АЪЗОИ ҲИС (Organa sensuum), узвҳоеро гӯянд, ки тавассути онҳо организм таъсири ангезандаҳои беруниро ҳис мекунад (чашм, гӯш, пӯст ва ғ.). Ҳар узв фақат таъсири ягон навъи ангезишро дарк менамояд. А. ҳ.-и одам эҳсоси зеринро дарк мекунад: босира, сомеа, шомма, зоиқа, ломиса, дард ва ҳарорат. Ретсепторҳо, яъне нӯги торҳои асабияи ҳассос низ дар амали дарки ҳис ширкат доранд. Аз ин рӯ, мафҳуми А. ҳ. шартист, зеро барои пайдоиши эҳсос ангезиши дар ретсепторҳо рухнамуда бояд ба қишри мағзи сар расад. Пас, ҳар як А. ҳ. фақат як ҷузъи анализаторҳо мебошад.
Tags Доруҳо
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …