Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ РУШДИ ЧАРОГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН cc 2016-2020

БАРНОМАИ РУШДИ ЧАРОГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН cc 2016-2020

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 724 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ РУШДИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020 

  1. МУҚАДДИМА
  1. Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” таҳия гардидааст.
  2. Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хўроки чорвои калони шохдор, чорвои майда ва асп буда, зиёда аз 60-70 фоизи талаботи солонаи онҳоро таъмин менамояд.
  3. Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мавқеи хосса дорад. Мавриди зикр аст, ки дар миқёси ҷаҳон аз се ду ҳиссаи гўшту шир аз ҳисоби алафи табиии чарогоҳҳо истеҳсол карда мешавад.
  4. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки солҳои охир қисми зиёди чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба таназзулӣ ва нестӣ омадаанд, махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик айни замон дар чунин ҳолати таассуфовар қарор доранд ва баъзеи аз ин мавзеъҳо ба биёбон мубаддал гаштаанд. Пешгирӣ накардани ин вазъияти ногувор оқибатҳои бебозгашти хавфнокро ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Барои рушди соҳаи чорводорӣ бунёд намудани заминаи мустаҳками ему хошок зарур аст. Аз ин рў, беҳтаргардонии сифат, ҳосилнокӣ, истифодабарии мақсаднок ва оқилонаи чарогоҳҳо омилҳои асосии пешрафти соҳа мебошанд.

charogoh-gov

2. ҲОЛАТИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ

  1. Дар миқёси ҷумҳурӣ – 3847522 гектар чарогоҳҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон -757613 гектар, вилояти Суғд – 785636 гектар, Хатлон – 1224670 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1079603 гектар воқеъ мебошанд. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 701931 гектар чарогоҳҳои зимистона, 2116043 гектарчарогоҳҳои тобистона, 641543 гектар – чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ ва 388005 гектарро чарогоҳҳои тамоми сол истифодашаванда ташкил медиҳанд.
  2. Дар шароити ҳозира ҳосилнокии алафи чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ ва зимистона кам гардида, танҳо 1,5-2,0 сентнериро ташкил медиҳад. Бо сабаби норасогии алафи чарогоҳҳо, чорвои майда дар давраи зимистон аз 10 то 25 фоизи вазни зиндаи худро талаф медиҳад.
  3. Ҳамзамон тибқи маълумотҳои оморӣ саршумори чорвои калони шохдор – 53 фоиз, асп – 49 фоиз ва моли майда – 50 фош нисбати соли 1991 зиёд гардида, тамоюли зиёдшавии саршумор ба назар мерасад.
  4. Дар аксарияти чарогоҳҳои ҷумҳурӣ иншоотҳои бо обтаъминкунӣ корношоям гардидаанд. Вобаста бо мавҷуд набудани роҳу купрўкҳои чорвогузар, обхўра ва мавзеъҳои дамгирӣ қариб як миллион гектар чарогоҳҳо қисман истифода шуда, мавзеъҳои алоҳида бошанд, умуман аз истифода берун мондаанд. Дар натиҷаи боронҳои сел, жола, сўхтор ва дигар омилҳои табиию антропогенӣ зиёда аз ҳазорҳо гектар чарогоҳҳо ҳамасола ба таназзулшавӣ ва фарсоишёбӣ (деградатсия) дучор мегарданд.
  5. Бо усулҳои коркарди куллӣ ва сатҳӣ беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо омилҳое мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо ҳосилнокии алафзор то 20-30 фоиз, ҳаҷми ғунҷоиши миқдори чорвои шартӣ ба ҳар як гектар зиёд шуда, инчунин масоҳати чарогоҳҳои таназзулёфта коҳиш меёбад.
  6. Бо усули коркарди сатҳӣ – кишт намудани алафҳои серҳосили чарогоҳӣ: – саксаули сиёҳ, чогон, кейреук, явшон, сафлори бехор, эспарсети сурх дар моҳҳои ноябр – феврал мутаносибан дар як гектар ба миқдори – 6,0; 6,0; 6,0; 3,0;. 15,0 ва 30,0 кг дар минтақаҳои гуногуни

ҷумҳурӣ ҳолати чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона ва бо усули коркарди куллӣ ҳолати чарогоҳҳои баҳории ҳамворро беҳтар намудан мумкин аст. Усули коркарди сатҳии беҳтаркунии чарогоҳҳо мувофиқи дастурамал дар моҳҳои март – апрел гузаронида мешавад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 12-20 сентнер ҳосили иловагии чарогоҳҳо ва мутобиқан 5,0 – 9,0 сентнер воҳиди хўрокӣ гарифта шавад.

  1. Аз ҳисоби маблағҳои Барнома беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳон Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо таври коркарди сатҳӣ – 250 гектар, вилояти Суғд бо усули коркарди куллӣ – 70 гектар, усули коркарди сатҳӣ – 250 гектар, вилояти Хатлон бо усули коркарди куллӣ – 65 гектар, усули коркарди сатҳӣ – 540 гектар ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо усули коркарди куллӣ – 45 гектар ва коркарди сатҳӣ – 200 гектар бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон беҳтар намудани мавзеъҳои чарогоҳ дар доираи сафарҳои кории Президенти мамлакат ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, амалишавии онҳо ба роҳ монда мешавад.

3. МАҚСАД ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

  1. Мақсади Барнома ба афзун гардонидани захираи алафҳои табиии чарогоҳҳо бо истифода аз технологияҳои муосир тавассути кишт намудани тухми алафҳои табиӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба қадри 15-20 сентнер равона гардидааст. Барномаи мазкур барои зиёд намудани саршумори чорво, маҳсулнокӣ, истеҳсоли гўшту шир ва пашму пўст дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза, саноат – бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некўаҳволии мардуми деҳот таҳия гардидааст. Дар натиҷа ба ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ фоидаи зиёд оварда, дар мачмўъ барои таҳкими рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ замина фароҳам меоварад.

4. РАВАНДҲОИ ИҶРОИ БАРНОМА

  1. Барои таъмини иҷрои Барнома, ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:

– интихоб ва омода намудани замин барои кишти тухми алафҳои табиӣ;

– бо усулҳои коркарди куллӣ ва сатҳӣ беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, инчунин аз фарсоишёбӣ эмин нигоҳ доштани онҳо;

– таъмири роҳҳо ва бунёди купрўкҳои чорвогузар;

– аз нав дида баромадани тақсимоти чарогоҳои мавсимӣ;

– муайян намудани самти роҳҳо ва майдонҳои дамгирии чорво;

– муҳофизат намудани майдони чарогоҳҳои киштшуда;

– воридот ва истеҳсоли тухми алафҳои табиии чарогоҳӣ;

– харидорӣ ва дастрас намудани нуриҳои минералӣ; – хариди сузишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар хизматрасониҳо.

5. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар доираи Барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ, қарзҳои бонкӣ, инчунин грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Ниг. ба бобҳои 6, 7, 8, 9, 10

  1. 6. ТАЛАБОТ

ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРӢ АЗ ҲИСОБИ БУҶЕТИ ҶУМҲУРӢ

БАРОИ ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ВОСИТАҲОИ АСОСӢ ВА

ГАРДИШӢ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 2016-2020

бо сомонӣ
Номгӯй Воҳиди ченак Миқдор Нархи як воҳид Нархи умумӣ (ҳазор)
1. Харид ва воридоти   тухмӣ алафҳои табиӣ тонна 10 14,5 145
2. Хариди нуриҳои минералӣ тонна 160 3 480
3. Хариди      сузишворӣ      ва равғанҳои молиданӣ тонна 85 6 510
4. Таъмири                    роҳҳои чорвогузар км 40 3125 125
5. Бунёди                кӯпрукҳои чорвогузар адад 2 120000 240
Ҷамъ: | 1500

Эзоҳ: Арзиши хароҷот бо нархҳои бозорӣ ҳисобӣ карда мешавад.

  1. ДУРНАМОИ

ХАРОҶОТИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ ОИД БА АМАЛИШАВИИ БАРНОМА БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

№ № Нишондиҳанда Воҳиди ченак Солҳо Ҳамагӣ
 

 

 

2016

2017 2018 2019 2020

 

1 Маблағгузорӣ ҳазор сомонӣ 300 300 300 300 300 1500
2 Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ҳазор сомонӣ 300 149 269 148 269 1135
3 Таъмири роҳҳои чорвогузар ҳазор сомонӣ 31 31 32 31 125
4 Бунёди купрӯкҳои чорвогузар ҳазор сомонӣ 120 120 240

Эзоҳ: Хароҷоти техникӣ аз ҳисоби хоҷагидорон амалӣ карда мешавад.

  1. ДУРНАМОИ

БО УСУЛИ КОРКАРДИ КУЛЛӢ ВА САТҲИ БЕҲТАР

НАМУДАНИ ҲОЛАТИ ЧАРОГОҲҲО

БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Нишондиҳанда Воҳиди ченак Солҳо Ҳамагӣ
 

 

 

2016

2017 2018 2019 2020

 

1. Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳ га 395 140 425 140 320 1420
а) Бо усули коркарди куллӣ га 60 70 50 180
б) Бо усули коркарди сатҳӣ га 335 140 355 140 270 1240
2. ВМБК

бо усули коркарди сатҳӣ ва обёрикунӣ

га 65 60 65 60 250
3. Сугд га 90 115 115 320
а) бо усули коркарди куллӣ га 20 25 25 70
б) бо усули коркарди сатҳӣ га 70 90 90 250
4. Хатлон га  160: 80  160  80 125   605
а) бо усули коркарди куллӣ га 20 20 25 65
б) бо усули коркарди сатҳӣ га 140 80 140 80 100 540
5. НТҶ га 80 85 80 245
а) бо усули коркарди куллӣ га 20 25 45
б) бо усули коркарди сатҳӣ га 60 60 80 200
  1. ТАЛАБОТИ БАРНОМАИ

РУШДИ ЧАРОГОҲҲО АЗ ҲИСОБИ САРМОЯИ

ВАТАНИЮ ХОРИҶӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

№ № Номгӯи воситаҳои асосӣ ва гардишӣ Маблағи умумӣ (ҳаз. сомонӣ)
1. Харидорӣ намудани техникаҳо ва олотҳои кишоварзӣ барои коркарди заминҳои чарогоҳҳо 1100
2. Таъмири биноҳои Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”, филиалҳои он ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз намудани онҳо 1300
3. Харидорӣ намудани нақлиёти махсус ва маводҳои безараргардонӣ барои гузаронидани чорабиниҳои байторӣ дар вақти рондани чорво 600
4. Хариди нуриҳои минералӣ 800
5. Омода намудани харитаи роҳҳо, майдонҳои дамгирии чорво ва гузаронидани семинарҳо 200
6. Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ба таври куллӣ ва сатҳӣ 600
Ҷамъ: 4600

 

  1. НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА АМАЛӢ НАМУДАНИ БАРНОМА
Номгӯи чорабиниҳо Мӯҳлат Мутасаддиён
1. Интихоби замин барои кишти тухми алафҳои табиӣ 2016-2020 Вазорати      кишоварзии     Ҷумҳурии Тоҷикистон,      мақомоти      иҷроияи ҳокимияти       маҳаллии       давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
2. Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо бо усулҳои коркарди куллӣ ва сатҳӣ 2016-2020 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
3. Идоракунӣ              ва истифодабарии устувори     чарогоҳҳо дар маҳал 2016-2020 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Точикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
4. Таъмири роҳҳои чорвогузар 2016-2020 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии     Тоҷикистон,     мақомоти иҷроияи           маҳаллии     ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
5. Бунёди купрӯкҳои чорвогузар 2017-2019 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии     Тоҷикистон,     мақомоти иҷроияи           маҳаллии     ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
6. Аз нав  дида баромадани тақсимот ва истифодабарии чарогоҳҳои мавсимӣ байни шаҳру ноҳияҳо вобаста ба саршумори чорво 2017-2019 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
7. Муайян намудани самти роҳҳо ва майдонҳои дамгирии чорво дар ҷумҳурӣ 2016-2018 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
8. Гузаронидани семинарҳо                ва тренингҳо 2016-2020 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …