Главная / Гуногун / Бӯҳрон дар мамлакатҳои Европа (Ҷанги якуми ҷаҳон)

Бӯҳрон дар мамлакатҳои Европа (Ҷанги якуми ҷаҳон)

Дар давраи ҷанг ҳукуматҳои мамлакатҳои иштирокчии ҷанг озодиҳои демократӣ – озодии маҷлису гирдиҳамоиҳо, озодии сухан, фаъолияти мақомоти намояндагии халқ ва муассисаҳои дигари демократиро маҳдуд карданд. Онҳо давлатро тавассути силоҳ идора мекарданд. Чунин ҳукуматҳо танҳо ба манфиати сармоядорони калон ва олигархияи молиявӣ хизмат карда метавонистанд. Табақаҳои дигари аҳолӣ бе ҳимояи давлат монда буданд.

Иқтисодиёги мамлакатҳои иштирокчии ҷанг ба роҳи ҳарбӣ дароварда шуда буд. Зиёда аз 70 фоизи саноати калон ва нисфи саноати сабук ба нафъи ҷанг маҳсулот мебароварданд. Истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ниҳоят кам шуд. Аҳволи халқи заҳматкаш чи дар ҷабҳа ва чи дар ақибгоҳ хеле вазнин буд ва он рӯз то рӯз бадтар мешуд. Бо сабаби вазъияти вазнини таъминот ва бесару сомонии давраи ҷанг ҳаннотию порахӯрӣ ва дуздию ғоратгарӣ авҷ гирифт. Ба замми ин қиматӣ аҳволи бе ин ҳам вазнини аҳли меҳнатро боз ҳам тоқатфарсотар кард. Эътирози мардум бар зидди ҷанг торафт меафзуд. Дар солҳои 1914-1917 дар мамлакатҳои иштирокчии ҷанг шумораи корартофтагон бемайлон зиёд мешуд. Корпартоиҳо дар Чехия, Австрия, Руминия, Русия ва мамлакатҳои дигар ба амал омаданд.

1017865782_0_0_3212_1818_600x0_80_0_0_11f11d73c9e62a7c08875a0bed3dca68

Моҳи январи соли 1918 як қисми сотсиал-демократҳои Германия, ки худро гурӯҳи “Спартак” меномиданд ва зидди ҷанг буданд, ба ҳаракати зиддиҳукуматии халқ роҳбарӣ карданд. 28 январ тахти роҳбарии онҳо дар Берлин корпартоии оммавии муқобилони чанг доир гардид, ки дар он қариб ним миллион кас иштирок кард. Корпартоиҳои сиёсӣ музофотҳои Саксония, Бавария, Рейн- Вестфалия ва баъзе музофоту шаҳрҳои дигари саноатии Германияро ҳам фаро гирифтанд. Дар корпартоиҳои сиёсии моҳи январи соли 1918 зиёда аз як миллион нафар муқобилони ҷанг иштирок карданд. Онҳо бас кардани ҷанг, нон ва озодиҳои демократӣ талаб мекарданд.

Дар охирҳои соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия ҳам бӯҳрони инқилобӣ ба амал омад. Вазифаҳои он аз сарнагун кардани ҳукумати подшоҳӣ, барпо намудани ҷумҳурии демократӣ, ба халқ додани озодиҳои демократӣ ва аз ҷанг баровардани Русия иборат буданд.

23 феврали соли 1917 ин инқилоб дар Петербург оғоз ёфт. 3 март подшоҳи Русия Николайи II аз ноилоҷӣ аз Баҳри тоҷу тахт даст кашид. Дар Русия инқилофи буржуазию демократии Феврал ғалаба кард. Моҳи августи соли 1917 Русия ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

Вале ҳокимияти ҷумҳурӣ дар Русия дер давом накард. 25 октябри соли 1917 дар Петербург табаддулоти инқилобӣ ба амал омад, ки дар натиҷа дар Русия дар шакли шӯроҳо диктатураи пролетариати РКП(б) барпо гардид. Баъди ғалаба болшевикони Русия аз Германия сулҳ талабиданд. 3 марти соли 1918 Русияи Шуравӣ бо Германия сулҳи алоҳида баста, бо ҳамин аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ баромад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …