Главная / Маданият ва санъат / Азон гуфтан дар чанд ҷойи дигар

Азон гуфтан дар чанд ҷойи дигар

Илова аз мавридҳои дар боло зикршуда, дар чанд ҷои дигар низ метавон азон гуфт:

  1. Ҳангоми вуқӯи оташсӯзӣ.
  2. Ҳангоми хашму нороҳатӣ.
  3. Ҳар гоҳ мусофир роҳашро гум кунад.
  4. Ҳар гоҳ шахсе дучори сардард гардад.

Бинобар ин таҳти унвони муолиҷа дар ин мавкеъҳо азон гуфтан хуб аст.

Дар «Имдоду-л-фатово» омадааст, ки дар мавоқеъи зер азон гуфтан суннат мебошад:

  1. Барои намоз.
  2. Дар гӯши тифл ҳангоми ба дунё омадан.
  3. Ҳангоми оташсӯзӣ.
  4. Ҳангоми муҳориба бо куффор.
  5. Ҳар гоҳ ба дунболи шахси мусофир шаётине зоҳир бишаванд ва ӯро битарсонанд.
  6. Ҳангоми ғаму андӯҳ.
  7. Ҳар гоҳ инсон ва ё ҳайвони тарсноку хатарноке зоҳир шавад.

Инҳоро муаллифи «Радду-л-мухтор» дар китобаш зикр намудааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …