Главная / Гуногун / ҲИСОБОТИ ЭЛЕКТРОНӣ БА КУМИТАИ АНДОЗ

ҲИСОБОТИ ЭЛЕКТРОНӣ БА КУМИТАИ АНДОЗ

Ба ҳолати 1-уми майи соли 2020 шумораи умумии андозсупорандагоне, ки эъломияи андозро пешниҳод намуда, дар ноҳия 1442 адад буда, аз он 901 андозсупоранда ба шакли пешниҳоди электронии ҳисоботи андоз гузаштаанд, ки 62,4%-ро ташкил медиҳад,  гуфт муовини сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Айнӣ Тӯймаҳмад Шеров. – Аз он ҷумла, шумораи шахсони ҳуқуқӣ 297 адад буда, ба шакли электронии пешниҳоди ҳисоботи андоз 294 адад ё 98,99%, соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз шумораи 1145 адад ба шакли электронии ҳисобот 607 адад ё 53,0% гузаштаанд.
Барои коҳиш додани бақияи қарзи андоз дар асоси талаботи моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи сипаришудаи соли 2020 ба 62 андозсупоранда барои пардохти қарзи андозҳо ба маблағи 6,8 млн сомонӣ огоҳинома дастрас гардид. Дар натиҷа, аз ҳисоби ин огоҳиномаҳо ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ андозҳо ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд. Инчунин, аз тарафи Раёсати андоз дар вилояти Суғд бо мақсади ситонидани қарзи андозсупорандагони ноҳия ба маблағи 1,1 млн чанд адад қарор сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз ин ҳисоб низ ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ пардохт гардидааст.
Ба ҳолати имрӯза бақияи қарзи андози андозсупорандагони ноҳия дар назди буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, 389,3 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба ибтидои соли ҷорӣ 12,4 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Аз маблағи умумии қарз 123,0 ҳазор сомониашро қарзи андози иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Шумораи соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ноҳия ба санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ 1171 адад буда, аз он хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 1048 адад, соҳибкорони инфиродӣ 123 адад мебошанд. Аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асо си шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ин давра ба маблағи 337,4 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст. Теъдоди соҳибкорони дар асоси патент фаъолияткунанда 650 ададро ташкил дода, ба маблағи 317,1ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷет пардохт намудаанд, ки ба ҳар як соҳибкор ба маблағи 162,63 сомонӣ рост меояд.
Бояд қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»- ро Нозироти андози ноҳияи Айнӣ аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли равон бо дарна зардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 101,4% таъмин намуд. Ба қисми даромади буҷети давлатӣ амалан 44,1 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 623,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва дар қиёси маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 733,4 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА, вилояти Суғд

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …