Главная / Гуногун / БАЛАНДИИ НИСБЙ ВА МУТЛАҚ. ГОРИЗОНТАЛИ

БАЛАНДИИ НИСБЙ ВА МУТЛАҚ. ГОРИЗОНТАЛИ

Баландаҳо ва сохту созҳои рӯи замин хеле фарқкунанда мебошанд.Дар табиат пастхамиҳо, кӯҳҳо, талу теплаҳо, чукуриҳо вомехӯранд. Барои донистани шакли рӯи замин ва фарқияти пастиву баландаҳо зарурати анҷоми корҳо бобати муайян намуданашон мебошад. Баланди бар асоси баландии нисбй ва мутлақ таъйин мегардад.

Баландии нисбй ба воситаи муқоисаи сатҳи ду нуқта дар рӯи замин муайян карда мешавад.

Баландии нисбй ҳангоми сохтмони хонаҳо, биноҳо, сохтмони роҳҳо мавриди истифода қарор мегирад. Инро дар мисоли зерин дида мебароем.

Сохтмон дар соҳили дарё пешбинӣ шудааст. Ҳангоми баландпгудани сатҳи дарё ба 2 метр хатари зери об мондани бино ба миён меояд, барои муаян кардани тафовути баландиҳо мо амалҳои зеринро ичро меқунем:

  1. Ҳисобчӯби обченкуниро аз маҷро то соҳили дарё, ки онҷо бино қарор до­рад мегузорем.
  2. Ба воситаи тароза (нивелир) баландии ҳар дарёро муаян мекунем.
  3. Тафовути баландиро аз сатҳи об то соҳил, ки онҷо бино қарор дорад муаян мекунем. Ин баланди 3 метрро ташкил медиҳад, бинобар ин хатари зери об мондан вуҷуд надорад.

Тароза – by асбоб, ки барои муаян кардани тафовути ҷойгиршавии  нуқтаҳо дар сатҳи замин мавриди истифода қарор мегирад..

Чи гуна тафовути баландии биноҳоро дар қисматҳои ғарбӣ- шарқии тепла муаян намуд? Ба ин савол ба шакли зерин мешавад посух дод:

  1. Ҳисобчӯбҳоро дар ёнаҳои тепла ҷойгир мекунем.
  2. Бо истифода аз тароза, баландии тарафҳоро муаян мекунем.
  3. Маълумотҳои ба даст омадаро бо ҳам муқоиса мекунем.

Баландии нисбии тепла бо тафовути қисмати шарқй ва гарбии он аз балан­дии мутлақи он муаян карда мешавад. Дар мисоли мо он дар шакли зерин ифода шудааст:

баландии қисмати ғарбӣ- 32,3 м (159,3 – 127 = 32,3)

баландии қисмати шарқй – 19,3 м (159,3 – 140 = 19,3 м)

Муаян кардани баландиҳои нисбии қисматҳои ғарби вашарқии теппа.
Расми 21. Муаян кардани баландиҳои нисбии қисматҳои ғарби вашарқии теппа.

Баландии мутлақ – баландии ҳар нуқтаи сатҳи замин аз сатҳи уқёнус. Дар тарҷума аз лотинӣ маънои баландии беохир- ро дорад.

Дар Қирғизистон маъмулан сатҳи сифрро аз футштоки Баҳри Балтик, ки халиҷи Фин ҷойгир гардидааст, муаян мекунанд.

Хатҳои уфуқй. Дар сатҳи замин маҳалҳои ҳамвори дорои баландии якхела вомехуранд. Дар харитаҳои топографӣ онҳо бо хатҳои уфуқй ифода меёбанд. Хатҳои уфуқӣ дар харитаҳои топографӣ баъди 1, 5, 25 ва 50 метр оварда мешаванд.

Хатти уфуқй – хатти баландии яксони сатҳи заминй аз сатҳи баҳр

Хатҳои уфуқӣ чи гуна гузаронида мешаванд?

  1. Барои гузаронидани хатҳои уфуқӣ, бояд нуқтаҳои баландиҳои яксон доштаро муаян кард.
  2. Нуқтаҳои баландии яксон доштаро дар ёнаҳои шарқй ва ғарбӣ муаян намуд.
  3. Дар ин нуқтаҳо баъди ҳар як метр ҳисобчӯб мегузорем.
  4. Бо ёрии тароза баландиҳоро муаян мекунем.

Натиҷаҳои ба даст омадаро дар планшет қайд мекунем.

Аз рӯи шиддатнокии уфуқҳо мешавад нишебиҳои теппаро муаян кард. Ба расми 23 диққат медиҳем. Агар фосила миёниуфукҳо 10 метрро ташкил диҳад, мешавад гуфт, ки қисмати ғарбй нишебитар аст, чаро ки ин уфукҳо наздиктар ба якдигар ҷойгир гардидаанд. Уфуқҳои ёнаи шарқӣ дар фосилаи дуртар ҷойгир гардидаанд, аз ин бармеояд, ки ёнаи шарқӣ ҳамворгар аст.

Дар харитаҳои топографй дар қатори хатҳои уфуқӣ, инчунин рахҳои бергй (берг-штрих) низ нишон дода мешаванд.

Рахҳои бергй – хатҳои кӯтоҳи номуттасил дар уфуқҳои харитаҳои топографй, ки самти поин ё болои нишебиро нишон медиҳанд.

Рахҳои бергй дар релеф ду шакли релефро ифода мекунанд: баландиҳо ва пастиҳо (рам. 24). Агар рахҳои бергй ба берун равона гардида бошанд, ин нишо- наи баландист ва агар онҳо ба дохил равона туда бошанд, ин нишонаи пастиро дорад (раем. 24 а, б)

Савол ва супоришҳо

Бо истифода аз расми 23 ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

а)   Баландин мутлақ ни гуна аст?

б)   Баьди чанд метр уфуқҳо гузаронида шудаанд?

в)   Кадом тарафи ёна нишебтар аст?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …