Главная / Гуногун / Авесто — ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

Авесто — ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

«Авесто», ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор зардуштиён дар ҳиндустон зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан «порсиён» меноманд. Порсиён натанҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд.

Дар миёнаҳои асри ХVIII Анкетил Дюперрони франсавӣ, ки нисбат ба омӯзиши дину мазҳабҳои қадим шавқу рағбати махсусе дошт, ба ҳиндустон сафар намуд. Ӯ назди мӯбадони порсӣ маросими динӣ ва хондани матнҳои қадимиро (ба дараҷае ки мӯбадон балад буданд) омӯхт ва якчанд дастхатро харида гирифт. Ба ватан баргашта, баъдан ӯ тарҷумаи франсавии «Авесто»-ро бо мулҳақоти чанде аз матнҳои марбут ба он интишор дод[1]. Ба воситан ин корнамоии илмии ӯ маълумот дар бораи «Авесто» дастраси аҳли илми Европа гардид. Вале тарҷумаи Дюперрон хеле ноқис буд. Аксари порчаҳоро ӯ нодуруст фаҳмида ва ё комилан нафаҳмида буд.

Дар асри ХIХ ба сабаби инкишофи забоншиносии муқоисавӣ наздикии забони «Авесто» бо забонҳои қадимии хуб омӯхташуда ва аз рӯи бисёр ёдгориҳо маълуми ҳиндӣ-ведоӣ (бо ин забон «Ригведа» ва ёдгориҳои қадими дигари ҳинд навишта шудаанд) ва санскрит исбот гардид. ҳамчунин пайдо шудани мифтоҳи дувумин забони машҳури эронии қадим – форсии қадим, мутолиа ва баррасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пасазавестоӣ ва истифодаи васеи маълумотҳои забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст. Омӯзиши забонҳои эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва зиндаи (забонҳои помирӣ) эронии шарқӣ низ аҳамияти бисёр калон дошт. ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии «Авесто»-ро нисбатан осон намуд[2]. Вале ба ин нигоҳ накарда, тарҷумаи «Авесто» ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад ва мӯътабартарин мутахассисон ҳам баъзе ҷойҳои муҳими «Авесто»-ро ба таври мухталиф тарҷума мекунанд[3].

Муддатҳои зиёде «Авесто» мисли дигар ёдгориҳои динӣ ва ҳамосии ҳиндӣ ва эронӣ ба таври шифоҳӣ, ки ягона шакли дақиқан маҳфуз мондан буд (ғайр аз баъзе тағйироти муайяне дар талаффуз), нақл карда мешуд. Ин тарзи нақл ва хониш боз муддати дуру дарозе, пас аз сабти хаттии «Авесто» ҳам, дар иҷрои ниёиш, таълим ва ғайра, инчунин дар маҳфуз мондани матни анъанавии он аҳамияти умда дошт.

avestaТо ба вуҷуд овардани алифбои авестоии ҳозиразамон (яъне алифбое, ки дастхатҳои то замони мо расидаи «Авесто» китобат шудаанд) матнҳои авестоие вуҷуд доштанд, ки бо алифбои дар асрҳои VI–V пеш милод дар Эрону Осиёи Миёна мустаъмали оромӣ таълиф ёфта буданд. Тибқи навиштаҷоти зардуштии давраи форсии миёна, ки доир ба бисёр масъалаҳои таърихи пешини зардуштия маълумоти дақиқе надошт, дар замони ҳахоманишиҳо маҷмӯи китобҳои «Авесто» мавҷуд буда, ҳангоми забти Искандари Мақдунӣ аз байн бурда шуд, баъдтар шоҳи ашконӣ -Валахш (яъне Вологес, одатан ӯро бо Вологеси I, ки дар асри I милодӣ ҳукмфармоӣ кардааст, айни як кас мешуморанд) фармон дод, ки бақияи матнҳои авестоӣ ва он чӣ ба таври шифоҳӣ байни мӯбадон монда буд, ҷамъ оварда шавад[4]. Олимони имрӯза чунин маълумотро, яъне аслан вуҷуд доштани «Авесто»-и замони ҳахоманишиёнро беасос мешуморанд ва баъзеҳо, ҳатто ба мавҷудияти матни ашконии «Авесто» ҳам шубҳа доранд. Вале, зоҳиран «Авесто»-и хаттӣ дар нимаи дувуми давраи Порт (Парфия) ва яқинан дар оғози давраи сосонӣ вуҷуд дошт. Дар асоси баъзе мадракҳои асноди портҳо, ки аз Насо ёфт шудааст, И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс тахмин доранд, ки дар шарқи давлати Порт дар асри I пеш аз милод матни хаттии «Авесто», ҳеҷ набошад, қисмати ҷудогонаи он, мавҷуд буд[5].

Баъдтар «Авесто» бо алифбое, ки махсус барои навишти он ихтироъ шуда буд, китобат гардид. Ин алифбо дар заминаи хати паҳлавӣ (яъне ҳуруфи китобҳои зардуштии форсии миёна), ки инкишофи яке аз намудҳои хати оромиасос ҳисоб меёбад, ба вуҷуд омадааст. Вале алифбои авестоӣ хеле зиёдтар (бештар аз ду баробар) ҳуруф, аз ҷумла, 14 ҳарфи садонок дорад. Ин алифбои бо тамоми ҷузъиёташ коркардашуда имкон медод, ки матнҳои «Авесто» бо нигоҳ доштани тарзи талаффузи анъанавии гӯяндагони он аз давраи пайдоиши ин ёдгорӣ хеле дақиқ ва саҳеҳ сабт гардад; ба замми ин чунин сабт бо як қатор хусусиятҳо (бештар марбут ба хусусиятҳои қадимаи лаҳҷавӣ) симои забони эронии қадимаро, ки ҳангоми пайдоиши матнҳои авестоӣ мустаъмал буд, пурра ва комилан инъикос менамояд.

Алифбои авестоӣ зоҳиран дар асри VI, аниқтараш дар замони Хусрави I (531 – 579) ба вуҷуд оварда шудааст[6]. Матнҳои бозмондаи «Авесто», ки қадимтарини онҳо ба асрҳои ХIII ва ХIV тааллуқ доранд, ба ҳамин китобати давраи охири сосонӣ мансуб мебошанд.

Китобати «Авесто» ба алифбои то замони мо расидааш аслан дар асоси нақли лафзии он сурат ёфтааст. Худи номи «Авесто» аз калимаи форсии миёнаи араstāk, баъдан аbastāv – ба маънии «асос» (ва ё мувофиқи тафсироти дигар «гузориш», «дастур», «ниёиш» ва ғ.)[7] аст, ки бевосита ба матни маҳфузмондаи «Авесто» нисбат дорад[8]. Замимаҳои он «Занд» (калимаи форсии миёнаи zand «дониш», «таълимот») номида мешуданд. Зоҳиран, матни хаттии «Авесто» (дар сабти алифбои кӯҳна ва шояд дар давраҳои аввали китобати нав) ва ҳамчунин дигар иловаву тафсирҳои дастури авестоиро низ «Занд» мегуфтанд. Вале баъдтар номи «Занд» бештар ба тарҷума ва тафсири дар замони Сосониён анҷомгирифтаи «Авесто» (ҳамаи дастхатҳои қадимии «Авесто» дорои тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони форсии миёна мебошанд) нисбат дода мешуд.

Аз ҳамин ҷост, ки муддатҳои зиёде дар илми Европа номи нодурусти «Авесто» – «Занд-Авесто» ва номи забони авестоӣ дар шакли «забони зандӣ» ривоҷ дошт.

«Авесто» дар зарфи мавҷудияти чандинасраи худ борҳо кодификатсия шудааст. Чунон ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҷамъоварӣ ва танзими қавонини «Авесто» дар замони Вологеси I Ашконӣ (зоҳиран, асри I милодӣ), Сосониёни аввалия (асри III), Шопури II (асри IV), ки таҳрири пураҳамияти китоби муқаддас зери роҳбарии Атурпати Меҳроспандом анҷом ёфт ва ниҳоят, пас аз ҳаракати маздакиён, дар аҳди Хусрави I (асри VI), ки аз «Авесто» баъзе матнҳои дар асрҳои IV – V вуҷуддошта партофта шуданд, ба вуқӯъ пайвастааст.

Пас аз ин таҳрири охирин «Авесто» аз 21 китоб (наск) иборат буд, ки ном ва мазмуни мухтасари онҳо аз рӯи асари оид ба дини зардуштӣ дар асри IХ таълифкардаи Денкарт маълум аст (ин хулоса на аз рӯи матни авестоӣ, балки аз рӯи тарҷумаи форсии миёнаи «Авесто» аст)[9]. «Авесто»-и то замони мо расида чаҳоряк қисмати китобати давраи охири сосониро ташкил медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, фаслҳоеро дар бар мегирад, ки барои тоату ибодат заруранд; ҷузъҳои мавҷудаи «Авесто», китобҳои «Ясно» ва ғайра низ мувофиқи ҳамин мақсад тартиб ёфтаанд. Аз ин китобҳо танҳо «Видевдат» комилан ба яке аз китобҳои «Авесто»-и қадим мутобиқат мекунад.

«Авесто»-и имрӯза аз китобҳои «Ясно» – «назр», «ниёз», маҷмӯи матнҳои маросимӣ; «Яштҳо» («Яшт»– «ниёиш», «ситоиш»), сурудҳо дар васфи худоёни дини зардуштӣ; «Видевдат» – «қонун ба муқобили девон» (шакли баъдинаи нодурусташ «Вандидод»), дастурҳо дар бораи покизагӣ ҳангоми тоату ибодат (як қатор муқаррароти динӣ ва шаръӣ, порчаҳои асотири қадим, ҳамосӣ ва ғайраро дар бар мегирад); «Виспрат» – «ҳама родҳо» (номи баъдинаи каме носаҳеҳи он «Виспарад»), аз маҷмӯи дуо ва матнҳои ибодатӣ иборат аст. Ғайр аз ин, ба «Авесто» якчанд қисматҳои ҳаҷман хурд ва камаҳамият дохил мешаванд[10].

Аз 72 боби «Ясно» 17-тоашро «Готҳо» («Сурудҳо»-и пайғамбар Зардушт — асосгузори зардуштия), 7-бобро «Ясна ҳаптаҳатӣ» («Яснои ҳафтбоба»), ки аз ҷиҳати забон ва замони офариниш ба «Готҳо» наздик аст, ташкил менамоянд. Лаҳҷаи «Готҳо» ва «Яснои ҳафтбоба» нисбат ба ҷузъи дигари «Авесто», ки «Хурд-Авесто» ном гирифтааст, кӯҳнатар мебошад ва аз он бо хусусиятҳои лаҳҷавӣ фарқ мекунад.

Баъзе муҳаққиқон (П.Тедеско, А.Мейе) забони авестоиро ба забонҳои эронии ғарбӣ нисбат додаанд, дигарон (мисли Х.Нюберг) онро аз гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ меҳисобанд. Ақидаҳои дигаре низ мавҷуданд, ки муво-фиқи онҳо ин забон дар байни забонҳои эронӣ мавқеи алоҳида (К.Гоффман) ва ё дар байни гурӯҳи забонҳои ғарбӣ ва шарқӣ мавқеи васатӣ дорад (В.ҳеннинг). Як қатор хусусияти алоҳидаи забони авестоӣ, аз ҷумла, лаҳҷаи «Готҳо» бо забонҳои шарқиэронӣ мувофиқат мекунанд. Дар «Хурд-Авесто» таъсири забонҳои эронӣ (аз он ҷумла, забонҳои ғарбӣ) дар минтақае, ки забони авестоӣ ҳамчун забони муқаддас интишор ёфта буд, ҳис карда мешавад.

Масъалаи замон ва макони пайдоиши ҷузъҳои «Авесто» то имрӯз аз бисёр ҷиҳат баҳснок аст. Мувофиқи анъанаи дини зардуштӣ, ки дар замони Сосониён тасдиқ ёфтааст, замони зиндагии Зардушт ва офарида шудани «Готҳо»-ро ба охири асри VII – нимаи аввали асри VI пеш аз милод нисбат медиҳанд. Ин ақидаро муҳаққиқоне тарафдоранд, ки анъанаи мазкурро комилан асоснок мсшуморанд. Вале баъзе олимон ба саҳеҳии он шак доранд; онон қайд мекунанд, ки ин анъана дар давраи баъдтар тасдиқ ёфтааст ва эҳтимолан пайдоиши он ҷанбаи ривоятӣ дорад. Дар замони ҳозира, ба ҳар ҳол, бо мушкилӣ метавон ба эътимоднокии ин таърих бовар намуд, гарчанде имкон дорад, ки, дар ҳақиқат, Зардушт дар охири асри VII – оғози асри VI пеш аз милод зистааст.

Мувофиқи ривоятҳои маъмули давраи сосонӣ ва баъдина, Зардушт дар Атропатена (Озарбойҷон) ва ё аз Роғи мидӣ (Райи асримиёнагии наздики Теҳрон) баромадааст. Вале ин маълумот ҳоло беэътимод шумурда шудааст; ҳақиқатан ҳам материалҳои «Хурд-Авесто» ба мавҷудияту ҳокимияти деринаи ҷамоаи пайравони Зардушт дар Роғ ишорат мекунанд; ин ҳолат, бешубҳа, аз он сабаб рӯй додааст, ки ноҳияи мазкур, ки дар қисмати шимоли шарқии Мод (Мидия) ҷой дошт, нахустин ноҳияе буд, ки таълимоти Зардушт аз шарқ ба он роҳ ёфт.

Ривояти хеле қадима мавҷуд буд, ки тибқи он Зардушт гӯё дар Бохтар зистааст. Ин ривоят дар асари муаллифи юнонӣ Ктесий (охири асри V-оғози асри IV пеш аз милод) ифода ёфтааст[11]. Ба ин ривоят пайравӣ намуда, баъзе олимон (аз қабили Ҷ.Мултон) гумон кардаанд, ки «Готҳо» дар Бохтар офарида шудаанд, ҳамчунин забони онҳоро дар давраи қадим авестоӣ ҳисобидаанд (дар асри ХIХ В. Гейгер ва дигарон ҳамин гуна ақида доштанд). Вале баъзе маълумотҳо ин ақидаро тасдиқ намекунанд, ёдгориҳои ба наздикӣ кашфгардидаи забони Бохтари давраи кушонӣ бошад, онро аз эҳтимол дур месозанд.

Ж.Дармстетер, В.Ҷексон ва баъзе дигар олимон, баъдтар дар солҳои 30–40 асри ХХ Э.Хертсфелд ва муаллифони дигар, ки Зардуштро ҳамзамони ҳахоманишиёни нахустин, аз ҷумла, Дорои I шуморидаанд, фаъолияти ӯро ба шимоли ғарби Эрон нисбат медиҳанд. Вале, мувофиқи ақидаи маъмули замони ҳозира, «Готҳо» то ба миён омадани давлати ҳахоманишӣ тартиб ёфтаанд ва аз сӯи пайдоиши худ ба Эрони ғарбӣ муносибат надоранд.

Мувофиқи ақидаи муҳаққиқони ҳозиразамон, пеш аз ҳама, ба маълумоти географии худи «Авесто» истинод мекунанд, «Готҳо» ва қисматҳое, ки ба он аз ҷиҳати замон наздикӣ доранд, дар яке аз ноҳияҳои Осиёи Миёна ва ё минтақаҳои муҷовири шимоли ғарби Афғонистон ва шимоли шарқи Эрон офарида шудаанд. Дар ин бобат ақидаҳои мухталиф баён карда мешаванд. Масалан, баъзеҳо ба ноҳияи ҷараёнгоҳи миёна ва поёноби дарёи Аму ва ё аслан ба Хоразм ишора мекунанд (С.П.Толстов ва диг.); дар ин маврид нуқтаи назари қабулнамудаи И.Маркварт, Э.Бенвенист ва олимони дигар, ки мамлакати асотирии Аирйанам Ваеҷаҳ «Фарохнои Ориёно» – ватани эрониён ва дини зардуштиро бо Хоразм айният медиҳанд, ба асос гирифта мешавад; ба ғайр аз ин ба ноҳияҳои байни дарёи Аму ва дарёи Сир, яъне ба Суғд ва ё ноҳияҳои ҳамсояи он (Х.Нюберг) ба сарҳадҳои скифу сакоиҳои осиёимиёнагӣ (В.И.Абаев) ва ноҳияҳои соҳили баҳри Арал ва поёноби дарёи Сир (Г.Виденгрен); ба Марв, Суғд ва Хоразм (Ж.Дюшен-Гюйимен) ва ғайра ишоратҳо кардаанд.

Нуқтаи назаре (дар корҳои В.ҳеннинг, К.Барр, И.Гершевич, Р.Сеннер ва дигарон) ба таври васеъ паҳн гардидааст, ки мувофиқи он «Готҳо» дар ҳудуди конфедератсияи давлати Хоразм, ки пеш аз забткориҳои ҳахоманишиён мавҷуд буд, офарида шудаанд (дар ин маврид ба санаи анъанавии Зардушт, ки дар боло ба он ишора рафт, пайравӣ мешавад). Ба ин мавзеъ ноҳияҳои қисмати ҷануби Хоразм низ дохил мегарданд ва махсусан Марғиёну Ориё ҳамчун макони офарида шудани «Готҳо» шинохта мешаванд (В.ҳеннинг ва диг.; академик В.В.Струве аз рӯи асосҳои дигар ба Марғиён ҳамчун ватани дини зардуштӣ назар менамуд); ба қавли В.ҳеннинг, матнҳои авестоии баъдина имкон дорад дар Систон эҷод гардидаанд[12]. Вале қатъи назар аз ин ки оё чунин конфедератсияе бо сарварии Хоразм вуҷуд дошт (маълумоти муаллифони қадим ба ин суол ҷавоби мусбат медиҳанд), далелҳои муайяне оид ба муносибати Зардушт ба он мавҷуд нестанд.

Ба замми ин, муҳаққиқоне, ки ба «санаи анъанавии Зардушт» пайравӣ намуданро зарур намешуморанд ва ё аслан онро эътимоднок намедонанд, одатан офариниши «Готҳо»-ро ба замони басе қадимтар, яъне замони пеш аз ҳуҷуми ҳахоманишиҳо ба Осиёи Миёна нисбат медиҳанд. Масалан, И.М.Дяконов[13] дараҷаи инкишофи ҷамъияти тасвирнамудаи «Готҳо»-ро ба назар гирифта, гумон менамояд, ки онҳо бояд пештар аз асри VI ва то нимаи дувуми асри VII пеш аз милод эҷод шуда бошанд. Эд. Мейер ва баъзе донишмандони дигар дар вақти худ, ҳатто имкони ба қарибиҳои соли 1000-ум ва ё ибтидои ҳазораи I пеш аз милод нисбат доданро ҳам изҳор карда буданд. Ва муаллифи яке аз охирин асарҳои бузурге оид ба дину мазҳабҳои эронӣ — Г.Виденгрен менависад, ки бо камоли боварӣ метавон замони зиндагии Зардуштро ба давраи байни солҳои 1000–600 пеш аз милод, ҳеҷ набошад, ба давраи пеш аз пайдоиши давлати ҳахоманишӣ нисбат дод[14].

Ба ақидаи чанде олимон (аз он ҷумла, И.М.Дяконов, Г.Виденгрен ва диг.) «Авесто»-и аввала то миёнаи асри VI пеш аз милод дар шарқи Мидия, дар Роғ пазируфта шуд, аз он ҷо таълимоти он дар шакли тағйирёфта бошад ҳам, дар Эрони ғарбӣ паҳн гардид. Муҳаққиқони дигар интишори ғояҳои «Готҳо»-ро ба ғарб, ба замони ҳахоманишиҳои нахустин (замони Куруш ба қавли В.Хинтс, замони Дорои I ба қавли В.ҳеннинг, И.Гершевич ва ғ.) нисбат медиҳанд.

Ба ҳамин тариқ, ба хулосае бояд омад, ки замони фаъолияти Зардушт ва офариниши «Готҳо» пештар аз охири асри VII — аввали асри VI пеш аз милод мансуб аст, вале маҳз ба ҳамин замон ва ё як-ду аср пештар муносибат доштани онҳоро мо яқинан гуфта наметавонем. Доир ба макони пайдоиши «Готҳо», гарчанде ҳоло ягон ноҳияи муайянеро бо боварии қатъӣ ном бурдан мумкин нест, бо вуҷуди ин, метавон тасдиқ кард, ки он дар минтақаи Осиёи Миёна ва ё ноҳияи ҳамсарҳади он воқеъ буд. Дар ин бора ҳудуди географии худи «Авесто» ва маҷмӯи мамолики дар он номбаршуда шоҳиди мӯътамаде шуда метавонанд.

Номгӯи нисбатан пурраи ин мамолик дар боби аввали «Видевдат» оварда шудааст. Дар ин ҷо дар силсилаи «беҳтарин кишвар ва мамлакатҳо»-и офаридаи Аҳурамаздо инҳо номбар мешаванд: Аирйанам Ваеҷаҳ, «Гава, макони суғдиён», «Моуруи ҳноҳияи Марв] тавоно, ростипараст», «Баҳди (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳди воқеъ аст», ҳарайва (ноҳияи ҳирот) ва ноҳияҳои дигар то мавзеъҳои ҳинд ва ҳарахвати (Арахозия) дар ҷануби шарқӣ, ҳайтуманта дар водии ҳилманд дар ҷануб, кишварҳои гургониён ва Роғ (дар шимоли шарқии Мидия) дар ғарб. ҳамин тавр, ҷаҳонбинии географии тартибдиҳандагони ин матни авестоӣ тақрибан тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамсарҳади он – Афғонистону Эрони шимоли шарқиро дар бар мегирад. Аслан, матни дар ин шакл то замони мо расида нисбат ба қисматҳои дигари «Авесто» ба давраи баъдтар, ба замоне дахл доранд, ки зардуштия ба таври васеъ паҳн шуда буд. Баъзеҳо ақида доранд, ки асоси ин матнро порчае ташкил мекард. ки дар он теъдоди камтари кишварҳо номбар шуда буданд.

«Суруд дар васфи Митра» («Яшт»-и Х, «Меҳр Яшт»), ки дар ои ҳам номгӯи якчанд кишварҳо омадааст, ба давраҳои нисбатан қадимтаре муносибат дорад. Ин «Яшт» яке аз беҳтарин намунаҳои шеърияти авестоӣ (ва ё эронии қадим) мебошад. Дар ин ҷо, аз ҷумла тавсифоти пуробуранги кишварҳое, ки «сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳ ба шахси парастори чорпоён хидмат мекарданд, кӯлҳои булӯрин ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуроб ба сӯи Ишкат ва Парут, ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд», дода шудааст[15].

Ба минтақаи дар ин порча тасвиршуда бояд ҳамчун ба минтақае назар кард, ки дар он аз ҳама пештар дини зардуштӣ паҳн гардид ва, ба ақидаи мо, дар яке аз ин кишварҳои номбурда ватани нахустин матнҳои авестоиро бояд ҷуст. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин ҷо ноҳияҳое номбар мешаванд, ки бо Бохтар ҳамсояву ҳамсарҳад буданд ва ё қисман дар замони пеш аз ҳахоманишиҳо ба таркиби он дохил мешуданд. Аз ин рӯ, Бохтар бо «дирафшҳои афрошта», чи тавре ки он дар «Видевдат» ёд мешавад, агар нахустин набошад, яке аз он кишварҳоест, ки дар манотиқи он дини зардуштӣ аввалин бор паҳн гардид.

Дар матнҳои «Хурд-Авесто» муттаҳидшавии таълимоти Зардушт, ки аз тарафи пайравони ӯ инкишоф дода шуд, бо ғояву русумот ва образҳои ба таблиғоти аввалияи пайғамбар бегона, вале дар «Хурд-Авесто» инъикосёфта, мушоҳида мегардад. ҳатто «Яснои ҳафтбоба», ки ба ҳамон лаҳҷаи «Готҳо» тартиб ёфта буд, гузаштҳои зиёде бо оинҳои паҳншуда дорад. Як силсила сурудҳои «Авесто» худоён ва персонажҳои асотириро (мисли Митра ва ҳавма) васф мекунанд, ки аз қадим боз ориёиён онҳоро ситоиш мекарданд, вале аз тарафи пайғамбар дар «Готҳо» рад гардидаанд. Ин натиҷаи созиш бо дину мазҳабҳои қабилавӣ буд, ки дар ҳудуди давлатҳои бузурги ҳахоманишӣ, Порт ва Сосониён паҳн гардида буданд ва дар замони мавҷудияти онҳо ҷузъҳои «Хурд-Авесто» эҷод гардида, тартиб ва таҳрир меёфтанд. Вале чунин дину оинҳо ва дастурҳои маросимӣ ба таври сохта тавассути ибораҳои «чунин гуфт Аҳура-Маздо ба Зардушт…» ва дигар василаҳои таҳрирӣ дар он аз номи Зардушт оварда мешаванд. Ба истиснои ин фиқраҳои илова чанде порчаҳои «Хурд-Авесто», махсусан «Яштҳо», аз рӯи мундариҷаи худ нисбат ба замони мураттаб гардидани «Готҳо» қадимитаранд.

ҳамин тавр, «Авесто» натанҳо доир ба дини зардуштӣ, балки доир ба баъзе оину мазҳабҳои эронии қадим ва русумоти қабилавие, ки ба замони умумияти ҳиндуаврупоӣ дахл доранд, маълумот медиҳад. Дар баробари ин «Авесто» муҳимтарин ёдгорӣ дар бобати омӯзиши айёми бостон, маданияту маишат, созмонҳои иҷтимоӣ ва сиёсии давр, ҳамчунин осори ҳамосии қабилаҳои эронии Осиёи Миёна ва Эрон мебошад.

Ҷараёни махлутшавии таълимоти Зардушт бо дигар мазҳабҳои эронӣ дар миёнаи асри V пеш аз милод сурат ёфт.

Замони офариниши «Яснои ҳафтбоба»-ро асри VI – оғози асри V пеш аз милод, иншои «Яштҳо»-и қадимитар (ва махсусан «Меҳр Яшт»)-ро даҳаҳои нахустини асри V пеш аз милод меҳисобанд[16]. Вале дар ин сурат, одатан, дар назар дошта мешавад, ки «Готҳо» дар оғоз ва ё нимаи аввали асри VI пеш аз милод мураттаб шудаанд. Вале эҳтимол дорад онҳо пештар эҷод шудаанд, аз ин рӯ, қисматҳои аз ҷиҳати замон пасоянди «Авесто», «Яснои ҳафтбоба» ва «Яштҳо»-и аввалинро метавон ба замони боз ҳам қадимтар нисбат дод ва онҳоро байни санаи аниқ муайян нагардидаи Зардушт ва миёнаи асри V пеш аз милод ҷой дод. Мураттаб кардани матнҳои дигари «Хурд-Авесто» аз замони нишондодашуда пасонтар низ идома дошт, баъзе аз онҳо, эҳтимол, дар асрҳои якуми ҳазораи I милодӣ ташаккул ёфта бошанд.

Чунон ки аз гуфтаҳои боло равшан мегардад, ҳангоми истифодаи «Авесто» ҳамчун маъхази таърихӣ бояд гуногунҷанбагии он, ки ифодакунандаи давраҳо ва ҳатто аҳдҳои мухталифи таърихӣ мебошанд, таъсири ақоиду тасаввуроти муҳаррирон ва тартибдиҳандагон ба матни то замони мо бозрасида ба назар гирифта шаванд. Дар ин ҳолат, ҳатто як фиқра чун ҳамбастаи маълумоти замонҳои мухталиф ба назар мерасад.

Ба ҳамаи ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, «Авесто» муҳимтарин ва ягона маъхазест барои равшан намудани таърихи қадимтарини эрониёни шарқӣ, яъне мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва он қисмати Эрон, ки дар шафати Осиёи Миёна воқеъ гардидааст.

[1] Anquӯtil du Pӯrron, 1771.

[2] Оранский И. М., 1960.

[3] Дар ин бобат махсусан муrоисаи тавзеҳи «Авесто», ки ба Х.Нюберг ва Э.Хертсфелд тааллуr дорад, rобили ибрат аст: онҳо дар бисёр масъалаҳо нуrтаи назари ба якдигар тамоман муrобилро пеш меронанд (Nyӣӯrg Н.S., 1938; Hӯrzfӯld Ӯ., 1947. Таҳлили мубоҳисавии аrидаҳои онҳо дар Hӯnning W.Ӣ., 1951).

[4] Сипас, мувофиrи ҳамон навиштаҷот, матнҳои парокандаи авестоӣ дар аҳди Ардашери I ва Шопури I дар як ҷо ҷамъ карда шуданд (Widӯngrӯn G., 1965,s. 246–247).

[5] Дьяконов И М., Лившиц В.А., 1966, с. 153–157.

[6] Аз рӯи нуrтаи назари дар асарҳои Г.Юнкер ва баъзе дигар олимон ифодашуда алифбои авестоӣ гӯё дар асри IV ташаккул ёфтааст. Вале, чунон ки ҳанӯз дар асри гузашта эроншиноси маъруфи рус акад. К.Залеман ва сипас, В.{еннинг, Г.Моргенстьерне, Г.Бейли собит намудаанд, алифбои авестоӣ на пештар аз асри VI ба вуҷуд омадааст (Неnning В., 1958, 52; ниг.: инчунин Периханян А.Г., 1966, с.108–109; ҳамон ҷо ниг.: феҳристи муфассали асарҳо).

[7] Неnning W. В., 1946, р. 725; ИТН, I, с. 175.

[8] Ба таври васеъ дар байни зардуштиён паҳн гардидани наrли лафзии матнҳои муrаддас боиси он шуд, ки то давраҳои аввали асрҳои миёна rавмҳои uайризардуштии муосири онҳо аксар ваrт гумон мекарданд, пайравони зардуштия умуман китобҳои муrаддас надоранд. Сабаби аз замони истилои арабҳо дар кишварҳои исломӣ баръакси исавиён ва яҳудиён «аҳли китоби муrаддас» ҳисоб нашудани зардуштиён, ки ба вазъи расмии онон дар олами ислом наrши худро гузоштааст, эҳтимол, дар ҳамин бошад. Адабиёти зардуштӣ низ мавrеи анъанаи наrли лафзӣ, аз ҷумла, аҳамияти дар ҳифзи rоидаҳои муrаддаси «Авесто» доштаи онро бевосита таъкид менамояд (Widӯngrӯn G., 1965, 245-259).

[9] Wӯst Ӯ. W., 1892.

[10] Тарҷумаи «Авесто» ё rисмҳои он ба забонҳои русӣ ва европоӣ мавҷуд аст: Коссович К., 1861; Бертельс Е.Э., 1924, с. 3-11; Брагинский И.С, 1956, с. 35-37; 46-49-70, 105-116, 182-187 ва u.; Бертельс Е.Э., 1960, с. 53-66; Абаев В.И., 1963, с. 349-350, с. 367-370; Darmӯstӯtӯr J., 1892–1893; Wolff U., 1910; Lommӯl Н., 1927; Gӯrshӯvitch I., 1959; Humӣach Н., 1959; Duchӯsnӯ-Guillӯmin J., 1963 ва u.

[11] Пьянков И. В.. 1968.

[12] Hӯnning W. В., 1951, р. 44-45.

[13] Дьяконов И.М.. 1956, с. 390 ва мобаъд.

[14] Widӯngrӯn G., 1965, s. 61.

[15] Доир ба ҷойгиршавии ин вилоятҳо нигаред: ИТН. I, с. 505.

[16] Gӯrshӯvitch I., 1959.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …