Главная / Гуногун / Ба тамоми мусалмонон ва аҳли илми Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Қавқоз ва Русия

Ба тамоми мусалмонон ва аҳли илми Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Қавқоз ва Русия

Бо эҳтироми бузург ва сипосгузории беҳамто, ба хотири ояндаи халқи азизам, ба шумо муроҷиат мекунам.

Ба шарофати истиқлолият шамъе афрӯхта шуд, ки ин шамъ соли 999 мелодӣ хомӯш гардида буд. Бо амри таърих ҳазор сол паси сар шуд, то ин шамъ зи нав биафрӯзад.

Дар таърихи инсоният ҳеҷ кадом давлатдориро бо замони Сомониён баробар натавон кард. Онҳо системаи ҷамъиятӣ не, балки системаи оқилонаи давлатдориро ба вуҷуд оварданд, ки ин система сабабгори инкишофи илм, санъат, маданият, дин, фалсафа ва ғайра гардид. Наслҳои ояндаи инсоният тамаддуни волои Сомониёнро «тамаддуни исломӣ» номиданд. Дар ҷилди 11-уми китоби «Таърихи тамаддун» Вил Дуронт мегӯяд: «Пайдоиш ва аз байн рафтани тамаддуни исломӣ ҳодисаи басо бузурги таърихӣ аст. Ислом дар тӯли 500 сол аз ҷиҳати нерӯ, назм ва ахлоқи некӯ, инкишофи сатҳи зиндагонӣ, қонунгузории боадолати инсонӣ, эҳтиром ба ақоиди динӣ ва ақоиди динии дигарон, адабиёт, таҳқиқи илмӣ, тиб ва фалсафа пешоҳанги ҷаҳон буд.

Аврупо аз диёри Ислом (Сомониён) ғизоҳо ва шарбатҳо, доруву дармон, аслиҳа, нишонаҳои хонаводагӣ, салиқа ва завқи ҳунарӣ, олат, русуми санъат, тиҷорат, қонунгузорӣ ва луғати онро низ аз мусалмонон иқтибос кард… уламои мусалмон риёзиёт, табиатшиносӣ, кимиё, ҳайъат ва тибби Юнонро ҳифз карданд ва ба камол расониданд. Мероси Юнонро, ки бисёр ғанитар шуда буд, ба Аврупо интиқол доданд… Файласуфҳои мусалмон (Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд ва д.) эҷодиёти Арастуро барои Аврупои Масеҳӣ дастрас намуданд.

Ибни Сино ва Ибни Рушд аз Шарқ ба фалсафаи Аврупо партав афканданд… Танҳо ба давраҳои тиллоии таърих як ҷомеа метавонистааст дар як муддати кӯтоҳ ин қадар корро ба сомон бирасонад».

Дар китоби дигар, ки «Тамаддуни Ислом ва араб» ном дорад, гуфта шудааст: «Баъзе (аз аврупоиёни мо) ор мекунанд, иқрор шаванд, ки як қавми кофар ва мулҳиде (Сомониён) сабаб шудаанд, Аврупои масеҳиро аз ҳолати ваҳшоният ва ҷаҳолат раҳо кунанд… нуфузи ахлоқии ҳамин аъроби зоидаи Ислом он қавми ваҳшии Аврупоро, ки салтанати Румро зеру забар намуданд, ба тариқи одамият дохил кард ва инчунин нуфузи ақлонии онҳо дарвозаи илму фан ва фалсафаро, ки аз он (аврупоиён) ба куллӣ бехабар буданд, ба рӯи онҳо боз кард ва то 600 сол устоди мо – аврупоиён буданд».

Шумораи чунин иқтибосҳоро чи аз Ғарбу ва чи аз Шарқ ба ҳазорон расонидан мумкин аст, вале аз он чӣ суд?

Мутафаккирон ва муаррихони чӣ гузашта ва чӣ ҳозира ҳақиқатро баён кардаанд ва то андозае сабабҳояшро ҳам иброз доштаанд. Вале ин шамъ чаро дар тӯли 900 сол дигар оташ нагирифт? Ва чаро аврупоиён шашсад сол аз мо омӯхта, имрӯз ба тамаддуни воло, тараққиёти илму техникаи оламгир соҳиб шуданду диёре, ки Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва ҷаҳонгир Ибни Синову риёзаткаш Умари Хайёмро додаасту тамаддуни исломии оламгирро бунёд кардааст, дар тӯли 900 сол қудрати оддитарин гиреҳро боз кардан пайдо накард ва кор ба дараҷае расид, ки дар охири асри ХХ аз гузаштаи хеш канда гардид? Ин чист ва ин кист? Магар вақти он расидааст, ки жарфтар андеша биронем?

Барои он ки ба баъзе ин саволҳо посух бидиҳем мо бояд аввал роҷеъ ба масъалаи дин дар аҳди Сомониён таваққуф бикунем. Зеро ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ кадом гӯшаи дунё дини Ислом ба ин қадар шаҳомат ва салобат нарасида буд, чунон, ки дар замони Сомониён. Дар ин давра ду мафҳум – «Ислом» ва «илм» синоними ҳамдигар шуда буданд. Аҳли дин агар «Ислом» гӯянд, «илм»-ро мепиндоштанд ва агар «илм» гӯянд «Ислом»-ро.

Дар дини Ислом «илм» ақоиди ҳукмрон ба шумор меравад. Ба мисли имл ягон ақоиди дигареро пайдо карда наметавонем, ки тамаддуни исломиро ин қадар бо салобаташ ифода карда тавонад. Ҳатто бисёр мафҳумҳои муҳими дини Ислом – аз қабили «тавҳид – яъне эътирофи ваҳдат ба Худо», «ад-дин – яъне эътиқоди Ҳақ-таъоло» ва ғ. бо илм баробар шуда наметавонад.

Мувофиқи таълимоти Қуръон ҳамаи донишҳои инсонӣ аз Худо сар мезананд. «Ва-л-қадари хайриҳӣ ва шарриҳӣ минал-л-лоҳи таъоло».

Мутобиқи суннати Ислом илм аз ду қисми ҷудонашаванда иборат аст: якум, дониши инсонӣ – ин дониши дунявии инсонӣ аст, ки оддӣ ё як андоза инкишоф ёфта мебошад ва дуйюм, дониши инсонӣ ин дониши динӣ буда, инкишофи олии дониш аст, ки ба инсон дастнорас намебошад. Вале ғайр аз ин ду намуди дониши инсонӣ боз дониши илоҳӣ мавҷуд аст, ки ба донишҳои инсонӣ мувофиқати том дорад, вале аз лиҳози мартабаву зарофат хеле олӣ аст. Худо инро ба дили дӯстдоронаш медиҳад, ки ҳақиқатро дарк кунанд ва кашфиётҳои ҷиддӣ карда, заҳмати инсониятро сабук ва худшиносии ӯро бедор гардонанд.

Нусрат ва шигифти тамаддуни исломӣ ба ҳамин ақидаи пайғамбарии «илм» вобастагӣ дорад. Ин ақидаи Муҳаммад (с) дини Исломро дар замони Сомониён ба арши аъло расонид. Ба тафсири оқилона ва гениалонаи ин ақида марди бузургвори ҷаҳонии тоҷик Имом-ал-Бухорӣ сабабгор шуда буд. Ва муҳим он аст, ки сиёсати давлатдории Сомониён ба аҳли дин имконият фароҳам овард, ки ба ақидаҳои Имом-ал-Бухорӣ ҷомаи амал пӯшонанд. Вале сад афсӯс, ки ин таркиби илмии дини Ислом то айёми мо идома наёфт. Зеро барҳам хӯрдани давлати Сомониён ва ба ҷои он ба сари ҳокимият омадани урдуҳои ҷоҳилу хунхор ҳама чизи беҳтарине, ки дар замони Сомониён нашъунамо мекард ва сайқал меёфт, зеру забар карда шуданд. «…урдуҳо дар Хуросон, Бухоро, Самарқанд, Балх ва дигар шаҳрҳои мутараққӣ ваҳшоният содир мекарданд. Санъат, кутубхонаҳо, хоҷагии қишлоқи олидараҷа, кӯшкҳо ва масҷидҳоро ба боди фано медоданд» (К.Маркс). Ин ҳолат зиёда аз сад сол тӯл кашид. Ситораҳои тобони тамаддуни башарӣ, ки дар замони Сомониён ба илму фарҳанг шуғл меварзиданд, бо сахтиву зорӣ ва гурезагӣ аз олам гузаштанд. Ба сари дин ҳам одамони тасодуфӣ ва ҷоҳил омаданд. «Агар гӯӣ. ки об ташнагиро мешиканад, туро кофир мехонанд» (Носири Хисрав). «Дар рӯзгори гузашта хулафон Ислом уламои динро талаб кардандӣ ва эшон мегурехтандӣ ва акнун аз баҳри сад динори ҳаром шаб ва рӯз бо подшоҳони фосиқ нишинанд ва даҳ бор ба салом раванд ва ҳар даҳ бор бошад, ки маст ва ҷунуб хуфта бошанд, пас агар як бор бор ёбанд, аз шодӣ бим бувад, ки ҳалок шаванд ва агар тамкин ёбанд, ки бӯсае бар дасти фосиқе ниҳанд, онро боз гӯянд ва шарм надоранд…ва агар мӯҳташамӣ дар дунё эшонро нисф – ал – қиёме кунад, пиндоранд, ки биҳишт ба иқта ба эшон додаанд» (Айнулқузот).

Аз ҳама бадтар ҷудоиандозӣ дар дохили дини Ислом аст. Ба шиаву суннӣ тақсим кардан, ба вуҷуд омадани равияҳои шаккокӣ ва ғ., ки берун аз ҳудуди давлати Сомониён реша медавониданд, ба рӯи об баромаданд. Ҳамаи ин ба он сабаб шуд, ки дар дохили дини Ислом хусусиятҳои экстримистӣ пайдо гарданд. Кор ба дараҷае расид, ки ҷараёнҳои экстримистӣ ба террори хунин даст мезаданд.

Аз тарафи дигар, дар афкори ҷамъиятӣ низ индифферентизми фалсафӣ ҳукмрон гардид. Аз қабили дахрия ҷараёнҳои экстримистие ба вуҷуд омаданд, ки бо баҳонаи тадқиқи илмии Олам ба экстримизми соф зиддидинӣ, дар натиҷа, соф зиддиилмиро ҷорӣ карда, дар афкори ҷамъиятӣ хилоф ангехтанд ва дар байни илм ва дин сади касногузар гузоштанд.

Табиист, ки дар он замон ҳар қадар тадқиқи олами моддӣ аз тарафи илми табиатшиносӣ чуқуртар мерафт, ҳамон қадар зиддидинӣ маънидод карда мешуд. Ин ҳолат Ғазолиро бетараф гузошта наметавонист. Дар охири асри  ХI аз ӯ бузургтар шахсе набуд, ки ин корро ба дӯши худ бигирад. Ин марди забардаст муаллифи 400 асари безавол буд. Вале дониш худ ҳанӯз ҳикмат шуда наметавонад. На «идеалистон», на «материалистон», на аҳли дин ва на аҳли илм фаҳмида наметавонистанд, ки оқибати ин бо чӣ меанҷомад. Тафаккури онҳо аз доираи замонаашон берун намерафт. Ғазолӣ бошад ба таври радикалӣ (ошкоро) ба муқобили илми табиатшиносӣ баромад карда наметавонист, хар чанд, ки дертар онро манъ кард. Аз ин лиҳоз, ӯ гарчи ба Ибни Сино таваҷҷӯҳи хосае дошт, ба муқобили фалсафаи ӯ қиём намуд. Ӯ нағз медонист, ки то Ибни Синоро саркӯб накунад, ба худ роҳ кушода наметавонад. Аз ин лиҳоз, фалсафаи ӯро ба бист асл тақсим намуда, сетоашро зиддидинӣ ва 17-тоашро бидъатангез эълон кард. Инкор карда шудани фалсафаи Ибни Сино маънои инкори илми табиатшиносиро дошт. Ба қавли Муҳаммад Юсуфи Мӯсои Мисрӣ «пас аз танқиди Ғазолӣ мусалмонони Шарқ дар ҳамаи мамолики Исломӣ фалсафаро рад карданд ва бешармона Шайх-ур-раисро хавфнок эълон карданд». Ҳол он ки Ибни Сино ягона шахсе буд, ки ба моҳияти дини Ислом ҳаққонӣ сарфаҳм мерафт ва ӯ медонист, ки тадқиқи олам, ҳодиса ва зуҳуроти он аз тарафи илми табиатшиносӣ ба инкори Худо не, балки ба илми рубубият мебарад. Ҳамин тавр ҳам шуд, билохира, дар илми табиатшиносӣ аз солҳои 1965 сар карда кашфиётҳои бисёр ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба маънои томи ин калима инқилобӣ буданд. Аммо садди касногузари идеологияи коммунистӣ ба убур намудани ҳақиқат мутлақо роҳ намедод, ки олимон, файласуфҳо ва аҳли дин аз ҳақиқат огаҳ гарданд.

Назарияи абадияти Олам, назарияи абадияти Вақту Фазо, материя, назарияи эволютсионии аз як навъи ҳайвонот ё наботот пайдо шудани навъҳои дигар, назарияи аз олами ҳайвонот бадар шудани Одам ва ғайраву ғайраҳо мутлақо беасос, ботил, ғайри илмӣ ва бардурӯғ баромаданд.

Ҳамаи ин моро ба кашфи ақоиди бикр овард:

Якум. Ба куллӣ дигаргун сохтани ҷаҳонбинии динӣ, яъне даст кашидан аз таркиби ҳозираи дини Ислом, ки мо онро дар ҷадвали якум – «Таркиби дини Ислом аз замони Имом-ал-Ғазолӣ (ар ХI) то замони мо» мебинем. Ва ба ҷои он қабул кардани структураи (сохти) замони Сомониён, ки мо онро дар ҷадвале бо унвони «Таркиби дини Ислом аз ҳадисҳои Муҳаммад, яъне аз замони Имоми Аъзам то шикасти давлати Сомониён» нишон додаем.

Эзоҳ медиҳем: Ҳаргиз аҳли дин гумон накунанд, ки бо ин амали худ пояҳои дини Исломро суст мекарда бошанд, баръакс, дини Ислом, ки дар зоти худ айбе надорад, аз истифодаи комёбиҳои илми табиатшиносӣ боз ҳам бузургу тавоно ва ҳамҷӯри замони нав – илму техника мегардад. Ин гуфтаҳои мо ҳаргиз маънои онро надорад, ки фардо муллоҳо ба факултаи физика ё зистшиносӣ рафта ин фанҳоро омӯзанд. Омӯзиши равони аҳли дин моро ба хулосае овард, ки эшон роҳҳои бо кашфиётҳои илмӣ шинос шуда, ба тезӣ азбаркунии онро доранд.

«Илм ба мо равшаноию тавоноӣ мебахшад ва имон ишқу умеду гармӣ. Илм суръат медиҳад ва имон ҷиҳат. Илм ҷаҳонро ҷаҳони одамӣ мекунад ва имон равонро равони одамият месозад. …илм ҳам метавонад ҷаҳонро бисозад ва ҳам инсонро, пас ҳам кори худашро анҷом медиҳад (ҷаҳонсозӣ) ва ҳам кори имонро (инсонсозӣ)» (Муртазо Мутаҳҳарӣ).

              Туро донишу дин раҳонад дуруст,

              Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.

              Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд,

              Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд,

              Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,

              Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй.

                                                             (Фирдавсӣ)

Дуюм. Имрӯз замоне расидааст, ки аз ҷаҳонбинии ҳукмрони илмии худ даст бикашем. Зеро ҷаҳонбинии илмие, ки аз сӯрохии идеологияи коммунистӣ гузаштааст, ҷаҳонбинии илмие, ки дар замони давлатдории махуф бунёд гардидааст, пояҳои вай давлати демокративу дунявӣ, давлате, ки хишти нахустини худро аз шолудаи шаҳдбори тамаддуни ҷаҳонӣ оғоз менамояд, бардошта наметавонад. Мо бояд комёбиҳои илми муосирро ба наслҳои оянда бирасонем. Қабл аз ҳама худи мо аз комёбиҳои илми муосир огоҳ бошем. Дар акси ҳол наслҳои оянда моро мазаммат хоҳанд кард. Аз тарафи дигар, барои онҳо зиндагонӣ ногувор хоҳад шуд. бигузор ҳамаи кашфиётҳое, ки мо баррасӣ мекунем, ба дарди онҳо нахӯранд, бигузор баъзеи онҳо ботил бароянд, вале аз гуфтаи шоир Усмони Шарифзода «Агар аз ҳақиқат рӯй битобед, Худо аз Шумо рӯй бигардонад, зеро ҳақиқат ҷамоли ҳазрати Парвардигор аст».

Бо илтифот ва эҳтироми бузург аз Шумо тақозо мекунем, ки барои дастгирии ин ғояи прогрессивӣ ҳиссаи худро гузоред.

Ин ғоя на фақат мартабаи давлати имрӯзаи тоҷиконро баланд бардошта, иттиҳоди мустаҳками байни халқу давлат ва илму динро таъмин мекунад, балки ворисони ҳақиқии давлати Сомониён будани мо тоҷиконро ба ҷаҳониён бори дигар собит месозад.

Иброҳим Умарзода. (Иқтибос аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 1999, №33, (20.103))

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …