Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН – 2020

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАРОР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР СОЛҲОИ 2016-2020

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади рушди илми кишоварзӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барнома тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барнома оид ба баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ, тарғибу татбиқи дастовардҳо, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва мукаммал намудани сохтори Академия чораҳои зарурӣ андешад.
  3. Маблағгузории Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020 дар доираи маблағҳои барои Академияи илмҳои кишоварзин Тоҷикистон пешбинишуда, маблағҳои махсуси он, грантҳои фондҳои байналмилалӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда шавад.
  4. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015, № 790

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …