Главная / Илм / ПРОГРАММАҲОИ СИСТЕМАВИИ «КОФТУКОВ» ВА АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ФАВРӢ»

ПРОГРАММАҲОИ СИСТЕМАВИИ «КОФТУКОВ» ВА АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ФАВРӢ»

Азбаски дар дискҳои компютер миқдори зиёди папкаҳову зерпапкаҳо нигоҳ дошта мешаванд, бинобар он баъзан истифодабарандаи компютер бо ягон сабабе фаромўш карданаш мумкин аст, ки фалон файл ё программа дар кадом папка маҳфуз аст. Агар истифодабаранда номи файли ҳуҷҷат ё программаи заруриро пурра ё қисман донад, ё ақаллан дар матни он кадом мафҳумҳо ё калимаҳо истифода шуданашонро дар хотир дошта бошад, он гоҳ аз имкониятҳои программаи системавии Кофтуков (Поиск –Find) истифода бурда, суроғаи объектро зуд муайян карда метавонад. Кофтукови объектҳо дар асоси меъёрҳои пешниҳодкардашуда (критерияҳо) гузаронида мешавад. Барои кофтукови ягон ҳуҷҷат ё программа пеш аз ҳама равза наи программаи Кофтуковро кушодан лозим аст. Ин равзанабо ёрии командаи Менюи асосии система ПускНайтиФайлы и папки (ОғозЁфта шавадФайлу папкаҳо) ё командаи менюи равзанаи программаи Роҳбалад СервисНайтиФайлы и папки кушода мешавад, ки он Найти: Все файлы (Кофтани ҳамаи файлҳо) ном дорад .

Равзанаи программаи Кофтуков ба ғайр аз сатри сарлавҳа ва сатри меню боз аз се тугмаи қабатии Имя и местоположение (Ном ва ҷойгиршавӣ), Дата (Таърихи тағйирот) ва Дополнительно (Иловагӣ) ва якчанд майдончаҳои дохилкунии информатсияю се тугмаи командавии Найти (Кофтан), Остановить (Истодан), Новый поиск (Кофтукови нав) иборат аст.

poskАгар номи файли ҳуҷҷат ва диске, ки дар он ин ҳуҷҷат маҳфуз аст, маълум бошад, он гоҳ аз тугмаи қабатии якум истифода мебаранд. Ҳангоми тақрибан маълум будани таърихи охирини муроҷиаткунӣ ба файли ҳуҷҷат, аз тугмаи қабатии дуюм ва ҳангоми истифодабарии информатсияи иловагӣ (масалан, типи файл, ягон мафҳуми матни он ва ғайра), аз тугмаи қабатии сеюм истифода бурдан қулай аст.

Ҳангоми истифодабарии тугмаи қабатии дилхоҳ ва пур кардани майдончаҳои дохилкунии информатсия, тугмаи командавии Найти (Кофта шавад)-ро пахш кардан лозим аст. Агар Расми 40. Равзанаи программаи системавии Кофтуков файл ё файлҳо ёфта шаванд, он гоҳ номи пурраи онҳо ва дигар параметрҳояшон дар қисми поёнии равзана нишон дода мешаванд.

Баъзан лозим меояд, ки бе кушодани программаҳои амалӣ, ба таври фаврӣ информатсияи дохили ҳуҷҷатҳо дида баромада шаванд. Барои амалӣ гаштани ин мақсад дар Windows программаи махсус пешбинӣ карда шудааст, ки он программаи Азназаргузаронии фаврӣ (Quick View –Быстрый просмотр) ном дорад (Рами 41). Ин программаро бо ёрии равзанаҳои программаҳои Кофту-ков, Компютери ман ва Роҳбалад ба кор даровардан мумкин аст. Агар нишона ё номи файл дар равзанаи ин программаҳо

қайд карда шуда бошад, он гоҳ аз командаи менюи онҳо ФайлБыстрый просмотр (ФайлАзназаргузаронии фаврӣ) истифода бурда, информатсияи дохили файли қайдкардашударо дар экран дидан мумкин аст. Бояд қайд Расми 41. Равзанаи программаи Азна- заргузаронии фаврӣ кард, ки бо ёрии ин программа информатсияи дохили файл-ро танҳо дидан мумкин аст, вале онро таҳрир кардан ғайри имкон аст.

Барои таҳрир намудани файли ёфташуда албатта зарур аст, ки программаи ба он вобастаро кушоем. Чунин имкони ятро худи равзанаи программаи Азназаргузаронии фаврӣ таъмин менамояд. Аз командаи менюи равзанаи ин программа ФайлОткрыть для изменения (ФайлБарои тағйирдиҳӣ кушода шавад) истифода бурда, дар информат-сияи дохили файл тағйирот дохил намудан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Программаҳои системавии Кофтуков ва Азназаргузаронии фаврӣ ба рои иҷрокунии кадом вазифаҳо пешбинӣ карда шудаанд?
  2. Программаи системавии Кофтуков аз программаи системавии Азназаргузаронии фаврӣ чӣ фарқ дорад?
  3. Программаи системавии Кофтуковро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  4. Функсияҳои тугмаҳои қабатии Имя и размещение (Ном ва ҷойгиршавӣ), Дата изменения (Таърихи тағйирот) ва Дополнительно (Иловагӣ) аз чӣ иборат аст?
  5. Дар кадом мавридҳо аз программаи системавии Азназаргузаронии фаврӣ истифода бурдан қулай аст?
  6. Программаи системавии Азназаргузаронии фавриро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  7. Чӣ тавр бо ёрии равзанаи программаи системавии Азназаргузаронии фаврӣ файли ёфташударо таҳрир кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Бо ёрии Менюи асосии Windows аз программаи системавии Кофтуков истифода бурда, папкаи хусусии худро кофта ёбед ва равзанаи онро кушоед.
  3. Бо ёрии программаи системавии Кофтуков программаи Корзина (Сабад)-ро аз дискҳои компютер ҷўстуҷўй намоед.
  4. Аз тугмаи қабатии Дата изменения-и равзанаи программаи система вии Кофтуков истифода бурда, рўйхати ҳамаи файлҳои моҳи охир сохташударо ба экран бароред.
  5. Матни яке аз файлҳои дар банди болоӣ ёфташударо бо ёрии программаи системавии Азназаргузаронии фаврӣ ба экран бароред.
  6. Аз имкониятҳои равзанаи программаи системавии Азназаргузаронии фаврӣ истифода бурда, матни файли дар экранбударо таҳрир намоед.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …