Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД”

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД”

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 № 159 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ “УСТОД-ШОГИРД” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

1. Муқаррароти умумӣ

  1. Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд – Барнома) дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҷлили Рўзи Шашмақом (12 майи соли 2015) баён доштанд, таҳия гардида, ба рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” нигаронида шудааст.
  2. Барнома бо дарназардошти анҷом додани ислоҳоти куллӣ дар вазъи кунунӣ ва рушди Шашмақом, мақомҳои маҳаллии тоҷик, Фалак ва эҳёи мактаби суннатии “устод-шогирд” баҳри тақвият ва ба даст овардани худшиносии воқеии наслҳои ҷавон, баланд бардоштани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди ҳамаҷонибаи тафаккури бадеиву маънавии тоҷикон таҳия гардидааст.
  3. Барномаи мазкур бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик, ҳифзи аслияти ин мероси маънавии тоҷикон ва хусусан санъати классикии Шашмақом, ки ҳамчун шоҳкории башарият аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудааст, умуман санъати мақоми тоҷик, инчунин мусиқии суннатии касбии тоҷик Фалак ва институти меросии таълими санъати мусиқии касбии тоҷик – мактаби суннатии “устод-шогирд” дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, якрангшавӣ ва оммавишавии фарҳангу санъат амалӣ карда мешавад.
  4. Асосгузории ҷашнҳои давлатии Рўзи Шашмақом ва Рўзи Фалак маънои дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми афзалиятнок пайдо кардани ин ду шакли санъати мусиқии ирфониро дорад. Нақши ин ду ҷашн дар устуворгардонии санъати мақомхониву фалакхонӣ хеле бузург аст.
  5. Дар баробари тақвияти ҷараёни худшиносӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва зарурати тарбияи инсони дорои тафакқури нав дар амалияи мусиқӣ ва таълимоти махсуси касбиву иловагии бадеӣ эҳтиёҷот ба омўзиши дақиқ, таҳқиқот, усули тадрисӣ ва методологияи фаннии мусиқии классикиву касбии суннатии тоҷик афзуда истодааст.
  6. Барномаи мазкур ба устуворгардонӣ ва мушаххасгардонии шаклҳои мухталифи омўзишу фаҳмиш, тарбияи мутахассисон ва шунавандагони волои санъати Шашмақому Фалак равона карда мешавад.
  7. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” муайян менамояд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

  1. Мақсади асосии Барнома ҳифз намудани мероси гаронбаҳои мусиқии миллати тоҷик ва рушду тарғиби он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
  2. Баҳри ноил шудан ба ин мақсадҳо иҷрои вазифаҳои зерин зарур мебошад:

– эҳё ва барқарорсозии мактаби суннатии бадеии Шашмақом ва Фалак;

– таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методии мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– омода кардани мутахассисони Шашмақому Фалак тибқи талаботи мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– таҳияи роҳу усулҳои навини замонавӣ тибқи талаботи мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба Шашмақом ва Фалак тибқи талаботи мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– амалӣ намудани чопи дувуми “Донишномаи Шашмақом” бо тағйиру иловаҳо;

– омода ва нашри шашҷилдаи Шашмақом;

– ҷамъоварӣ, омода ва нашр намудани мақомҳои маҳаллии тоҷикӣ;

– омода ва нашр намудали маҷмўаҳои нотавӣ оид ба Фалак;

– баҳри ҷустуҷўи симоҳои нав дар ду сол як маротиба миёни ҷавонон гузаронидани озмуни “Мақомхони беҳтарини сол” ва “Фалакхони беҳтарини сол”;

– таҳияи силсилаи филмҳои мустанад оид ба “Устодони Шашмақому Фалак”;

– баргузор намудани чорабиниҳои гуногун баҳри тарғиби Шашмақому Фалак;

– ташкил намудани экспедитсияҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри ҷамъоварии намунаҳои гуногуни мақомҳои маҳаллӣ ва Фалак;

– мусоидат намудан ба фаъолгардонӣ ва ба роҳи дурусти илмӣ-эҷодӣ равон кардани ҳунари тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон;

– таҳкими асосҳои таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик тавассути таҳияи феҳристу луғатномаҳо;

– мусоидат намудан ба рушди Шашмақом ва Фалак дар таҳсилоти касбии сезинагӣ ва бадеии соҳаи фарҳанг ва санъат;

– ворид намудани унсурҳои аввалини мақому фалак ба таҳсилоти бадеии мактабҳои ибтидоӣ ва таълимоти бадеии томактабӣ;

– доир намудани мизҳои мудаввар дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бахшида ба Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд”;

– дар услубҳои суннативу композиторӣ эҷод намудани асарҳои нав бо истифода аз мақому фалак.

3. Самтҳои асосии амалӣ намудани Барнома

  1. Баҳри таҳкими мақоми зарурии Шашмақом ва Фалак дар ҷомеаи муосир дар Барнома самтҳои асосии зерин муайян карда шудаанд:

– аз нав дида баромадани истилоҳоти Шашмақом ва Фалак дар доираи вожагиҳои суннативу таърихии забони тоҷикӣ;

– ташаккули заминаи асосии таълимӣ-методии Шашмақому Фалак дар системаи таълимоти касбӣ ва бадеӣ;

– тарғибу ташвиқи Шашмақому Фалак тавассути воситаҳои ахбори омма;

– баргузории чорабиниҳои гуногуншакл (мубодилаи афкор, мизҳои мудаввар, конференсия ва симпозиумҳо) ҷиҳати рушди санъати Шашмақому Фалак;

– нашри матнҳои асосии шеъриву мусиқии Шашмақому Фалак;

– фаро гирифтани ҳамаи муассисаҳои таълимиву эҷодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Шашмақому Фалак ва ғайра.

  1. Барномаро асосан Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсоз ва масъули амалигардонии Барнома мебошад.
  3. Манбаъҳои маблағгузории Барнома
  4. Манбаъҳои асосии маблағгузории амалигардонии Барнома маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҷудошаванда, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.
  5. Хароҷот барои амалигардонии Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҷудошаванда (тибқи замима) 3 366 000 (се миллиону сесаду шасту шаш ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

5. Муҳлати амалисозии Барнома

  1. Чорабиниҳои Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2017-2021 амалӣ карда мешаванд.
  2. Барномаи мазкур марҳилаи аввали амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” буда, ҷиҳати рушди устувори мероси маънавии тоҷикон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон барои марҳилаҳои минбаъда замина фароҳам меорад.

6. Натиҷаҳои иҷрои Барнома

  1. Тавассути амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зерин ба даст хоҳанд омад:

– баҳри таҳким намудани аслияти миллии Шашмақому Фалак шароити мусоид муҳайё мегардад;

– меъёрҳои тарҳрезишудаи таълимӣ-методӣ, илмӣ-эҷодии мусиқии суннатаи тоҷик дар системаи таълимии махсуси мусиқӣ ва иловагии бадеии кишвар заминаи асосии раҳнамоиро ташкил медиҳад;

– дар ҷомеаи муосири кишвар фаҳмишу аҳамияти Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” ба сатҳи арзанда мерасад;

– масъулияти насли ҷавон дар нигаҳдошти мероси маънавии аҷдодӣ фаъол мегардад;

– инфраструктураи системаи таълимии мусиқии касбӣ ва иловагии бадеӣ таҳким меёбад.

  1. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома ва сарчашмаҳои маблағгузории он замима мегарданд (замимаҳои 1 ва 2).

Замимаҳои 1 ва 2

Замимаи 1

ба Барномаи давлатии рушди

санъати Шашмақом, Фалак ва

мактаби сунатии “устод-шогирд”

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2017-2021

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷро Иҷрокунандагон Сарчашмаи маблағгузорӣ Ҳаҷми хароҷот

(ҳазор сомонӣ)

1 2 3 4 5 6
1 Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ барои мактабҳои бачагонаи мақомхонӣ ва фалакхонӣ Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг 5
2 Баргузории Фестивал-симпозиуми Фалак 2017

2020

Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 10

50

3 Баргузории Фестивал-симпозиуми Шашмақом 2018 2021 Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 40

50

4 Таҳия ва ворид кардани системаи “устод-шогирд” ба се зинаи таҳсилоти муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат (тавассути дарсҳои маҳорат, таҳияи усулҳои нав ва нақшаву барномаҳои таълимӣ ва ғайраҳо) Ҳамасола Вазорати фарҳанг,

Вазорати маориф ва илм

Вазорати фарҳанг 4
5 Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик Ҳамасола Вазорати фарҳанг,

Вазорати маориф ва илм

Вазорати фарҳанг 4
6 Баргузории семинарҳо оид ба мактаби сунатии “устод-шогирд” Ҳамасола Вазорати фарҳанг,

Вазорати маориф ва илм

Вазорати фарҳанг 4
7 Баргузории мизҳои мудаввар дар мавзӯи “Шашмақом дар системаи таълимии ибтидои асри XXI” 2018

2020

Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 7

7

8 Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Омӯзиши фалак дар муассисаҳои таълимӣ” 2019

2021

Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 7 7
9 Баргузории мизҳои мудаввар дар мавзӯи “Рушди мактаби сунатии “устод-шогирд” дар замони муосир” 2017

2020

Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 7 7
10 Табдил додани корхонаи “Созтарош” ба лабораторияи илмӣ-истеҳсолии созтарошӣ дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 20
11 Эҷоди асарҳои нав дар усулу зарбҳои Шашмақом Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 5
12 Эҷоди асарҳои нав бо истифода аз усулу зарбҳои Фалак Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 5
13 Баргузории экспедитсияҳо оид ба ҷамъоварии намунаҳои Фалак ва мақомҳои маҳаллии тоҷик Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарханг 8
14 Банотагирии намунаҳои мақом, Фалак ва нашри силсиламаҷмӯаҳо Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 16
15 Баргузории барномаҳои консертии “Шоми фалакхонӣ” Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг
16 Баргузории барномаҳои консертии “Шоми мақомхонӣ” Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг
17 Ташкили ҳафтаномаҳои “Шоми мақомхонӣ” дар телевизион ва радио Ҳамасола Кумитаи телевизион ва радио Кумитаи телевизион ва радио
18 Ташкили барномаи ҳарҳафтаинаи “Шоми фалакхонӣ” дар телевизион ва радио Ҳамасола Кумитаи телевизион ва радио Кумитаи телевизион ва радио
19 Баргузории мизҳои мудаввар оид ба истилоҳоти мусиқии суннатии тоҷик 2017

2019

Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг 7

7

20 Баргузории мизҳои мудаввар оид ба истилоҳоти мусиқии композитории тоҷик 2018

2020

Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 7

7

21 Таҳия, омодасозӣ барои чоп ва нашри шашҷилдаи Шашмақом Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг 120
22 Баргузории мизҳои мудаввар дар мавзӯи “Усули омӯзиши нави Шашмақом дар Тоҷикистон” вобаста ба консепсия, таҳияи истилоҳот, ворид намудани шеърҳои нав ва ғайраҳо дар шашҷилдаи Шашмақом Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг 5
23 Дар таҳрири нав омода ва нашр намудани “Донишномаи Шашмақом” 2017 2018 Вазорати фарҳанг, Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” Вазорати фарҳанг 7

100

24 Баргузории мизхои мудаввар оид ба консепсия, иловаҳо, мавзӯъҳо, истилоҳоти тоҷикӣ ба “Донишномаи Шашмақом” 2017

2018

Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 5

5

25 Банаворгирии силсилаи филмҳои мустанад ва ташаккули бойгонии “Устодони Шашмақом” ва “Устодони Фалак” Ҳамасола Кумитаи телевизион ва радио Кумитаи телевизион ва радио 50
26 Баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии наврасону ҷавонон “Мақомхони беҳтарини сол” ва “Фалакхони беҳтарини сол” 2017

2019

2021

Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг 8

38

38

27 Дар заминаи муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” таъсис додани “Маркази мероси фарҳангии ғайримоддии тоҷикон” 2017

2018

Вазорати фарҳанг,

(дар доираи маблағҳои пажӯҳишгоҳ)

Вазорати фарҳанг 20

20

28 Таъсиси шабакаи мактабҳои бачагонаи мақомхонӣ ва фалакхонӣ Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати маориф ва илм Вазорати фарҳанг 10
29 Ҷамъоварӣ, омодагӣ ба чоп ва нашри бисёрҷилдаи мақомҳои маҳаллии тоҷик Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 100
30 Ҷамъоварӣ, омодагӣ ба чоп ва нашри бисёрҷилдаи “Фалаки тоҷикӣ” Ҳамасола Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 100
31 Таъсиси шуъбаи бастакорӣ дар сохтори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 2018 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 5
32 Эҷоди асарҳои нави композиторӣ дар заминаи мусиқии мақом ва фалак Ҳамасола Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 10
33 Мураттабсозӣ, омодагӣ ба чоп ва нашри бисёрҷилдаи “Баёзҳои Шашмақом”

(матнҳои замонавӣ)

Ҳамасола Вазорати фарҳанг Вазорати фарҳанг 60
34 Таҳия, омодасозӣ барои чоп ва нашри “Фарҳанги истилоҳоти мусиқии суннатии тоҷик” 2017

2018

2019

Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 14

60

110

35 Таҳия, омодасозӣ барои чоп ва нашри “Луғатномаи мухтасари истиноҳоти мусиқӣ” 2020 2021 Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг 50

50

Замимаи 2 ба Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби сунатии “устод-шогирд”дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

Манбаъҳои маблағгузории Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” барои солҳои 2017-2021

Сарчашма Соли

2017

Соли

2018

Соли

2019

Соли

2020

Соли

2021

Ҳамагӣ

(ҳазор сомонӣ)

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 544 698 628 580 611 3061,0
Кумитаи  телевизион  ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 50 50 50 50 250,0
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 10 15 10 10 10 55,0
Ҳамагӣ: 604,0 763,0 688,0 640,0 671,0

3 366,0

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …