Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ ДАР БОРАИ ТАЪМИН БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ

ҚАРОРИ ДАР БОРАИ ТАЪМИН БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020

maktabi-aminjon-shukuhi-0

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалигардонии барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.
  3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020-ро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи амалишавии он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми ҳар сол то 30 ноябр ҳисобот пешниҳод намоянд.
  4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020-ро таъмин намуда, аз натиҷаи амалӣ шудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 ноябри соли 2017, № 544

ш.Душанбе

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …