Главная / Ҷамъият / Аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

Аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон

Дар бораи аудити дохилӢ дар ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ давлатӢ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №7, мод. 563;

Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 с., №1354)

  Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар раванди ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

аудити дохилӣ – фаъолияти мустақил ва объективй оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатй анҷом дода мешавад;

аудитори дохилӣ – хизматчии давлатй, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;

супориши  аудиторй – супориши муайян  барои гузаронидани таҳқиқоти аудитй, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– мақсади супориши аудиторӣ – таҳияи хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои идоракунии таваккал, сифати татбиқ ва самарабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорат, риояи қонунгузорӣ ва иҷрои нақшаи корхона, муассиса ва ташкилотҳо (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

намудҳои супориши аудиторй – аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аудити молиявй, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотй (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– ташкилотҳои бахши давлатӣ – корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (тақсимкунандагони асосӣ,  тақсимкунандагон ва маблағгирандагони буҷетӣ) (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

ёрии машваратй – пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омӯзиш ва тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатй, таъин гардидаанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 3. Доираи амал ва мақсадҳои Қонуни мазкур

 

  1. Қонуни мазкур амали аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Мақсадҳои Қонуни мазкур инҳо мебошанд:

-муайян намудани принсипҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;

-муқаррар намудани механизми татбиқи аудити дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

 

Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ амалӣ карда шуда, ба принсипҳои ошкорбаёнӣ, қонуният, низомнокӣ ва нақшавӣ асос меёбад. Аудиторҳои дохилӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилият ва беғаразӣ, салоҳият ва касбияти воқеӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва махфият амалӣ менамоянд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатй

 

Аудити дохилӣ ба ташкилотҳои бахши давлатӣ дар иҷрои самаранок ва натиҷабахши вазифаҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин мусоидат мекунад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354):

1) Ошкор намудан ва баҳодиҳии таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;

2) Баҳодиҳии мувофиқат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуқтаи назари:

– ҳаммонандкунй, баҳодиҳй ва идоракунии таваккал аз чониби роҳбарияти ташкилотҳои бахши давлатй;

– риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавй ва ғайришартномавй;

–  боэътимод ва ҳаматарафа будани иттилоотй дорой аҳамияти иҷтимой;

– судмандй, самаранокй ва сарфакорй;

– таъмини амнияти дороиҳо ва ҳуҷҷатҳо;

– ичрои вазифаҳо ва ноил шудан ба мақсадқо.

3) Таҳия намудани тавсияҳо оид ба такмили фаъолияти ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин анҷом додани мушоҳидаи ичрои мувофиқи онҳо (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

БОБИ 2. АУДИТОРҲОИ ДОХИЛИИ ТАШКИлотҲОИ

БАХШИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дожили дар ташкилотҳои бахши давлатй

 

  1. Ба вазифаи аудитори дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорой таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносй, на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосаш собиқаи корӣ дошта, инчунин ҷавобгӯи дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъин карда мешавад.
  2. Мансаби холии аудитори дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда мешавад.

 

Моддаи 7. Ҳуқук ва ӯҳдадориҳои аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатй чунин ҳуқуқҳо доранд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354):

– гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурй ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосй, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони буҷетӣ талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблағҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунад;

– изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилй;

– дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурй ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар ҳисобот худдорӣ намояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй гардидаанд.

  1. Ҳангоми гузаронидани аудит, аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатй ӯхдадоранд аст, ки муқаррароти  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии аудити дохилй ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Аз ҷониби аудитори дохилй истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторй манъ аст.
  3. Дар амалҳои худ аудиторҳои дохилӣ ӯҳдадоранд, ки мустақил, беғараз, салоҳиятнок ва поквиҷдон бошанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  4. Аудиторҳои дохилй вазифадоранд аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбй ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорй намоянд.

 

БОБИ 3. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми  ваколатдори давлатӣ оид ба  аудити дохилӣ дар ташкилотҳои

                    бахши давлатӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба  аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ (минбаъд – мақоми ваколатдор) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор инҳо дохил мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354):

– сиёсати назорати молиявии дохилй ва аудити дохилиро дар ташкилотҳои  бахши давлатй дар асоси  меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбик менамояд;

– барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявй ва назорат фармон интишор мекунад, ки иҷрои он аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатй, ҳатмй мебошад;

– ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти хамаи воҳидҳои сохтори аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом медиҳад;

– ёрии машваратиро барои ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатй, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;

– ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомӯзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатй анҷом медиҳад;

– тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ оид ба гирифтани сертификати «Аудитори дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй»-ро муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатй ва феҳристи аудиторонеро, ки бомуваффақият аз санчиши тахассусии аудиторҳои дохилй дар бахши давлатй гузаштаанд, пеш мебарад;

– дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилиро мегузаронад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– ваколатҳои дигареро,  ки хилофи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом медиҳад.

  1. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатй ӯҳдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии мақоми ваколатдорро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявй ва назорат заруранд, таъмин намоянд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 9. Гузориши таҳлилӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 апрел ба мақоми ваколатдор оид ба иҷрои нақшаи аудити соли гузашта гузориши таҳлилиро пешниҳод мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354):

– супориши аудитории иҷрошуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо маҳдудкунии доираи супориши аудиторӣ ҷой доштанд ва сабабҳои эҳтимолии иҷро нашудани нақша (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– хулосаҳои асоси нисбат ба амали низоми Идоракунии молияви ва назорати бахши давлатй ва тавсияҳо оид ба такмил додани фаъолияти он;

ҳолатҳои ошкоршудаи вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– пешниҳодҳо оид ба рушди аудити дохилӣ.

  1. Гузориши таҳлилии солона бояд аз ҷониби роҳбари ташкилоти бахши давлатй тасдиқ карда шавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Мақомоти ваколатдор ҳар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилҷ пешниҳод мекунад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

БОБИ 4. ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Моддаи 10. Вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад

  1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, барои  таъмини фаъолияти он тибқи  меъёрҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида ва ба таври дахлдор иҷро намудани вазифаҳои худ нисбат ба аудити дохилӣ масъул мебошад.
  2. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, инҳо дохил мешаванд:

– тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи  такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ;

– тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои дар ҳисоботи аудит пешниҳодгардида;

– қабули қарор оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторҳо;

– баррасии ҳисоботи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилӣ;

– пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;

– таъмин намудани захираҳои дахлдори моддию техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 11. Вазифаҳон роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилй надорад

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилй надорад, барои андешидани тадбирҳои зарурй оид ба гузаронидани аудит аз тарафи мақоми ваколатдор масъул мебошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Корманди ваколатдори мақоми ваколатдор ҳангоми гузаронидани аудит амалҳои худро бо роҳбари ин ташкилот мувофикд мекунад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  3. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, дохил мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354) :

– мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароити зарури барои гузаронидани аудити дохилй;

– ба кормандони ваколатдори мақоми ваколатдор пешниҳод намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– иштирок намудан дар арзёбии таваккалҳо;

– тасдиқ намудани нақшаҳои амалиётӣ ва кабул намудани Қарорҳои дахлдор оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳое, ки дар ҳисоботи аудиторӣ пешниҳод шудаанд.

 

БОБИ 5. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 12. Таъсиси воҳиди сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотхои бахши давлатӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Ташкилотҳои бахши давлатие, ки бояд воҳиди сохтории аудити дохилй дошта бошанд, мувофиқи  меъёрҳои зерин  муайян  карда мешаванд:

– ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуним миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;

– шумораи миёнаи кормандонашон дар соли тақвимӣ зиёда аз 800 (ҳаштсад) нафар бошад.

  1. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

(Қисми 3 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Моддаи 13. Доираи амали аудити дохилӣ

 

  1. Доираи амали аудити дохилӣ барои ҳар як ташкилоти бахши давлатӣ нисбати дигар ташкилот ва сохторҳое (барномаҳо ва лоиҳаҳое) маҳдуд карда мешавад, ки захираҳои онҳо аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори бахши давлатӣ ё ташкилотҳои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорой воҳиди сохтории аудити дохилӣ буда, аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
  2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторҳои дохилии мақомоти маҳаллии молия мувофиқи дастурҳои методии мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  3. Ба тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷети зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ риояи тобеияти байни ташкилотҳои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияҳои назоратии онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳ надиҳанд.
  4. Санҷишҳои сохтор ва тарафҳои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлатӣ, ки маблағҳои буҷетиро мегирад, ё ихтиёрдорӣ мекунад, аз рӯи зарурат, баъди тасдиқи сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, инчунин дар асоси мувофиқа бо роҳбарияти ин сохтор ва тарафҳо, гузаронида мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  5. Сохтор ва тарафҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинй шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ алокаманд бошанд ё ба сифати тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ баромад намоянд ё тақсимкунандаи маблағҳои барномаҳои байналмилалӣ ва фондҳое бошанд, ки дар доираи кӯмаки расмӣ расонида мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

Моддаи 14. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ

 

  1. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисоботдиҳанда ва нисбат ба дигар сохторҳои тобеи тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ дар банақшагирии кори худ, иҷрои аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботҳои аудиторӣ мустақил мебошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ёрии машваратй расонида, нақшахои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти нақшаи таълими касбии аудиторҳои дохилӣ таҳия менамояд.

 

Моддаи 15. Ӯҳдадориҳои асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ

 

Воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ӯҳдадориҳо дорад:

– дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;

– оид ба мушохидаи иҷрои нақшаи солона ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод мекунад;

– оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

– баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро бо мақсадҳои ташкилоти бахши давлатӣ анҷом медиҳад;

– баҳодиҳии воқеият ва дурустии иттилооти муҳими иҷтимоиро анҷом медиҳад;

– ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатй бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо медиҳад;

– самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблағҳо, басандагии назорати истифодабарии онҳо ва роҳ надодан ба талафот баҳо медиҳад;

– пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;

– тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилихоҷагии он пешниҷод менамояд;

– кори аудиторҳои дохилии ташкилотҳои тобеъро ҳамоҳанг месозад ва ба онҳо ёрии методӣ ва машваратӣ мерасонад;

– паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатй ё ба дигар сирри бо Қонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;

– дигар ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.

 

Моддаи 16. ӯҳдадориҳои вазифавии сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ӯҳдадориҳои вазифавӣ дорад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354):

–  нақшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;

– кори воҳиди сохтории аудити дохилиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;

– мувофиқи меъёрҳо ва методологияи аудити дохилӣ расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;

– мушоҳидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;

– ба роҳбари ташкилоти бахши давлатй оид ба фаъолияти яксола, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба низоми назорати дохилӣ ҳисобот пешниҳод мекунад;

– оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоршудаи фаъолияти ғайриқонунӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлати иттилоот пешниҳод мекунад;

– барои иҷрои ҳар як супориши аудиторӣ мақсад, дойра, давомнокӣ, техника ва захираҳои аудитиро муайян мекунад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ барои таъин намудани коршиноси таҳсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохилӣ пешниҳод менамояд;

– оид ба ҳамаи масъалаҳои аудит ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд;

– ваколатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.

 

Моддаи 17. Методологияи аудити дохилӣ

 

Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудити кормандони воҳиди сохтории аудити дохилй шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санҷиш қарор додаанд, хабардор менамоянд ва ба у имконияти муҳокимаи якҷояро дар вақти зерин муҳайё менамоянд:

– то оғози фаъолияти аудитории дахлдор – дар бораи мақсад ва доираи супориши банақшагирифтаи аудиторӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354);

– баъди анҷоми аудит – хулоса ва тавсияҳои пешниҳодшуда ва дар мавриди муносиб додани шарҳу эзоҳ.

 

Моддаи 18. Бархӯрди манфиатҳо

 

  1. Аудитори дохилӣ набояд ба бархӯрди манфиатҳо роҳ диҳад. Ба корманди вохиди сохтории аудити дохилӣ гузаронидани аудит дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

– агар дар он қисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатҳои шахсӣ ва ё амволии ӯ ҷой дошта бошанд;

– дар давраи гузаронидан ё дувоздаҳ моҳи охир дар қисми объекте, ки аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;

– дар ҳолати мавҷудияти дигар ҳолатҳое, ки ба воқеӣ ва холис будани аудиторҳои дохилӣ, ки аз меъёрҳои эътирофнамудаи аудити дохилӣ бармеоянд, таъсир расонад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

  1. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.

 

Моддаи 19. Махфияти фаъолияти аудиторҳои дохилӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

  1. Аудиторҳои дохилӣ бояд талаботи паҳн накардани иттилоотеро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳо дастрас шудааст, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд.

2.Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи санҷиши хазинадорй махфӣ мебошад. Ба дигар шахс додани ҳуҷҷатҳои дахлдор танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, гирифтани он бошад, тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 20. Мустақилияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354)

 

Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва ҳамаи аудиторон ба истиснои воҳиди сохтории аудити дохилии мақоми ваколатдор набояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354):

– дорой ваколатҳои иҷроия ё идоракунӣ, вазифаҳо ё ӯҳдадориҳо бошанд ба ғайр аз онҳое, ки ба идоракунии вазифаҳои аудити дохилӣ марбутанд;

– набояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилоти бахши давлатй иштирок намоянд.

 

Моддаи 21. Гузориши аудитӣ

 

  1. Гузориши аудитӣ – ҳуҷҷати расмии аудити дохилӣ мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогирӣ ва мақсадҳои супориши аудиторӣ иборат буда, аз ҷумла хулосаҳои воқеӣ ва пешниҳодҳои аудиторро дар бар мегирад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  2. Баъди анҷом додани санҷиш аудиторҳои дохилӣ ё роҳбари гурӯҳи аудиторони дохилӣ ӯҳдадоранд дар давоми даҳ рӯз ду нусхаи ҳисоботи хаттиро тайёр намоянд, ки як нусхаи он ба роҳбари ташкилоти бахши давлатии санҷидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар воҳиди сохтории аудити дохили нигоҳ дошта мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).
  3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи аудитӣ дар дастурҳои методии мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1354).

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накарданн Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеива ҳуқуқие, ки муқаррароти қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон

 

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№631

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …