- Дар қабристон, дар як рӯзи муайян ҷамъ шудан.
- Чароғ дар қабристон равшан кардану гулхан афрӯхтан.
- Занон ба гуристон рафтан (бо тифлон ва ё танҳо).
- Аз симон ва оҷур қабрро бино кардан.
- Қабрро тавоф ва саҷда кардан ва бӯсидан.
- Азодории бештар аз се рӯз барпо доштан (ва зиёд, либоси азодорӣ дар бар кардан).
- Дар рӯзи фавт ва баъди фавти наздикон зиёд гиристан, навҳа кардан, рӯйканиву мӯйканӣ кардан, либос пора кардан ва худро ба дару девор задан ва бехудиҳо кардан.
- Ширинӣ ва дигар маъкулот бар сари қабристон бурдан.
- Хайма бар сари қабристон бино кардан, зарфҳои рӯзгор ва чизҳои гуногунро рӯи қабрҳо гузоштан.
- Шомгӯрӣ, харҷи рӯзи саввум ва ҳафтум ва даҳум ва бистум ва чиҳилум ва харҷи солро таъйин намудан ва ақида доштан, ки ин гуна инфоқ (харҷ)-ҳо барои майит бештар савоб дорад ва лозим аст.
- Никоҳи бевазанонро айб донистан.
- Дар маъракаи арӯсӣ, хатнасӯрӣ ва ғайра аз қудрат зиёда харҷ кардан ва хусусан, ки қарз бигирад ва харҷ намояд.
- Фахр кардан, бар насаб, ки ман писарӣ фалонӣ ҳастам. (шоҳ, амир, ҳоким…)
- Барои наҷоти худ аз ҳалокат касеро кофир донистан.
- Дар вақти мусибат, бо овози баланд навҳа кардан ва гиря кардан.
- Бар сару сина задан ва дар вақти мусибат рӯй харошидан.
Tags Имоми Аъзам (Осор)
Инчунин кобед
Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо
Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …