Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

  1. Муқаддима

Дар марҳилаи муосири тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятнокии касбии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад. Аҳамияти фаъолияти самарабахши низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳалли ин масъалаҳо, пеш аз ҳама аз рўи сохтори ҳозираи тахассусии шуғли аҳолӣ, ки дар он коргарон қариб 60 фоизро ташкил медиҳанд, муайян карда мешавад. Таҳлили маълумоти охирини расмии оморӣ нишон медиҳад, ки шумораи аҳолӣ дар соли 2011 ба 7, 37 млн. нафар расидааст. Аз соли 2009 инҷониб афзоиши аҳолӣ ҳамасола 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Агар афзоиши аҳолӣ ҳамин тавр идома ёбад, шумораи аҳолӣ дар соли 2020 тақрибан ба 9, 65 млн. мерасад. Ҳамзамон, афзоиши ҳарсолаи шуғли аҳолӣ соли 2013 109 ҳазор нафар буда, дар соли 2020 ба 151 000 нафар мерасад. Шумораи бекорон дар соли 2011 54160 нафарро ташкил дод ва дар робита ба ин намуда, зарурати ташкил додани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон ба миён меояд.

barnoma-hukumat

Таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо коргарони соҳибихтисос ва мутахассисони сатҳи миёнаи ҷавобгўии талаботи бозори меҳнат бар дўши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилот метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат саҳми босазо гузоранд.

Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин зинаҳои таҳсилот дар рушди кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 таъкид намуданд: “Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки “Барномаи ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои солҳои 2012-2020″ таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд” (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самарабахшии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, хусусияти муттасилӣ ва навоваронаи он, боиси афзоиши фаъолияти иҷтимоию касбии ҷавонон ва фаъолнокии онҳо гардида, ҷалби онҳо ба шаклҳои гуногуни омодагии касбӣ низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба болоравии иқтисодиёти кишвар ва таъмини некўаҳволии шаҳрвандони он мусоидат хоҳад кард.

Рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ намудани технологияи муосири истеҳсолӣ ба тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ вобаста аст. Нарасидани кадрҳои коргарӣ барои корхонаҳои саноатӣ ба рушди истеҳсолот монеъ мешавад.

Ҳалли масъалаҳои омодасозии кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ ва мутахассисон бо вазъи заминаи моддию техникии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таъминот бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ, кадрҳои омўзгорӣ ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ва алоқаи зич бо

корфармоёни соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Бо мақсади беҳтар намудани низоми фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, амалӣ гардонидани ислоҳот дар бахши таҳсилот, бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва берунӣ, талабот ба кадрҳои коргарӣ, зарурати ба роҳ мондани усули модулии таълим, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва таълимию методӣ, боло бурдани маҳорати касбии ҳайати омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба миён меояд.

Барномаи мазкур маҳз бо ҳамин мақсад омода гардидааст ва амалишавии он ба рушди ин зинаҳои таҳсилот мусоидат намуда, мутахассисони хатмкардаи ин зинаҳо метавонанд дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар саҳми назарраси худро гузоранд.

2. Рўйхати истилоҳоти кўтоҳшуда

СБТ – Стандартҳои байналмилалии таҳсилот

ТИК – Таҳсилоти ибтидоии касбӣ

ТМК – Таҳсилоти миёнаи касбӣ

ЛКТ – Литсейҳои касбӣ-техникӣ

ИДМ- Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

ММД-Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ

БСАМ-Барномаҳои сармоягузории асосии марказонидашуда

ТИК – Технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ

З.Тартиби амалӣ намудани Барнома

Барнома:

Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

Асос барои таҳияи Барнома

Барнома тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2011 баён намуда буданд, таҳия карда шудааст.

Таҳиякунанда:

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мақсади Барнома:

Ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  дар асоси афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаи давлатии рушди маориф барои солҳои 2008-2015, Барномаи давлатии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахс ва ҷомеа ба хадамоти соҳаи маориф, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Захираҳои зарурӣ ва манбаъҳои маблағгузорӣ

Маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети маҳаллӣ, сармоягузориҳо, маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ.

Барои татбиқи мақсадҳои гузошташуда бояд масъалаҳои зерин ҳаллу фасл гарданд:

-таъмин намудани шаҳрвандон бо таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-беҳтар намудани заминаи моддӣтехникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-такмил додани таъминоти методии раванди таълим;

-баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунан да ва ҳайати муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-муҳайё намудани шароит барои ҳамкории самарабахши муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён дар тайёр намудани мутахассисон;

-азнавсозии мундариҷа ва сохтори таҳсилот дар асоси анъанаҳои миллӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ ва принципҳои рушди устувор;

-азнавсозии самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо мувофиқи с тандартҳои б айналмилалии таҳсилот;

-баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ;

-таъсиси низоми миллии арзёбии сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-ташаккули фазои ягонаи иттилоотии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-такмили маводи таълимӣ ва илмӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;

-таҳияи механизмҳои ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

Мўҳлатҳои амалигардонии Барнома:

Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи  таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар ду марҳила амалӣ карда мешавад:

– марҳилаи 1: солҳои 2012-2016;

– марҳилаи 2: солҳои 2017-2020.

4. Таҳлили вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ

Дар ҷумҳурӣ 67 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 22,3 ҳазор хонандагон аз рўи 102 ихтисоси касбҳои коргарӣ таҳсил менамоянд, ки ин нисбат ба соли 1991 16 адад муассиса ва 19545 нафар хонанда камтар аст. Сабаби кам гардидани муассисаҳо он аст, ки қисме аз иншооти ин муассисаҳо ба дигар сохторҳои давлатӣ гузаронида шуда, баъзеи дигараш бинобар сабаби мувофиқ набудани заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори кадрӣ барҳам дода шудаанд.

Айни замон миқдори муассисаҳои мавҷуда барои ҷалби аҳолӣ ба таълими касбҳои коргарӣ нокифоя мебошад. Дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз 18 то 25 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ба омўзиши касбҳои коргарӣ ҷалб карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин нишондиҳанда ҳамагӣ 5 фоизро ташкил медиҳад.

Омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва литсейҳо тайёрии касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумиро ба роҳ мемонанд. Таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ройгон, яъне аз ҳисоби буҷаи давлат, инчунин дар асоси шартнома сурат мегирад. Хонандагон бо хўроки яквақтаи бепул, хонандагони муассисаҳои махсуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва кўдакони ятим бо хўроки 3 вақтаи бепул ва либос таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки маблағи барои хўрок ҷудогардида, ба як хонанда 0,30 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нархи маҳсулотҳои бозори имрўза ниҳоят кам аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълим аз рўи ихтисосҳои дар Стандарти давлатии таҳсилотии ибтидоии касбии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти талаботи бозори меҳнат бозомўзии аз рўи касбу ихтисосҳои дигар ҳам ба роҳ монда шудааст.

Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар 5 соли охир чунин аст:

Ниг. ба поён

Таносуби теъдоди хонанда бо ҳайати омўзгорӣ, ҳайати устоҳои таълими истеҳсолӣ 10 бар 1 -ро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 1210 нафар омўзгор ва 1077 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ фаъолият менамоянд, ки ин шумора нисбат ба соли 2000-ум 89 нафар омўзгор зиёд ва 29 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ кам шудааст.

Айни ҳол мушкилоти ин зинаи таҳсилот норасоии устоҳои таълими истеҳсолӣ, сатҳи пасти дараҷаи касбии ҳайати омўзгорон, номувофиқатии касбҳо ба талаботи бозори меҳнат, норасоии адабиёти таълимию методӣ мебошад.

Ҳамкории корфармоён ва дигар шарикони иҷтимоӣ дар тайёр намудани мутахассисони техникӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонӣ назаррас нест. Механизми ҷалби маблағҳои бахши хусусии иқтисод дар ташкили таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани мутахассисон вуҷуд надорад.

Дар робита ба ин, мундариҷаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ташкили раванди таълим бояд бо дарназардошти баланд бардоштани самарабахшии иқтисодӣ, таъмини мутобиқшавӣ ва наздикшавии ҳарчи бештар ба талаботи босифати бозори меҳнат ва имкониятҳои иқтисодии мамлакат таҷдиди назар шавад.

Яке аз мушкилоти асосии соҳа он аст, ки бозори меҳнат дар давраи ҳозира аз номутаносибии талаботу пешниҳодот гирифтори мушкилот аст. Сабаби асосии пур нашудани ҷойҳои кории холӣ мувофиқ набудани тахассуси коргарон ба он, ки дар диплом ва сертификати таҳсилоти онҳо зикр гардидааст, мебошад. Эътимод надоштани корфармоён ба сифати таҳсилоти мутахассисони ҷавон натиҷаи он аст, ки корфармоён ба раванди муайян намудани стандартҳои касбӣ ҷалб нагардидаанд, инчунин онҳо дар ташкили таълими амалии мутахассисони ҷавон ширкат намеварзанд. Ба ибораи дигар, низоми таҳсилоти касбӣ ба талаботи корфармоён мутобиқ нашудааст.

Таҳлили заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ нишон медиҳад, ки қисмати бештари техника ва таҷҳизоти мавҷуда фарсуда гашта, воситаҳои муосири таълим вуҷуд надоранд.

Ҳоло муассисаҳои мазкур бо 710 адад компютер, 551 адад автомошинаҳо, 328 адад трактор, 112 адад дастгоҳи коркарди чўб, 251 адад дастгоҳи коркарди металл ва 840 адад техникаҳои гуногуни ёрирасони таълимӣ муҷҷаҳаз гардидаанд. Инчуннн, бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, барои муассисаҳои мазкур 810,7 гектар замини обӣ, 88,43 гектар заминҳои лалмӣ, 369 гектар замини нокорам ва 733,9 гектар замини корам ҷудо карда шудааст.

Аммо қобили зикр аст, ки техникаҳои зироаткорие, ки дар раванди таълим ва фаъолияти истеҳсолии ин зинаи таҳсилот истифода мешаванд, ҳанўз дар солҳои 70-80 асри гузашта истеҳсол шудаанд. Айни ҳол 20 фоизи миқдори зарурии тракторҳои чархдор (аз 328 трактор 65 ададашон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд), 9 фоизи мошинҳои боркаш (аз 551 автомобил 49 автомобил дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд) ва 2 фоизи комбайнҳо коршояманду халос.

Техникаҳои боқимонда на танҳо фарсуда шудаанд, балки ҷавобгўи талаботи техникаи ҳозиразамон нестанд.

Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ягон таҷҳизоти зироаткорие, ки баъд аз соли 1982 истеҳсол шудааст, дар ихтиёр надоранд. Бо истифода аз чунин техникаҳо тарбия намудани кадрҳои коргарӣ ва хизматчиёни босалоҳияте, ки барои истеҳсолоти муосири хоҷагии қишлоқ заруранд, ғайриимкон аст.

Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ, иқтидори кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ вусъат меёбад. Дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо чунин созмонҳо бахши таҳсилоти ибтидоии касбии кишвар ба баъзе дастовардҳо ноил гардидааст.

5. Таҳлили вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 27 коллеҷ, 3 техникум ва 19 омўзишгоҳ фаъолият менамоянд, ки барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро амалӣ менамоянд.

Дар муассисаҳои мазкур аз рўи шаш самт (тиббӣ, омўзгорӣ-техникӣ, аграрӣ, санъат ва иқтисодӣ) мутахассисон барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ омода карда мешаванд.

Шумораи донишҷуён дар ин зинаи таҳсилот 41003 ҳазор нафарро ташкил дода, раванди таълимро қариб 3,7 ҳазор нафар омўзгорон таъмин менамоянд. Дар муқоиса бо соли 1991 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 10 адад зиёд шуда, вале шумораи донишҷўён 3169 нафар кам шудааст.

Агар соли таҳсили 1991-1992 қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 14, 9 ҳазор нафар, теъдоди хатм 13,7 ҳазор нафар ва шумораи умумии донишҷўён 40,7 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас дар соли таҳсили 2010-2011 қабули донишҷўён ба 12,5 ҳазор, хатм 9,4 ҳазор нафар ва шумораи умумии донишҷўён 37,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз соли 1995 сар карда, теъдоди муассисаҳои таълимӣ, донишҷўён, қабул ва хатм афзоиш ёфта истодааст.

Маблағгузории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ:

Ниг. ба поён

Ҳиссаи хароҷот ба таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли 2011 1,93 %-ро аз хароҷоти умумӣ ба соҳаи таҳсилот ташкил медод. Дар муддати 5 сол маблағгузории муассисаҳои мазкур 3,5 маротиба афзоиш ёфт.

Ҳоло ба ҳар як донишҷўй муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҳисоби миёна 700 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки назар ба солҳои 1991-1992 қариб се маротиба зиёд аст, ки ин аз натиҷагирии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1716 аз 20 марти соли 2006 “Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнатӣ ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва степендия” ва №480 аз 20 июни соли 2008 “Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши музди меҳнати ҳадди ақал маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия”, №671 аз 20 июни соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ” марбут ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бармеояд.

Аз ҷумлаи тадбирҳо оид ба тайёр намудани кадрҳои коргарии соҳибкасб мувофиқи соҳаҳои муайяни таълими касбию истеҳсолӣ таъмин намудани раванди таълим бо мутахассисони касбии дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Таҳлили омор нишон медиҳад, ки сатҳи тахассусии ҳайати кадрии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳалли масъалаҳои дар наздаш истода мувофиқат намекунад. Заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аллакай солҳои 90-ум дар ҳолати ногувор қарор дошт, то ин замон пурра корношоям гаштаанд. Айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 10000 мизу курсӣ барои омўзгорон ва донишҷўён, 1000 мизу курсӣ барои толорҳои варзишӣ, 500 адад тахтаи синфӣ, 100 адад тахтаи синфии электронӣ, 980 адад компютер, 400 адад принтер, 100 адад сканер, 3000 адад ҷевони китобмонӣ, 1000 адад ҷевон барои либос, 100 адад ҷевон барои кабинетҳои фаннӣ, 200 адад барои кабинетҳои роҳбарият ва омўзгорон, 1000 адад курсӣ барои ошхонаи донишҷўён, 49 синфхонаи лингафонӣ, зиёда аз 60 адад трактор ва автомобил, 60 намуд таҷҳизоти гуногуни харротӣ ва дуредгарӣ, зиёда аз 40 намуд воситаҳои техникии ёрирасон, 50 намуд асбобҳои мусиқӣ, 40 номгўи таҷхизоти гуногуни тиббӣ ва дигар таҷҳизот ва айёниятҳо барои кабинету лабораторияҳо эҳтиёҷ доранд. Солҳои охир барои харидории таҷхизоти нав маблағ ҷудо нашудааст. Биноҳои бештари муассисаҳои таълимӣ ба таъмири пурра ва аз нав таҷҳизонидан ниёз доранд. Масалан, бинои таълимии дуюми Коллеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ дар холати садамавӣ қарор дорад. Норасоии синфхонаҳо ва таҷҳизоти таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ ва амалӣ аз рўи ихтисосҳои амалкунанда ба назар мерасад. Бинобар нарасидани ҷойи таълим дар муассисаи мазкур машғулиятҳо дар ду баст гузаронида мешаванд.

Яке аз мушкилоти дигари ин зинаи таҳсилот бо хобгоҳ таъмин набудани донишҷўён аз ноҳияҳои дурдаст мебошад. Аз 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамагӣ 32 (65%) тои он дорои хобгоҳ буда, аз 41003 нафар донишҷўи дар ин зинаи таҳсилот ба таълим фаро гирифташуда, имконияти 3703 (9,2%) нафар донишҷўёнро ба хобгоҳ таъмин намуданро доранду халос.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки аз 84 техникаҳои таълимии (автомобил ва трактор), ки дар 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи техникӣ ва технологӣ мавҷуданд, соли бароришашон то соли 1985 буда, аз ин ҳамагӣ 21 (25%) адади он дар ҳолати корӣ мебошанд, ки онҳо низ бо сабаби ба истифода баромадани техникаҳои нави замонавӣ қариб дар истеҳсолот истифода карда намешаванд. Аз ин рў техникаҳои мавҷуда ба талаботи барномаҳои таълимие, ки дар асоси технологияи навин таҳия гардидаанд, мувофиқ набуда, мутахассисони дар ин асос омодагардида дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ харидор надоранд.

Хусусан техника ва технологияҳое, ки айни ҳол дар Коллеҷи муҳандисӣ-омўзгории шаҳри Душанбе, ки барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ устоҳои таълимӣ истеҳсолӣ омода менамояд, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад: аз 21 адад техникаи мавҷудаи таълимӣ танҳо 3 тоаш дар ҳолати корӣ буда, он ҳам ба талаботи барномаҳои таълимии амалкунанда мувофиқ нестанд. Инчунин устохона ва лабораторияҳои таълимгоҳ низ бо технологияи замонавӣ таъмин нест.

Дар марҳилаи ҳозираи низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сифати таълим ворид кардани техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия нақши асосиро мебозад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли хониши 2011-2012 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ бо 980 адад компютер таъмин гашта, аз ин 180 компютер ба интернет пайваст карда шудаанд.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки ин теъдоди компютерҳо ба 43 нафар донишҷў як компютер рост меояд, ки ин барои аз технологияи муосир бархўрдор гардидани донишҷўен кифоягӣ намекунад.

Аз соли 2009 инҷониб мониторинги ба кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷорӣ гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо гурўҳи осебпазири хатмкунандагонеро, ки наметавонанд соҳиби кор шаванд, муайян карда шаванд, балки барои дарёфти кори муваққатӣ аз рўи ихтисоси гирифтаашон барои чунин хатмкунандагон чораҳо андешида шаванд.

Ҳолати ҳозира ва тамоюли рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти зерини ин соҳа муайян карда шавад:

– низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таври пурра наметавонад ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сохтор ва сатҳи омодагии касбии хатмкунандагон ҷавобгў бошад;

– дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ низоми самарабахши ташаккули фармоишот, инчунин низоми пешгўии дақиқи талабот ба тайёркунии кадрҳои дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ташаккул дода нашудааст;

– вазъи таъминоти моддию техникӣ ва маблағтузории низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ба талаботи воқеӣ ҷавобгў нест;

– дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ муносибатҳои шарикӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён хеле заиф ба назар мерасад;

– амалан муассисаҳои таълимӣ барои натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти таълимии худ (доир ба масъалаҳои бо кортаъминкунӣ, вобаста намудани хатмкунандагон ба корхонаҳо) масъулият бар дўш надоранд.

Ҳамаи масъалаҳои дар боло зикргардида интихоби соҳаҳои татбиқи Барнома ва номгўи чорабиниҳои барномавиро муайян мекунад.

6. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома

Мақсади асосии Барномаи давлатии рушд ва ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муҳайё намудани шароит барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон, ҷомеа ва бозори меҳнат ба таҳсилоти босифат, тавассути таъсиси механизмҳои танзим дар бахши таҳсилоти касбӣ, навсозии сохтор ва мундариҷаи таҳсилот, рушд ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ, ташаккули низоми таҳсилоти мутассил, истифодаи самараноки захираҳои моддию молиявӣ, бунёд ва таҳкими механизми нисбатан беҳтар ва оқилонаи тайёр намудани кадрҳои коргарии соҳибкасб ва бозомўзии калонсолон мувофиқи сохтор ва мундариҷаи талаботи бозори меҳнат мебошад.

Барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо бояд вазифаҳои стратегии зерин ҳаллу фасл карда шаванд:

– беҳтар намудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таъмин намудани талаботи шаҳрвандон бо таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– фароҳам овардани шароит барои ҳарчи бештар баланд бардоштани сифати омодагии касбии хатмкунандагон;

– баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони тахассусии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– муҳайё намудани шароит барои ҳамкории самарабахши муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён дар тайёр намудани мутахассисон;

– азнавсозии самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот (СБТ);

– тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои касбӣ дар сохтори таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва омўзиши тафриқавии фанҳои таҳсилоти умумӣ, даст кашидан аз азхудкунии яквақтаи стандарти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва стандарти таҳсилоти ҳамагонии хатмии таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ;

– мувофиқкунонии шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо навсозии ҳамзамони пойгоҳи моддию техникӣ ва таъсиси марказҳои захиравӣ;

– рушди инфрасохтори фаъолияти таълимию истеҳсолӣ;

– фароҳам овардани шароит барои таъмини истифодаи пойгоҳҳои корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият барои ташкили омўзиши амалии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрхои баландихтисос ва рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ;

– таъсиси низоми миллии мониторинги сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– такмили маводи таълимӣ ва илмӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– ташкил намудани ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон;

– таъмини дастгирии ҳуқукии рушди муассисаҳои бисёрзинагии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчун намудҳои нави муассисаҳои таҳсилоте, ки барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таълими технологияҳои касбии хонандагон ва бозомўзии аҳолии калонсолро дар амал татбиқ менамоянд;

– таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани моделҳои нави маблағгузории таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла дар асоси шартномаҳои бисерҷонибаи муассисон;

– дар баробари маблағгузории буҷетӣ рушди маблағгузории бисёрҷониба, аз ҷумла дар шакли шарикӣ дар таъсиси муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– равона намудани захираҳои давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки барои бозомўзии аҳолии бекормонда аз рўи ихтисосҳои коргарӣ ҷудо карда шудаанд;

– зиёд намудани нақшаи қабул ва миқдори донишҷўён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар доираи “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020”;

– рушди муассисаҳои хусусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– беҳтар намудани дастрасии таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути зиёд намудани миқдори чунин муассисаҳо, махсусан дар деҳот ва ноҳияҳои бо мутахассисони дахлдор камтаъмин;

– ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав ва ба роҳ мондани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рўи ин ихтисосҳо тибқи талаботи соҳаи кишоварзӣ;

– пай дар пай ба роҳ мондани раванди таҳсили муттасили кормандони миёнаи касбӣ аз рўи ихтисосҳои дахлдор;

-таҷдиди барномаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ бо дарназардошти беҳтар намудани сифати тайёрии касбӣ ва зиёд намудани дарсҳо аз фанҳои тахассусӣ.

Иҷрои вазифаҳои зикргардида имкон медиҳад, ки таносуби байни сохтор ва ҳаҷми тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва талаботи бозори меҳнат барқарор гардад, инчунин мувофиқати сатҳи тахассусии ҳайати муҳандисию педагогии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо сатҳи техника ва технологияи истеҳсолоти муосир, ҷалб намудани корфармоён ба ҳамкории фаъол бо муассисаҳои таълимӣ дар бахши тайёр намудани кадрҳо таъмин карда шавад.

7. Марҳилаҳои татбиқи Барнома

Азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҷмўи тадбирҳоест, ки барои ҷалби шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти босифати касбҳои коргарӣ ва хизматӣ равона гардида, талаботи давлат бо мутахассисони дорои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қонеъ гардонида мешавад. Барномаи мазкур дар ду давра амалӣ карда мешавад:

-давраи аввал солҳои 2012-2016 (замимаҳои 1, 2, 3, 5, 7, ки солҳои 2012-2016-ро дар бар мегирад);

-давраи дуюм солҳои 2017-2020 (замимахои 1, 2, 3, 5, 7, ки солҳои 20162020 ва замимаҳои 4 ва 8-ро дар бар мегирад).

Марҳилаи якум

Дар марҳилаи аввал солҳои 2012-2016 азнавсозии сохтор ва мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ давра ба давра амалӣ гардонида шуда, барои мувофиқ намудани он ба таҳсилоти ҷаҳонӣ чораҷўӣ карда мешавад. Барои ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳои гузошташуда дар ин зинаҳои таҳсилот тадбирҳои зерин андешида мешаванд:

-азнавсозии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси рушди техника ва технологияи замонавӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат ба роҳ монда мешавад:

-таҳия, тағйирот ва илова ворид намудан ба санадҳои меъёрии хуқукии танзимкунандаи фаъолияти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таҳияи “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2013-2018” ва дар ин асос бо технологияи коммуникатсионӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсилот ва ба шабакаи ИНТЕРНЕТ ва шабакаҳои иттилоотии маҳаллӣ пайваст намудани онҳо;

-бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин намудани ин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, хобгоҳ, лаборатория ва устохонаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, барнома ва нақшаҳои таълимӣ, маводи методӣ ва дигар воситаҳои айёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-такмили ихтисоси омўзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар донишкадаҳои такмили ихтисос, марказҳои такмили ихтисоси назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар хориҷи кишвар;

-таҳия намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ барои дарёфти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби шарикони ҳамкор (корфармоён), ташкилотҳои хориҷӣ;

-ташкил намудани паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва грантҳо барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-таҳия намудани барномаҳои инноватсионӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ;

-назорати барномаҳои давлатӣ ва сари вақт маблағгузорӣ намудани онҳо;

-мувофиқкунонии сохтори омодасозии коргарон (хизматчиён) ба талаботи бозори меҳнат;

– муҳайё намудани муҳити тарбиявӣ барои ташаккули сифатҳои иҷтимоию ахлоқӣ ва касбии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– ноил гардидан ба таъминоти устувори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо кадрҳо;

– ташкил иамудани нуқтахои тиббӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводи доруворӣ барои расонидани ёрии фаврии тиббӣ;

– мусоидат ба ихтисосгирии минбаъда баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рўи ихтисосҳои зарурӣ тибқи эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббӣ;

– ба роҳ мондани хизматрасониҳои пулакии дахлдори касбӣ дар муассисаҳои миёнаи касбӣ тавассути таъсиси марказҳои дахлдори касбӣ;

– ба роҳ мондани маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути муассиси он бо мақсади беҳтар намудани заминаи таълимию истеҳсолӣ;

– сол ба сол зиёд намудани маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва зиёд намудани маоши кормандони онҳо;

Тадбирҳои зикргардида дар марҳилаи якуми татбиқи Барномаи мазкур амалӣ карда мешаванд.

Марҳилаи дуюм

Марҳилаи дуюми амалӣ намудани Барномаи мазкур солҳои 2017-2020 -ро дар бар мегирад. Дар ин давра оид ба амалигардонии ҳамаи он тадбирҳое, ки дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шуда буданд, мониторинг гузаронида шуда, дар ин асос моделҳои нави мазмуни таҳсилот ташкил ва маблағгузорӣ карда мешаванд.

Давраи дуюми татбиқи Барнома бо дарназардошти хусусият ва шароити маҳалҳои ҷумҳурӣ, ба беҳтар шудани сифати таълим ва соҳиби касбу ихтисосҳои талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ гардидани хонандагону донишҷўён, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ин зинаҳои таҳсилот ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани онҳо равона мегардад. Ҳамзамон, барои тайер намудани мутахассисони ин зинаҳои таҳсилот дар асоси бастани шартномаҳои байнидавлатӣ бо дигар давлатҳо, гузаронидани таҷрибаомўзии хонандагон ва донишҷўёни ин зинаҳои таҳсилот дар хориҷи кишвар имконият пайдо мешавад.

Дар марҳилаи дуюм таъминоти молию пулӣ, ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо мунтазам барои ҳалли масъалаҳои зерин ривоҷ дода мешавад:

– бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру тармими иншоотҳои ин зинаҳои таҳсилот;

– таъмин намудани муассисаҳои навътаъсис бо мизу курсӣ, ҷиҳози хобгоҳи таълимгирандагон;

– харидории таҷҳизоти таълимӣ-истеҳсолӣ, техника ва технологияи навин барои муассисаҳои навтаъсис;

– азнавсозии сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба мазмуни таҳсилот ва сифати тайёрии касбӣ, вобастагии он бо талаботи бозори меҳнат;

-сабти электронии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, филмҳои таълимӣ дар дискҳо ва ташкил намудани китобхонаҳои электронӣ;

-ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва омўзонидани технологияи муосир ба омўзгорон;

-тайёр кардани мутахассисони соҳаҳо дар кишварҳои хориҷи дуру наздик;

– фароҳам овардани шароит барои истифодаи заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ин зинаҳои таҳсилот;

– бунёди марказҳои фарҳангӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ, тиббӣ ва солимгардонӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таъмини рушди низоми таълими калонсолон ва таҳсилоти муттасили касбӣ;

– ҳал намудани мушкилоти иҷтимоии кормандони соҳаи маориф бо роҳи баланд бардоштани маоши онҳо ва аз ҳисоби ҷавонон мукаммал намудани ҳайати омўзгорони ин муассисаҳо;

– ба марказҳои таълими калонсолон, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб намудани шахсоне, ки бе ҷои кор мондаанд ва мувофиҳи талаби иқтисоди бозаргонӣ ба меҳнат омода сохтани онҳо;

– ҷалби соҳибкорон, корфармоён ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ ба ҳалли масъалаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– паст намудани сатҳи шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷомеа ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон.

Дар натиҷаи устувор гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мутобиқати онҳо ба бозори меҳнат меафзояд ва онҳо рақобатпазир мегарданд. Ин омил ба таъмини сифати таълим дар ин зинаҳои таҳсилот оварда мерасонад.

Тадбирҳои пешбинигардида дар марҳилаи дуюми Барнома амалӣ хоҳанд щуд.

Таъминоти меъёрии ҳуқуқии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

Вазифа:

– танзими ҳуқуқии низоми омодасозии кадрҳои муҳандисию педагогӣ;

– такмили санадҳои меъёрии ҳукуқӣ дар самти ҳамкорт бо шарикони иҷтимоӣ;

– омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқукӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, грантҳо ва дигар маблағҳои соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пардохти музди кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– ба роҳ мондани маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути муассиси он.

Шарикии иҷтимоӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

Вазифа:

– фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди шарикии иҷтимоӣ, муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ ва шаклҳои гуногуни ҳамкории субъектҳои он.

Самтҳои асосии фаъолияти субъектҳои шарикии иҷтимоӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз инҳо иборатанд:

– модернизатсия ва навсозии заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

– муайяи намудани номгўи хизматҳои таҳсилотие, ки дар бозори меҳнат талабот доранд;

– муайян намудани талабот ба сифати омодасозии муттахасисон ва иштирок дар ҷамъбастии давлатии хатмкунандагон;

– муайян намудани талабот ба сифати барномаҳои таълимӣ;

– ташаккул ва амалӣ намудани низоми тағйирпазири тарбия;

– рушди касбинтихобкунии аҳолӣ;

– бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Вазифаҳо:

– ворид шудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва бозори байналмилалии хадамоти таҳсилот;

– рушди омодасозӣ ва бозомўзии шаҳвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

Самтхои асосӣ:

– дасттирии равандҳои ҳамгироӣ дар бахши муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дигар кишварҳои хориҷӣ ва иштирок дар ташаккули фазои ягонаи таҳсилот бо онҳо;

-рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти идоракунии таҳсилоти кишварҳои хориҷӣ;

-барқарор намудани равобити мустақими ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти хориҷӣ;

-такмили раванди таҳсилот ва баланд бардоштани сифати омодасозии муттахасисон дар асоси истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ;

-таҳлили муқоисавии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии давлатҳои дигар;

-мутобиқ намудани стандартҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ;

– тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори соҳавӣ.

Таъсиси низоми иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

Вазифа:

-таъсиси фазои ягонаи иттилоотии таҳсилот дар бахши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ. Самтҳои асосӣ:

-таҳия намудани “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2013-2018” ва давра ба давра татбиқ намудани он;

-баланд бардоштани сифати хизматҳои пешниҳодшавандаи таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

– баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-таъсису густариш ва ҷорӣ намудани воситаҳои электронии муосири таълим;

-истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ;

-ташкили ҳамкории иттилоотию технологии субъектҳои фазои таҳсилот;

-такмили низоми тайёрӣ ва бозомўзии кадрҳо барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ.

8. Идоракунии Барнома

Роҳбарии умумӣ ва назорат аз рафти амалисозии чорабиниҳои Барнома ба зиммаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доранд, вогузор карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи чорабиниҳои Барнома буда, бо ин мақсад корҳои зеринро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

– ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи чорабиниҳои Барнома;

– баррасии мавод дар бораи рафти татбиқи Барнома;

– тартиб додани нақшаи ташкилию молиявии татбиқи чорабиниҳои Барнома;

– таҳти назорат қарор додани сифати чорабиниҳои гузаронидашуда ва истифодаи самарабахши маблағҳои татбиқи Барнома;

– пешниҳод намудани ҳисоботи ҳарсола доир ба татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ташкил ва гузаронидани мониторинги амалисозии чорабиниҳои барномавӣ;

– ба роҳ мондани назорат ва ташкили гузаронидани тафтиши амалисозии чорабиниҳои ҷудогонаи Барнома аз ҷониби коршиносон;

– арзёбӣ ва таҳлили натиҷабахшии татбиқи Барнома.

9. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

Маблағгузории чорабиниҳои Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағҳои махсус, маблағҳои ташкилоти фармоишгари кадрҳо, маблағҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи Барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатии соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба таҳия карда мешавад.

Тақсимоти маблағҳо барои иҷрои чорабиниҳои Барномаи давлатӣ аз рўи ҳаҷму манбаҳои маблағгузорӣ дар замимаҳои он оварда шудаанд.

10. Натиҷаҳои ниҳоии Барнома

Татбиқи саривақтӣ ва самараноки чорабиниҳои Барнома чунин натиҷа хоҳад дод:

-барои дастрасии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароит муҳайё мегардад;

-сохтор ва мундариҷаи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тағйир ёфта, ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мегардад;

-шабакаҳои кофии таҳсилот таъсис ёфта, моделҳои ташкили муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ такмил меёбанд;

-дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ) гузариши пурра ба низоми кредитии таҳсилот ва омодасозии кадрҳо аз рўи барномаи мутахассиси хурд ва зинаи аввали таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат) таъмин карда мешавад;

-то охири соли 2020 миқдори компютерҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба дараҷаи таносуби як компютер барои 10 нафар хонанда расонида мешавад;

-усулҳои нави маблағгузории таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия мегардад;

– маоши омўзгорони муассисаҳои мазкур баланд бардошта мешавад;

-миқдори грантҳои давлатӣ барои омодасозии кадрҳо аз рўи ихтисоси афзалиятдошта мувофиқи талаботи бозори меҳнат зиёд мегардад;

– ҳамкории байналмилалӣ дар доираи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ рушд меёбад;

– алоқаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо корфармоён мустаҳкам карда мешавад;

– таъсис ва тарақкиёти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ғайридавлатӣ назаррас мешавад;

– муассисаҳои нави таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ доранд, ташкил карда мешаванд;

– ба ҳар як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сарпарастон, аз ҷумлаи ташкилот ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ вобаста карда мешавад;

– заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мустаҳкам карда мешавад;

– дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароит фароҳам оварда мешавад;

– нақшаи қабул ва миқдори донишҷўён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар доираи “Барномаи тайёр намудани кадрхои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” зиёд карда мешавад;

– муассисаҳои ғайридавлатии (хусусии) таҳсилоти миёнаи касбӣ инкишоф меёбанд;

– ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав ва ба роҳ мондани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рўи ин ихтисосҳо тибқи талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин мегардад;

таҷдиди барномаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани сифати тахассусӣ ва зиёд намудани дарсҳо аз фанҳои тахассусӣ амалӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи Барнома низоми миллии самарабахши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташаккул меёбад, сифати дараҷаи баланди таълим ва омодасозии кадрҳои коргарӣ муяссар гардида, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони дар ҷаҳони муосир мақоми арзандаеро ишғол намудан шароитфароҳам меояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №200

тасдиқ шудааст

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …