Главная / Ҷамъият / Азон пеш аз намоз

Азон пеш аз намоз

azan-300x206Азон ин даъвати мусулмонон ба намоз буда, вақти намозро хабар медихад. Шахсе, ки азон мегӯяд, муаззин номида мешавад. Ҳангоми фаро расидани вақти намоз, азон бо овози баланд аз манора гуфта мешавад. Бо азон мусулмонон панҷ маротиба ба намоз даъват карда мешаванд. Азонро шунида, бояд аз паси муаззин калимаҳои азонро такрор намоем. Чй тавре, ки Пайғамбари Худо (с) омӯзонидааст, дуои азонро бихонем!.

ПАЁМБАР (С) ГУФТААСТ

«Агар одамон медонистанд, ки хондани азон ва гузоридани намоз дар сафи пеш чй Гуна накукорист, барои ин маҷбур мешуданд, ки қуръакашӣ кунанд, онҳо ба ҷуз ин амалро иҷро кардан дигар илоҷе надоштанд».


azon_mano

rivoyat_0032-202x300Калимаҳои ҳамаи азонҳо як хел мебошанд. Танҳо дар азони бомдод баъди калимахои Ҳая алассалоҳ, ду маротиба Ас- салоту хайрун минаннавм хонда мешавад. (яъне, намоз аз хоб бехтар аст). Азон ба мо чиро хотиррасон мекунад?

Азон ба мо хотиррасон мекунад, ки вақти намоз фаро расид. Намоз ибодати хоси мусулмонҳост ва азон нишон медиҳад, ки дар ин маҳал мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Азони панҷ вақта ба мо якка худоиро башорат медиҳад. Дар дилҳои мо эътиқоди вуҷуд доштан ва ягона будани Аллоҳ ва Расули У будани Муҳаммад (с)-ро зиёд мекунад. Ва аз он огоҳ месозад, ки мақсади зиндагии мо ва роҳи наҷот танҳо дар ибодат ба Аллоҳ мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …