Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 январи соли 2015 № 327

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017

(Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750)

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 (минбаъд – Барнома) идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст.

Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардошташ нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ гардида буд, масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузории соҳа, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос, ислоҳоти низоми мавҷудаи адвокатура пешбинӣ шуда буданд.

Барои таъмини иҷрои Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Инчунин Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди қонунгузории соҳа қабул карда мешавад.

1. Рушди қонунгузории мурофиавӣ

Дар банди 2 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 омўзиши масъалаи рушди мурофиаҳои тосудии ҳалли баҳсҳо пешбинӣ гардида буд.

Дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сол то сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар мўҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад.

Барои таъмини саривақтии баррасии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва соддагардонии мурофиаҳои судӣ рушди мурофиаҳои тосудӣ мувофиқи мақсад мебошад. Чунин муносибат тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли тосудии баҳси тарафҳо мусоидат менамояд. Дар ин радиф ба таври соддакардашуда баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои категорияи вазнин ба мақсад мувофиқ аст.

Вобаста ба ин ва бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти судӣ зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷдид гардида, ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Ҳамчунин зарур аст, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ бо мақсади такмили тафтишоти пешакӣ мавриди омўзиш қарор дода шавад.

2. Такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ карда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷрои санадҳои қабулгардидаро таъмин менамоянд, дар маҷлисҳои коллегияҳои судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок менамоянд, оид ба парвандаҳо маърўза карда, санадҳои судиро таҳия мекунанд, дархостро дар бораи иҷрои маҷбурии қарори судҳои давлатҳои хориҷӣ баррасӣ менамоянд, парвандаҳоро дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионӣ ва назоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ва ё оид ба рад намудани ирсоли парванда ба суди марҳилаи назоратӣ дар доираи салоҳияташон қарор (таъинот) қабул мекунанд, лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро таҳия намуда, дар маҷлиси Пленум маърўза мекунанд, барои гузаронидани ҷамъбасти амалияи судӣ парвандаҳоро мавриди омўзиш қарор дода, оид ба ҳар як парвандаи омўхташуда маълумотнома таҳия намуда, аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳодот ирсол менамоянд. Оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии таклифҳо таҳия мекунанд. Ваколатҳои дигареро, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамоянд.

Ба ғайр аз ин ба зиммаи судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дигар вазифаҳо, ба монанди расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ, гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи судҳо, аз рўи барномаҳои тасдиқгардида дар Маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳо ва коромўз-судяҳо гузаронидани дарсҳо, ба воситаи телевизион ва радио дар мавзўҳои ҳуқуқӣ баромад намудан, дар рўзномаю маҷаллаҳо хабару мақолаҳо ба нашр расонидан, дар ташкилотҳо вохўрию мулоқотҳо баргузор намудан, ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани қарорҳои қабулгардидаи судӣ ва ғайраҳо вогузор карда шудааст (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750).

Бинобар ин барои сари вақт, пурра, ҳаматарафа, босифат амалӣ намудани ваколатҳои судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ ва техникӣ тақвият бахшидани самти ташкилии фаъолияти онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750)

4. Ислоҳоти низоми судӣ нисбати ноболиғон

Дар асоси тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак, инчунин банди 13 Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 таъсиси судҳои ювеналӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар ин раванд, бо мақсади таъмини адолат нисбати ноболиғон, ҳаматарафа таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, фароҳам овардани муҳити солим ба ноболиғон дар рафти таҳқиқ ва тафтиш, инчунин баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар суд, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар ҳайати судҳои амалкунанда ва такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст.

5. Тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ. Такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои таъмини фаъолияти шаффофу ошкорои судҳо, қабули қарорҳои қонунию асоснок ба таъмини иҷрои онҳо диққати махсус дода шудааст.

Зиёд гардидани шумораи парвандаҳо ва истеҳсолоти иҷро, ҳамзамон дар сатҳи пешин қарор доштани шумораи иҷрочиёни суд ва аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ва судҳо дар сатҳи зарурӣ наандешидани чораҳо оид ба таъмини талаби даъво ва мусодираи молу мулки судшаванда барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва ҳаматарафаи санадҳои судӣ таъсир мерасонад.

Бинобар ин, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, мувофиқи мақсад аст, ки сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд такмил дода шуда, дар ин радиф ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

6. Тадбирҳо оид ба таъсиси сохтори мустақили экспертӣ

Бо мақсади гузаронидани экспертизаи мустақил, бартараф намудани таъсири идоравӣ, назорати ягонаи методӣ аз рўи сифат ва истеҳсолоти экспертизаи судӣ, ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои экспертӣ, муайян намудани кормандон аз рўи ихтисос, таҷрибаи корӣ ва хусусияти фаъолият, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ташкили экспертизаи судӣ ва таҷрибаи тафтишотӣ, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ ва ҳамчунин ҷиҳати роҳ надодан ба хатогиҳо дар рафти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, амалияи судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз байн бурдани такроршавии вазифаҳои онҳо бояд муассисаҳои экспертӣ (ба истиснои экспертизаи судии тиббӣ) ба як сохтори мустақили давлатии берун аз таъсири идоравӣ табдил дода шаванд. Инчунин масъалаи дар асоси иҷозатнома ҷорӣ намудани экспертизаҳои мустақили ғайридавлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин тадбирҳо таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор мувофиқи мақсад мебошад.

7. Рушди ёрии ҳуқуқии ройгон

Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ёрии ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, тарзи ташкил ва тартиби шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқиро ба Қонун вогузор кардааст (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750).

Бо дарназардошти таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷиҳати амалӣ намудани меъёри зикргардидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750).

Дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бояд такмил дода шаванд.

8. Таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо

Барои таъмини фаъолияти самаранок ва таъмини мустақилияти судҳо ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин беҳдошти вазъи моддӣ-техникии судҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки маблағгузории мақомоти судӣ, бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеии судҳо, аз ҷумла талабот ба бино, воситаҳои нақлиёт, техникаву таҷҳизоти муосир, музди меҳнат, манзили истиқоматии хизматӣ таъмин карда шавад.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …