Главная / Гуногун / Ба мустамликаи Ҷопон табдил ёфтани Корея

Ба мустамликаи Ҷопон табдил ёфтани Корея

22 августи соли 1910 намояндаи кулли Ҷопон Тэраути ва роҳбари ҳукумати лӯхтакмонанди Корея Ли Ванён шартномае тайёр карданд, ки мувофиқи он императори Корея аз ҳокимияти худ даст кашида, онро “пурраю абадӣ” ба императори Ҷопон месупорад. Шартномаи мазкур ба аъзои хонадони император ва ҳамаи онҳое, ки ба Кореяро ишғол кардани Ҷопон мусоидат кардаанд, унвонҳои фахрии дворянии ҷопонӣ ва нафақаҳои калони пулии ин давлат кафолат медод.

1_12

Дар Корея ҳокимият пурра дар дасти генерал-губернатор буд, ки он аз ҷумлаи ҳарбиёни баландмақоми Ҷопон таъйин карда мешуд. Ӯ бевосита ба императори Ҷопон итоат карда, дар Корея ҳокимияти қонунгузор, маъмурӣ, додгоҳӣ ва сарфармондеҳии қувваҳои мусаллаҳро ихтиёрдорӣ мекард.

Барои мустаҳкам кардани ҳокимияти худ империалистони Ҷопон ба Корея се дивизияи мунтазам дароварданд, муассисаҳои жандарму политсия созмон доданд ва маҳбасҳои консёнтратсионӣ сохтанд.

Истилогарони Ҷопон бо мақсади ғулом гардонидани халқи Корея фаъолияти ҳама гуна калисоҳо, ибодатхонаҳо, ташкилотҳои динӣ ва ғайраеро, ки итоат ба истилогаронро ташвиқу тарғиб мекарданд, ҳавасманд менамуданд. Бо забони кореягӣ нашр намудани китобҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳо манъ карда шуда буд. Адабиёти ватандӯстона сӯхта мешуд. Дар назди системаи маорифи ҷопонии Корея вазифа гузошта шуда буд, ки раияти ба ҷопониҳо итоаткор тарбия карда шавад.

Имперализми Ҷопон бойгарии миллии Кореяро ғорат мекард ва боигарии маънавии ӯро хароб месохт. Маблағгузории Ҷопон ба  иқтисодиёти Корея бемайлон меафзуд. Аз ин кор Ҷопон ва Корея даромади калон ба даст медароварданд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …