аз ноҳияҳои дурдаст ва кўҳистон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати ташкили соҳибкорӣ.

  1. Давоми солҳои 2018 – 2019 тавассути татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда 6,9 ҳазор нафар шаҳрвандон ба соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд (замимаи 5).
  • 9. Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок
  1. Ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок барои бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани аҳолии бекор тадбири хеле муассир буда, дар фаъолияти якҷояи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён васеъ истифода мешавад.
  2. Бо мақсади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалаҳои бокортаъминкунии шаҳрвадони бекор ва корҷўй, тавассути ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок дар доираи барнома давоми солҳои 2018 – 2019 ҷалб намудани 11,0 ҳазор нафар шаҳрвандон ба иҷрои ин корҳо пешбинӣ шудааст (замимаи 6).

  • 10. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ

  1. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон зимни ихтисоршавӣ аз корхонаҳо тибқи моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда” ва инчунин шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ надоранду ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар доираи барномаи мазкур таъин ва пардохти кумакпулиҳо дар давраи бекорӣ пешбинӣ шудааст.
  2. Дар ин замина дар давоми солҳои 2018 – 2019 ба 12,6 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки аз ташкилоту муассисаҳо ихтисор мешаванд ё шаҳрвандони бекоре, ки собиқаи корӣ надоранду ба чунин дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад (замимаи 7).
  3. Илова ба ин, дар барнома тадбирҳо оид ба пардохти маблағҳои иловагӣ дар асоси қарори маҷлиси маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳар як нафар аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекор ва расонидани ёрии моддӣ барои дафни шаҳрвандони расман мақоми бекоридошта, ки кумакпулӣ мегирифтанд ба назар гирифта шудааст.

  • 11. Такмили фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ

  1. Давраи амалисозии барнома ба замоне рост меояд, ки буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ идома дорад ва дар ин шароит муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнат ва таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ масъалаи хеле муҳим мебошад.
  2. Бо ин мақсад дар доираи барномаи мазкур ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

– мақсаднок, самарабахш ва суроғавӣ истифода намудани маблағҳои барои амалисозии барнома пешбинишуда;

– пайваста баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва пурзўр намудани иқтидори техникии он;

– истифода аз таҷрибаи пешқадам ва роҳандозии хизматрасониҳои муосир дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

– такмил додани системаи ҷории ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат;

– ҷалб намудани шарикони рушд дар  танзими масъалаҳои бозори меҳнат.

6.НАТИҶАҲОИ ИҶРОИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА

ДАР СОЛҲОИ 2018 – 2019

  1. Пешбинӣ мегардад, ки тавассути иҷрои чорабиниҳои барнома дар солҳои 2018 – 2019:

– дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби манбаъҳои гуногун 326,8 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис ва барқарор карда мешаванд;

– дар ҷойҳои кории холии ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 66,5 ҳазор нафар корҷўён бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 6,1 ҳазор нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд;

– 33,2 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ аз рўи касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат фаро гирифта мешаванд;

– 12,6 ҳазор бекорон кумакпулӣ барои бекорӣ мегиранд;

– малакаи касбии 8,0 ҳазор шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд;

– 11,0 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар мешавад;

– ба 6,9 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок барои ташкили корҳои фардӣ пешниҳод мегардад;

– ба 14,9  ҳазор муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад;

– 750 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад;

– ба 52,2 ҳазор нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шуғл хизматҳои маслиҳатӣ ва машваратӣ расонида мешавад;

– вобаста ба имконият дар сатҳи ҷумҳурӣ пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ гузаронида мешавад;

– мониторинги ҷараёни татбиқ ва натиҷаи чорабиниҳои Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешавад;

– системаи ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат ташаккул меёбад.

  1. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои барнома шумораи аҳолии машғули кор ҳар сол ба ҳисоби миёна 1,0 – 1,1 фоиз меафзояд ва имконият фароҳам меояд, ки дар ин муддат 532,6 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 205,8 ҳазор нафар бевосита тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шаванд.

  1. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ОН

  1. Маблағгузории чорабиниҳои барнома аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад.
  2. Ҳаҷми умумии буҷети барнома 39098,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он:

– 34426,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;

– 4672,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва сармоягузории ватанию хориҷӣ  маблағгузорӣ карда мешавад (замимаи 8).

  1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйирёбии ғайримунтазири вазъи бозори меҳнат, маблағҳои пешбинишударо аз рўи самтҳо ва чорабиниҳои барнома қисман аз нав тақсим менамояд.
  2. Дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои амалисозии барнома маблағҳо пешбинӣ карда мешаванд.

                                          Замимаи 1

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                              барои солҳои 2018 – 2019

Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                                                                                                   (ҳазор нафар)

р/т Нишондиҳандаҳо Соли

2016

ҳисобот

Соли

2017

баҳо

Пешгўӣ
соли

2018

соли

2019

    1 2 3 4 5 6
1.1 Шумораи миёнаи

солонаи аҳолӣ

8742,8 8925,8 9037,3 9245,0
1.2  Захираҳои меҳнатӣ 5224,3 5328,7 5440,2 5519,2
1.3 Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол,

аз онҳо:

2438,3 2552,8 2584,7 2644,0
Дар иқтисодиёт расман

машғулбуда

2384,2 2491,5 2522,7 2580,5
Бекорони дар қайди мақомоти  ваколатдори давлатибуда 54,1 54,8 55,5 55,8
1.4 Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ

ғайрифаъол

2840,1 2775,9 2855,5 2875,2
Аз онҳо хонандагони қобили

меҳнат:

615,9 481,4 618,7 259,1
1.5  Захираҳои меҳнатии ба бозори

меҳнат воридшаванда, ҳамагӣ:

2598,9 2664,2 2584,1 2967,3
1.5.1 Наслҳои дохилшаванда: 346,3 356,2 333,2 336,8
  Аз ҳисоби:

– хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

111,6 124 126,2 127,6
– хатмкунандагон бо таҳсилоти

умумии асосӣ

161,4 157,3 130,0 131,5
– хатмкунадагони муассисаҳои

таҳсилоти ибтидоии касбӣ

(рўзона)

14,5 14,8 16,6 16,0
– хатмкунандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбӣ 11,8 11,9 12,0 13,0
– хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 31,5 31,8 32,0 33,0
– хизматчиёни аз сафҳои

Қувваҳои Мусаллаҳ озодгашта

15,5 16,4 16,4 15,7
1.5.2  Шахсони аз маҳбас озодшуда 4,1 0,3 1,2 1,3
1.5.3  Коргарони ихтисоршуда 24,3 13,2 12,9 13,1
1.5.4   Аҳолии бешуғл (аз ҳисоби аҳолии

аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол,

ба ғайр аз хонандагони қобили

меҳнат)

2224,2 2294,5 2236,8 2616,1
1.6 Тақсимоти аҳолии қобили меҳ-

нати бешуғл аз рўи намудҳои

гуногуни шуғл, ҳамагӣ:

1016,2 1002,4 1074,1 1085,8
1.6.1  Мустақилона дар ҷойҳои кории

холӣ ва таъсисёфта бо кор

таъмин мешаванд

154,6 132,4 195,4 199,5
   Тараққӣ додани хоҷагиҳои

деҳқонӣ (фермерӣ)

70,8 63,5 109,1 112,2
Тараққӣ додани фаъолияти

фардӣ ва соҳибкорӣ

83,8 68,9 86,3 87,3
1.6.2 Ба таҳсил машғул мешаванд 165,3 169,1 173,2 178,2
1.6.3 Ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ

даъватшудагон

15,5 16,4 16,4 15,6
1.6.4 Ба муҳоҷирати меҳнатии

бурунмарзӣ машғул мешаванд

680,8 684,5 689,1 692,5
1.7 Аз тарафи Агентии суғуртаи иҷ-

тимоӣ ва нафақа ҷалб карда

мешаванд. Ҳамагӣ:

64,3 42,9 62,3 63,8
1.7.1 Бокортаъминкунӣ, аз ҷумла: 39 26,6 39,3 40,1
  – дар ҷойҳои кории холии

пешниҳодшуда (вакансия)

32,2 22,4 33,0 33,5
– аз ҳисоби таъсиси

ҷойҳои кории иловагӣ;

3,9 2,0 3,4 3,5
– дар ҷойҳои кори бандшуда

(квота).

2,9 2,2 2,9 3,1
1.7.2 Сафарбаркунӣ ба касбомўзӣ дар

курсҳои кўтоҳмуддат

18,5 12,2 16,6 16,6
1.7.3 Сафарбаркунӣ ба корҳои

ҷамъиятии музднок (мавсимӣ)

6,8 4,1 5,5 5,5
1.8 Аҳолии боқимондаи бешуғли

қобили меҳнат

1518,4 1618,9 1448,6 1819,3
1.9 Сатҳи расмии  бекорӣ (бекорон

сатри 3, бо %)

2,2 2,1 2,1 2,1
1.10 Сатҳи расмии шуғлнокии

захираҳои меҳнатӣ, бо %

45,6 46,8 46,4 46,8

                                              Замимаи 2

                                                           ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                  барои солҳои 2018 – 2019

Мусоидат ба шуғли шаҳрвандон ба воситаи мақомоти давлатии

шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо

№ р\т Номгўи чорабиниҳо  Соли 2016

ҳисбот

 Нимсолаи

соли 2017

баҳо

Нишондодҳо дар    солҳои
2018 2019

 

1 2 3 4 5 6
4.1 Мусоидат намудан дар таъмини бекорон бо ҷои кори доимӣ, ҳамагӣ: 39067 26615 39400 40200
  аз он ҷумла:

– аз ҳисоби ҷойҳои кории холии

мавҷуда

32245 22383 32974 33529
– муқаррар намудани теъдоди

Ҷойҳои кории бандкардашуда аз ҷониби корфармоён барои шахсоне, ки дар бозори меҳнат мисли дигарон

рақобати баробар карда

наметавонанд (квота)

2876 2187 2950 3150
– дастгирии шахсони бекор, дар инкишофи соҳибкорӣ тавассути

қарздиҳиҳои хурд

3946 2045 3476 3521
4.2 Ташкили корҳои ҷамъиятии

музднок

6818 4100 5491 5511
4.3 Сафарбаркунӣ ба омўзиши касбӣ,

бозомўзӣ ва такмили ихтисоси

бекорон, бокортаъминкунӣ бо

воситаи таҷрибаомўзии ҷавонон

18540 12219 16600 16620
4.4 Таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти

кумакпулӣ

11106 5047 6277 6300
4.5 Расонидани хизмати роҳнамоии

касбӣ ба дастгирии равонӣ

(психологӣ) – и аҳолии корҷўй

30833 19970 25970 26220

 

                                                             Замимаи 3

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                  барои солҳои 2018 – 2019

 

Гурўҳи шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби квота бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд

  Пешгўи (нафар)
Соли 2018 Соли 2019
Ҳамагӣ: 3277 3428
Маъюбон 191 196
Ятимони  ноболиғ 63 72
Шахсоне, ки аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ озод шудаанд 435 444
Шахсоне, ки аз муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд 275 294
Падару модари яккаву танҳо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кўдакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд 706 765
Падару модаре, ки бештар аз 5 кўдаки ноболиғ доранд 501 574
Шахсони то синни 18 – сола, ки бо сабаби вафоти падару модарашон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба уҳдадоранд 103 110
Шаҳрвандоне, ки барои аз рўи синну сол ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст 127 136
Шаҳрвандони то синни 18 – сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристонида шудаанд 876 837

                                                                            Замимаи 4

                                                           ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                  барои солҳои 2018 – 2019

 

Омўзиши касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонии аҳолии бекор ва

муҳоҷирони меҳнатӣ

Чорабиниҳо  Ҳамагӣ  Соли 2018  Соли 2019

 

Ҳамагӣ 33220 16600 16620
 Аз ҷумла:

Вилояти Мухтори

Кўҳистони Бадахшон

2395 1195 1200
вилояти Хатлон 11705 5850 5855
вилояти Суғд 8665 4330 4335
шаҳри Душанбе 4485 2240 2245
шаҳру ноҳияҳои тобеи

марказ

5970 2985 2985

                                                                                                                                   

 

                                                                                Замимаи 5

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                               барои солҳои 2018 – 2019

 

Дастгирии ташабуси шаҳрвандон дар рушди соҳибкории хурду миёна

  Соли 2018 Соли 2019
    Корҳои фардӣ (нафар)  Маблағи   пешниҳод- шуда

(ҳаз сом.)

Корҳои фардӣ (нафар) Маблағи пешниҳод-шуда

(ҳаз сом.)

Ҳамагӣ: Дар ҷумҳурӣ 3476 Х 3521 Х
Аз ҷумла: Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 698 Х 701 Х
вилояти Хатлон 901 Х 917 Х
вилояти Суғд 862 Х 878 Х
шаҳри Душанбе 207 Х 213 Х
шаҳру ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ

808 Х 812 Х

 

 

 

                                                                             Замимаи 6

                                                         ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                  барои солҳои 2018 – 2019

Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

Дар соли 2018
Номгўи

чорабиниҳо

Иҷрокунан-

дагон

Иштирок

намуданд

(нафар)

Маблағгузории чорабиниҳо

(ҳазор  сомонӣ)

Аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Аз ҳисоби кордиҳан-

дагон

Ҳамагӣ  
Ҳамагӣ: Дар ҷумҳурӣ 5491 1098,2 2196,4 3294,6  
Аз

ҷумла:

Вилояти Мухтори                Кўҳистони Бадахшон  400 80,0 160,0 240,0  
вилояти Хатлон 1820 364,0 728,0 1092,0  
вилояти Суғд 1430 286,0 572,0 858,0  
шаҳри Душанбе 380 76,0 152,0 228,0  
шаҳру ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ

1461 292,2 584,4 876,6  
Дар соли 2019  
Номгўи

чорабиниҳо

Иҷрокунан-

дагон

Иштирок

намуданд

(нафар)

Маблағгузории чорабиниҳо

(ҳазор  сомонӣ)

Аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Аз ҳисоби кордиҳан-дагон Ҳамагӣ
Ҳамагӣ: Дар ҷумҳурӣ 5511 1102,2 2204,4 3306,6
Аз

ҷумла:

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 420 84,0 168,0 252,0
вилояти Хатлон 1830 366,0 732,0 1098,0
вилояти Суғд 1450 290,0 580,0 870,0
шаҳри Душанбе 390 78,0 156,0 234,0
шаҳру ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ

1421 284,2 568,4 852,6

                                                                              Замимаи 7

                                                       ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                               барои солҳои 2018 – 2019

Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон дар давраи бекорӣ тавассути ва пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ

Дар соли 2018
    Шумораи кумак-

пулӣгирандагон

(нафар)

 

Маблағгузории чорабиниҳо

(ҳазор  сомонӣ)

Аз ҳи-

соби ма Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва ва нафақа

Аз ҳи-

соби

буҷетҳои маҳаллӣ

Ҳамагӣ
Ҳамагӣ: Дар ҷумҳурӣ 6277 7532,4 112,9 7645,3
Аз ҷумла: ВМКБ 340 408,0 6,1 414,1
вилояти Хатлон 2605 3126,0 47,0 3173,0
вилояти Суғд 1710 2052,0 31,0 2083,0
шаҳри Душанбе 560 672,0 11,0 683,0
шаҳру ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ

1062 1274,4 17,8 1292,2
Дар соли 2019
    Шумораи кумак-

пулӣгирандагон

(нафар)

Маблағгузории чорабиниҳо

(ҳазор  сомонӣ)

Аз ҳи-

соби

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва ва нафақа

 

Аз ҳи-

соби буҷетҳои маҳаллӣ

Ҳамагӣ
Ҳамагӣ: Дар ҷумҳурӣ 6300 8334,9 158,3 8493,2
 

 

 

Аз

ҷумла:

ВМКБ 340 449,8 8,0 457,8
вилояти Хатлон 2610 3453,0 62,1 3515,1
вилояти Суғд 1715 2269,0 43,1 2312,1
шаҳри Душанбе 570 754,1 14,3 768,4
шаҳру ноҳияҳои

тобеи ҷумҳурӣ

1065 1409,0 30,8 1439,8
                 

                                                                            Замимаи 8

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                  барои солҳои 2018 – 2019

Маблағгузории “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2019″

Номгўи чорабиниҳо Нишон

додҳо,

нафар

соли 2018

Ҳаҷми

маблағгузорӣ

(ҳаз сом.)

соли 2018

 

Ни-шон-додҳо,

нафар

соли 2019

Ҳаҷми

маблағгузорӣ

(ҳаз сом.)

соли 2019

  Агентии   суғуртаи иҷтимоӣ ва

нафақа

Буҷети маҳал-лӣ ва дигар сарчаш-маҳо Агентии   суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Буҷети маҳал-лӣ ва дигар сарчаш-маҳо
1                   2 3 5 6 7 8 9
1. Таъмини иҷтимоии                                                                            шаҳрвандони  бешуғл                                                                                                                                                                       тавассути пардохти                                                      кумакпулӣ 6277 7532,4 112,9 6300 8334,9 158,3
2. Ташкили корҳои        корҳои                                                                                                                                                                         ҷамъиятӣ 5491 1098,2 2196,4 5511 1102,2 2204,4
3.  Ҷалби шаҳрвандон

ба омўзиши касбӣ

ва бозомўзӣ, ҳамагӣ:

16600 7392,4 Х 16620 7395,9 Х
  Аз он ҷумла: стипендия 16600 2075,0 Х 16620 2077,5 Х
4. Дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди    дар рушди соҳибкорӣ,

тавассути қарзҳои  тавассути                                         хурд, ҳамагӣ:

3476 Х Х 3521  

 

Х

 

 

Х

5. Сиёсати шуғл   770,0 Х   800,0 Х
  Ҳамагӣ: Х 16793,0 2309,3 Х 17633,0

2362,7

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …