Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 188 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020 

Барномаи мазкур сиёсат дар соҳаи ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои мудохилавии ғайриқонунӣ ва тадбирҳоро ҷиҳати татбиқи он муайян месозад.

БОБИ 1. МАҚСАДИ БАРНОМА

  1. Мақсади Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ аз таъмини бехатарӣ, мунтазамӣ ва самарабахшии парвозҳои авиатсияи байналмилалии гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани чораҳо оид ба ҳимоя аз амалҳои мудохилавии ғайриқонунӣ тибқи қоидаҳо, амалия ва расмият иборат мебошад. Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ (минбаъд-БМБАГ) ба таъмини бехатарии истифодабарандагони миллӣ ва хориҷӣ, ки парвозҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамоянд, инчунин фурудгоҳҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатсайрҳои байналмилалиро хизматрасонӣ менамоянд, равона шудааст.
  2. Бо дарназардошти созишномаҳои байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Барномаи мазкур нисбат ба истифодабарандагони миллӣ ва хориҷии киштиҳои ҳавоӣ, истифодабарандагони фурудгоҳҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, татбиқ мегардад.
  3. Муқаррароти Барномаи мазкур барои вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ашхоси мансабдори ташкилотҳои авиатсияи гражданӣ ва дигар ташкилотҳои ба таъмини бехатарии авиатсионӣ вобастабуда, новобаста аз шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошад. Иҷро накардан ва ё вайрон намудани меъёрҳо, қоидаҳо ва расмият оид ба бехатарии авиатсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ оварда мерасонад.
  4. Барномаи мазкур ҷиҳати риояи Стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи тавсияшуда, ки дар Замимаи 17 ба Конвенсия оид ба авиатсияи байналмилалии гражданӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва баъзе амалҳои дигар, ки дар дохили киштии ҳавоӣ содир шудаанд, Конвенсия оид ба мубориза бо забти ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ, Конвенсия оид ба мубориза бо амалҳои ғайриқонуние, ки ба муқобили бехатарии авиатсияи гражданӣ равона шудааст, Конвенсия оид ба тамғазании моддаҳои пластикии тарканда бо мақсади ошкор намудани онҳо ва протоколҳои иловагии авиатсияи гражданӣ оид ба мубориза бо амалҳои ғайриқонунии зўроварӣ дар фурудгоҳҳо, ки авиатсияи байналмилалии гражданиро хизматрасонӣ мекунанд, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1999, №87 “Дар бораи тасдиқи санадҳои меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар объектҳои авиатсияи гражданӣ” оварда шудаанд, пешбинӣ шудааст. Татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷро намудани ўҳдадориҳои худ дар доираи Конвенсияи байналмилалии гражданӣ, алалхусус вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ мусоидат менамояд.
  5. Иттилоот дар бораи чораҳои татбиқи Барнома, ҳамчун иттилооти барои паҳн намудан маҳдудкардашуда маҳсуб меёбад. Ҳамаи шахсони мансабдоре, ки иттилоотро дар бораи чораҳои татбиқи Барномаи мазкур гирифтаанд, набояд иттилооти гирифтаашонро ошкор намоянд.

БОБИ 2. МАФҲУМҲОИ АСОСӣ

  1. Дар Барномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– бехатарии авиатсионӣ – маҷмўи тадбирҳо, инчунин захираҳои инсонию моддӣ, ки барои ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои ғайриқонунии дахолат пешбинӣ шудаанд;

– муассисаи авиатсионӣ- шахси ҳуқуқӣ, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият мақсади асосии фаъолияти ў ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо, почта ва иҷрои корҳои авиатсионии пардохтшаванда мебошад;

– амалҳои ғайриқонунии дахолат – амалҳо ё кўшиши содир намудани амалҳое, ки ба бехатарии авиатсияи гражданӣ ва киштии ҳавоӣ таҳдид мекунанд, аз ҷумла ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми парвоз ва дар замин, ғасби гаравгонон дар дохили киштии ҳавоӣ ё аэродромҳо, маҷбурӣ ворид шудан ба дохили киштии ҳавоӣ, фурудгоҳ ё маҳалли ҷойгиршавии воситаҳо ва хадамоти аэронавигатсионӣ, дар дохили киштии ҳавоӣ ё фурудгоҳ ҷойгир намудани яроқ, таҷҳизот ё маводи хатарнок, ки барои мақсадҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд, расонидани иттилооти бардурўғ, ки ба бехатарии киштии ҳавоӣ, мусофирон, аъзои экипаж, ҳайати кормандони заминӣ ё аҳли ҷамъият дар фурудгоҳ ё дар маҳалли ҷойгиршавии воситаҳо ва Хадамоти авиатсияи гражданӣ ҳангоми парвоз ё дар замин таҳдид мекунад, дар киштии ҳавоӣ, ки мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ҷойгир кардан ё кўшиши ҷойгир кардани таҷҳизот ё моддаҳое, ки метавонанд онро вайрон кунанд ё боиси зиёне гарданд, ки ба бехатарии киштии ҳавоӣ таҳдид менамоянд;

– принсипҳои омили инсонӣ – принсипҳое, ки барои тарҳрезии таҷҳизоти авиатсионӣ, сертификатсия, омодасозии кадрҳо, фаъолияти эксплуататсионӣ, хизматрасонии техникӣ истифода шуда, баҳри таъмини ҳамкории бехатари байни инсон ва дигар унсурҳои система тавассути баҳисобгирии муносиби имкониятҳои инсон нигаронида шудааст;

– фурудгоҳ – маҷмўи биноҳое, ки дар худ аэродром, аэровокзал ва дигар биноҳоеро инъикос мекунад, ки барои қабулу гусели киштиҳои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;

– фурудгоҳи фиристодан – фурудгоҳе, ки аз он тибқи шартномаи байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ фиристодани мусофирон, бағоҷ ё бор амалӣ мегардад;

– фурудгоҳи таъинот- фурудгоҳе, ки бояд ба он мутобиқи шартномаи байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ мусофир, бағоҷ ё бор расонида шавад;

– бағоҷ – ашёи шахсии мусофирон ё ҳайати идоракунӣ, ки аз рўи созишнома бо истифодабаранда дар дохили киштии ҳавоӣ бурда мешавад;

– контейнери бағоҷӣ – зарфе, ки ба он бағоҷбарои ҳамлу нақл дар дохили киштии ҳавоӣ ҷойгир карда мешавад;

– бағоҷе, ки якчанд интиқолдиҳанда мебарад – бағоҷи мусофирон, ки аз як киштии ҳавоии истифодабаранда ба киштии ҳавоии истифодабарандаи дигар дар рафти ҳамлу нақли мусофирон бурда мешавад;

– захираҳои дохили ҳавопаймо барои хизматрасонии мусофиронтамоми ашё, ба истиснои захираи хўроки дохили ҳавопаймо вобаста ба хизматрасонии мусофирон ҳангоми парвоз, аз қабили рўзномаҳо, маҷаллаҳо, гўшмонакҳо, аудио ва видеонаворҳо, болишту курпаҳо, лавозимоти сафарӣ ва ғ.;

– киштии ҳавоӣ – ҳама гуна дастгоҳҳо, ки дар фазо аз ҳисоби таъсири мутақобила бо ҳаво нигоҳ дошта мешавад, ба истиснои таъсири мутақобила бо ҳаво, ки дар сатҳи замин инъикос меёбад;

– бор – ҳама гуна амволе, ки дар дохили киштии ҳавоӣ интиқол дода мешавад, ба истиснои почта, захираҳои дохили ҳавопаймо ва бағоҷи мушоиатшаванда ё фиристодашаванда.

– анбори борҳо – биное, ки ба воситаи он бор дар марҳилаи байни ҳамлу нақли ҳавоию заминӣ гузашта, дар он воситаҳои коркарди борҳо ҷойгир мебошанд ё борҳо то ҳамлу нақли ҳавоию заминӣ ҷойгир карда шудаанд.

– тахрибкорӣ – амал ё беэътиноии қасдан содиршуда, ки мақсади барқасдона ё бемаънии нест кардани амволро дошта, фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва хадамоти онро зери таҳдид мегузорад ё ба ин фаъолият дахолати ғайриқонунӣ мекунад;

– тафтиш – истифодаи воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳо бо мақсади мушобеҳсозӣ ва/ё ошкор намудани яроқ, моддаҳои тарканда ё дигар таҷҳизоти хатарнок, ки метавонанд барои амалҳои ғайриқонунии дахолат истифода шаванд;

– тафтиши киштии ҳавоӣ – тафтиши толори мусофирон, ҳуҷраҳои маишию техникӣ ва ҷойҳои кушодаи беруни киштии ҳавоӣ бо мақсади ошкор намудани ҷойҳои пинҳонии моддаҳо ё таҷҳизоти зарароварандаи таркишӣ, оташангез, сабук даргиранда ва ғайраҳо;

– толори парвоз – минтақаи назоратии байни ҷойҳои бақайдгирӣ ва ҷойи интизоршавӣ мебошад;

– агенти бақайдгирифташуда – агент, ирсолкунандаи борҳо ё ҳама гуна дигар шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти тиҷоратиро бо истифодабарандагон амалӣ месозад ва бо мақсади бехатарие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори дахлдор нисбат ба бор, муросилоти курерӣ ё почта эътироф ё талаб карда мешавад, назорат менамояд;

– бағоҷи фиристодашуда – бағоҷе, ки қасдан ё аз рўи беэътиноӣ аз мусофирон ё ҳайати экипаж ҷудо карда шудааст;

– минтақаи хизматрасонии техникии киштии ҳавоӣ – қитъаи замин, инчунин воситаҳо ва таҷҳизоте, ки барои хизматрасонии техникии нақлиёт пешбинӣ шудаанд: перронҳо, ангарҳо, бино ва устохонаҳо, ҷойи таваққуфи воситаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳҳои ба онҳо пайвастшаванда мебошанд;

– минтақаи назоратӣ – майдони кории фурудгоҳ ва минтақаҳои атрофи он, ки дар назди бино ё дар як қисми он ҷойгир шуда, дастрасӣ ба онҳо зери назорат мебошад;

– назорат бо мақсади бехатарӣ – тадбирҳое, ки бо ёрии онҳо гузаронидани яроқ, моддаҳои тарканда ё дигар ашёи хатарнок, ки метавонанд бо мақсади содир намудани амали ғайриқонунии дахолат истифода шаванд, пешгирӣ карда мешаванд;

– тафтиши шахсӣ – тафтиш бе иштироки шахсони ғайр, ки дар ҳуҷраи махсус гузаронида шуда, барои муоинаи шахси конкретӣ пеш аз ба нақлиёти ҳавоӣ нишастани ў бо мақсади ошкор намудани моддаҳои тарканда, таҷҳизоти тарканда ё дигар таҷҳизоти хатарнок равона шудааст, ки метавонанд барои содир намудани амали ғайриқонунии дахолат истифода шаванд;

– фурудгоҳи байналмилалӣ – фурудгоҳе, ки дар он ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ амалӣ гардонида шуда, назорати гумрукӣ, сарҳадӣ ва санитарию карантинӣ таъмин карда мешавад;

– ҷойи интизоршавӣ – ҷой байни толори парвоз ва баромадгоҳ аз бинои аэровокзал ба минтақаи назоратӣ мебошад;

– ҷойи ба навъҳо ҷудо кардани бағоҷҳо – ҷое, ки дар он бағоҷи фиристодашаванда барои тақсимот аз рўи хатсайрҳо ба навъҳо ҷудо карда мешаванд;

– истгоҳи киштии ҳавоӣ – қитъаи ҷудошуда дар перрон, ки барои истгоҳи киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;

– бағоҷи дархостнашуда – бағоҷе, ки ба фурудгоҳ оварда шудааст, вале онро касе нагирифтааст ё талаб накардааст;

– минтақаи ғайриназоратӣ – минтақаи фурудгоҳ бо иловаи биное, ки ба он мусофирон, инчунин шахсоне, ки мусофир ҳисоб намеёбанд, дастрасии бемаҳдуд дорад;

– бағоҷи шинохтанашуда – бағоҷе, ки бо тахтачаи бағоҷӣ ё бе тахтачаи бағоҷӣ ба фурудгоҳ оварда шудааст, вале он аз ҷониби мусофир гирифта ё шинохта нашудааст;

– бағоҷи мушоиатнашаванда – бағоҷе, ки ҳамчун бор дар дигар ё ҳамон як киштии ҳавоӣ ҳамлу нақл карда шуда, дар он шахси соҳиби бағоҷ ҷойгир мебошад;

– борҳои хатарнок – маснуот ё моддаҳое, ки қобилияти таҳдидкунӣ ба саломатӣ, бехатарӣ, амвол ё муҳити зистро дошта, дар рўйхати борҳои хатарнок дар дастурамали техникӣ нишон дода шудаанд ё мутобиқи ҳамин дастурамал хатарнок тасниф мешаванд;

– минтақаҳои муҳофизатшавандаи дастрасиашон маҳдуд минтақаҳои фурудгоҳ, ки ворид шудан ба онҳо бо мақсади таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ зери назорат мебошанд. Чун қоида ба қатори ҳамин минтақаҳо ғайри ҳамаи дигар минтақаҳое мебошанд, ки барои мусофирони парвозкунанда аз ҷойи тафтиш то нақлиёти ҳавоӣ, инчунин перрон, минтақаи коркарди бағоҷ, анборҳо, маркази ба навъҳо ҷудо кардани почта ва минтақаи назоратшавандаи бинои хадамоти қувватдиҳандаҳо ва тозакунии толорҳои киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудаанд;

– мусофир – ҳама гуна шахс ба истиснои ҳайати идоракунӣ, ки мутобиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ дар киштии ҳавоӣ бурда мешавад ё бояд бурда шавад;

– минтақаи мусофирӣ – тамоми қитъаи замин, инчунин восита ва таҷҳизоте, ки барои коркарди ҷараёнҳои мусофири пешбинӣ шудааст (перронҳо, бинои аэровокзал, ҷойҳои исти воситаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳҳои пайвастшаванда);

– перрон – майдони муайяни аэродроми хушкигардӣ, ки барои ҷойгир намудани киштиҳои ҳавоӣ бо мақсади нишастан ё фаровардани мусофирон, бор кардан ё фаровардани почта ё борҳо, бо сўзишворӣ пур кардан, ҷойи ист ё хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст;

– парвоз – ҳолати киштии ҳавоӣ дар давраи аз лаҳзаи маҳкам шудани дарҳои дохилшавӣ баъди шинонидани мусофирон ва (ё) ҳайати идоракунӣ барои иҷрои хатсайр то лаҳзаи кушода шудани дарҳо барои баромадани мусофирон ва (ё) ҳайати идоракунӣ баъди нишастани киштии ҳавоӣ ва аз кор монондани муҳаррикҳо;

– мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои бехатарӣ – мақоми аз ҷониби давлат дар доираи ваколати маъмурии худ таъиншуда, ки ба зиммаи ў масъулият барои таҳия, татбиқ ва таҷдиди барномаи миллии таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ гузошта шудааст;

– почта – муросилот ё дигар ашёе, ки аз ҷониби маъмурияти почта фиристода шудааст ё барои фиристодан пешбинӣ шудааст;

– иҷозатнома – системаи иҷозатномаҳо аз кортҳо иборат буда, ба шахсони алоҳидае дода мешаванд, ки дар фурудгоҳҳо кор мекунанд ё бо чунин сабабҳо додани иҷозатномаи тасдиқшуда дар фурудгоҳ, минтақаи назоратӣ ё минтақаи ҳифзшавандаи дастрасияш маҳдуд зарур мебошад. Мақсади он муайянкунии шахсият ва сабукгардонии иҷозатнома мебошад. Барои мақсадҳои ба ҳамин монанд иҷозатномаҳо барои воситаҳои нақлиёт дода ва истифода мешаванд;

– майдони корӣ – қисми аэродром, ки барои парвоз, нишастан ва ҳаракати киштии ҳавоӣ пешбинӣ шуда, аз майдони манёвркунӣ ва перрон иборат мебошад;

– тафтиши бори дастӣ – тафтише, ки барои муоинаи бори дастӣ ва (ё) бағоҷи мусофирон, ҳайати идоракунии киштии ҳавоӣ, кормандони фурудгоҳҳо ва дигар шахсони вазифадор нигаронида шуда, бе истифодаи воситаҳои техникӣ гузаронида мешавад;

– бори дастӣ – ашё ва чизҳое, ки дар назди мусофир ҷойгиранд;

– хадамоти бехатарии авиатсионӣ – хадамоте, ки ташкил ва иҷрои вазифаҳоро оид ба ҳифзи фаъолияти авиатсияи гражданӣ аз амалҳои ғайриқонунии дахолат анҷом медиҳад;

– минтақаи тамйизӣ – минтақа байни ҳама гуна нуқтаи санҷишӣ, назоратии махсуси мусофирон ва киштии ҳавоӣ, ки дастрасӣ ба он зери назорати сахт қарор дорад;

– мусофирони транзитӣ – мусофироне, ки аз фурудгоҳ бо ҳамон хатсайре парвоз мекунанд, ки тавассути он омада буданд;

– мусофирони трансферӣ – мусофироне, ки мустақиман аз як хатсайр ба хатсайри дигар мегузаранд;

– бағоҷи трансферӣ – бағоҷе, ки аз як хатсайр ба хатсайри дигар бор карда мешавад;

– бонги изтироб оид ба таҳдиди таркиш – ҳолати бонги изтироб, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори салоҳиятнок бо мақсади анҷом додани нақшаи амалиёт барои безараргардонии оқибатҳои эҳтимолӣ вобаста ба гирифтани бонги изтироб аз сарчашмаи номаълум ё аз дигар шабакаҳо ё ошкор намудани таҷҳизоти шубҳанок ё дигар ашёи шубҳанок дар дохили киштии ҳавоӣ, дар фурудгоҳ ё дар дохили воситаҳо ё хадамоти авиатсияи гражданӣ эълон карда мешавад;

– рабудани нақлиёти ҳавоӣ – истифодаи ғайриқонунии киштии ҳавоӣ бо роҳи идоракунии он ё равона кардани он ба таври зўрӣ ё таҳдиди маҷбуркунӣ ё дигар таҳдидҳо, ки дар нақша ва нуқтаи парвоз нишон дода шудааст;

– таҳдиди тарконидан – таҳдиде, ки аз сарчашмаи номаълум ё дигар шабакаҳо гирифта шуда, дар он иттилооти боварибахш ё бардурўғ дода мешавад ё дар назар дошта шудааст, ки ба бехатарии киштии ҳавоӣ ҳангоми парвоз ё дар замин ва ё ҳама гуна фурудгоҳ ё воситаҳои авиатсияи гражданӣ ё ҳама гуна шахсро метавонад моддаи тарканда ё дигар ашёю таҷҳизот таҳдид намояд;

– узви ҳайати идоракунӣ – шахсе, ки аз ҷониби истифодабаранда барои иҷрои ўҳдадориҳои муайян дар дохили киштии ҳавоӣ дар давоми вақти парвози хизматӣ таъин шудааст;

– истифодабаранда- шахс, ташкилот ё корхона, ки киштии ҳавоиро истифода мебарад ё дар ин соҳа хизматрасонии худро пешниҳод мекунад.

bword Матни пурраро аз инчо гиред (Скачать)

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …