Главная / Илм / БАЛАНТИДИАЗ

БАЛАНТИДИАЗ

balantidiazБАЛАНТИДИАЗ (Balantidiasis; balantidiosis), як навъ беморие, ки протозойҳо (соддатаринҳо) меангезанд. Ҳангоми он дар рӯдаи ғафс захм пайдо шуда, исҳол, дарди шикам ва табларза ба вуҷуд меояд. Б. асосан дар ноҳияҳои хукпарварӣ паҳн гаштааст. Ангезандаи беморӣ балантидияҳо (Balantidium coli) буда, онҳо дар рӯдаи ғафси хук, баъзан саг ва одам зиндагӣ мекунанд. Балантидияҳо дар сӯрохи рӯдаи ғафси одам афзоиш карда, ягон нишонаи бемориро ба вуҷуд намеоранд. Аломатҳои Б. дар мавриди ба девораи рӯда чуқуртар рафтани балантидияҳо рух менамоянд.
Б. шадид ва музмин мешавад. Дар аснои Б. – и шадид бемор табу табларза карда, беҳол мегардад, сар ва шикам дард мекунад, дилбеҳузурӣ ва қай ба вуҷуд меояд; бемор дар як рӯз то 15 – 20 маротиба қазои ҳоҷат мекунад; наҷосат омехта бо хун ва луоб аст. Беморон зуд лоғар гашта, дар онҳо нишонаҳои беобии организм ба мушоҳида мерасанд. Б.-и шадид то 2 моҳ идома меёбад. Ҷараёни Б.-и музмин давра ба давра аст. Дар давраҳое, ки аломатҳои маризӣ хомӯш мегарданд, бемор худро хуб ҳис мекунад.
Бо мақсади пешгирии Б. тоза нигоҳ доштани атрофи хукхонаҳо, баъди кор ва пеш аз таом шустани даст аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …