Главная / Гуногун / АЗИЗОВ Азим

АЗИЗОВ Азим

imagesАЗИЗОВ Азим (20. 11. 1953, ш. Хуҷанди вил. Суғд – 26. 08. 2011, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (2000), профессор (2002). Хатмнамудаи факултаи педиатрии ДДТТ (1977). Духтури кӯдакон (1977 – 83). Ординатори кафедраи бемории кӯдакони ДДТТ (1983 – 85). Аспиранти Ин-ти тиббии ш. Ростови ФР (1985 – 88). Ассистент, дотсент (1988 – 97) ва аз с. 1987 мудири кафедраи таълими бемориҳои кӯдакони ДДТТ. С. 1995 кафедраи таълими бемориҳои кӯдакон аз Беморхонаи клиникии №1 ба Беморхонаи клиникии №2, ки дар он ҷо Маркази ҷумҳуриявии нефрологияи кӯдакон ҷойгир шудааст, гузаронида шуд. Марбут ба ин А. оиди масоили нефрологияи кӯдакон як силсила пажӯҳиш анҷом дод. Муалифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ. Чор мақолааш дар хориҷи кишвар ба табъ расидааст. Таҳти роҳбарии ӯ кафедра ба масъалаи омӯзиши пулмонологияи кӯдакон машғул мебошад.
Ос.: Оценки качество жизни детей с пиелонефри- том и гломерулонефритом, Д., 2004; Тавсиянома оид ба таҷрибаи истеҳсолӣ барои донишҷӯёни курси III, Д., 2006; Тавсиянома оид ба нигоҳубини беморон, Д., 2006; Особенности течения заболевания мочевыде- лительной системы у детей. Дар маҷ.: «Педиатрия», 2008; Клинико-иммунологической особенности тя- желой пневмонии у детей раннего возраста. Дар маҷ.: «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», 2008.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

agro

КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶТ

КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  Муқаррароти умумӣ Тоҷикистон пеш аз ҳама давлати аграрӣ мебошад …