Главная / Ҷуғрофия / АТМОСФЕРА

АТМОСФЕРА

Атмосфера чист? Атмосфера (лафзи юнонӣ буда, “атмос” – буғ. газ ва “сфера”- кура аст) табақаи ҳавоест, ки Заминро иҳота хардааст. Он табақаи болотарин ва зичиаш камтарини Замин лебошад. Аз замонҳои хеле қадим табиати физикии он диққати одимонро ба худ ҷалб мекард. Дар ин ҷода олимони Шарк, аз ҷумла Қутбуддини Шерозй саҳми арзанда гузоштааст. Акидаи ӯ оид ба таркиб, сохт ва ранги атмосфера ба ақидаи илми муосир шабоҳат дорад. Мувофиқи ақидаи ӯ атмосфера аз омехтаи газҳои гуногун иборат аст. Дар таркиби он инчунин зарраҳои чангу гарди заминй вомехӯранд. Атмосфераро ба қабатхои поёнӣ ва болоӣ ҷудо мекунанд. Ранги атмосфера шаффоф аст.

ҚАБАТҲОИ АТМОСФЕРА
ҚАБАТҲОИ АТМОСФЕРА

Атмосфера сарҳади аниқ надорад. Бо вуҷуди он ки атмосфера дар таркишҳои Замин ва ковокиҳои ҷинсҳои кӯҳӣ мавҷуд аст, ҳудудн поёнии онро сатҳи Замин меҳисобанд. Сарҳади болоӣ хеле ҳам ноаёи аст ва онро шартан баландии 3000 км ҳисобидаанд. Баландтар аз 20 км ҳам мавҷуд будани ҳаво муайян гардидааст. Вале ҳаво дар фазои кайҳониошроканда намешавад, зеро қувваи бузурги кашиши Замин онро нигоҳ медорад.

Ҳаво дар наздикии сатҳи Замин зичтар ва вазнинтар аст. Агар дар сатҳи баҳр массаи 1 м мурабба ҳаво дар ҳарорати 0°С 1 кг 293 г бошад. пас дар баландии 12 км танҳо 310 г. дар баландии 40 км фақат 4 г аст. Бо афзудани баландӣ на фақат зичии ҳаво, балки ҳарорат ва намии он низ тағйир меёбад. Ҳарорати миёнаи сол дар маҳалҳои Тоҷикистон дар баландии 350 м 13.8°С, дар баландии 1000 м 11° С. дар баландии 2000 м 8° С ва дар баландии 3600 м ҳарорат 1,5°С мебошад.

Таркиб ва сохти атмосфера. Таркиби ҳаво ба ҳисоби миёна аз 78 фоиз нитроген, 21 фоиз оксиген, 0.03 фоиз гази карбонат ва аз омехтаи газҳои дигар иборат аст. Дар таркиби ҳаво ғайр аз ин об ва зарраҳои чангу ғубор мавҷуданд. Барои организми инсон оксиген ахамияти калон дорад ва тозагии ҳаво ҳаётан муқим мебошад.

Атмосфераро ба се қабати асосй ҷудо мекунаид: тропосфера, страпюсфера ва қабатҳои баланди он. Қабати поёнтарин ва муҳимтарини атмосфера тропосфера буда, ғафсии он дар болои хати истиво 17 км, дар қутбҳо 8 9 ва дар минтақахои мӯътадил 10-11 км ает. Дар тропосфера кариб 80 фоизи тамоми массаи атмосфсра мавҷуд мебошад.

Тамоми ҳодисаҳои метеорологӣ ва иқлимӣ дар тропосфсра рух медиҳанд. Чунончи, тамоми буғи оби атмосфсра дар ҳамин қабат буда, абр, боришот ва дигар ходисаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар тропосфера газ, чанг ва ғайра мавҷуданд.

Барои тропосфера ду ҳодиса махсусан хос аст: а)баробари афзудани баландии маҳал паст шудани ҳарорат: б) мавҷуд будани ҳарорати бошиддати уфуқӣ ва амудии ҳаво.

Ҳавои тропосфера аз гармиву сардии аз сатҳи Замин хориҷшуда гарм ва сард мешавад. Манбаи асосии гармшавии сатҳи Замин нурҳои Офтоб мебошад. Аз ҳамин сабаб ҳаво ҳар кадар аз сатҳи Замин дур бошад, ҳамон кадар хунуктар аст. Ҳарорат ба ҳисоби миёна ба ҳар 100 метр 0,6°С (дар 1 километр 6°С) паст мешавад.

Ҳолати ҳаво дар тропосфера – ҳарора г, ҳаракати он, намнокӣ ба он вобаста аст, ки ҳаво дар чй кадар баландй воқеъ мсбошад.

Стратосфера қабати аз тропосфера болои атмосфера мебошад ва то баландиҳо 50 – 55 км тӯл мекашад. Ҳавои он ниҳоят тунук аст ва қариб буғи об вуҷуд надорад. Дар қисми поёнии стратосфера дар тропосфера ҳарорати ҳаво хеле паст мешавад, вале тахминан аз баландии 20 км cap карда баланд мегардад. Дар стратосфера ҷамъшавии гази озон вуҷуд дорад, ки мавҷудоти зиндаи Заминро аз таъсири нурҳои зарарноки Офтоб эмин медорад.

Дар стратосфера ҳодисахои абр ҳосилшавӣ ва боришот рух намедиҳанд.

Аҳамияти атмосфера. Атмосфера манбаи ҳаёт аст. Вай сарчашмаи нафаскашӣ мебошад ва одам бе ҳаво ҳатго панҷ дақиқа ҳам зиндагӣ карда наметавонад. Атмосфера чун либоси Замин аст, ки онро аз ниҳоят гарму сардшавӣ нигоҳ медорад, дигар ҳаво намебуд, сатҳи Замин монанди сатҳи Моҳ (ҳарорати сатҳи Моҳ дар худуди аз +1200 то 1200 дар як шабонарӯз тағйир меёбад) беҳаёт мегардид. Атмосфера барои Замин монанди сипар аст ва онро аз афтидани метеоритхо ва нурҳои зарарноки Офтоб муҳофизат мекунад. Атмосфсра нигоҳдорандаи тавозуни об дар руи Замин мебошад, дар сурати набудани табақаи ҳаво -гамоми оби уқёнусҳо буғ шуда мерафт.

Дар замони хозира фаъолияти хоҷагии инсон, хусусан афзудани истифодаи сӯзишворӣ боиси бештар ифлосшавии ҳаво, афзудани миқдори гази карбонат гардида истодааст. Муҳим аст, ки барои ҳифзи тозагии ҳаво чораҳо андешида шаванд, нагузорем, ки манбаи ҳаёт ҳаво ифлос гардад, пеши роҳи партофтани газҳои зарарнокро гирифтан лозим аст.

Саломатии одамон. фаъолияти хоҷагии онҳо, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ба тозагии ҳавои атмосфера ва ҳодисаҳои дар он рухдиҳанда вобаста аст. Aгap ҳар як фард ба қадри саломатӣ бирасад. бояд барои таъммии тозагии ҳаво ҳиссагузор бошад. Дар корхонаҳо гузоштани чангкаш ва дудкашҳо хеле муҳим аст. Дар шаҳру ноҳияҳо васеъ кардани майдони кабудизор, хусусан дарахту буттаҳо, ба роҳ мондани ҳифзи онҳо  ҳаётан зарур мебошад. Чунки дарахтон на танҳо оксигенро ба ҳаво мебароранд, балки чангҳоро медоранд ва бо ин барои камшавии чангу ғубор шароит фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, ҳамаҷониба омӯхтани холати атмосфера аҳамияти калон дорад.

Савол ва сувориш

  1. Мафҳуми атмосфера чист?
  2. Дар боранион ки атмосфера манбаи ҳаёт аст, чӣ далелҳо оварда метавонед?
  3. Тропосфера ва страгосфераро муқоиса кунед. Онҳо  чӣ фарқ доранд?
  4. Кадом ҳодисаҳои дар тропосфера рухдодаро мушоҳида кардаед?
  5. Сабабҳои ифлосшавии ҳаво дар маҳали шумо кадоманд?
  6. Барои муҳофизати тозагии ҳаво чӣ тадбирхо андешида мешаваид?
  7. Дафтари обу ҳаво тартиб диҳед ва ба он ҳолати ҳаррӯзаи атмосфераро нависед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …