Главная / Илм / Ҳаққи банда аз сабаби ҷанозаву истиғфор бахшида нахоҳад шуд

Ҳаққи банда аз сабаби ҷанозаву истиғфор бахшида нахоҳад шуд

Дар «Саҳеҳи  Бухорӣ» омадааст, ки рӯзе пеши Пайғамбар (с) ҷанозае оварданду гуфтанд, ки:

  • Намоз кун бар вай.

Гуфт:

  • Оё ҳаст бар вай қарз?

Гуфтанд:

  • Ҳаст се динор.

Гуфт:

  • Оё гузоштааст чизе?

Гуфтанд:

-Не.

Бар вай намоз накард. Ва гуфтаанд ин намоз нокардан ба ҷиҳати он аст, ки намози ҷаноза истиғфор аст майитро ва ҳаққи  абд[1] ба истиғфор рафъ намешавад. Ва ҳар гоҳ ки истиғфори Пайғамбар (с) дафъ накунад ҳаққи абдро аз касе, пас кадом истиғфор дафъ хоҳад кард. Балки ҳаққи банда аз касе ба ҳеҷ сабаб дафъ нашавад ва ба ғайр аз адо ва ё ба истеҳлол аз соҳиби ҳақ.

 

[1] Абд – банда.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …