Главная / Гуногун / Ба Индонезия cap даровардани сармояи хориҷӣ

Ба Индонезия cap даровардани сармояи хориҷӣ

Дар оғози асри XX тақсими Индонезия дар байни мамлакатҳои империалистӣ асосан анҷом ёфт. Қисми бештари он ба Нидерландия (Ҳолландия) насиб гардид. Қисми шимолии Калимантанро Англия соҳибӣ кард. Португалия бошад, қисми шаркии Тиморро дар дасти худ нигоҳ медошт. Ҳолландия аз мухолифатҳои байни давлатҳои империалистӣ истифода бурда, ҳаракат мекард, ки ҳокимияти худро дар ин мустамликаи бой боз ҳам мустаҳкамтар кунад. Лекин ба ин ҷо талоши ширкатҳои давлатҳои дигари империалистиро ба ҳисоб нагирифта наметавонист. Агар Ҳолландия бар зидди онҳо муқовимат мекард, ҳокимияти он дар Индонезия ба зери хавф гузошта мешуд. Аз ҳамин сабаб соли 1905 ҳукумати Ҳолландия маҳдудиятҳоеро, ки дар Индонезия ба ширкатҳои хориҷӣ халал мерасониданд, бекор кард. Баъди ин дар Индонезия шумораи корхонаҳои хориҷӣ зуд зиёд мешуд. Дар ин ҷо майдонҳои нави парвариши қаҳва, найшакар, чой, тамоку ва ғайра васеъ мешаванд.

batavia-8

Саноати истеҳсоли қалъагӣ ва нафт бо тезӣ тараққӣ мекунад. Соли 1890 ширкати шоҳигарии Ҳолландия “Роял Датч” созмон ёфт. Соли 1907 он бо ширкати англисии “Шелл” муттаҳид шуд. Дар натиҷа бо номи “Роял Датч-Шелл” яке аз трестҳои инҳисории бузургтарини нафтии ҷаҳон ба вуҷуд омад. Барои ба Индонезия ворид гардидани сармояи хориҷӣ банкҳо мақоми калон доштанд, хусусан банки Ява, ки он аз соли 1827 арзи вуҷуд дошт. Солҳои 50-ум ва 60-ум ҳам дар Индонезия чандин банки дигар кушода шуданд.

Давлатҳои хориҷӣ халқи Индонезияро сахт истисмор мекарданд. Дар солҳои 70-уми асри XIX – аввали асри XX дар истисморшавии Индонезия ҳиссаи мулкҳои берун аз Ява ва Мадура ва махсусан Суматраи Шарқӣ меафзояд. Ҳиссаи онҳо соли 1873 то 19 фоиз ва соли 1914 қариб то 50 фоизи содироти Индонезияро ташкил кард.

Аз солҳои 70-ум номгуи маҳсулоти барои содирот истеҳсолмекардагии Индонезияи мустамлика зиёд шуд. Муносибатҳои пулию молии он ҳам васеъ гардиданд. Иқтисодиёти Индонезия воқеан моҳияти мустамликавӣ пайдо намуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …