Главная / Гуногун / Азон гуфтан ҳангоме ки шайтон касеро нороҳат мекунад ва ё метарсонад

Азон гуфтан ҳангоме ки шайтон касеро нороҳат мекунад ва ё метарсонад

Ҳар гоҳ шайтон касеро нороҳат кунад ва ё ӯро битарсонад, дар он вақт бояд бо овози баланд дар гӯшаш азон гуфт, зеро шайтон аз овози азон фирор мекунад.

Ҳазрати Суҳайл ибни Абӯсолеҳ (paҳ) мефармояд: Падарам маро ба назди Бану Ҳориса фиристод ва бо ҳамроҳам дӯсте ва ё кӯдаке буд. Аз пушти девор шахсе номашро гирифта, ӯро садо кард. Ҳамон шахсе, ки ҳамроҳам буд, ба тарафи девор нигоҳ кард, аммо чизеро мушоҳида нанамуд. Ин воқеаро ба падарам гуфтам. Падарам гуфт:

  • Агар медонистам, ки барои шумо инчунин воқеае пеш меояд, шуморо намефиристодам. Вале ҳар гоҳ овозеро бишнавед, бо овози баланд азон бигӯед, зеро аз Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) шунидам, ки Расулуллоҳ, (с) мефармояд:
  • Ҳар гоҳе азон гуфта мешавад, шайтон аз он ҷо дар ҳоле бармегардад, ки аз ақиб овоз медиҳад ва фирор мекунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …