Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

БАРНОМАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

12513707_1004681812935338_2788097049703747680_o

  1. Муқаррароти умумӣ
  1. Мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки аз даврони қадим ибтидо мегирад, тавассути урфу одат, шаклҳои тасаввурот ва ифода, дониш ва малака, инчунин воситаҳо, ашё, маҳсул ва фазои фарҳангии дорои хусусияти ғановатманд зоҳир мегардад. Он аз ҷониби ҷомеаҳо ва гурўҳҳо эътироф гардида, дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мубрам боқӣ мемонад.
  2. Ҷузъҳои таркибии мероси фарҳангии ғайримоддӣанъанаҳои шифоҳӣ, санъати иҷрокунандагӣ, ҷашнҳо, донишу малака марбут ба ҳунарҳои суннатӣ ва тибби анъанавӣ, инчунин методикаи нодири суннатии шаклҳои интиқоли он, институти таълимии “устод-шогирд” айни замон низ қисми муҳими маънавиёти халқи тоҷик маҳсуб ёфта, фарҳанги суннатиро сазовор рушд медиҳад.
  3. Вусъати тамоюли ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ натиҷаи ҷараёнҳои тамаддуни ҷаҳонӣ вобаста ба ҳифзи аслияти этникии халқҳо буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ, шаҳришавӣ, якрангшавӣ ва оммавӣ гардидани фарҳангҳо татбиқи чораҳои хосро дар тамоми манотиқи ҷугрофии мамлакат тақозо менамояд. Вале ҳаллу фасли проблемаи мазкур дар заминаи механизмҳои асри гузашта ташаккулёфта имконнопазир аст.

Бояд зикр намуд, ки фарҳанги суннатӣ заминаи асосии гуногунрангии тамоми самтҳо, шаклу намудҳои фарҳанги Тоҷикистони муосир буда, зимни он ҷахонбинии инсон, низоми тасаввурот ва забон, дину эътиқод, донишу малака, расму оин, урфу одатҳои истеҳсолӣ ва рўзгордорӣ, ҷашну маросимҳо, низоми фолклор ташаккул меёбанд.

Барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон мероси фарҳангии ғайримоддӣ яке аз воситаҳои муассири пешгирӣ ва аз байн бурдани падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни кўдакону ҷавонон, ташаккули ҳисси ватандўстӣ, хислатҳои шаҳрвандӣ, шахсият, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, устуворгардонӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Тавассути он проблемаҳои ҷиддии одоби миллӣ, идеалҳои эстетикӣ ва ниҳоят ташаккули нерўи иҷтимоӣ ва иктисодии мамлакат ҳаллу фасл мегардад.

  1. Масъалаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик хусусияти комплексӣ дошта, гуногунранг ва васеъ мебошад. Баҳри дастгирӣ ва рушди мероси фарҳангии ғайримоддии Тоҷикистони соҳибистиқлол барномаи махсуси давлатӣ зарур аст. Бинобар ин, ҳанўз солҳои аввали давлатдории навин нисбат ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ таваҷҷўҳи хосаи давлат ва маҳз сарвари давлати Тоҷикистон зоҳир гардид. Шаҳодати равшани он таъсиси ду ҷашни давлатӣ ба ифтихори ду намунаи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик – Рўзи Шашмақом (12 май) аз соли 2000 ва Рўзи Фалак (10 октябр) аз соли 2007 ба шумор меравад. Ин иқдом ҳамчун ҳифзи унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҷаҳон беназир аст.
  2. Дар ин самт Вазорати фарҳанг якчанд барномаҳои давлатӣ “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №85, “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №513, “Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, №322 тасдиқ гардидаанд, таҳия намудааст. Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистон ҳанўз то Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) дар самти ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ корро оғоз намуда буд. Новобаста ба ин, вусъати босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва шаҳришавӣ дар миқёси ҷаҳон, шаклҳои тўли асрҳо ташаккулёфтаи мероси фарҳангии ғайримоддиро аз байн мебаранд. Ин зарурати андешидани чораҳои комплексиро беш аз пеш ногузир мегардонад.

Тоҷикистон аз лиҳози хусусияти тамоюли таърихӣ кишвари фарҳанги суннатӣ аст. Бинобар ин, ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи муосири Тоҷикистон бағоят муҳим аст. Суннатҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Тоҷикистон зиндаанд ва қисмҳои таркибии фарҳанги имрўзаи он ба шумор мераванд. Вале мардуми дорои суннатҳои бой, ки таърихан ва имрўз ба давлатҳои ҳамсоя ғизои маънавӣ мебахшад, айни замон мероси фарҳангии ғайримоддии худро ҳанўз ба расмият надаровардааст. Ин аз он ҷиҳат хавфнок аст, ки ҳамсоятон, ки ҷараёни барасмиятдарориро оғоз намудаанд, фарҳанги тоҷикии қабулнамудаашонро ҳамчун фарҳанги асили хеш муаррифӣ мекунанд.

Дар чунин маврид Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ва фарохтар барасмиятдарории давлатии мероси фарҳангии ғайримоддиро оғоз намояд. Ин омили муҳим боиси қабули Барномаи мазкур гардидааст.

  1. Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва рушди он баҳри нигоҳдошти аслияти фарҳанги халқи тоҷик бояд тавассути услуби барномавии мақсаднок дар сатҳи давлатӣ амалӣ гардад. Татбиқи Барномаи мазкур мутобиқгардонии фаъолияти сохторҳои гуногуни оид ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии ғайримоддӣ, инчунин тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои дахлдорро тақозо менамояд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

  1. Мақсади асосии Барнома бартараф намудани хавфи аз байн рафтани мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ҳифз, рушд ва тарғиби он мебошад.
  2. Вазифаҳои Барнома иборатанд аз:

-ҳифз ва барқарорсозии шаклу навъҳои гуногуни фарҳанги суннатӣ, ки аслияти маънавиёти халқи тоҷикро муайян месозанд;

-таъмини дастёбии баробари ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба арзишҳои фарҳангӣ;

-рушд ва оммавигардонии намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, тарғиби дастовардҳои фарҳанги суннатӣ дар фазои фарҳангии Тоҷикистон;

-рушди фарҳанг, таҳсилоти бадеӣ ва дастгирии эҷодиёт;

-дастгирии устодон – соҳибони суннатҳои фарҳанги мардумӣ;

-рущди инфрасохтор, шаклҳои нави кор, навсозии механизмҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ғайримоддӣ;

-тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ;

-таъмини ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои ҳифзи фарҳанги суннатӣ;

-ҷамъоварӣ, мукаммалгардонии воситаҳои бақайдгирӣ, истифодаи шаклҳои гуногуни сабти унсурҳо ва объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (чоп, маводи аудиовидеоӣ, сабти нотавӣ ва ғайра);

-чопи китоби бисёрҷилдаи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик;

-таҳияи силсилаи бисёрсериягии филмҳои мустанад оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик;

-баргузор намудани чорабиниҳои гуногун баҳри тарғиби шаклҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ;

-ташкил намудани экспедитсияҳои гуногун бо мақсади ҷамъоварии иттилоот ва мавод оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ;

-таъсиси лабораторияҳои доимӣ дар ташкилотҳое, ки ба омўзиши мероси фарҳангии ғайримоддӣ машғуланд.

3.Самтҳои асосии татбиқи Барнома

  1. Таҳияи услуби комплексӣ дар ҳалли проблемаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ;

-ташаккули низоми давлатии дастгирии мероси фарҳангии ғай/римоддӣ;

-амалӣ намудани хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ баҳри ҳалли вазифаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ;

-муттаҳидгардонии саъю кўшишҳои бахшҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳалли вазифаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик;

-таъмини ҳаллу фасли воқеан илмӣ ва фарҳангии масъалаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, бо дарназардошти вазъи муосири иҷтимоию фарҳангӣ.

  1. Барномаро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо татбиқ менамояд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсоз ва масъули татбиқи Барнома мебошад.

4.Манбаъҳои маблағгузории Барнома

  1. Манбаъҳои асосии маблағгузории татбиқи Барнома маблағҳои ҳамасола аз Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илм ҷудошаванда, инчунин грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.

Хароҷот барои татбиқи Барнома аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ (тибқи нархҳои солҳои дахлдор) 10 млн. 148,90 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 млн.756,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн. 332,0 ҳазор сомонӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн. 060.9 ҳазор сомониро ташкил медихад.

5.Мўҳлати татбиқи Барнома

12.Барномаи мазкур дар солҳои 2013-2020 татбиқ мегардад.

Барномаи мазкур марҳилаи аввали татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷикро фаро мегирад. Бинобар ин, бо татбиқи пурраи мақсад ва иҷрои вазифаҳои он Барномаи мазкур идома хоҳад ёфт.

6. Натиҷаҳои татбиқи Барнома

  1. Татбиқи Барнома имкон медиҳад, ки

-барои таъмини нигоҳдорӣ ва барқарорсозии шаклу навъҳои гуногуни фарҳанги суннатӣ, ки аслияти халқи тоҷикро муайян месозанд, шароит фароҳам оварда шавад;

-сатҳи дастёбӣ, эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва самаранокии сифати хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанги суннатӣ, эҷодиёти халқ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ баланд бардошта шавад;

-ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ ҷоннок карда шавад;

-дастёбии васеи қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба арзишҳои фарҳанги суннатӣ ва муосир, таҳсилоти бадеӣ таъмин гардад;

-инфрасохтори самараноки фарҳанг бунёд гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳое, ки ба ҳифзу барқарорсозии фарҳанги суннатӣ ва рушди эҷодиёти халқ машғуланд, таҳким ёбад:

-нерўи кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарханги суннатӣ ташаккул ёбад;

-мероси фарҳангии ғайримоддии халки тоҷик дар китоби бисёрҷилда ба табъ расад;

-мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик дар силсилаи бисёрсериягии филмҳои мустанад муаррифӣ гардад;

-фонди мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик дар сатҳи давлатӣ ва сохторхои маҳаллӣ марказонида шавад;

-фонди тиллоии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ташаккул ёбад.

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, № 263

тасдиқ шудааст

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …