Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶТ

БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶТ

ҚАРОРB ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор барои татбиқи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкурро таҳия намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 апрели соли 2015, № 188

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …