Главная / Без рубрики / БАРНОМАИ БУНЁДИ ХАЗИНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМҲОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2018″

БАРНОМАИ БУНЁДИ ХАЗИНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМҲОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2018″

Пешгуфтор

  1. Таҷрибаи кишварҳои тараққикарда шаҳодат медиҳад, ки дар ҳалли мушкилиҳои илмию иқтисодӣ афзалтарин усул усули барномавӣ бо ҷалб кардани манбаҳои молиявии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ аст.
  2. Дар шароити ақибмонии умумии илми байтории мамлакат аз кишварҳои тараққикарда таҳия ва иҷрои барномаҳои миллии илмӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот басо муҳим мебошад. Ин барномаҳо омилҳои асосии навсозӣ ва рақобатпазир кардани истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошанд.
  3. Бемориҳои сироятии ҳайвонот аз сабаби паст будани дараҷаи омўзиши онҳо ва сатҳи ҷиҳозонии заминаи илмию техникии пажўҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ ба чорводорӣ ва саноати коркарди ҷумҳурӣ ҳар сол даҳҳо миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ мерасонанд. Дар ҷумҳурӣ бемориҳои таҳҷоии васеъ густаришдошта, ки ба соҳаи чорводорӣ зарари азими иқтисодӣ мерасонанд, вабои сумдарди ҳайвонот, тоуни чорвои хурди кафшакунанда, гули гўсфанду буз, сияҳрони чорвои калони шохдор, бемориҳои Нюкасл, Гамборо ва Мареки паррандаҳо мебошанд.
  4. Беморӣ метавонад танҳо як типи ангеза дошта бошад, яъне онро бо як ташхисвора шинохтан ва бо як типи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Вале, ангезаи як беморӣ метавонад якчанд, даҳҳо ва ҳатто садҳо фариқа дошта бошад. Масалан, вабои сумдарди ҳайвонот 7 серотип, табларзаи назлавии бадфарҷоми гўсфанд – 24, салмонеллаҳо ва эшерихияҳо садҳо серотип доранд. Барои шинохтан ва пешгирии ҳар яке аз ин серотипҳои ангезаҳои бемориҳо бунёди ташхисвора ва ваксинаҳои алоҳидаи хос лозим аст.
  5. Сари вақт шинохтани бемориҳо, ташкил кардани чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо онҳо талафоти садҳо ҳазор тонна маҳсулоти чорводориро пешгирӣ мекунад. Ин чорабиниҳо сифат ва бехатарии маҳсулот ва ашёи хоми аз ҳайвонот гирифташавандаро нигоҳ медоранд ва дар маҷмўъ ба амнияти озуқавории кишвар тавассути нигоҳ доштани сатҳи маҳсулнокии ҳайвонот мусоидат мекунанд. Иҷрои барномаҳои миллӣ инчунин ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи бекорӣ мусоидат хоҳад кард.
  6. Ғайр аз микроорганизмҳои иллатангез садҳо микроорганизмҳои барои организми ҳайвонот, коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва хўрока манфиатовар мавҷуданд, ки онҳо низ бояд омўхта ва дар истеҳсолоти чорводорӣ истифода бурда шаванд.
  7. Яке аз омилҳои асосии нигаҳдории саломатии ҳайвонот, сатҳи маҳсулнокӣ, сифат ва бехатарии биологии маҳсулоти истеҳсолшаванда, бо ин сифатҳо рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонӣ бунёд ва дар оянда аз тарафи давлат дастгирӣ ёфтани хазинаи миллии микроорганизмҳои иллатангез мебошад.
  8. Хазинаи миллии микрорганизмҳои иллатангезро дар оянда барои бунёди маводи ташхис, ваксинаҳо ва иловаҳои биологии хўрока ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи чорводорӣ ва байторӣ истифода бурдан мумкин аст.
  9. Ин гуна хазинаҳо дар аксари кишварҳои тараққикарда мавҷуданд ва дар заминаи онҳо бастаҳои ташхисӣ ва ваксинаҳои пурсамар бунёд мешаванд, ки ба решакансозии бисёр бемориҳо дар қаламрави онҳо мусоидат кардаанд.
  10. Вақти он расидааст, ки хазинаи миллии микроорганизмҳои иллатангез бунёд карда шавад ва ҳамкории зичи мутақобилан муфид бо мақомоти дахлдори дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо хазинадорӣ ва дастгирии хазинаи микроорганизмҳои иллатангез машғуланд, ташкил карда шавад.

2. Ҳадаф ва вазифаҳои Барнома

  1. Ҳадафи Барномаи бунёди “Хазинаи ҷумҳуриявии штамми микроорганизмҳои иллатангез барои солҳои 2014-2018” (минбаъд-Барнома) таъмин кардани бехатарии биологӣ дар соҳаи чорводорӣ, нигаҳдории сатҳи истеҳсоли маҳсулот ва ашёи хоми аз ҳайвонот гирифташаванда мебошад.
  2. Вазифаҳои асосии Барнома ба таври зайланд:

– ташкил ва дастгирии минбаъдаи хазинаи миллии микроорганизмҳои иллатангез;

– шаҳодатномадиҳии молекулавию ирсии штамми микроорганизмҳои иллатангез;

– таҳия ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани технологияҳои гирифтани маводи ташхисӣ ва хосаи пешгирӣ барои ҳайвонот ва дар ин замина беҳтар намудани бехатарии биологии маҳсулоти чорводорӣ;

– таҳияи усулҳои гирифтан ва ҷўстуҷўи муайянкунандаҳои нав барои шаҳодатномаи ирсӣ додан ба микроорганизмҳо ва ташхиси онҳо;

– омўхтани тавсифи молекулавию эпизоотологӣ ва гузаронидани таҳлили қиёсии штаммҳои саҳроии вирусҳои вабои сумдарди ҳайвонот, табларзаи назлавии бадфарҷоми гўсфанд, микоплазмаҳо ва дигар ангезаҳои иллатангези ҳайвонот.

3. Татбиқи Барнома

  1. Татбиқи Барнома дар ду марҳила пешбинӣ шудааст. Марҳилаи якум солҳои 2014 – 2016-ро дар бар гирифта, иҷрои чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– харидории таҷҳизоти идоравӣ ва озмоишгоҳ, дастгоҳҳо, бастаҳои ташхисӣ, маводи кимиёвӣ ва дигар воситаҳои лозимӣ;

– гузаронидани корҳои илмии таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ, мушаххасгардонӣ, нигаҳдорӣ ва шиносномадиҳӣ ба штаммҳои саҳроии микроорганизмҳои иллатангез;

– муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти иловагӣ, ҷамъоварӣ, мушаххасгардонӣ, дастгирии фаъолияти ҳаётӣ ва додани шиносномаҳои ирсӣ ба на камтар аз 80 штамми микроорганизмҳои иллатангез.

  1. Марҳилаи дуюм солҳои 2016 – 2018-ро дар бар гирифта, иҷрои чорабиниҳои зерин пешбинӣ мешавад:

– дастгирии фаъолияти ҳаётии штаммҳои микроорганизмҳои иллатангез дар шароити озмоишгоҳ;

– омўхтани тавсифи молекулавию эпизоотологӣ ва таҳлили қиёсии вирусҳои ҷудокардаи вабои сумдарди даҳондард, табларзаи назлавии бадфарҷоми гўсфанд, микоплазмаҳо ва дигар ангезаҳои иллатангез;

– таҳия ва дар амалия ҷорӣ кардани технологияи гирифтани маводи ташхискунанда ва пешгирии хос барои ҳайвонот;

– таҳияи усулҳои гирифтан ва ҷўстуҷўи муайянкунандаҳо барои додани шиносномаи ирсӣ ба микроорганизмҳо ва мушаххасгардонии онҳо;

– ҳисобот оид ба тавсифи молекулавию эпизоотологӣ ва таҳлили қиёсии на камтар аз 20 вируси ҷудокардаи вабои сумдарди ҳайвонот, 4 вируси ҷудокардаи табларзаи бадфарҷоми назлавии гўсфандон, 4 вируси ҷудокардаи тоуни чорвои хурди кафшакунанда, 4 микоплазмаи ҷудокарда ва дигар ангезаҳои иллатангези аҳамияти иқтисодӣ доштаи ҳайвонот.

4. Маблағи Барнома

  1. Маблағгузории Барномаи бунёди “Хазинаи ҷумҳуриявии штамми микроорганизмҳои иллатангез барои солҳои 2014-2018” дар доираи маблағҳои ҳамасола барои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешбинишуда ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагӣ амалӣ карда шавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 153

тасдиқ шудааст

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

kuloh

Кулоҳ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хобат агар кулоҳ бинӣ, Гирде, ки ба сони моҳ бинӣ, Таъбир, …