Главная / Илм / БАКТЕРИЯҲО

БАКТЕРИЯҲО

bacteriaБАКТЕРИЯҲО (Bacteria; аз юн. bakterion – чӯбча), микроорганизмҳои асосан якҳуҷайра, ки дар табиат ниҳоят фаровонанд.
Б.-ро бори аввал дар а. 17 олими голландӣ А. Левенгук ошкор кард. Омӯзиши дақиқи хусусиятҳои биологии Б. бо номи олими франсавӣ Л. Пастер, микробиологи немис Р. Кох ва олими англис Д. Листер марбут аст. Б. чӯбшакл, курашакл (коккҳо), спиралшакл (спирохетаҳо), вергулшакл (вибрионҳо) ва ғ. мешаванд. Дарозии Б.-и чӯбшакл 1 – 8 мкм, барашон 0,5 – 2 мкм, диаметри Б.-и курашакл 0,5 – 1 мкм аст (1 мкм – аз ҳазор як ҳиссаи миллиметр). Б. бо девораи ҳуҷайравӣ ва ғишо (мембрана)-и ситоплазмавӣ фаро гирифта шуда, ситоплазмаи қабат-қабат, дона-дона ва найчашакл доранд. Ҳуҷайраи Б. аз кислотаи дезоксирибонуклеат ва рибосома, ки дар таркибаш кислотаи рибонуклеат дорад, иборат аст. Б. ҳамчун организмҳои сапрофит (ғизояшон боқимондаи моддаҳои гуногуни органикист) ё паразит ғизо мегиранд. Баъзе навъҳои Б. (мас., Б.-и азотандӯз) аз моддаҳои ноорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Вобаста ба тарзи нафасгирӣ Б. ба аэробҳо, микроаэрофилҳо (дар мавриди паст шудани фишори ҷузъии оксиген инкишоф меёбанд) ва анаэробҳо (барои инкишофи онҳо оксиген лозим нест) ҷудо мешаванд. Дар раванди фаъолият Б. ба муҳит ферменти зиёд ихроҷ менамоянд. Баъзе Б. қабати берунии муҳофиз (капсула, спора ва ғ.) доранд. Дар Б. тағйирпазирӣ, мутобиқат ва устуворӣ бар зидди таъсири зарарнок назар ба диг. организмҳо бештар аст. Ба бисёр Б. зиддияти байниҳамӣ, муқобилат бо микроорганизмҳои дигар, инчунин ҳолати симбиоз (ҳамзистӣ) хос мебошад. Актиномисетҳо, микоплазмаҳо ва ғ. гурӯҳҳои асосии Б.-ро ташкил медиҳанд.
Вобаста ба таркиби химиявӣ Б. аз ҳуҷайраи организмҳои дигар тафовут надоранд. Ҳуҷайраи Б. аз 75 – 85% об иборат аст. Тақр. 90%-и боқимондаи хушкро пайвастҳои молекулаашон калон – кислотаҳои нуклеинат (10%), сафедаҳо (40%), полисахаридҳо (15%), пептидогликан (10%) ва липидҳо (15%) ташкил медиҳанд.
Дар рафти ҳаёти Б., мисли организмҳои дигар, ферментҳои сершумор ширкат меварзанд. Баъзеи онҳо (мас., эндоферментҳо) фақат дар дохили ҳуҷайра фаъолият карда, раванди синтез, нафаскашӣ ва ғ.-ро таъмин месозанд. Ферментҳои дигар (экзоферментҳо)-ро Б. ба муҳит ихроҷ менамоянд.
Баҳри рушду афзоиши Б. бояд муҳити сукунат ба миқдори кофӣ гази карбонат, нитроген, намакҳои гуногун ва ҳарорати мувофиқ дошта бошад. Барои бисёр Б.-и беморизо ҳарорати созгор 370 аст (яъне мувофиқ ба ҳарорати бадани одаму ҳайвонот).
Ба фаъолияти Б. ҳарорат, намӣ, афканишоти ултрабунафш ва ионнок таъсир мерасонанд. Б. ба сармо тоб меоранд. Баъзеи онҳо дар сармои 190С (спораҳо дар – 2530С) низ метавонанд фаъолият дошта бошанд. Вале аз гармии зиёд онҳо зуд нобуд мешаванд; Б.-и беспора дар ҳарор. 60 – 700 ва спорадор дар ҳарор. зиёда аз 1000 маҳв мегарданд.
Дараҷаи бардошти Б. ба беобӣ низ гуногун аст. Мас., гонококкҳо бинобар хушкидан зуд мефавтанд; фаъолияти Б.-и исҳоли хунин то 7 рӯз, гулӯзиндонак – 30 рӯз, домана – 70 рӯз, бемории сил – 90 рӯз, спораҳои батсиллаи сӯхтанӣ то 10 сол маҳфуз мемонад. Б. ба афканишоти ултрабунафш, аз ҷумла ба нури бевоситаи офтоб, ҳассос мебошанд.
Аз миқдори беинтиҳои Б.-е, ки дар табиат мавҷуданд, фақат адади ками онҳо боиси пайдоиши бемориҳо мешаванд. Б.-и бемориовар баъди ба организм афтодан, заҳр – экзотоксин ҳосил мекунанд (мас., ангезаҳои хуноқ, ботулизм, кузоз ва ғ.). Экзотоксинҳо ниҳоят заҳрнок мебошанд: 5 кг заҳри ботулизм ё 7 кг энтеротоксини стафилококкҳо метавонад зиёда аз 5 млн л обро сироятнок созад.
Баъзе Б. (салмонеллаҳо, микробҳои рӯда, ангезандаҳои исҳоли хунин, гонококкҳо ва ғ.) эндотоксин ҳосил мекунанд. Заҳрнокии эндотоксинҳо нисбатан суст буда, онҳо ба бофтаҳо таъсири интихобӣ надоранд; эндотоксин зери таъсири формалдегид ба анатоксин табдил намеёбад.
Б. дар хок, об ҳаво, организми одам ва ҳайвонот мавҷуд буда, дар мубодилаи моддаҳо дар табиат, барқарор сохтани захираи гази карбонат (CO2) дар атмосфера ва ғизоҳои минералии нитрогендор дар хок (барои сабзиши растаниҳо заруранд) аҳамияти калон доранд. Баъзе Б. барои ҳосил кардани антибиотикҳо, ферментҳо, спирт, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ ва ғ., инчунин дар таҳвили пахта, абрешим, қаҳва, каучук, силосонии хӯроки чорво ва ғ. аҳамияти калон доранд. Б.-и дигар боиси пӯсиш ва туршии озуқаворӣ ва диг. анвои маҳсулот мегарданд. Б. ангезандаи бисёр бемориҳои одам (вабо, исҳоли хунин, домана, тоун, хуноқ, сил, брутселлёз ва ғ.), ҳайвонот (мас., сӯхтанӣ ва ғ.) ва растанӣ (тосаки картошка ва ғ.) мебошанд. Баъзе Б.-и бемориовар ва заҳри онҳо барои тайёр кардани ваксина ва зардоби табобатӣ ба кор мераванд. Бар зидди Б.-и зарарнок аз воситаҳои физикӣ (ҳарорати баланд, нури ултрабунафш ва ғ.) ва химиявӣ (моддаҳое, ки бактерияҳоро маҳв мекунанд ё инкишофи онҳоро суст мегардонанд) истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …