Программы (Программаҳо). Ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рўйхати программаҳое пайдо мешавад, ки онҳо дар системаи Windows ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор даровардани ягон программа кифоя аст, ки номи он аз рўйхат интихоб карда шуда, тугмаи чапи муш пахш карда шавад. Масалан, дар расми 10 программаи Microsoft Excel интихоб карда шудааст.
Избранное (Интихобшуда). Ҳангоми интихоби ин сатр зерменюи силсиладоре кушода мешавад, ки дар он истифодабарандагони компютер ҳуҷҷатҳои заруртарини худро ҷойгир карда метавонанд.
Документы (Ҳуҷҷатҳо). Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмўи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷудбуда, ба экран танҳо рўйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер дар сеансҳои охирин маҳз бо онҳо кор кардаанд. Агар аз рўйхати пешниҳодкардашуда ягон ҳуҷҷат интихоб карда шавад, он гоҳ аввал программае ба кор медарояд, ки ин ҳуҷҷат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин програм Расми 10. Зерменюи банди Программаҳои менюи асосии Windows ма информатсияи дохили ҳуҷҷати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятҳои равзана истифода бурда ҳуҷҷатро таҳрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.
Настройка (Танзимкунӣ). Пас аз интихоби ин сатр дар экран зерменюи зерин пайдо мешавад, ки ба воситаи он истифодабарандаи МЭҲ имкониятҳои мавҷудаи компютерро бо талаботҳо ва завқи худ мувофиқ (танзим, ҷўр) менамояд.
Сатри Панель управления (Панели идоракунӣ) яке аз калидҳои асосии таъсиррасонӣ ба қисмҳои компютер ва имкониятҳои системаи Windows ба шумор меравад. Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун ҷойгир шудаанд (Расми 11). Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кардан ва имкониятҳои программавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.
Сатри Принтеры (Принтерҳо) барои принтери навбатиро ба системаи Windows пайваст кардан ва ба параметрҳои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.
Сатри Панель задач (Панели масъалаҳо) барои бо ин панел дохил намудани тағйиротҳо хизмат мерасонад.
Найти (Кофтуков). Азбаски дар дискҳои магнитӣ миқдори хеле зиёди информатсияи табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои ба осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка, ҳуҷҷат ё программаҳо пешбинӣ карда шудааст.
Расми 11. Равзанаи программаи Панели идоракунӣ Справка (Маълумотнома). Бо ёрии ин сатри менюи асосӣ истифодабарандаи МЭҲ оиди паҳлўҳои гуногуни системаи Windows маълумотҳои ёрирасонро дастрас менамояд.
Выполнить (Иҷрокунӣ). Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он программаи лозимӣ якбора барои иҷро равона карда шавад.
Завершение работы (Анҷоми кор). Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows ба охир расонида шуда, компютер хомўш карда мешавад.
Саволҳо:
- Бандҳои менюи асосии Windows кадомҳоянд?
- Банди Программы (Программаҳо)-и менюи асосии Windows чӣ гуна функсия дорад?
- Чӣ тавр ягон программаи заруриро ба воситаи менюи асосӣ ба кор даровардан мумкин аст?
- Бо ёрии кадом банди менюи асосии Windows ҳуҷҷати ба наздикӣ сохташуда ё истифодабурдашударо кушодан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Ба менюи асосии Windows дохил шавед ва бандҳои онро бо навбат кушоед.
- Аз менюи асосии Windows истифода бурда, равзанаи программаи Панели идоракуниро кушоед ва нишонаҳои онро муоина намоед.
- Бо ёрии менюи асосӣ кори компютерро қатъ намоед ва пас аз 30 сония аз нав компютерро ба кор дароред.
- Дар дафтар дар шакли таблитса номи бандҳои менюи асосро биёред ва функсияҳои онҳоро мухтасар номбар кунед.