Главная / Гуногун / Аз чи сабаб зиёиёни мо нисбати таърихи халқи худ бетарафӣ зоҳир мекунанд?

Аз чи сабаб зиёиёни мо нисбати таърихи халқи худ бетарафӣ зоҳир мекунанд?

Зиёиёни мо нафақат нисбати таърихи халқи худ, балки нисбати тақдири халқашон ҳам ҳамин тавр рафтори индифферентивӣ зоҳир мекунанд. Чун зиёиёни тоҷик ватани таърихии моро бо пойтахташ – Бухорои Шарифу Самарқандаш ройгон доданд ва имрўз наслҳои  онҳо аз кўҳ фаромада қудрати як калимаи тоҷикиро иброз доштан надоранд, вале чун академики тоҷик Раҳим Масов дар ин ҷода қатраҳои дурдонаи ҳақиқатро бирехт, дар кўчаву бозор ўро сарзаниш карда, сиёсатмадорӣ мекарданд ва қудрате надоранд, ки ҳатто бо як тақризаке ақидаи академикро шарҳ бидиҳанд ё рад кунанд.

Як бор таърих адаби моро дод, вале аз ин мо хулоса набаровардем. Вале агар имрўз мо боз сиёсатмадорӣ карда, аз форс буданамон даст бикашем, пас ин маънои онро дорад, ки мо аз таърихи панҷҳазорсолаи худ, аз таърихи тўронию Бохтари Кабир, аз таърихи баромади Ориён, аз таърихи баромади давлати умумиҷаҳонии Хахоманиш ва аз империяи бузурги паҳлавӣ ва аз таърихи баромади тамоми халқҳои Аврупо аз ватани мо ва нобиғаҳои гузаштаи худ ҳам бояд даст бикашем. Инро наслҳои оянда нахоҳанд бахшид.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …