Главная / Anvar (страница 2)

Anvar

darksider_5@mail.ru

Роҳзан: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

rohzan

Меъроҷиддини Камол менависад: Роҳзан, ки дузди роҳу кӯча аст, Вақти ғорат худ ба худ чун хӯҷа аст. Гар ба хоби ноз бинӣ роҳзан, Шарҳи он ҷангу хусумат дар ватан. Аз касофатҳои дузди пургуноҳ, Ҳоли айши ту ҳамегардад табоҳ.

Муфассал »

Рони пои одамӣ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

roni-poy

Меъроҷиддини Камол менависад: Рони пои одамӣ бинӣ ба хоб. Дон нишони вохӯрӣ бо дӯстон. Гар бубинӣ рони по бори дигар, Шарҳи он мол асту сайри бӯстон.

Муфассал »

Чиз дар рӯи об: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

Red life buoy with a white cross strips

Меъроҷиддини Камол менависад: Ба хобат бинӣ чизе рӯи об аст. Варо аз об бигрифтан савоб аст. Шавад олим хамон, ки диду бигрифт, Чунин таъбир аз рӯи китоб аст.

Муфассал »

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО, тавобил, моддаҳое,ки барои беҳтар кардани мазаи хӯрок истифода мешаванд. Ба М. забуда, ҷавҳари лиму, кислотаи атсетат, моддаҳои бӯё (ванил, ванилин, ҷавҳари мушкин), намаки ош ва ғ. мансубанд. М. нерубахш набошанд ҳам, хӯрокро хуштамъ мекунанд, иштиҳовар ва хушҳазманд, кори рӯдаҳоро метезонанд. М. ба хӯрок омехта шуда, ба асабҳои …

Муфассал »

МАГАС

magas

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд аст. Бадани М.-ҳо тира буда, баъзан зард, кабуд ё сабзи ҷилодор низ мешаванд. Ҳаёти аксари М.- ҳо бо манзили одам зич алоқаманд аст. Баъзе намуди М.-ҳо аз растанӣ, намудҳои дигар аз моддаҳои пӯсидаи органикӣ (наҷосати …

Муфассал »

МАГНИЙ

magniy

МАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев, рақами ат. 12, массаи ат. 24,305. М.-и табиӣ аз 3 изотопи собит – 24 Mg (78,60%), 25 Mg (10,11%) ва 26 Mg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш – 23 Mg, 27 Mg, 28 Mg низ ҳосил карда шудааст. …

Муфассал »

МАГНИТИ ЧАШМ

magniti-chashm

МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологӣ барои аз ғӯзаи чашм ва бофтаҳои он берун овардани ҷисмҳои бегона (зарраҳои оҳан, пӯлод ва ғ.) кор мефармоянд. М. ч. электрӣ ва доимӣ мешавад. Дар М.ч. майдони магнитиро ба тавассути ҷараёни барқ ҳосил мекунанд. М.ч. – и доимиро аз хӯлаҳои махсус месозанд; …

Муфассал »

МАГНИТОТЕРАПИЯ

magnitoterapiya

МАГНИТОТЕРАПИЯ (Magnetotherapia), яке аз усулҳои физиотерапия. Бо мақсади табобат майдони магнитии баланд ё пастбасомад, импулсӣ ё ғайримуттасил кор фармуда мешавад. Майдони магнитӣ ба фаъолияти силсилаи асабҳои вегетативӣ таъсири мусоид дорад. Он ҳассосияти дастгоҳи ретсепторӣ ва асабҳои канориро кам карда, ҳамин тавр таъсири бедардгардонӣ мерасонад; вай ҳамчунин танзими нейрорефлексии фаъолияти узву …

Муфассал »

Равшанӣ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

ravshani

Меъроҷиддини Камол менависад: Равшанӣ чун рамз аз покӣ бувад, Чун нишони меҳри афлокӣ бувад. Одаме дар хоб бинад равшанӣ, Ин нишон аз ақлу идроке бувад.

Муфассал »