Главная / Ҷамъият / Ахбор барои Афкор – гурӯҳи иттилоотию таҳлилӣ

Ахбор барои Афкор – гурӯҳи иттилоотию таҳлилӣ

Аз таьсиси гурӯҳи ” Ахбор барои Афкор” 6 моҳ сипарӣ гардид. Шояд ёдатон бошад, ки 28 ноябри соли 2016 гурӯҳ аввал бо номи рамзии “Сарду торик” пайдо шуд ва бештар масоили вобаста ба нерӯи барқро ба баррасӣ мегирифт. Баьд номашро иваз кардем. Сабаб дошт, чун мо ба ҳадафи тактикии худ расидем….

рачаб мирзо
Сурати Рачаб Мирзо (Рохбари гурухи Ахбор барои Афкор)

Як моҳ пеш, вақте 5 моҳагии ташкилшавии гурӯҳро ёдоварӣ кардем, гурӯҳ каме бештар аз 5000 аьзо дошт. Имрӯз, ки шашмоҳагии ҳузури худро таҷлил мекунем, боз ҳам каме бештар аз 6000 узв дорем.

Хулосаи ҷолиб: ҳар моҳ тақрибан 1000 нафар ба гурӯҳ пайваст мешудааст. Ин кам аст, ё зиёд, намедонам….
Зеро, то ҷое фаҳмидам, мониторинг ва рейтинги гуруҳҳои фейсбукии тоҷнет аслан сурат намегирад. Чанде пеш хабаргузории “Ахбор сом” як матлаби таҳлилмонанд анҷом дода буд, аммо фикр накунам, маьлумоти онро сахт ҷиддӣ гирифтан имкон дошт. Ба ҳар сурат, меьёрҳои сотсиологӣ дар баҳогузориҳои ҳамчунин хеле дигаргунаанд…
Хуб дар ин шаш моҳ мо чӣ кардему оянда чӣ хоҳем кард?

Дуруст аст, ки мо як хабаргузорӣ нестем. Танҳо як гурӯҳ. Зимнан, бархе маврид мебинем барои бархе расонаву хабаргузориҳо матолиби мо агар сарчашма нест, илҳомбахш шудааст. Вале ҳоло мо ба аҳдофи ниҳоии худ нарасидаем. Чун мехоҳем дар гуруҳ бештар баррасӣ ва таҳлил бошад. Яьне сареияти пахши хабар не, балки теьдоди назарҳои сифатнок барои мо муҳимтар аст. Ҳарчанд сареь будан дар бархе ҳолатҳо низ аз мадди назарамон дур нест…
Ва якбора: шояд бархе аз корбарон аз мо ноумед шудаанд, ки назари онҳо ба зудӣ пок мегардад. Оре, аз ин пас ҳам чунин хоҳад буд, ҳар нафаре, ки аз мавзӯь дур меравад, ҳақорату дашном дорад, ё ба касе тӯҳмат карданӣ мешавад, дар баҳси “Ахбор барои Афкор” раҳ намеёбад!

Мо ҳоло ҳам мутмаинем, ки ҳама чиро гуфтан мумкин, аммо бидуни эҳсосоту таҳқир!

Иншоаллоҳ дар гурӯҳ мо ниятҳои хуб ва иқдомҳои такконбахшеро роҳандозӣ хоҳем кард. Дар баробари “ЯК ҲИКМАТ”, “ШЕЬРИ РӮЗ”,”ЛУТФИ РӮЗИ ШАНБЕ”, “ЯК ИҚТИБОС” ва чандин бахшҳои доимиамон мо ҳамчунин ташкили баьзе иқдомҳои ҷолибтарро дорем, ки шояд дар расонаҳои Тоҷикистон вуҷуд надоранд ва сарашон ҳам касе андеша намекунад. Ҳоло барои пайдоиши онҳо шояд имконотамон маҳдуд аст…
Сар аз имрӯз то поёни моҳи шарифи Рамазон ҳар шом ва ҳар субҳ ҳадисе пешкашатон хоҳад гашт. Ин ҳамагӣ як иқдоми мавсимист. Вале мо барномаву иқдомҳои дигаре ҳам хоҳем дошт…
Пас бо мо бошед ва шоҳид гардед.

Сипос аз ҳамаатон!

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …