АЗОН

azon

  1.  «Аллоҳу Акбар» – «Худо Бузург аст» – 4 бор.
  2.  «Ашҳаду ан(л)ло илоҳа илло-л-Лоҳ» – «Шаҳодат меди-ҳам, ки нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худо» – 2 бор.
  3.  «Ашҳаду анна Муҳаммадар Расулу-л-Лоҳ» – «Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад пайғамбари Худост» – 2 бор.
  4.  «Ҳайя ала-с-салоҳ(т)» – «Ба намоз шитобед» – 2 бор.
  5.  «Ҳайя ала-л-фалоҳ» – «Ба накўкорӣ шитобед» – 2 бор.
  6.  «Аллоҳу Акбар» – «Худо Бузург аст» – 2 бор.
  7.  «Ло илоҳа илло-л-Лоҳ» – «Нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худо» – 1 бор.

Дар намози бомдод баъди таъбири «Ҳайя ала-л-фалоҳ» ду бор «Ас-салоту хайрун(м) мина-н-навм» – «Намоз аз хоб беҳтар аст» гуфта мешавад.

Дар иқомат баъди таъбири «Ҳайя ала-л-фалоҳ» ду бор «Қад қомати-с-салот» – «Намоз барпо карда шуд» гуфта мешавад.

Иқомат нисбат ба азон тезтар хонда мешавад. Азон барои он баланд ва ба дарозо кашида хонда мешавад, то ки тамоми мусулмонони атроф бишунаванд.

 Баъди азон дуо хонда мешавад «Аллоҳумма Рабба ҳозиҳи-д-даъвати-т-томмати ва-с-салоти-л-қоимати, оти саййидано Муҳаммадана-л-василата ва-л-фазилата ва-д-дараҷата-р-рафиъата. Ва-бъасҳу мақоман маҳмудана-л-лазӣ ваъадтаҳу ва-рзуқно шафоатаҳу явма-л-қиёмати, иннака ло тухлифу меъод». (Бор Худоё, Парвардигори ин даъвати том ва намози барпошуда, ба ҷаноби мо Муҳаммад василат, фазилат ва дараҷаи баланд бидеҳ. Ўро дар бузургвортарин мақоме, ки ба ў ваъда кардаӣ, ҷой деҳ ва ба мо шафоаташро дар рўзи қиёмат рўзӣ гардон, ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф накунӣ).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …