БАЛАНИТ (Balaninis), газаки пӯсти сари олоти таносули мардон. Б. одатан бо илтиҳоби баргаки дохилии ғалафа ҳамроҳ мешавад. Дар чунин мавридҳо онро баланопастит меноманд. Б. дар сурати танг будани ғалафа (фимоз) ва ғун шудани қатраҳои пешобу смегма (шираи ғилофаки нара) пайдо шуда, аксаран ба уретрит, диабети қанд ва диг. бемориҳо якҷоя инкишоф меёбад.
Ҳангоми Б. сари нара сӯзиш ва хориш мекунад. Аломатҳои мазкур хусусан баъди пешоб кардан шиддат меёбанд. Пӯсти сари нара ва ғалафа варам карда, сурх мегардад, сатҳи онро реш фаро мегирад, аз сӯрохии он фасод меояд; баъзан уқдаҳои лимфавии қадкашак калон мешаванд.
Дар мавриди газаки шадид алоқаи ҷинсиро бояд қатъ кард. Худсарона нӯги нараро кушода, ба он доруҳои гуногун молидан ё пошидан мумкин нест, чунки ин кор боиси паҳн шудани газак ва пайдоиши гангрена мегардад. Ҳатман ба духтури уролог муроҷиат кардан лозим аст. Ҳангоми фимоз ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд.
Бо риояи қоидаҳои тозагӣ ва муолиҷаи саривақтии фимоз метавон Б.-ро ҷилавгирӣ кард. Пеш аз хоб ва пагоҳӣ сари нараро аз смегма тоза карда, бо оби ширгарму собун шустан лозим аст.
Б. дар ашхосе, ки хатна карда шудаанд, ба мушоҳида намерасад.
Ад.: Оперативная урология, М., 2003; Урология, М., 2005.
Х.У. Ёров.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …