Главная / Гуногун / Ба сари қудрат омадани Абдураҳмонхон дар Афғонистон

Ба сари қудрат омадани Абдураҳмонхон дар Афғонистон

Дар дохили Афғонистон чунин шахсият набуд. Ҳам истилогарони англис, ҳам русҳо ва ҳам афғонҳои исгиқлолиятхоҳ дар ин вазифа набераи Дӯстмуҳаммад ва ҷияни Шералиҳои Абдураҳмонхонро дидан мехостанд. Русҳо ба Абдурахмонхон шарот фароҳам оварданд, ки аз Туркистон фирор кумад. Ӯ аввал ба Бадахшон омад. Дар он ҷо ҳокимияти ӯро эътироф карданд. Ҳар се тарафи мухолифат ҳapaкaт мекарданд, ки Абдураҳмонхонро барои манфиатҳои худ истифода баранд. Ӯ бошад, аз мухолифатҳои рақибон истифода бурда мехост, ки ҳокими мутлақи Афғонистон шавад.

154px-abdur_rahman_khan

Соли 1880 дар Кобул ва Қандаҳор ошӯбҳои зиддианглисӣ қатъ, нагардидаид. Ҳокими Ҳирот Мухаммадаюбхон нисбати англисҳо мавқеи оштиноназир дошт. Ӯ зидди Қандаҳор тайёрӣ медид. Дар Ғазна бошад, фидоиён аз нав ҷамъ омада, ба Кобул ҳуҷум карданӣ буданд, барои англисҳо вазъи номусоид фаро расид, барои ҳамин онҳо лозим донистанд, ки Абдурахмонхонро ҳамчун амири Кобул эътироф кунанд. Онҳо ҳатто ба ӯ ваъда ҳам доданд, ки бо маблағу силоҳ ёрӣ мерасонанд. Созишномаи Гандумак (дар Кобул доштани резидент ва дастаи ҳарбӣ) бекор карда шуд ва аз дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон даст мекашанд. Ҷавобан ба ин Абдурахмонхон ваъда дод, ки Афғонистон Созишномаи Гандумакро дар бобати маҳдудияти истиқлолияти Афғонистон оид ба сиёсати хориҷии он эътироф мекунад, яъне Афғонистон ҳуқуқ надошт, ки мустақилона ба давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои дипдоматӣ дошта бошад. Абдураҳмонхон инчунин маҷбур шуд, ки аз Афғонистон ҷудо карда, ба зери итоати Англия дароварда шудани баъзе навоҳии ба Ҳиндустон ҳамсарҳадро эътироф кунад.

Вале Англия нисбати Афғонистон аз сиёсати истилогаронаи худ даст накашид. Он мехост, ки Қандаҳорро аз Афғонистон ҷудо карда, ба музофоти алоҳидаи ба Англия тобеъ табдил диҳад. Лекин ҳокими Ҳирот барои ишғоли Қандаҳор бар зидди Англия муборизаи беамон мебурд. Соли 1880 артиши Аюбхон дар наздикии деҳаи Майванд ба нерӯҳои муттаҳидаи англисҳо ва хиёнаткорони Қандаҳор шикаст доданд. Аскарону афсарони душман аз майдони ҷанг рӯ ба фирор ниҳоданд. Соли 1958 ба хотири ғалаба дар Майванд ҳамчун нишонаи ҷидду ҷаҳди бомуваффақият барои истиқлолияти Афғонистон дар шаҳри Кобул муҷассамаи ёдгорие гузошта шуд.

Аюбхон Қандаҳорро муҳосира кард. Дар ин шароит фармондехии англисӣ аз баҳри ҷудо кардани Қандаҳор гузашта, онро ба Абдураҳмонхон супорид. Соли 1881 Аюбхон хост, ки Қандаҳорро аз нав ба даст дарорад. Лекин аз тарафи артиши амир шикаст хӯрд. Дере нагузашта артиши Абдураҳмонхон Ҳиротро ҳам ишғол намуд. Аюбхон маҷбур шуд, ки ба Эрон фирор кунад. Баъди ин Абдураҳмонхон ба ҳокими ягонаи Афғонистон табдил меёбад. Мулло Динмуҳаммад фатво дод, ки Абдураҳмонхон ҳокими тамоми Афғонистон аст. Акнун ӯ муборизаро бар зидди англисҳо давом медиҳад. То миёнаҳои соли 1881 ҳокимияти Абдураҳмонхон дар тамоми Афғонистон паҳн гардид. Сипоҳиёни англисӣ аз Афғонистон пурра бароварда шуданд.

Бо ҳамин ҷанги дуюми Англия бар зидди Афғонистон ба шикаст дучор шуд.

Ба Абдураҳмонхон муяссар шуд, ки ба фаъолияти ҷудоихоҳии ашрофон, хонҳо ва қабилаҳои алоҳида хотима гузорад, дар мамлакаг ислоҳоти иқтисодӣ, маьмурӣ, ҳарбӣ ва ҳуқуқӣ гузаронад. Ислоҳот имконият дод, ки ҳокимияти марказии Афғонистонро аз нав барқарор карда шавад. Сарфи назар аз ин ба Абдураҳмонҳои муяссар нашуд, ки ҳамаи қаламрави сукунати паштуҳо, аз он ҷумла кӯҳҳои Сулаймон ва тарафи рости дарёи Ҳиндро ба Афғонистон ҳамроҳ кунад.

Дар солҳои 80-уми асри XIX Русия мехост, ки қаламрави мустамликаҳои худро аз ҳисоби Афғонистон васеъ кунад. Вале ин кор барояш муяссар нашуд. Соли 1887 дар байни Русия ва Афғонистон дар бораи сарҳадҳои онҳо, ки аз дарёи Ҳарирӯд то Амударёро дарбар гирифтаанд, протоколи хотимавӣ ба имзо расид.

Абдураҳмонхон истиқлолияти Афғонистонро чун гавҳараки чашм муҳофизат мекард. Барои ҳамин ӯ ҳатто ба англисҳо иҷозат надод, ки аз Ҳиндустон ба Афғонистон роҳи оҳан созанд.

Абдураҳмонхон охири солҳои 80-ум ва солҳои 90-ум дар масьалаи сиёсати дохилӣ ҷидду ҷаҳди худро бештар ба муқовимат бар зидди забткориҳои Англия дар шимол ва шарқи Афғонистон ва муқовимати паштуҳои ҷудоихоҳ сарф кард. Ба ин нигоҳ накарда ба ӯ муяссар нашуд, ки истиқлолияти пурраи Афғонистонро аз Англия таъмин намояд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

ОФТОБ, ҲАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕҲТАРИНИ МО

Агар аз бачаҳои синф дар ин хусус пурсон шавӣ, албатта, ба ин фикр розӣ мешаванд. …