Главная / Гуногун / Барги саломи сабз

Барги саломи сабз

“Як каф рўшноӣ ба чашми ман рехт”.

Ин суханон аз китоби инсони шарифу шинохтаву маҳбубест, ки дар ҳаққаш шоир чунин навишта:

         “Ҳар кӣ аз худ биравад, ҳайф шавад,

         Ҳар кӣ аз худ наравад, Сайф шавад”.

Чунин суханонро дар бораи инсони шарифу шинохтаву маҳбуб метавонист танҳо инсони шарифу шинохтаву маҳбуб бигўяд. Ва ин инсони шарифу шинохтаву маҳбуб Низом Қосим мебошад. Сайф Раҳим ҳам мардона иқрор шуда: “Аввалин Сайфшинос Низом аст”.

bargҲадаф аз ин дебоча он аст, ки банда ҳам кўшиши шинохти Низом Қосимро доштам. Айёме ки баҳору боғшаҳр ҳамоғўш буд, хабари ба дарёфти Ҷоизаи Рўдакӣ пешниҳод шудани тозатарин дафтари ашъори Низом Қосим – “Барги саломи сабз” расид. Аз ин хабар як каф рўшноӣ ба дилам мерезад. Ба машомам бўе мерасад. Ва ман шодӣ мекунам. Барҳақ, ман шодам! Охир, ин рўшноӣ тулўъи офтоби ҳақиқат аст. Ва шоир чӣ дурбинона пешбинӣ кардааст:

         “Садое мерасад аз дур,

         Садое – беҳ зи мавҷи нур –

         Хаму печи диламро мекунад рўшан.

         Садое – нарм меборад,

         Маро бар хеш меорад –

         Ҳамегўяд аламҳои маро бо ман.

         Садое – пайки хоҳишҳо,

         Пур аз меҳру навозишҳо –

         Дили сахти ҷаҳонро мекунад ботил

         Ва ман ҳис мекунам рўшан,

         Ки ҳоле меравад бо ман –

         Худоро, синаам пур мешавад аз дил!”

Оре, чунин аст, чунин!

Шоир дар як шеъраш гуфта: “Шабе, ки бо ту будам, моҳтобӣ буд”. Шабе, ки ман китобро ба даст гирифтам, шаби зулмонӣ буд. Бале, на моҳтоб буду на ситорае. Вале моҳтобу ситораи ман китоби “Барги саломи сабз” буд.

Бале, имшаб китоб “ҳамдами дилхоҳи ман буд”.

Ва гўё шоир барои ман суруда:

         “Олам имшаб буд зебо,

         Олам имшаб буд тилло…”

Оре, оре, имшаб “як шаби зебои дунё” буд!

Бегумон номи китоб чеҳраи китоб аст. Бино бар ин, бояд шоиронаю зебо ва фарогири муҳтавои он бошад. Бад-ин тартиб “Барги саломи сабз” моҳирона корбурд шудааст.

         “Барги саломи сабз ба дастони кас бинеҳ,

         Барги саломи сабз зи дастони кас бигир”.

Ин байт дар зоҳир сода намоянд ҳам, маънӣ ва ҷозибаи хосеро дорост. Дар ин робита мисраҳои устод Аскар Ҳаким ба ёд меояд:

         “Шўри ҷанг аст ба ҳар бонги ситез,

         Нури сулҳ аст ба ҳар ҳарфи салом”.

Ва инак, дари арши суханро мекушоям. Маро саҳнаи манзуми таърихии “Амир ва Асир” истиқбол менамояд. Ин хеле ва хеле муҳим аст. Аввалан, имрўз ба ҷуз Сафармаҳмад Айюбӣ дигар касе драмаи манзум намеофарад. Сониян, ба ақидаи ман драмаи манзум жанри ашроф, яъне шариф аст. Ва он пеш аз ҳама барои асилзодаҳо чун обу ҳаво зарур мебошад. Шекспир бо драмаҳои манзуми худ оламгир шудааст. Сеюм, “Амир ва Асир” дорои назари тоза ва биниши таърихӣ буда, бозгўи олами андешаҳои умумибашарӣ аст. Чист таърих? Ба ин суол Аллома Иқбол чӣ хуб ҷавоб гуфта:

         “Чист таърих, эй зи худ бегонае,

         Достоне, қиссае, афсонае.

         Ин туро аз хештан огаҳ кунад,

         Ошнои кору марди раҳ кунад”.

Ва бисёр рамзист, ки драма бо ин мисраъҳои пандомез, ки бешубҳа монанди зарбулмасал маъруф хоҳад шуд, поён меёбад:

         “Шавад мағлуби ин майдон ҳама кас,

         Худоё, як ту ғолиб ҳастиву бас!”

Достони “Нома ба шоҳ дар поёни “Шоҳнома” гўё “Амир ва Асир”-ро пурра мекунад ва қувват мебахшад. Шоир гўё аз ҷониби халқи ҷаҳон хитоб мекунад:

         “Аё шоҳ Маҳмуд, аз хоки тар,

         Агар метавонӣ, бубардор сар,

         Зи тоҷу зи тахтат фаромўш кун,

         Ба фарёду ёди дилат гўш кун”.

Чаро Фирдавсии бузургро ки чашмаи поку дилсоф, рамзи адлу инсоф буду рўди суханро зи гил пок намуд, аз дарди ватандорӣ осор сохт, қадр накардӣ?

         “Сараш гар ба дасти ту аз тан ҷудост,

         Сари тарс ўро фақат аз Худост…”

Вале ту, эй шоҳи баддилу бадравон, хирадро аз нохирад ҷудо карда натавонистӣ,  ба хони сухан носипосӣ кардӣ.

         “Ба “Шоҳнома” чашми сар андохтӣ,

         Аз он қисмати хеш нашнохтӣ,

         Надидӣ, ки дунё чи сон бевафост,

         Нагуфтӣ: ҷафоҳо ба дунё чарост?”

Ва акнун бархезу бубин, ки нахли қудратат чи ҳосил дод!

         “Бигў, аз чи бедаступо хуфтаӣ,

         Шаҳиву бари сад гадо хуфтаӣ!”

Кунун бидон, ки бадномтарини бадномҳо ҳастӣ.

         “Бувад то ҷаҳон, чун ту бадном нест,

         Ба бадномиат ҳеҷ анҷом нест…”

Вале Фирдавсӣ, ки тухми сухан кошта буд, умри ҷовидона ёфт.

         “Баҳои сухан ин ҷаҳонаш бидод,

         Худо зиндагӣ ҷовидонаш бидод.

         Барояш дари ҳарду дунё кушуд,

         Варо сарфарози ду дунё намуд”.

Ин хулосаҳо авҷи адолату ҳақиқат аст.

Ва ин авҷ авҷи камолот аст!

II

Ва, инак, дар партави ашъори “Барги саломи сабз” ўро шинохтан дорам. Худи шоир ҳам ҳаминро мехоҳад, биму тарсе надорад, ки мегўяд:

    “Боғи гул оварда, вопас доғи дил бурдему бас,

    Инак, эй даъвогар, он овардаву он бурдаҳо”.

Оре, ба ин овардаву бурдаҳо бо дидаи дил бояд нигарист ва бо дили гарм қалам ба даст гирифт. Саъдии Шерозӣ ба ин маънӣ гуфта:

        “Мо қалам дар сар кашидем ихтиёри хешро,

        Ихтиёр он аст, к-ў қисмат кунад дарвешро”.

Қисмат Низом Қосимро қаламрон ба дунё овард. Аз ин рў, қаламро як узви тани худ карда, бо қалам ҳамтан гаштааст. Ба ҳарфи дигар, ганҷу ганҷураш ва обу донаш қалам гашта. Бино бар ин:

         “Як қалам донад фақат роҳи сиришташ,

         Аз сари сахти қалам бин сарнавишташ”.

Бад-ин маънӣ, сари сахти қаламаш вассофу ситоишгари дунёи зебо,  сози сукут, оҳанги ғамҳо, фарёди дардҳо, оҳи сўзи ҷон, фиғони бефиғониҳо, дареғи бедареғиҳо… мебошад.

Ва ин ҳама бе андозаву шоирона аст!

Албатта, шоирона сухан гуфтан кори осону сода нест. Барои ин истеъдоди табиӣ ва чашми дил доштан зарур аст. Ин аст, ки Абдулвафои Хоразмӣ гуфта:

         “Аз хоҳиши хеш ҳар ки дарвеш нашуд,

         Хоҳандаи он ёри ҷафокеш нашуд.

         Он бандаи худ бувад, ки дар банди ҳавост,

         Озод касе, ки бандаи хеш нашуд”.

Шоир аз ҳама чиз гузашт карда, ҷавҳари худододи истеъдодро дар хеш парварид. Гўё ин байт дар шаъни ў воқеъ шуда:

         “Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,

         Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд!”

Ва бо нахустмаҷмўаи ашъораш “Хўшаи шеър” (1984) сўи касе не, ба сўи ганҷи дунё не, ба сўи ганҷи дилҳо роҳ пеш мегирад. Худ бад-ин манӣ гуфта:

         “Сўи дилҳо роҳ ҷўям бо ҳавас

         Дар ҷаҳони хубу дилҷўи сухан.

         Ҳамчу деҳқонам, ки умре мебарам

         То ба дилҳо аз дилам ҷўи сухан”.

Ва қобили зикр аст, ки ба қасди хеш ноил гардида.

Шоир дар ҳама шеърҳояш воқеъиятро бо ашёи нави тасвир ба риштаи шеър мекашад ва дар ҳамина замина ибрози розу ниёз мекунад. Муҳимтар аз ҳама, он бо забони фаҳмову равон пайрезӣ шудааст. Чуноне ки худи шоир гуфта:

         “Офарида ҳар киро қисмат қаламбанд,

         Офарад як умр бояд ў қалампанд,

         Н-оварад як умр бояд ў қаламфанд”.

Бале, шоир аз калимоти ғарибу ваҳшӣ дурӣ ҷуста, рў ба забони маъмули мардум овардааст. Қарнҳо пеш Арасту дар рисолаи “Фанни шеър”-и хеш дар бораи гуфтори шоирона навишта буд: “Равшантарин гуфтор он аст, ки аз алфози маъмулӣ таълиф шуда бошад”.

Аз ин рў, гуфтори шоиронаи худро табиъӣ тасвир намуда, забони маъмулиро бо санъатҳои бадеъӣ хеле моҳирона оростааст. Бино бар ин, осораш басо содаву самимӣ, аммо пурмазмуну воқеъӣст.

Бале, Низом Қосим суханро чун арўсон зеб дода, ҳақиқатро боло мебардорад ва рўҳи хастаи моро ба зиндагонӣ ҳамсоз мегардонад. Ба қавли худи шоир:

         “Мўсафеди завқҳоро

         Мекунад охир ҷавон,

         Охир ҷавон…”

Ин суханон авҷи ҳақиқат аст.

Ва ин авҷ авҷи камолот аст!

III

Мутолиаи ашъори шоир ин гуфтаро ба ёдам меорад: “То зи худ норозиям, аз худ пушаймон нестам”. Ин аст, ки шабу рўз ҳамрозу ҳамдами сухан аст. Ва аз бўи сухан маст мешавад. Ин мастӣ аз худ рафтан нест, балки бо худ будан аст.

         “Шаб ҳама шаб маст аз бўи сухан,

         Менишинам рўй бар рўи сухан.

         То саҳар аз чор сўи ин ҷаҳон

         Мениҳам ман рўй бар сўи сухан”.

Аз бўи сухан инсоне маст мешавад, ки чун гўшту нохун бо модару Ватан пайванд аст.

         “Он ки бо туст, сўзаке дорад,

         В-он ки бе туст, рўзаке дорад”.

Бале, шоир рўз надорад, сўз дораду сўз! Чу шамъе сўхта дил об мекунад. Дар тасвири сангпушти бачагии худ зиндагии хешро чӣ шоирона ба қалам медиҳад:

   “…Зиндагӣ баъди ту аз кўҳу ҷараш афзун маро ҷар

                                                                                    кардааст…

   Сангпушти баччагии ман,

   Санги хунолуди пуштат

   Санги дилро андаруни синаам ҳар дам ба хун тар

                                                                                    мекунад,

   Ёди ту

   Ҳар лаҳзае ашки маро

   Аз пуштаи рухсори ман ҷар мекунад…”

 Бале, ин ашкҳо ашки одӣ нестанд, хуни дили шоиранд. Шоире, ки бо хуни дил, бо доғи дил ба мо боғи гул мебахшад.

Модару Ватан болу пари шоиранд. Аввалан, аз модари худ хеле гарму самимона ёд мекунад, суханро тора-тора лабрези рўшанӣ рўи қоғази сафед мерезад:

         “Нозпарварди модарам будам,

         Буд аз ман ҳамеша рўи шир”.

Модаре, ки аз пушту рўи ин ҷаҳон дил шуста буду пуштибонии хонадонро бар ўҳда дошт. Аз ин рў, аз тобу табҳо дар лабаш табхол медамид.

         “Дар ҷабинаш – печу тоби зиндагӣ,

         Чину ожангаш – китоби зиндагӣ”.

Печу тоби зиндагиро дар ҳамон кулбаҳаки аз хоку аз каҳгил сафед пушти сар мекунад. Аз печу тоби дил мўяш сафед мешавад, кўзаи пушташ аз зардоб ва косаи чашмаш аз дардоб пур мегардад. Ва ниҳоят, бо даргузашташ навбаҳорро дар чашми фарзанд хазон мекунад.

         “Андаруни сина доғи лола дошт,

         Пуштаро аз лола доғи дил намуд”.

Шоир бар рағми марг бе пуштибон зинда мемонад. Ва модар барои ў ҳамеша зинда аст: ҳам дар сиришт ва ҳам дар сарнавишт. Бо таносуби комили сухан шеърро ҷамъбаст менамояд, ки:

         “Зинда мемонам мани бепуштибон

         Пуштаи гўраш ба пуштам баъд аз ин”.

Дар шеъри “Ду калобаи нур” модари замони Ҷанги Бузурги Ватаниро тасвир мекунад. Ситоиши модари замони ҷанг сабабҳои муайян ва мушаххас дорад. Ба ибораи дигар, ҳадафи ситоиш қарор гирифтани ў, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббати шоир нисбати модар аст. Аз тарафи дигар, он замон модаре набуд, ки ҷанг решаи ҷонашро насўхта бошад. Модари зор бо сад умеду ҳавасу орзуҳо шом то субҳ сўзанӣ медўхт. Нури чашмони хеш ва ҳама гулҳои орзуяшро бе дареғ рўи ҳар дарзи сўзанӣ мерехт. Таваҷҷўҳ кунед, ки шабу рўзи модарро чӣ шоирона тасвир мекунад:

         “Ришта не, рўзҳои хуршедӣ

         Нури хуршед дошт дар сўзан.

         Моҳ будаш калобаи шабҳо,

         Риштааш мекашид аз равзан”.

Вале дареғ, ки бо ин ҳама ранҷу заҳмати фидокорона бар гули сўзании модар лолаи доғу ормони писар меафзояд.

         “Сўхт дар ёду ҳасрати фарзанд

         Он қадарҳо ба сўзанӣ дида,

         Ки гули сўзаниву гулдўзӣ

         Охир ўро ба дида кўчида”.

Тавре, ки мебинем, орзуву ормон ва ранҷу азоби модар дар шеъри ў ба авҷ мерасад.

Ва ин авҷ авҷи камолот аст!

IV

Барои Низом Қосим ин баҳо бас аст, ки китоби “Барги саломи сабз”-ро дар ягон ҷо пайдо карда натавонистем. Баҳои дигар хуни ҳофизонро ба ҷўш овардани ин шеърҳост. То ҷое, ки банда иттилоъ дорад, ба зиёда аз панҷоҳ суруди ў оҳанг баста шудааст. Ва хушбахтона онҳо ҳаёти бардавом дидаанд. Ин шоҳиди мувофиқати комили  оҳанг ва матн мебошад. Аз тарафи дигар ин ҳунари Низом Қосимро мусалламан тасдиқ менамояд. Ва боз муҳимтар баҳои устодони сухан аст.

Устод Гулназар:

– Низом ба шеъри мо як тозагие ворид сохт…

Устод Сайидалӣ Маъмур:

– Низом Қосим имрўз устод аст. Китобҳои ўро сар-сарӣ нахонед. Суханаш вазн дорад. На танхо устод аст, балки мактаби худро дорад.

Устод Гулрухсор:

– Низом як умр не чизе пурсидааст, на сархамӣ кардааст…

Алҳақ, Низом Қосим ҳеҷ гоҳ баҳри ҷову ҷоҳ ва ном талош наварзидааст. Дорои ғурурест, ки аз ҳунару нангу ор реша мегирад. Дар драмаи “Рўдакӣ”-и устод Сотим Улуғзода чунин сухане ҳаст: “Оре, Рўдакӣ ду чиз дорад, ки устод надорад: якум истеъдод, дуввум ғурур”. Устод Урун Кўҳзод дар ин замина менависад: “Ҳамин ду чиз – истеъдоду ғурур аст, ки фардияти одамро таъмин менамояд. Лекин истеъдоди хушку холӣ не ва ғурури бебунёди пурбод ҳам не, балки истеъдоде, ки бо заҳмати пайваста сайқалаш медиҳанд ва ғуруре, ки қадру қимати худро мешиносаду иззати нафсашро нигоҳ медорад”.

Хушбахтона, ин ҳамаро Низом Қосим доро мебошад. Ва ин сифатҳо дар ашъораш ҳам чун як амри воқеъӣ ҷилвагар мешавад.

       “Ғурури хешро чун оташе дар синаам куштам,

       Чу сўи Каъба сўи хонаи ту рўй овардам”.

Муқаддастарин “Каъба” дили инсон аст. Бузургон беҳуда ба даст овардани як дилро аз сад Каъба боло намедонанд. Ва ба дили инсон танҳо бо роҳи рост ворид шудан имконпазир аст.

Оре, Низом Қосим ҳамеша чун қалами хеш бо қади боло сарбаланд гаштааст ва ҳушдор додааст:

         “Шавад номҷў охир аз ном хор,

         Шавад номагў оқибат номдор”.

Аз санги дилу сангдилӣ ҳам зебоиву зебогуфторӣ ҷуставу ёфтааст:

      “Мабодо гар бимирам ман, туро нодида, маъзурам,

      Бимон санги дилатро ёдгорӣ дар сари гўрам…”

Қобили қайд аст, ки Низом Қосим ҳамеша ҳадди эътидолу инсофро риоя кардааст, дар мавқеъ ва ақидаи худ устувор мондааст. Гузашта аз ин, бо рафтору кирдори худ намунаи ибрат нишон дода, шоиронеро ки ростиву ҳақталошӣ, дардошноиву меҳрубонӣ ва сидқу мадонагӣ танҳо дар шеърашон дида мешавад, мазаммат кардааст:

         “Дар ашъорат, ки гўё нест аз ту,

         Чунон ину чунон онӣ, бародар!

         Дар ашъорат як инсони шариф аст

         Худат аз чӣ на он сонӣ, бародар?”

Ин мисраҳо нишон медиҳад, ки ў нисбати онҳо заррае бадбинӣ надорад ва мазамматаш аз ҳимояи қадру қимат ва манзалату рисолати сухан бархостааст. Ва қобили қайд аст, ки шоир барои нишон додани мақоми ҷовидонаи сухан аз устоди шеъри форсӣ устод Рўдакӣ фахр мекунад ва ўро ба рўди шодоб шабеҳ медонад:

         “Сари сарчашмаҳову дарёҳо –

         Рўди шодоб – Рўдакӣ дорем”.

Шеъри устод Рўдакиро бинотарин шеър мехонад:

        “Милро аз чашми миллат карда дур,

        Ҳамчу шеъри Рўдакӣ бино шудем”.

Ба қудрату эъҷози шеъри пур аз дурру гавҳари устод Рўдакӣ эътиқоди беандоза дорад. Боварӣ дорад, ки навои устод Рўдакӣ чун бўйи ҷўйи Мўлиён дар саросари Тоҷикистон ҷорист. Ва таъсираш рўз аз рўз бузургтар мешавад. Он решаву обу гил асту риштаи ҷону дил. Он ҳам мавҷи тўфонро монаду ҳам чашмаи зулолу ширинро. Аз ин рў, ҳамчун нўшдору тавсия мекунад:

       “Ҳар киро бинед нобино ба сатри роҳи умр,

       Чанд сатр аз Рўдакӣ хонедашу бино кунед”.

Ҳамқаламони хешро ҳушдор медиҳад:

      “Баҳри ҷову ҷоҳ андар шеър кам даъво кунед,

      Ҳар қадар ҷое бувад дар шеър, ҷои Рўдакист”.

Таъкид мекунад, ки чашми пурзиёи Рўдакӣ ҳамеша сўи мову шумост ва чашми бинову сарбаландии мову шумо муддао ва давои Рўдакист.

      “Нест пайдои ману мо шеърҳои хуби мо,

      Шеърҳои хуби мо гумкардаҳои Рўдакист!”

Сари ин суханон баҳс кардан норавост. Зеро он ёдгоре арзанда аз гўянда асту авҷи сипосу одоб.

Ва ин авҷ авҷи камолот аст!

V

Шоир аслан зодаи ишқ асту аҳли дард. То заҳри ишқ дар рагу пайвандаш ҷорӣ набошад дардро эҳсос нахоҳад кард. Чуноне ки Урфӣ гуфта: “То хун нахўрӣ, чошнии дард надонӣ”. Аксаран офаридаҳои Низом Қосим олудаи дарду ғам аст. Аммо дарди ў ҷуз дарди созанда нест. Вай хеле хубу рўшан дардро мебинад ва дарку эҳсос менамояд. Албатта, сухан ин ҷо аз дарди бузург аст, на дарди майда-чайдаҳои рўзгор. Чаҳор фасли дили шоир фасли дард аст. Аз дардҳои ишқу ҷомеа ба дарди дил мерасад ва худро кашф мекунад.

   “Расидан бо туям ҳосил нашуд ҳарчанд аз ин рафтан,

   Ба дарди дил расидам оқибат, бо худ расидам ман…”

Ва агар Низом Қосим чунин сифатҳоро доро намешуд, шеъри “Пора” рўи қоғаз намеомад. Пора зуҳуроти номатлубест, ки ваборо мемонад. Бояд зикр намуд, ки пора дар асри бист ҳам вуҷуд дошт, вале морбача буд. Дар асри бисту як он ба аждаҳор табдил ёфтааст, ки ҳама арзишҳои маънавии моро бераҳмона ба коми худ фурў мебарад. Устод Урун Кўҳзод онро “эрозияи инсон” номида гуфтааст: “Ин аст эрозияи инсон, ки ба эрозияи табиат ва ахлоқ сахт пайваст мебошад”. Дигар на пораи дил ба кор меояду на пораи ҷон. Дареғо, ки ин падида имрўз дар ривоҷ аст. Ва Низом Қосим наметавонад бетараф бошад ва ин аст худ мавқеи шоир. Ба қавли худи ў:

      “Барқ гаштаму дидам: рўзгор торик аст,

      Раъд гаштаму чанде пуралам фиғон кардам”.

Бале, ў “исён”-и шоирона менамояд ва силоҳи худ – сухани обдору образнокро бо эҳсосу масъулият ба кор мебарад. Аз ин рў, шеър шеъри ҳақиқати ҳаёт мебошад.

        “Ин замон

        дигар намеояд ба кор

        пораи дил,

        пораи ҷон.

        …Пора дода,

        пора бигрифта,

        пора-пора кардаанд онҳо ҳақиқатро,

        пора-пора карданд онҳо адолатро,

        пора-пора карданд ин халқу давлатро…

        Ҳар яке монанди Заҳҳок аст:

        морҳои пора ҳар гоҳе ки бар мағзаш ҳуҷум орад,

        пораҳо бигрифтаву дар панҷаи морон супорад,

        чанд лаҳза мори пора з-он пас оромаш гузорад…”

Оре, ҳақиқати ҳаёт чунин аст!

Ин лаҳза суханони устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба ёдам омад: “Ҳақиқати ҳаёт бузург аст, нопайдоканор, нотакрор аст, дар рангорангии зуҳуроти худ ҳам беназир аст. Аммо ҳақиқати бадеӣ, ҳақиқате, ки мо аз саҳифаи китоб бояд дарк кунем, аз ҷиҳати тамаркуз ва шиддати мазмун ва ғояҳо бояд хеле зўртар ва нишонрастар бошад”.

Бад-ин маънӣ дар пораҳои боло дард аз нигоҳи санъати шеърӣ дуруст ба кор гирифта шудааст. Вале шоир бо таъкиди дард қонеъ намегардад. Аввалан, аз равзанаи дард якпорагии маънавии халқу давлатро ҷаззоб ва гарму рўшан мебинад.

        “…Ман намедонам, чи соне мори пора

        бар дилу бар ҷони онҳо карда кора,

        лек медонам, ки ононро чу Заҳҳок

        бояд аз маснад фуровард,

        дар дилу дар ҷонашон он морро саркўб кард!

        Яъне, мебояд, ки акнун бо ҳама овоз гуфт:

        дар диёре, ки ҳақиқат ҷовидон якпора аст,

        дар диёре, ки адолат ҷовидон якпора аст,

        дар диёре, ки вуҷуди халқу давлат

                                                       ҷовидон якпора аст,

        як дили монанди санги хора нест,

        як каси бекораву бечора нест,

        эътиқоде баъд аз ин садпора нест,

        пора нест!…”

Сониян, чораи рафъи дардро пешниҳод мекунад:

        “Пора-пора карда яъне порагиронро,

        пора-пора карда яъне порабахшонро,

        бояд аз кишвар намудан пораро гум,

        пора-пора бовариро

                                      боз мебояд,

                                                     ки баргардонд

                                                                           бар мардум!”

Дар шеъри “Футбол” ҳам шоир ба инъикоси образноки воқеият муваффақ шудааст.

        “Бо ҷадалҳо аз қафои тўб метозанд,

        Ҳарду ҷониб хуб мебозанд.

        Мефиристад тўбро Ғам сўи Андўҳ,

        Сўи Ғусса мезанад Андўҳи чун кўҳ,

        Ғусса мепартоядаш бар сўи Хорӣ,

        Хориаш меафканад бар сўи Зорӣ.

        Тўбро дар ҳар каноре интизоранд

        Доғу Дарду Ҳасрату Шарму Хиҷолат,

        Хуллас, аз ҳар сў пайиҳам мехурад лат.

        Зумрае з-ин манзара шоданду мамнун,

        Зумрае – як зарра маҳзун.

        Ман фақат дилхун аз ин бозии “хубам”,

        Чунки ман…

        Тўбам”.

На танҳо ифодаи дардҳои ҷомеа, балки корбасти сухан ҳам дар шеърҳои “Пора” ва “Футбол” таносуби комил ёфтааст ва авҷи ҳақиқати бадеъии услуби шеъри Низом Қосимро дар равонию содагӣ ҷилвагар сохтааст.

Ва ин авҷ авҷи камолот аст!

VI

Шоир ба зиндагиву табиат ва ҳаводиси он бо чашми дили шоирона назар мекунад. Ва дар тасвири онҳо ташбеҳу истиъораи наву тозаро бо камоли ҳунармандӣ ба кор мебарад. Албатта, ин қобилияту маҳорати баландро талаб мекунад.

Ба ин абёт, ки муште аз хирворанд, таваҷҷўҳ кунед:

         “Фасли сармо буд.

         Аз сармо

         Бодҳо

         Дарди гулў буданд.

         Дар канори кўчаву майдон дарахтон

         Чун азодорони пеши мурдахона

         Сарфурў буданд”.

*       *       *

         “Атре зи Самарқанду Бухорои ман имрўз

         Ҷуз дар ғазали Хоҷаи Шероз намонда”.

*       *       *

         “Ин ҷаҳон ҳаст чароғ,

         Ғаму дардаш – карасин,

         Ману ту пилтаи онем –

                                    бисўзем дарозу кўтаҳ.

         Рози ин даҳр ҳамин асту ҳамин”.

Зиндагии нобасомони имрўз шоирро ҳам побанди хеш кардааст. Вале ў намехоҳад дар чорчўбаи муқаррарии зиндагӣ қарор дошта бошад. Аз ин рў, даст ба домони орзу мезанад, ки кош дар канори Ҷангали Мозандарон соате фориғ зи ғавғои ҷаҳон бошад.

         “Гургу рўбоҳи варо бинам ба чашми дил,

         Гургу рўбоҳи диламро афканам берун.

         Гум шавам, бигзор, дар анбўҳияш боре,

         Хешро аз ҷангали ҷаҳлам кунам берун”.

Дар ин шеър шоир аз санъати киноя хеле моҳирона истифода кардааст, ки тафсил намехоҳад.

         “Барф шеъри пурғами поизро

         Карда таҳрир,

         Дар китоби зиндагонӣ

         Боз шеъри хешро бинвишт имшаб”.

*       *       *

         “Гул овардам,

         Набудӣ,

         Мондамаш маҳзун сари девор.

         Охир омадӣ,

         Онро надидӣ,

         Аз алам шуд хор”.

Дар “Барги саломи сабз” чунин абёти хубу дилпазир бағоят зиёд аст. Ва ҳеҷ ҷои баҳс нест, ки ин нишони авҷи маҳорату ҳунармандии Низом Қосим мебошад.

Ва ин авҷ авҷи камолот аст!

VII

Бо ин чанд ҳарфе, ки гуфта шуд, наметавон ашъори “Барги саломи сабз”-ро саропо баррасӣ кард. Ба қавли худи шоир: “Аз қалби пора-пора ду-се пора гуфтаем”. Масъалаи дигар, аз баъзе носуфтагиҳо низ холӣ набудани шеърҳо мебошад ва худи шоир ҳам қоил аст, ки мегўяд:

           “Макун айби ман, гар туӣ додрас,

           Ки беайб танҳо худо ҳасту бас”.

Дар боби охири китоб ба як байти абрў панҷовупанҷ дубайтӣ мебахшад. Ва бо ин ҳам қаноат намекунад. Худро дар назди халқу Ватанаш қарздор мешуморад.

           “Ман аз ҳар гушна як нон қарздорам,

           Зи ҳар мурғак ду-се дон қарздорам,

           Зи ҳар кас қарздорам ман каму беш,

           Гули ман, аз ту як ҷон қарздорам!”

Аз ин рў, то қиёмат осоиш надорад, осоишу ороиши зиндагиро барҳақ аз сўзиши пайвастаи хеш медонад:

           “То қиёмат маншаи осоишу ороишаш

           Тохтанҳои ман асту тўхтанҳои ман аст”.

Ин аст мавқеъи граждании шоир. Ба қадри чунин суханвар нарасидан гуноҳ аст. Аз забони Сайидо мегўем, ки:

     “Сайидо, бар сар намоён ҷо намудам хомаро,

     Сар ба пояш мениҳам, ҳар кас сухан мепарварад”.

Бо ин гуфтаҳо метавонистем иктифо кунем. Вале тарсе дари диламро мекўбад. Ин тарс аз он аст, ки байти худи шоир воқеъ нашавад:

      “Эй ҷаҳон, ин нописандӣ бо манат дар зиндагист,

      Баъди маргам мерасӣ як рўз бар табрики ман!”

Носипосӣ ва ҳақношиносӣ дард аст. Чуноне ки шоир гуфтааст:

      “Ҳар куҷо дарде расид, аз пай давое мерасад”.

Бале, дард даво металабад.

Ва ин авҷи талаби инсоф, талаби ҳақ аст!

Р. S.

Вақте ки ба ин мақола нуқта гузоштам, ин мисраҳои устод Гуназар ба ёдам омад:

           Дар сари синаи фигори ў

           Шўълаи Рўдакӣ фурўзон шуд.

Барҳақ, як каф рўшноӣ ба дилам рехт!

7 майи соли 2006

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …