Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалисозии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин намуда, ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷараёни татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 октябри соли 2016, № 456

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …