Главная / Гуногун / АСРИ ДУРАХШОНИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

АСРИ ДУРАХШОНИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Аз ҷиҳати инкишофи назми классикӣ асри X нахустин рўзгори дурахши адабиёти халқи тоҷикро ташкил медиҳад. Адабиёти ин давра на фақат оғози тараққии адабиёти классикии тоҷик аст, балки дар сайру такомули он чун асос аҳамияти бузург дорад. Дар ин давра устоди шоъирон Рўдакӣ ва дар охири он суханвари ҷаҳонӣ Фирдавсӣ зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Абўалӣ ибни Сино низ аз нобиғаҳои аср буд. Шаҳиди Балхӣ (ваф. 937) аз дўстон ва ҳамкорони Рўдакӣ буда, ба ду забон — арабӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Ў бо олими машҳури соҳаи фалсафа Закариёи Розӣ (ваф. 945) дар масоили гуногуни илмӣ баҳсу мунозираҳо пайваста, фикрҳояшро дар шакли рисола менавишт. Вай хаттоти пурҳунаре ҳам буд. Аксари адибони дигаре, ки дар ин аср рўзгор ба сар мебурданд, низ соҳиби шўҳрати хосе буда, дар адабиёти тоҷик бо фаъолияти эҷодии худ  мақоми арҷмандеро соҳиб шуданд. Абўшакури Балхӣ, Кисойии Марвазӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Муродӣ, Фароловӣ, Хусравонӣ, Гургонӣ, Тоҳирӣ, Чағонӣ, Мунҷик, Абдулфатҳи Бустӣ, Майсарӣ ва дигарон намояндагони барҷастаи адабиёти ин давра мебошанд. Дар замонҳои баъдина кам ба назар мерасад, ки  дар як аср ин қадар суханварони соҳибмақоме ба камол расида бошанд, ки доройи табъи салиму истеъдоди фитрӣ бошанд.

shoir-shohБале, пояи  ҳақиқии  адабиёти  навини  тоҷик дар  асрҳои IX—X гузошта шудааст. Чаро адабиёти ин давра адабиёти навин ва пояи тараққиёти  минбаъдаи адабиёти тоҷику форс номида мешавад? Чунки  то ин замон адабиёти тоҷик ё ба забонҳое, ки баъдан аз байн рафтанд, навишта  шудааст, ё ба  забони  арабӣ таълиф гардидааст, ки  забони барои халқ бегона буд. Аз асри    IX сар карда адабиёти тоҷик ба забоне офарида мешавад, ки бо он имрўз ҳам  мардуми мо гуфтугў доранд. Забони осори Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ Сино ва дигарон аз ҷиҳати таркиби луғавӣ, таъбиру ифодаҳо, воситаҳои  тасвир, сарфу  наҳв  ва  тарзи  талаффуз  аз забони ҳозираи тоҷик фарқи куллие надорад. Бар замми  ин,   анъанаҳои   асосии   адабиёти  тоҷик  дар   ҳамин замон ба вуҷуд омада, минбаъда инкишоф ёфтанд. Асоси назариявии адабиёти тоҷик ва талабҳои    эстетикии он дар ҳамин давра  гузошта  шуд. Жанрҳои  навъҳои асосии адабиёти мо дар насру назм—қисса, қисса андар қисса, ҳикоят, қасида, ғазал, рубоъӣ, қитъа, маснавӣ, хелҳои гуногуни достон маҳз дар ҳамин асрҳо тавлид гардида, ба низом дароварда шуданд ва минбаъда тараққӣ карданд. Вазни арўз ва тарзи ҳатмии қофиябандии хос барои ҳар  як навъи шеъри тоҷикӣ  низ дар ҳамин давра   устувор  гардид.  Ҳамаи   ин  пайвандҳои   ногусастание мебошанд,  ки  адабиёти  асрҳои   IX—Х-ро бо тамоми давраҳои адабиёти минбаъдаи мо пайваст   менамоянд  ва тамоми ин  адабиётро чун як адабиёти томи дорои қонунҳо, талабҳо, ҳадафҳо ва анъанаҳои устувор ҷилва медиҳанд.

Тавлид, сабзиш ва такомули адабиёти тоҷик дар асрҳои IX—X заминаҳои хоси таърихӣ дошт, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат буданд: ташаккули халқи тоҷик, таъсиси давлатҳои мустақили тоҷикон, болоравии худшиносии мардум, ҳамчун забони адабиёту илм мақом ёфтан ва забони расмии давлатӣ қабул гардидани забони форсии дарӣ, инкишофи шаҳрҳо чун марказҳои илму ҳунару савдо, дастгирии ҳокимон аз аҳли илму адаб ва амсоли инҳо. Ҳанўз соли 1926, ба муносибати нашри «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Устод Айнӣ, аллома Саъид Нафисӣ (1896—1966) дар мақолаи худ «Сарзамини поки  ниёконам» назишта буд: «Шуъарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузургу ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Бухорову Самарқанду Балх, то замоне, ки авлоди Темур салтанат карданд, ҳамеша дорулъилми Эрон буданд. Ҳанўз бадеътарину зеботарин шоҳкориҳои меъморону киштисозони Эронро дар Бухорову Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд. Ҳар китоби форсӣ, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёкон меандозад. Чӣ қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре яз таърихи Эрон нест, ки  як бор исми Бухоро ё Самарқанду Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман ин аст, ки ин сарзамини поки  ниёкони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш забони ширини порсиро аз забони самарқандиёну бухороиён бишнавам».55

Донишманди муҷарраби эронӣ Маҳмуди Мудаббирӣ роҷеъ ба гирд овардан, ташхису интиқоди осори шоъирони гумном ё, дурусттараш, бо ибораи худи мусаҳҳеҳ, шоъирони бедевони қарнҳои Ш, IV, V ҳиҷрӣ тадқиқоти шоистаеро анҷом дода, таҳти унвони «Шарҳи аҳволу ашъори шоъирони  бедевон  дар  қарнҳои  3, 4, 5  ҳиҷрии қамарӣ»  китоберо соли

1370/1991 дар Теҳрон ба табъ расонд, ки ба таъриф меарзад. Ин муҳаққиқи  пухтакор  дар  асоси  221  манбаъ  ва  адабиёти илмӣ 58 байти мутафарриқаи 7 шоъири асри 3 ҳиҷрӣ, намунаи осори 59 шоъири замони Саффориён, Тоҳириён  ва  Сомониёнро,  ки  баъзеҳо дар  қаламрави  Оли

Зиёру Оли Бувайҳ мезистанд, ҷамъ оварда, тамоми шакли китобату фарқи матни он ашъорро сабт кардааст. Аз ин шоъирон, ба ғайр аз «Шоҳ-нома»-и Фирдавсӣ, «Донишнома»-и Майсарӣ (4481байт), «Гуштоспнома» ва ашъори парокандаи Дакиқӣ (1308 байт), ҳамчунин, осори дастраси Рўдакӣ (1045 байт), ки мустақилона ба чоп расидаанд, ба номи 54  шоъир  1820  байт гирд оварда шудааст. Тибқи тадқиқи Маҳмуди Мудаббирӣ, алҳол аз замони Салҷуқиёну Ғазнавиён 164 шоъир шинохта шудааст, ки аз онҳо 164 ҳазору 593 байт имрўз дастрас аст. Аз ҷумла, 15 манзумаи бузургу хурд, 11 девону маҷмўъаи ашъори шоъирони ин аҳд боқист, ки қариб ҳама ба тарзи алоҳида ба чоп расидаанд, 56 ки «Шоҳнома» (49529 — 53882 байт), «Бежаннома» (1900 байт) ва «Барзунома»-и Атоии Розӣ (тақр. 38000 байт), «Варқаву Гулшоҳ»-и Айюқӣ (2239 байт), «Гаршоспнома»-и Асадӣ (9110 байт), «Вису Ромин» (8897 байт)-и Фахриддини Гургонӣ, «Юсуфу Зулайхо»-и Амонии Хуросонӣ (5976 байт) аз он ҷумла буда, Маҳмуди Мудаббирӣ маснавии Бадоеъӣ «Роҳат-ул-инсон» ё «Пандномаи Анўшервон»-ро дар китоби худ ҷой додааст, ки ҳамагӣ 436 байтро ташкил медиҳад.57

Аз рўйи он ки Насри I марди диндору хирадманде буда, шеърро хуб месуруд, ўро чун адибе фозил ёд кардаанд. Конуни адабии Сомониён ҳанўз дар Самарқанд гарм будааст. Бухоро, ки аз соли 892 пойтахти Сомониён қарор гирифта буд, дар охири асри IX – ибтидои асри X ба маркази бузурги илмиву адабии мамлакат табдил ёфт. Дар дарбору берун аз он маҳфилҳо ва анҷуманҳои адабиву илмӣ гарму гардон буданд.

Нахустин   шоъираи   форсу   тоҷик   Робиъаи     духтари Каъб низ  дар  ҳамин  қарн  зиндагӣ  ва  эҷод  кардааст. Ў  зодаи Балхи бостонӣ буда, дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тезу қудрати шоъирӣ ба форсии   дарӣ ва арабӣ машҳур буд.

Сайёҳи араб Ибни Ҳавқал, ки дар замони Мансур ибни Нўҳ  (962—977) ба Бухоро омада буд,  дар   асари  худ   «Сурат-ул-арз»   менависад:   «Дар миёни сарзаминҳои исломӣ шаҳре босафотару зеботар  аз  Бухоро нашунидаву  надидаам. Чун ба болои куҳандизи он биравӣ, беруни шаҳрро чунон мебинӣ, ки сабзаҳо ба осмони обӣ пайвастааст, гўйӣ осмони кабуд бар бисоте сабз хам шудаву кохҳо чун сипарҳо тиббиётиву мултӣ менамоянд, ё ба сони ситорагони осмон дар миёни обҳои сафеду дурахшонанд».58

Адибони қарнҳои баъдина бо ифтихор чун намунаи ибрат аз шоъирони он давр ёд мекунанд.

Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидае як идда шоъирони машҳури Хуросонро, ки ғараз аз Хуросон ҳамон кишвари Сомониёну пойтахти он Бухорост, ном мебарад:

Дар Хуросон Бўшуъайбу Бўзар, он Турки Кашӣ

В-он Сабури Порсӣ в-он Лўкарии Чангзан.

Он ду Гургониву ду Розиву ду Валволаҷӣ,

Се Сарахсиву се, к-андар Суғд буда мустакан…

Аз Бухоро панҷу панҷ аз Марву панҷ аз Балх, боз

Ҳафт Нишопуриву се Тўсиву се Булҳасан,

К-аз фароз оянду шеъри устодам бишнаванд,

То ғаризӣ равза бинанду табиъӣ настаран!

           Дар қасидаи дигар Манучеҳрӣ мефарояд:

Булъалову Булъабосу Бўсалику Булмасал

В-он ки омад аз навоеҳ в-он ки омад аз Ҳарӣ.

Аз ҳакимони Хуросон гў Шаҳиду Рўдакӣ,

Бўшакури Балхиву Булфатҳи Бустӣ, ҳоказӣ?!

Гў: «Биёеду бибинед ин шариф айёмро,

То кунад ҳаргиз шуморо шоъирӣ кардан казӣ!

           Манучеҳрӣ дар ин порчаҳои шеърӣ барои азамати Унсуриро боз ҳам боло бардоштан бузургони адабиёти замони Рўдакиро ёд мекунад, ки шоҳиди дигари эътирофи сарвақтиву барвақтии эшон аст.

Шоъироне, ки ба форсӣ шеърҳои баланд гуфта, то дараҷаи соҳибдевонӣ расидаанд, танҳо дар асри IХ пайдо шудаанд. Аммо тамоми адибони асрҳои IX— X забони арабӣ ва баъзеҳояшон забонҳои суғдӣ, паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, ҳатто юнонӣ ва яҳудиро низ медонистанд, ба форсию арабӣ шеър мегуфтанд. Аз аввалин шоъироне, ки ба форсӣ шеъри пухта гуфтаанд, инҳо маълуманд: Абўҳафси Суғдӣ, Муҳаммади Васиф, ки соли 867 дар мадҳи Яъкуб ибни Лайси Саффорӣ ба порсӣ қасидае гуфтааст, Ҳанзалаи Бодғисӣ (ваф. 834), Бассоми Курд, Шаҳиди Балхӣ, Маҳмуди Варроқ (ваф. 835), Фирўзи Машриқӣ (ваф. 897), Абўсалики Гургонӣ, Муҳаммад ибни Мухаллад ва Масъуди Марвазӣ. Аз шеърҳои ин шоъирон фақат пораҳои пароканда ба даст омадааст, ки дар китобҳои таъриху луғат чун санаду мисол сабт гардидаанд, ки дар боло дарҷашон намудем. Бо ин ҳама, маълум мешавад, ки шеъри асрҳои IX—X форсии тоҷикӣ дар шаклҳои қасида, ғазал, ҷқитъа, дубайтӣ, рубоъӣ ва маснавӣ навишта шуда, аз ҷиҳати мавзўъ мадҳ, панд, ахлоқ, ишқ ва таърихро фаро мегирифтааст.

Дар қаламраву дарбори Саффориён сурудани қасида расм шуда буд. Мувофиқи хабари «Таърихи Систон» (асри XI), соли 867 амири Саффорӣ Яъқуб ибни Лайс ба Ҳирот ҳуҷум оварда, зафар меёбад, ки «шуъаро ба шарафи ў шеърҳои арабӣ гуфтанд… Яъқуб, ки марди нохондае буд, аз маънӣ огоҳ нашуд… Пас Муҳаммад ибни Васиф шеъри форсӣ гуфтан гирифту аввалин касе аз Аҷам буд, ки шеъри порсӣ гуфт».59

Барҳақ, аз ҷиҳати инкишофи назми классикӣ асри X нахустин асри дурахшони таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Адабиёти ин давра на фақат оғози таракқии адабиёти классикии форсу тоҷик аст, балки дар сайри такомулоти минбаъдаи он чун асос мақоми бузурге дорад.

Дар ин замон адибони зиёде асар менавиштанд. Дар ибтидои он устоди шоъирони форсилисон – Одамушшуъаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (858—941) ва дар охири он суханвари ҷаҳонӣ Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934—1020) зиндагиву эҷод мекарданд, ки бе таъкиди ному осорашон азамату ҳашамати адабиёти форсии тоҷикӣ тасаввурнопазир аст. Устод Айнӣ дуруст мефармояд: «Тоҷикон дар асри даҳ Устод Рўдакӣ — бузургтарин нобиғаи забону ҳунарро ба зуҳур расониданд, ки тамоми халқҳои фарсизабон дар адабиёти оламшумули форсӣ раҳини миннати ин устоданд. Аз миёнаи тоҷикон ва дар асри даҳ баромадани Устод Рўдакӣ як ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки ифодакунандаи истеъдоду барҷастагии ин халқ аст. Дар ҳамон асру замон баромадани Хусравонӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродии Бухороӣ, Дақиқӣ ва дигар шуъарои бузург ва баъд аз замони Рўдакӣ ва бевосита ба замони ў расидани Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, ки ҳамагӣ аз шоъирони бузурганд, ин қавли моро исбот мекунад».60

Ҳарчанд, ба истиснои Дақиқиву Фирдавсӣ, аз осори адабии аксари адибони асри X намунаҳои каме то замони мо боқӣ мондаанд, дар асл онҳо хеле сермаҳсул будаанд. Рўдакӣ, Аммораи Марвазӣ, Муродӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ, Мунҷики Тирмизӣ ва дигар шоъирони соҳибдевони замон соҳиби обрўйи калону мақоми бузурги ҷамъиятӣ буданд. Сарвару устоди тамоми адабони аср Устод Рўдакӣ аз зумраи онҳое буд, ки дар натиҷаи муҳити созгори фарҳангӣ ва системаи мусоиди парвариш чун Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Абўбакри Розӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Абўалӣ ибни Сино, Абўмуҳаммади Хуҷандӣ, Балъамӣ ва амсоли инҳо дар 16—18-солагӣ тамоми донишҳои замони худро фаро гирифта, бо сухани пухта дар равнақи илму адабиёт саҳми муҳим гузоштааст. Вай дар таърихи халқи тоҷик аввалин устоди сухан аст, ки  таҷрибаву муваффақиятҳои аслофи худро дар соҳаи адабиёт ҷамъбаст намуда, бо шеваи саҳли мумтанеъ ашъори баландсанъати дар лафз хубу ба маънӣ осон суруда, дар шеъри худ масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, ишқи поку беолоиш, зебоиҳои табиати диёрро бо тамоми таровату рангу бў, бузургии инсон, андешаву пиндори мардумро доир ба    сулҳу осоишу одамият бо рўҳи мутаҳаррики  инсонпарварона, образҳои  нотакрор ва ҷилои фалсафӣ чунон инъикос намудааст, ки абри баҳор, борони найсон, чаҳ-чаҳи  булбулу  андалеб,  парвози уқобу парасту, хониши сору амсоли инҳо дар пеши назарҳо зиндаву равшану гўё ҷилвагар  мешавад.

Дар шеъри Рўдакӣ тарғиби муҳаббат ба  Ватан, эҳсоси ғаму шодии халқ, тараннуми хирад, аҳволи аҳли заҳмат ва дигар масъалаҳои доғи зиндагӣ чун аксе бар ойина мунъакис гардидаанд, ки баъдан касеро муяссар нашудааст.

Аз ҳамасрони Рўдакӣ номи се нафар дар абёти боқимондаи устод эрод мешавад, ки Шаҳид, Муродӣ ва Фароловӣ мебошанд, ки, яқинан, шуъарои забардасти замон будаанд. Дар бораи Муродӣ Устод Рўдакӣ мефармояд:

Мурд Муродӣ, на, ҳамоно, ки мурд,

Марги чунон хоҷа на корест хурд!

Абулҳусайн Муҳаммад Муродӣ аз Бухоро буда, анису ҷалиси Рўдакӣ будааст, ба арабӣ низ шеър мегуфтааст. Аз ашъори форсии   ў ду байт боқӣ мондааст, ки ҷанбаи ахлоқӣ дошта, дар бебақойии ҳашамату ганҷ ва ногузир будани марг баҳс мекунад:

Аз ҳашаму ганҷ чӣ фарёду суд,

Марг кунад бар сари ту тохтан!

Роҷеъ  ба  Абўабдуллоҳ  Муҳаммад ибни  Мўсои Фароловӣ,   ки аз шеърҳои    ў 55  мисраъ боқӣ мондааст, ва Абулҳасан  ибни    Ҳусайни  Варроқи    Ҷаҳудонакии Балхӣ Рўдакӣ мегўяд, ки фақат Фароловӣ ва Шаҳид шоъир буда, дигарон ровӣ мебошанд:

Шоъир    Шаҳиду    шуҳра    Фароловӣ

В-ин дигарон ба ҷумла ҳама ровӣ!

Фароловӣ умри дароз дида (Мани раҳӣ пиру сустпой шудам, — Натавон роҳ кард бе болод), мадҳу шеъри ошиқона (Зи чашми масти ту олам хароб аст, — Ба банди зулфи ту дилҳо гирифтор), манзаранигорӣ (Меғ чун турке ошуфта тир андозад, — Барқ тир аст мар ўро магару рахш камон?!), ҳаҷву танз ва панду андарз месурудааст:

Чун набошад бинои хона дуруст,

Бегумонам, ки зер ришт ояд!

Шаҳиди Балхӣ (ваф. 937) низ аз дўстону ҳамнишастону ҳамкорони Рўдакӣ буда, ба арабӣ низ шеър мегуфт. Вай аз донишмандони бузурги аср дар фалсафа, ҳикмат ва калом ба шумор рафта, бо файласуфи бузурги замон Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (ваф. 925) роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни фалсафа баҳс намуда, барои рад кардан ва тасдиқи фикри якдигар рисолаҳо навишта, бо далелҳои ақлӣ ва нақлӣ фикри худро баён мекарданд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ў дар фалсафа ва ҳикмат бисёр моҳир будааст. Аз мероси форсии ў тақрибан 90 байт боқист. Фаррухии Систонӣ (нимаи аввали асри XI) Шаҳидро дар шеър ҳамрадифи Рўдакӣ мешуморад:

Шоъиронат чу Рўдакиву Шаҳид,

Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.

Шаҳид  хушнависи моҳир ва дар эҷоди ғазали ошиқона машҳур буда,  аз  маргаш  Рўдакӣ хеле мутааллим гашта будааст. Шаҳид «дар боби лаззат ва илми илоҳӣ ва сукуну ҳаракат ва  меъод ва дар ин масоил нуқузе бар Розӣ ва Розӣ низ кутубе дар радди ў навишт».61

Абўсулаймони Мантиқӣ дар китоби «Сивон-ул-ҳикмат» навишта будааст, ки Шаҳид мефармояд: «Нахустин фазилати лаззоти нафсонӣ бар лаззоти ҷисмонӣ давому иттисоли онҳост, зеро лаззоти нафс дар натиҷаи масаррате, ки ў бо вуҷуди матлуби худ монанди ҳикмату илм ба даст меоварад ва ба сабаби иқоне, ки ба фазилати он бар умури дигар дорад, доиму муттасил аст ва сипарӣ намешавад ва инқитоъ намепазирад. Аммо лаззати бадан бастагӣ ба вуҷуди қувваи ҳоса дорад ва ба ҳамин сабаб мунқазӣ ва зоил аст ва басуръат табаддул ва истиҳола мепазирад».62

Муҳтавиёти абёти боқимондаи Шаҳидро мадҳия, ишқ, васфи табиъат, панду андарз, ҳикмат, танқид ва амсоли инҳо ташкил медиҳад:

Ҳазор кабк надорад дили яке шоҳин,

Ҳазор банда надорад дили худованде!

Ё:

Дардо, ки дар ин замонаи ғампарвард,

Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард,

Ҳар рўз фироқи дўсте бояд дид,

Ҳар лаҳза видоъи ҳама мебояд кард!

Дар васфи маъшуқаи тангдаҳон мефармояд:

Даҳон дорад чу як писта, лабон дорад ба май шуста,

Ҷаҳон бар ман чу як писта  бад-он пистадаҳон дорад.

Мазмуни бисёр байтҳои Шаҳидро накўҳиши ахлоқи ношоиста ташкил медиҳад:

Аз чӣ тавба накунад хоҷа, ки ҳар ҷо, ки бувад,

Қадаҳе май бихўрад, рост кунад зуд ҳарош?!

Нигориши зебо, алфози пухта ва оҳанги панд аз хусусиятҳои мумтози ашъори Шаҳид аст. Ў хонандаи худро ба тақводорӣ ва некномӣ даъват менамояд, ки ин хасоил гузарномаест ба сўйи ҷаннати барин:

Ҳама диёнату дин варзу некномӣ кун,

Ки сўйи хулди барин бошадат гузарнома!

Алҳақ, Шаҳид аз адибону мутафаккирони номии адабиёти асри X форси тоҷикӣ буда, бисёр хосиятҳои шеъру дониши замонаро таҷассум доштааст.

Дар кори боло бурдани фарҳангу маданият, хоса адабиёти замони Сомомиён, нақши вазирони эшон басе бузург аст, ки ғолибан намояндагони машҳури аҳли фазли замон буданд. Дар ин кор, қабл аз ҳама, Абулфазл Муқаммад ибни Абдуллоҳи Балъамиро бояд ном бурд, ки ҳанўз аз замони Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (279—295 ҳ.) ба корҳои девонӣ машғул шуда, дар айёми ҳукумати Наср ибни Аҳмад (914—943) беш аз бист сол дар маснади вазирӣ нишаста буд. Ў шахсе донишманд, покдин, бофарҳанг, раъиятпарвар, дўст ва ҳомии Рўдакӣ буда, чун адиби чирадаст ва фақеҳи соҳибмактабаш низ ёд кардаанд. Вай ҳамроҳи Абўабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммади Ҷайҳонӣ, Абўтаййиби Атибӣ ва дигарон дар равнақи  адабиёт, ойин, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ нақши бузурге бозидааст. Одатан, гуфтаҳои Балъамиро чун қавли шахсияти муътабаре, чун бурҳоне далел меоранд. Мулло Самъонӣ дар «Китоб-ул-ансоб» мегўяд: «ва кона Абулфазл ал-Балъамӣ вазири Исмоъил ибни Аҳмад – волии Хуросон яқул: «Лайса лил Рудакӣ фӣ-л-Араб ва-л-Аҷам назир».63 Яъне, чунон ки Абулфазли Балъамӣ – вазири Исмоил ибни Аҳмади волии Хуросон мефармояд, «Рўдакиро дар Арабу Аҷам монанде нест».

Дар нимаи дувуми қарни даҳи мелодӣ кори ин вазирони ботадбирро Абўалии Ҷайҳонӣ, Абўалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад давом дода, дар устувор гардидани пояҳои забони форсии   тоҷикӣ хидмати арзандаеро ба ҷо овардаанд. Ба вижа, ба забони форсӣ тарҷума  шудани «Таърих»-у  «Тафсири  Табарӣ»  эътибори ин забонро хеле боло бардошт, миқдори шоъирони форсигўй низ чандин бор афзуда, мавзўъи осори онҳо рангинтар гардид. Яке аз достонҳои пурраи то замони мо маҳфузмондаи он давр достони Майсарӣ мебошад, ки  роҷеъ ба илми тибб таълиф гардидааст.

Абўсаид Ҳусайни Сабзаворӣ (тав. 908) марди фозилу донишманде буда, дар илоҳиёт, сарфу наҳв, фиқҳу ҳадис, адабиёту риёзиёт дасти тавоно дошта, шеър ҳам мегуфтааст, вале ашъораш пурра аз байн рафтааст. Китобҳои «Масобиҳ-ул-қулуб», «Роҳат-ул-арвоҳ» ва «Мўнис-ул-ашбоҳ», «Баҳҷат-ул-маноҳиҷ», «Ғоят-ул-маром фӣ афозил-ил-киром» аз таълифоти   ў мебошанд.

Абўсаҳли Саълуқӣ. Номи ў Муҳаммад ибни Сулаймон (906—969) буда, дар Исфаҳон ба дунё омада, улуми мутадовиларо фаро гирифта, дар Басра дониши худро такмил медиҳад. Сипас дар Исфаҳон ба касби мударрисӣ машғул мешавад. Баъдан, бо даъвати аҳли Нишопур ба он шаҳр  омада,  то  охири умр мударрисӣ мекунад ва дар фиқҳ, ҳадис, сарф, наҳв, балоғат ва китобат ном мебарорад. Аз қарори маълум, вазифаи қозиюлқуззоти Хуросонро низ ба зимма доштааст. Шеърҳои хуб ҳам мегуфтааст, ки аз байн рафтаанд. «Шамс-ул-маъолӣ» ном таълифотеро низ ба қалами ў мансуб медонанд, ки аз он ҳам дараке нест.

  Абўшакури Балхӣ зодаи Балхи бостонӣ буда, соли ба дунё омаданашро худаш  303 ҳиҷрӣ нишон медиҳад, ки ба 915 мелодӣ баробар меояд.  Балх баъд аз Бухоро дувумин шаҳру вилояте буд, ки дар аҳди Сомониён адибони зиёдеро ба камол расонидааст. Аз маҳсули эҷодии Абўшакури Балхӣ нисбатан бештар абёт боқӣ мондааст. Абўшакур чанде дар даргоҳи Нўҳ ибни Насри Сомонӣ (943—954) хизмат мекард. Шоъири маснавигў буд. Ғайр аз маснавии «Офариннома», ки соли 947 сурудааст, аз гуфти устод Саъид Нафисӣ, боз соҳиби ду маснавии дигар буда, ки яке дар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур, дувум дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф суруда шудааст. «Офариннома» калонтарин маснавии Абўшакур буда, аз он 372 байт боқӣ мондааст. «Офариннома» маснавиест панду ахлоқӣ, ки бо сабку услуби содда ва пухта нигориш ёфта, доир ба ситоиши хираду накўкорӣ, васфи донишу хирад, накўҳиши дўсти бад ва ҷаҳолату торикӣ баҳс карда, бисёр пораҳои он ба арабӣ ҳам баргардонида шудаанд.

Абёти зерин аз «Офариннома»-анд, ки ҳадафи шоъиру эҷоди достонашро ҳувайдо мегардонанд:

Ду чиз андуҳ аз дил ба берун барад:

Рухи дўсту овози марди хирад.

Ва:

Задан мардро чўб бар тори хеш

Биҳ аз бозгаштан зи гуфтори хеш!

«Офариннома», барҳақ,  баъди «Калилаву Димна» ва «Синдбоднома»-и Рўдакӣ, дувумин маснавии дастраси пандиву ахлоқӣ ба забони тоҷикӣ буда, суннати адабии Рўдакиро    давом медиҳад.    Чунончи, дар сабки пири шуъарои Аҷам, дар ситоиши    хирад Абўшакур чунин мефармояд:

Хирадманд гўяд хирад подшост,

Ки бар хосу бар ом фармонравост.

Хирадро тани одамӣ лашкар аст,

Ҳама шаҳвату орзу чокар аст!

Абўшакур бо ифтихор изҳор медорад, ки ба туфайли қалами худ ҳар қадаре зару нуқра хоҳад, метавонад  пайдо бикунад, ки далели қадру қимати баланде доштани шеъру шоъир – хомаву сухан дар он замонаҳо мебошад:

Чу динор бояд маро ё дирам,

Фароз оварам ман зи нўги қалам!

Абўшакур, бо вуҷуди истеъдоду мақоми баланди адабии худ, шахси фурўтане будааст, ки хазинаи беҳудуди илму донишро фаро гирифта бошад ҳам, онро ҳамеша нокифоя мешуморидааст:

То бад-он ҷо расид дониши ман,

Ки бидонам ҳаме, ки нодонам!

Дар хақиқат, инсон ҳар қадаре, ки донишу илмро бештар фаро гирад, ҳамон қадар ба кашфи нави асрори оламу одам шавқмандтар мешавад. Абўшакур донишомўзии паёпайи мақсаднокро, хусусан дар ҷавонию кўдакӣ, тақозо мекунад, чун муаллими ахлоқ қадру мавқеъи ҷамъиятии инсонро ба дараҷаи илму донишу ҳунари ў медонад:

Бад-он кўш, то зуд доно шавӣ,

Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ!

На донотар он кас, ки волотар аст,

Ки волотар он кас, ки донотар аст!

Ба ақидаи Абўшакур, донишро дар овони кўдакиву ҷавонӣ (барноӣ) фаро гирифтан зарур аст:

Ба ҳангоми барноиву кўдакӣ

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Касе, ки донишманд мешавад, дар ҷамъият арҷманд мегардад, зеро дониш аст, ки мушкилиҳои инсонро осон мекунад:

Касе, к-ў ба дониш барад рўзгор,

На ў бозмонад, на омўзгор.

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан!

Шоъир хавфи ҳуҷумҳои аҷнабиро ба сарзамини худ ба назар гирифта, панд медиҳад, ки инсони ҳақиқӣ бояд ҳамеша аз душман барҳазар ва нисбат ба он оштинопазир бошад:  

Ба душман – барат устуворӣ мабод,

Ки душман дарахтест талх аз ниҳод!

Дарахте, ки талхаш бувад гавҳаро,

Агар чарбу ширин диҳӣ мар варо,

Ҳамон меваи талх орад падид,

Аз ў чарбу ширин нахоҳӣ мазид!

Ҳар қадар душманбадбиниро талқин намояд, ҳамон андоза қадри дўсту дўстиро боло мебардорад. Ў дуруст мефармояд, ки дўст ғамгусору мададгор, пушту паноҳу қуввати дили ҳар инсон аст. Дар дунё аз дўстӣ биҳтар ниъмати маънавие нест. Хулосаи шоъир пандест гуворо барои авлодаш:

Шавад дўст аз дўст ороста,

Чу бо эманӣ мардум аз хоста.

Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,

Магар дўстӣ, к-он бимонад ҷавон!

Аз ҷиҳати суфтагӣ, пурмазмунӣ ва соддагӣ ҳикматҳои Абўшакур ҳукми мақолу зарбулмасалро гирифтаанд.

Абулаббоси Рабанҷонӣ. Мавзеъи Рабанҷон дар наздикиҳои Бухоро (мавзеъе аз сарзамини Суғд) ҷой гирифта будааст. Абўабдуллоҳи Фазл ибни Аббос ё Шайх Абулаббоси Рабанҷонии Бухороӣ, ба қавли соҳиби «Чаҳор мақола» , дар ватани худ бо шоъирӣ ном бароварда, сипас ба доираи адабии Сомониён роҳ меёбад. Аз осори ў ҳамагӣ шаш байт боқист, ки дар марсияи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914—943) суруда шудааст:

Подшоҳе гузашт ҳурнажод,     Подшоҳе нишаст фаррухзод!

3-он гузашта замониён ғамгин,

3-ин нишаста ҷаҳониён дилшод!

Бингар акнун ба чашми ақлу бигў,

Ҳар чи бар мо зи Эзид омад, дод!

Гар чароғе зи пеши мо бардошт,

Боз шамъе ба ҷойи ў бинҳод!

В-ар Зуҳал наҳси хеш пайдо кард,

 Муштарӣ низ доди хеш бидод!

Абулмасали Бухороӣ аз ҳамсуҳбатони Абулмуайяди Балхӣ ва Сипеҳрии Бухороӣ буда, бист байти ў то замони мо расидааст. Қасида, маснавӣ ва ғазал мегуфтааст. Панду андарз, ахлоқ ва ситоиши ишқ мундариҷаи осори Абулмасал аст:

Касе беайб набвад дар замона,

Рутабро раста бошад дар миёна!

Чу гардад огаҳ хоҷа зи корномаи ман,

Ба шаҳриёр расонад сабук чакомаи ман.

Абулҳасани Лўкарӣ Алӣ ибни Муҳаммади Ғазнавӣ ному насаб дошта, шоъири нимаи дувуми асри X буда, чангро некў менавохта ва ба Лўкарии Чангзан маъруф будааст. Зодгоҳаш Лўкар аст аз шаҳрҳои наздики Марв. Абулҳасан Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ ва вазири ў Убайдуллоҳ ибни Аҳмадро мадҳ мегуфтааст. Шоъири қасидасаро ва ғазалгў буда, аз гуфтори ў 19 байт дастрас шудааст, мисли:

Убайдуллоҳ ибн Аҳмад — вазири шоҳи Сомонӣ, Ҳаметобад шуъои дод аз он пурнур пешонӣ!                Ба сурат одамӣ омад, ба маънӣ нури субҳонӣ,      Худоё, чашми бад хоҳам, к-аз он сурат бигардонӣ! Бухоро хуштар аз Лўкар, Худовандо, ҳамедонӣ, Валекин курд нашкебид аз дўғи биёбонӣ!

Мувофиқи гуфти Муҳаммад Авфӣ, Абулҳасани Лўкарӣ дар адабиёти форсу тоҷик қасидаи тамомматлаъро асос гузоштааст, ки намунаи он абёти болост.

Абулаббоси Аббосӣ аз шоъирони асри X аст, ки номаш дар қасидаи Манучеҳрӣ, ки дар ситоиши Унсурист, зикр мегардад (он қасидаро қаблан ёд карда будем). Асадии Тўсӣ дар «Луғати дарӣ» аз ў абёти зиёде меорад. Дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ» 66 байти Абулаббоси Аббосӣ дарҷ шудааст, ки мазмунҳои лирикӣ-ишқӣ, порчаҳои ҳамосӣ, шиквойӣ, мадҳӣ ва ҳаҷвиро фаро мегирад. Аз ҳамин абёт маълум мегардад, ки дар соҳаҳои гуногуни шеър дасти қавӣ дошта, аз шоъирони забардасте будааст, ки аз ҷиҳати сабки нигориш гуфтори ў ба гуфтаҳои Рўдакӣ бисёр ҳам наздик аст:

Зи хону мону қаробат ба ғурбат афтодам,

Бимондам он ҷо бесозу баргу ангушто!

Шеъри Абулаббос аз ҷанбаи ахлоқу панд ва ҳикмат низ холӣ нест:

Табоеъ гар сутуни ту, сутунро ҳам бипўсад бун,

Напўсад он сутун ҳаргиз, к-аш аз тоъат занӣ коза!

Абулаббоси Аббосиро аз шоъирони Мовароуннаҳр гуфтаанд.

Абулмуайяди Балхӣ дар замони Нўҳ ибни Мансур (976—997) зиставу эҷод кардааст. Дар ҷавонӣ суҳбати Рўдакиро дарёфтааст. Шоъиру носиру ҷуғрофидон буда, асари мансураш «Аҷоиб-ул-булдон», «Шоҳнома»-аш, ки қисмати «Гаршоспнома»-ро ҳовист, достони «Юсуфу Зулайхо»-яш маълум аст. То замони мо бист байти Абулмуайяд, ки далериву накўкориро тарғиб менамоянд, расидааст, ки абёти зерин аз он ҷумлаанд:

Далере, ки тарсад зи пайкори шер,

 Зани зоҷ хонаш, махонаш далер!

Ё:

Малўл мардуми колусу бемаҳал бошад,

Макун, нигоро, ин хўву табъро бигзор!

Тоҳири Чағонӣ аз умарои Чағониён буда, ба қавли Авфӣ, ўро ашъори латифи обдор аст. Мунҷику Дақиқӣ аз дарбориёни ў будаанд.

Абулмузаффари Тоҳир ибни Фазл ибни Муҳаммад соли 987 фавтидааст. Аз ў 27 байт боқӣ мондааст, ки асосан аз ғазалу рубоъӣ иборат буда, дар мавзўи ишқ, шикоят аз носомониҳои рўзгор ва зиндагии талх баҳс мекунанд:

Дилам танг дорад бад-он чашми танг

Худованди дебои фирўзаранг!

Ба чашм ў гавазн асту рафтор кабк,

Ба кўшиш чу гўр асту кибр ў паланг!

Сухан гуфтанаш талху ширин ду лаб,

Чунон, к-аз миёни ду шаккар шаранг!

Абулфавориси Фанорўзӣ аз Фанорўз ном маҳалле дар қарибиҳои Самарқанд ва ному насабаш Абулфавориси Ҳоҷа Амид буда, дар  аҳди Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ, соли 339 ҳиҷрӣ (950—951 мелодӣ) «Синдбоднома»-и ҳиндиро ба дарӣ гардондааст. Асли асари Абулфаворис аз байн рафта, таҳрири ҷадиди Заҳирии Самарқандӣ (асриХП) то замони мо боқист, ки дар Истамбул (1948), Теҳрон (1953) ва Душанбе (1971) нашр шудааст.

Абўалии Балхӣ. Абўалӣ Муҳаммад ибни Аҳмад, бино бар гуфти Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», яке аз адибону муаррихонест, ки «Шоҳнома»-ро ба забони форсӣ ба наср нигошта, ки таърихи шоҳони Аҷамро аз Каюмарс то Сосониён фаро мегирифтааст. Лекин нусхаҳои он акнун мафқуданд.

Абўзироъаи Гургонӣ. Абўзироъа Муъаммарии Гургонӣ шоъири нимаи дувуми асри X буда, дар охирҳои ҳукмронии Давлати Сомониён ба дарбор роҳ ёфта, қасида месурудааст. Аз ў 11 байт боқӣ мондааст. Ў ҳамон касест, ки дар бораи Рўдакӣ гуфта буд:

Агар ба давлат ба Рўдакӣ намемонам,

Аҷаб макун, сухан аз Рўдакӣ на кам донам!

Агар ба кўрии чашм ў биёфт гетиро,

Зи баҳри гетӣ ман кўр буд натвонам!

Абўзироъа шоъирест дунёбезор, ки шояд азобу кулфати рўзгор ўро ба чунин ҳолат расонида бошад. Мумкин аст, ки навмедию яъс дар шеъри Абўзироъа як приёми адабӣ бошад:

Ҷаҳоншинохта гаштам ба рўзгори дароз,

Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз.

Надидам аз паси дин ҳеч биҳтар аз ҳастӣ,

Чунонки нест пас аз кофирӣ батар зи ниёз!

Ҳарчанд   Абўзироъа   ба   Рўдакӣ   монанд   набудани худро иброз медорад, абёти боқимондаи ў бо шеърҳои Рўдакӣ ва Абўшакури Балхӣ хеле ҳамоҳанганд:

Чӣ пўшӣ ҷавшани ғафлат, ки рўзе

Ту бошӣ тири миҳнатро нишона!

Амал бо умрат-андар ниҳ ба миъёр,

Нигаҳ кун, то куҷо гардад замона!

Абўисҳоқи Ҷўйборӣ. Ҷўйбор аз маҳаллаҳои Бухорост. Исми шоъир Иброҳим ибни Муҳаммад буда, аз касби деҳқонӣ таъмини рўзгор мекардааст. Манзараҳои табиъат бо ҳолати психологии қаҳрамони лирикӣ дар шеъри ў тавъам таҷассум ёфтаанд:

Ба абр пинҳон кард офтоби тобонро,

Ба сабза бинҳуфт он лолабарги хандонро.

Ба сўйи ҳар ду маҳаш бар ду шох райҳон буд,

Ба шохи мўрд бипайваст шохи райҳонро.

Буте, ки хастадилонро ба бўса дармон аст,

Дареғ дорад аз ин дарддида дармонро.

Ба абри найсон монам кунун ман аз ғами ў,

Сазад, ки санъати хуб аст абри найсонро.

Ба як гузар, ки саҳаргоҳ бар гулистон кард,

Биҳишт кард саросар ҳама гулистонро!

Аз офаридаҳои Абўисҳоқи Ҷўйборӣ ҳамагӣ ҳафт байт боқӣ монда бошад ҳам, маълум мешавад, ки ў шеърро пухта,  бо санъатҳои  фаровони бадеъӣ  ва суханҳои суфтаву сара мегуфтааст.

Дақиқӣ. Абўмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ аз сухансароёни бузурги асри X мебошад. Соли таваллуди ў аниқ маълум нест, вале азбаски вафоташ соли 978 воқеъ гардида, ба ривояте дар вақти маргаш 47-сола будааст, соли 931-ро замони таваллуди ў шумурдан имкон дорад. Дар китобҳои таъриху тазкира, ки шарҳи ҳоли шоъиронро фаро мегиранд, ўро аз Самарқанд, Марв, Тўс ва Ҳирот гуфтаанд. Аммо олими бузург Абўрайҳони Берунӣ (973—1048), ки муосири Дақиқӣ буд, Балхро зодгоҳи Дақиқӣ ёд мекунад.

Бинобар ҳамин, соли 1978, ба муносибати 1000-солагии рўзи вафоти ў хотираи Дақиқӣ бо Қарори махсуси ЮНЕСКО (Муассисаи байналхалқии фарҳангии назди Созмони Милали Муттаҳид) таҷлил гардида, Балхӣ буданаш эътироф карда шуд. Сабаби самарқандӣ, марвазӣ, тўсӣ ва ҳиротӣ дониста шудани ў он аст, ки Дақиқӣ дар Бухоро ва Чағониён, ки ҳамчун вилоят водии Ҳисори имрўза ва ё ҳозира вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистонро фаро мегирифт, низ зиндагӣ кардааст.

Дақиқӣ овози хуши сарояндагӣ дошта, аз илмҳои замони худ огоҳ буда, ҳамчунин, забонҳои арабӣ, паҳлавӣ ва суғдиро хуб медонистааст. Пайрави ойини бобоёнаш буда, мазҳаби зардуштӣ доштааст. Парастиши мазҳаби зардуштӣ ва, умуман, майл ба анъанаҳои мадании миллӣ, он вақтҳо хеле пурқувват шуда, дар асри даҳ як навъ истиқлолҷўйии халқ аз таъсири арабҳо ва зътироз нисбат ба мафкураи табақаи ҳукмрон буд.

 Зардуштиёне, ки дар он замон боқӣ монда буданд, чун одамони бомаърифат ба гузаштаи аҷдоди худ, махсусан забон, урфу одат, эътиқод ва таърихи он дилбастагии бениҳоят доштанд. Маҳз аз мўъбадон — пешвоёни ойини зардуштӣ, ки донандаю нигаҳдорандаи таърихи халқ буданд, чандин варианти «Шоҳнома» навишта гирифта шуда буд.

 Дақиқӣ низ дар маъсалаи аз нав зинда кардан ва ба назм даровардани достонҳои қаҳрамониву таърихии халқҳои эронинажод, ки тоҷикон аз он қабиланд, хизмати арзандае кардааст. Вай пеш аз Фирдавсӣ бо супориши амири Сомонӣ Нўҳ ибни Мансур, ки солҳои 975—997 ҳукумат рондааст, ба назми «Шоҳнома» сар мекунад. Назми «Шоҳнома» барои он ба Дақиқӣ супурда мешавад, ки ҳанўз дар ҷавонӣ ҳамчун шоъири тавоно, донандаи забардасти гузаштаи пурифтихори халқ, дўстдори фидоии обу хоки сарзамини худ шинохта шуда буд.

 Дақиқӣ аз «Шоҳнома» қисмати достони Гуштоспро ба назм медарорад, ки мураккаб аз ҳазор байт аст. Мазмуни достонро шарҳи подшоҳии Гуштосп, пайдоиши Зардушт, ҷангҳои мазҳабии Гуштоспу Арҷосп, ки подшоҳи Тўрон аст, ташкил медиҳад. Дақиқӣ Тўронро дар Хитой медонад. Азбаски Дақиқӣ саргузашти Гуштоспро нақл мекунад, «Шоҳнома»-и ўро «Гуштоспнома» низ гуфтаанд.

«Гуштоспнома» ё «Шоҳнома»-и Дақиқӣ бо назми маҳками соддаю равону пурмаънӣ иншо шудааст. Дар он ғояи истиқлоли маънавӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ вобаста ба муҳофизати Ватан ва шарафу номуси халқ ба миён гузошта мешавад. Ҳамчунин, ғояи ба давлати марказӣ аз рўйи виҷдон итоат кардани гумоштаҳо дар вилоятҳо тарғиб карда мешавад. Ин кори наҷиби Дақиқӣ ба сабаби марги ў, ки аз тарафи мухолифони ғоявиву мазҳабиаш ташкил карда шуда буд, қатъ гардид. Аммо назми «Шоҳнома» қатъ нашуд, зеро манфиати ҳалқу вазъи сиёсии кишвар, ки дар хавфи таҳдид ва таҷовузи аҷнабиён монда буд, зарурати муҳофизати Ватан ва кўшиши зинда гардонидани расму ойини гузаштагон талаб мекард, ки назми «Шоҳнома» давом дода шавад. Ба ин амри пуршараф Фирдавсии бузург камар баста, кори саркардаи Дақиқиро давом дод. Фирдавсӣ қисмати назмкардаи Дақиқиро аз ҷиҳати мазмун, ғоя ва шеърият писандида, онро айнан ба «Шоҳнома»-и худ бо номи соҳибаш ҳамроҳ намуд.

Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро дар вазни интихобкардаи Дақиқӣ давом дод, ки мутақориби мусаммани мақсур буда, маънои мусамман ҳаштгона ва маънои мақсур кўтоҳшуда мебошад. Ин вазн дар асрҳои минбаъда чун вазни достонҳои қаҳрамонӣ, ки дар адабиётшиносии умумиҷаҳонӣ достонҳои эпикӣ ва ба тоҷикӣ достонҳои ҳамосӣ мегўянд, расм шуд. Вазни кўтоҳ ва рукнҳои баробари он назми ин навъ достонҳоро лангардор ва пурҳашамат ҷилвагар менамояд.

Дақиқӣ дар навъҳои дигари шеър низ асарҳои барҷаста офарида, соҳиби девони азиме будааст. Девони Дақиқӣ фарогири қасида, ғазал ва қитъа будааст, ки ҳамаи онҳо ба жанри лирикӣ дохил мешаванд.

Қасидаю ғазалҳои Дақиқӣ намунаҳои беҳтарини назми асри X тоҷикро ташкил медиҳанд. Худи ў низ ишорае дорад, ки дар ин ду навъи шеър машҳур буданашро ифода менамояд:

Маро ҷўед зи чандин шеъри шоҳон,

Зи чандин ошиқона шеъри дилбар!

Дақиқӣ дар навъҳои дигари шеъри тоҷикӣ низ асарҳои барҷаста офарида, дар онҳо зебоиҳои маъшуқа, шуҷоату далерӣ, ҳусни баҳор, ҷилваҳои табиат ва амсоли инҳоро тараннум мекунад:

Кош, ки андар ҷаҳон шаб нестӣ,

То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ!

Захми ақраб нестӣ бар ҷони ман,

Гар варо зулфи муъақраб нестӣ!

В-ар набудӣ кавкабаш дар зери лаб,

Мўнисам то рўз кавкаб нестӣ!

В-ар мураккаб нестӣ аз некувӣ,

Ҷонам аз ишқаш мураккаб нестӣ!

В-ар маро бе ёр бояд  зистан,

Зиндагонӣ, кош, ё раб, нестӣ!

Бар замми оҳанги гўшнавозу рўҳпарвар, таъсири эмотсионалии ғазали болоро нидои «кош, ки» ва «кош», маҷози «захми ақраб» («ақраб»-каждум, «муъақраб»-каждуммонанд)-и зулф, маҷозан ба маънои дандон истифода шудани «кавкаб» (ситора) барҷаста ба назар мерасонанд, ки шакли зебои шеърро бо мазмуни дилрабои он хеле мувофиқ кардаанд.

Дақиқӣ дар сурудани ашъор аз ташбеҳу истиора, маҷозу киноя ва муқобилгузорӣ зиёд истифода мебарад. Ҳамаи воситаҳои эҷоди бадеъии ў содда, заминӣ, дидашаванда, фаҳмо ва ба идрок наздик мебошанд, мисли:

Шаби сиёҳ бад-он зулфакони ту монад,

Сапед рўз ба покии рухони ту монад!

Ё:

Ба зулф каж, валекин ба қадду қомат рост,

Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор.

Вале на ҳамаи ашъори Дақиқӣ шодоб аз сувари хаёли дидашаванда мебошанд. Ба порашеъри поён таваҷҷўҳ фармоед:

Барафканд, ай санам, абри биҳиштӣ,

Заминро хилъати урдибиҳиштӣ!

Биҳишти аднро гулзор монад,

Дарахт- ороста ҳури биҳиштӣ!

Замин бар сони хунолуда дебо,

Ҳаво бар сони ниландуда ваштӣ…

Чунон гардад ҷаҳон ҳазмон, ки гўйӣ,

Паланг оҳу нагирад ҷуз ба гуштӣ!

Профессор Расул Ҳодизода хотирнишон менамояд, ки «тасвири баҳор дар ин шеъри Дақиқӣ бо образҳои муҷаррад (абстрактӣ) сохта шудааст: абри биҳиштӣ, хилъати урдибиҳиштӣ, биҳишти адн, ҳури биҳиштӣ-ҳама тасвир ва ташбеҳҳои абстрактӣ ва ақлонианд, ки эҳсоси онҳо ба тарзи ҷисмонӣ номумкин аст. Дар байти охирин бошад, Дақиқӣ ташбеҳи ниҳоят пўшида (ба ибораи илми бадеъи классикӣ, «ташбеҳи музмар»)-ро ба кор бурдааст, ки чигунагии вазъи табиатро тасаввур кардан душвор аст: ҷаҳон, яъне табиъат, — мегўяд шоъир,— ҳар замон чунон дигаргун мешавад, ки гумон мекунӣ паланг оҳуро дар гўштӣ ба чангаш медарорад. Дар ин ҷо шоъир шояд онро дар назар дошта бошад, ки ҳаво мисли паланг дар вақти ба оҳу дарафтодан хашмолуд (тирагии абр) мешавад ва дар қаҳр меғурраду садои пурхашм мебарорад».64

Хушбахтона, миқдори чунин абёт дар ашъори боқимондаи шуъарои асри X хеле ба нудрат ба чашм мерасад.

Баробари ин, Дақиқӣ қасида, ғазал, рубоъӣ, қитъа ва дубайтиҳои зебои пурмуҳтаво низ гуфта, лирики моҳире буд:

Дақиқӣ чор хислат баргузида

Ба гетӣ аз ҳама хубиву зиштӣ:

Лаби ёқутрангу нолаи чанг,

Шароби лаълу кеши зардуҳиштӣ!

Ниҳоят, Дақиқӣ қурбони дасисаи душманони давлати Сомонӣ мешавад: ғуломи туркаш ўро ба қатл мерасонад.

Қасидаву ғазалҳои Дақиқӣ дар асрҳои баъд шуҳрати зиёд доштаанд, вале ёдгори ҷовидони ў ҳамон «Гуштоспнома»-и вай аст, ки як  бахши  «Шоҳнома»  ва  сармашқи   Фирдавсӣ  дар  бунёди асари    ҳамноми безаволи ў гардидааст.

Аммораи Марвазӣ. Абўмансур ибни Муҳаммад марвазиюласл буда, дар байни солҳои 1004—1014 аз олам гузаштааст. Ў марсияе дорад, ки дар  сўгвории охирин  подшоҳи сулолаи Сомонӣ – Абўиброҳим ибни Нўҳ ибни Мансур (997—999) гуфта шудааст. Дар ситоиши Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ мадҳияе дорад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, аз Марв берун нарафтааст. Байти ў «Андар ғазали хеш ниҳон хоҳам гаштан, — То бар лаби ту бўса занам, чун-ш бихонӣ» дар доираҳои аҳли тасаввуф хеле шўҳрат доштааст, ки ин ҳолатро китоби «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти Шайх Абўсаъид» таъкид кардааст.

Аз Аммора 108 байт акнун дар даст аст, ки аз завқи баланди ў дарак медиҳанд:

Он зоғро, нигоҳ кун, чун мепарад?!

Монанди яке қиргун чалипо!

Ё:

Бо чанги суғдиёнаву бо болиғу кабоб

Омад ба хони чокари худ хоҷа бо савоб.

Андарзу насиҳату ҳакиқат бархе аз абёти  Аммораро ба гунаи дигар зеб медиҳанд:

Ғарра машав бад-он, ки ҷаҳонат азиз кард,

Ай бас азизро, ки ҷаҳон кард зуд хор!

Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷўй моргир,

Аз моргир мор барорад ҳаме димор!

Васфи май, ситоиши мамдўҳ,  андарзу ҳикмат    ва шўхӣ муҳтавои абёти дигари Аммора мебошанд:

Чаро, ки хоҷа бахилу занаш ҷавонмард аст?!

Зане, чи гуна зане?! — Симсоъиду лунба!

Тасвири манозири табиъат низ дар гуфтори Аммора латифу некў ба назар мерасад:

Ҷаҳон зи барф агар чанд гоҳ симин буд,

Зумуррад омаду бигрифт ҷойи тўдаи сим.

Баҳорхонаи кашмириён ба вақти баҳор

Ба боғ карда ҳама нақши хештан таслим.

Ба даври бода ҳама рўйи некувон, гўйӣ,

Пашиз сохта аз гул ба пушти моҳи шамим!

Баррасии абёти боқимондаи Аммора нишон медиҳад, ки мавсуф аз шоъирони забардасти замонаш ва дар эҷоди қасидаву маснавию ғазал устод буда, ашъораш на фақат дар замони зиндагиаш, балки минбаъда ҳам  дар  байни  ақшори гуногуни ҷомиъа шуҳрат доштааст. Сўфии номӣ

Абўсаъиди  Абулхайр  (967—1014)   мазмуни   орифонаи байти зайли Аммораро басе меписандидааст:

Андар ғазали хеш ниҳон хоҳам гаштан,

То бар лаби ту бўса занам, чун-ш бихонӣ!

Абўтаййиби Мусъабӣ. Номи шоъир Муҳаммад ибни Ҳотам, кунияташ Абўтаййиб ва тахаллусаш Мусъабӣ мебошад. Вафоташ соли 938 иттифоқ афтодааст. Аз шоъирони ҳамкору ҳамнишини Рўдакӣ буда, ба забонҳои арабӣ ва форсӣ шеър менавиштааст. Бо Балъамӣ дўстӣ меварзидааст. Ба ҷойи Балъамӣ ба мансаби вазорат нишастани Ҷайҳониро намехостааст. Аз сабаби хилофи амри амир баромадан кушта мешавад. Саъолабӣ ашъори зиёди арабии Мусъабиро дар «Ятимат-уд-даҳр» дарҷ кардааст.

Қасидаи форсии ў бошад, бо оҳанги танқидии худ тафовут дорад:

Ҷаҳоно, ҳамоно фасунию бозӣ,

Ки бар кас напойиву бо кас насозӣ!

Абўшуъайби Ҳаравӣ. Исми ин адиб Солиҳ ибни Муҳаммад буда, зодгоҳаш Ҳирот аст. Аз гуфтори Абўшуъайб 14 байт боқӣ мондааст, ки ҷанбаи ишқӣ доранд:

Дўзахикеше, биҳиштирўю қад,

Оҳучашме, ҳалқазулфе, лолахад!

Силсилаҷаъде,   бунафшаъоразе,

К-аш Сиёвуш афдару Парвиз ҷад…

Гар бибахшад ҳусни худ бар зангиён,

Туркро, бешак, ба занг ояд ҳасад!..

Башшори Марғазӣ ҳам ба форсӣ ва ҳам ба тозӣ шеър мегуфтааст. Аз ў қасидае боқӣ мондааст, ки дорои 31  байт асту монанди қасидаи «Модари май»-и Рўдакӣ аз тарзи тайёр кардани    шароб    ва хусусиятҳои шодибахши он қисса мекунад:

Разро Худой аз қибали шодӣ офарид,

Шодиву хуррамӣ ҳама аз раз бувад падид!

Аз ҷавҳари латофати маҳз офарид раз,

Он к-ў ҷаҳону халқи ҷаҳонро биёфарид…

Ангури токи ў нагирад, васфи ў шунав,

Васфи тамом гуфт, зи ман боядат шунид!

Шокири Бухоройӣ. Ному насаб, ҷараёни зиндагӣ, соли таваллуду вафот ва навиштаҷоти ў маълум нест. Аз он ки фақат дар «Луғати дарӣ» ва ««Ал-муъҷам» аз гуфтори ў 35 байт иқтибос шудааст, маълум мегардад, ки шоъири тавоное будааст. Васфи шароб, ситоиши маъшуқа, тараннуми ишқ, мадҳу сито, панду ҳикмат, танзу шикоят, накўҳиши чизпарастӣ мазмуни асосии абёти дастраси Шокири Бухороиро ташкил медиҳанд:

Рўйи маро ҳаҷр кард зардтар аз зар,

Гардани ман ишқ кард нармтар аз дух.

Дух- ҳамон лух, яъне пахоли тибитмонандест, ки аз барги най мебарояд.

Дар мадҳи касе мегўяд:

Ба гоме сипард аз Хито то Хутан,

Ба як так давид аз Бухоро ба Вахш!

Равнақи иқтисодиёт, шукуфоии мамлакат, ривоҷи адабиёт, рушди ҳунарҳои зебо ва инкишофи сохти давлатдории Сомониён дар аҳди ин хонадон кишвари моро дар ҳудуди Хилофати Араб дар сурати давлати хеле мумтоз ҷилва дод, ки дар натиҷа таърихнигорон ва аҳли илм ба мақоми волои Оли Сомон дар таърихи эронинажодон қоил шуда, нақши муҳимми давлаташонро дар таърихи мардумони ориёинасаб эътироф кардаанд Ҳанўз соли 1353 ҳ. ш., ки баробари соли 1974 аст, дуктур Азизуллоҳи Баёт — устоди Донишгоҳи «Шаҳид Биҳиштӣ» дар Теҳрон гуфта буд: «Агар Сомониён ба ҷаҳонбинӣ намерасиданд, Эрону эронӣ чунон дар тамаддуну забони тозӣ мустаҳкам мешуд, ки имрўз чун Мисру Шимоли Африқо ва Сурияву Ироқ ҷузви қаламрави забону тамаддуни араб ба шумор мерафт».65 Бузургиву азамати ин хонадонро аз ин биҳтару рўшантар ифода кардан имкон надорад, ҳарчанд гунае аз онро бисёр муҳакқиқони қаблу баъд аз ин ҳам баён кардаанд.

Ҳаким Майсарии Суғдӣ аз табибони шоъирпешаи Суғд буда, ба форсии дарӣ ва арабӣ чандин китоб доштааст. Соли 324 ҳиҷрӣ (935 мелодӣ) зоида шуда, асари маъруфи худро тақрибан дар 47-солагиаш анҷом бахшида, номи онро худаш «Донишнома» мегўяд, ки дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф, ба забони форсӣ, иншо гардида, дар асл  4500 байтро фаро мегирифтааст. Нусхаи ягонае, ки аз он боқӣ мондааст (Китобхонаи миллии Порис, № — 7799 — 3101) ба хатти настаълиқ, соли 852 хиҷрӣ (1448 мелодӣ), китобат шуда,66 ҳовии 4481 байт аст. Котибаш Маҳмуди Табрезии «Шоҳнома»-хон мебошад. Ба гуфти худи  муаллиф,  ў соли 367 ҳиҷрӣ ба таълифи нома пардохта,  соли  370  ба  итмомаш расонидааст67, ки ба солҳои 978 ва 981 мелодӣ рост меояд:

 

Биянҷомид «Донишнома»-и ман,

Баромад з-ў муроду комаи ман.

Ба соли сесаду ҳафтод будем,

К-аз ин нома ҳаме пардахта шудем…

Ман аз ду бисту ду се бургузаштам

Ва девони ҷавонӣ барнавиштам.

         Ва:

Ман ин гуфторро андом додам,

Ва «Донишнома» аввал ном додам.

Ман инро гуфтам андар моҳи шаввол,

Ба шасту сесаду ҳафт омада сол.

Ба форсӣ, на арабӣ, сурудани «Донишнома»-ро муаллиф ин тавр шарҳ медиҳад:

Бигўям тозӣ, арна порсӣ нағз,

Зи ҳар дар ман бигўям мояву мағз.

Ва пас гуфтам:-Замини мост Эрон,

Ки беш аз мардумонаш порсидон.

В-агар тозӣ кунам, некў набошад,

Ки ҳар касро аз ў нерў набошад.

Дарӣ гўям-ш, то ҳар кас бидонад,

Ва ҳар кас бар забонаш — бар биронад.

Кунун пири хирадмандаш бихонад,

Ҳама роҳи пизишкӣ з-ў бидонад.

Дар бораи мамдўҳи худ мегўяд, ки соҳиби хирад, дониш, некӣ, чарбгўйӣ, дод, некхўйӣ, мардӣ, саворӣ, родӣ ва бурдборист.68

«Донишнома»-и Майсарӣ аз лиҳози сабки нигориш, мазмунҳои ахлоқӣ ва пандиёташ лоиқи таваҷҷўҳ аст. Майсарӣ тамоми донишро ба чаҳор бахш: ситорашиносӣ, ҳандаса, тиб ва илми дин ҷудо намуда, изҳори ақида мекунад, ки инсон нуҷум (ситорашиносӣ) ва ҳайатро надонад ҳам, метавонад зиндагии хуб гузаронад. Аммо бе донистани тиб, ки асоси зиндагӣ ва воситаи омўзиши илми дин аст, зиндагӣ ба ваҳшоният табдил мегардад. Майсарӣ мефармояд:

Сутуни ҳар чи аз дониш чаҳор аст,

Ду з-он ҳамвора мардумро ба кор аст.

Нахустин з-ў ситора, к-аш бидонӣ,

Ҳама ойинҳои  ў бихонӣ.

________________________

 

Бидонӣ сар ба сар рафтори ўро,

Зи некию бадӣ кирдори ўро.

Дигар дониш, туро гўям, кадом аст,

Мар ўро ҳандаса зӣ Рум ном аст.

Шумурдан, гарна паймудан-ш бунёд,

Ҷаҳон аз дониши ў ҳаст обод!

Чӣ чоҳ асту чӣ болою баланд аст,

Бурун орад ба паймудан, ки чанд аст.

Савум дониш пизишкӣ — дониши тан,

Ки танро доштан биҳтар зи ҷавшан!

Чаҳорум дониши дини худойӣ,

К-аз ў ёбад тан аз дўзах раҳойӣ!

Ситора гар надонӣ, з-ў гузир аст,

В-агарчи дониши хубу ҳажир аст,

Ҷаҳон паймудан арчи судманд аст,

 Ҳам он кас, к-аш надонад, бегазанд аст.

Пизишкирову динро гар надонӣ,

Зиён аст инҷаҳону онҷаҳонӣ!

Яке танро зи беморӣ бисўзад,

Дигар ҷонро зи дониш барфурўзад!

Ситоиши доно ва қадри донишманд мазмуни асосии бисёр бобҳои дастонро фаро мегирад. Майсарӣ фикри худро бо гуфтори шахсиятҳои бузурги таърих (Пайғамбари акрам, Нўшервони одил, Ҳазрати Алӣ ибни Абетолиб) тақвият медиҳад. Аз ҷумла, «Қадри инсон аз рўйи дониши ўст» (Накў гуфтаст Нўширвон ба хониш, — Ки мардумро бувад арзиш ба дониш) мегўяд ў, дар асоси панди Анўшервон, ки Ҳазрати Алӣ ҳам дар ҳамин маънӣ фармудааст: «Мардумро баҳо чандон, ки донад».

 Аз ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки на аслу насаб ва ирқу нажод боиси имтиёзи инсон аст. Бар замми дониш, ба инсон некӣ варзидан обрў мебиёрад (Ҳама некӣ кунад, некӣ сиголад, — Зи некӣ бар пушаймонӣ кӣ нолад?). Кас метавонад аз некиву накўкорӣ ба саъодати ҳар ду ҷаҳон ноил гардад (Ба некӣ ёбад ин ҳар ду ҷаҳон мард, — Касе дидӣ, ки бар некӣ зиён кард?). Дигар, гуфтори хуб, ростӣ, саховат низ аз хислатҳои писандидаи инсонист (Агар нонат набошад гандуминрўй, —Сухан боре ба хон-бар гандумин гўй!). Бедодӣ, зулм ва ҷавр, дар андешаи ҳаким Майсарӣ, нишони нотавонист.

Муаллиф дар мавриди ташреҳи бадан тамоми амрози маълум ва доруҳоро баён мекунад. Ба қавли ў, ғайр аз пирӣ ва марг, илоҷи ҳамаи ранҷҳо мавҷуд аст:

Валекин маргро чора надонам,

Ба ҷойи марг бечора  бимонам.

Ба василаи «Донишнома» ҳаким Майсарии Суғдӣ суннати Устод Рўдакиро дар бахши сурудани маснавиҳои илмӣ пайравӣ ва ривоҷу дастгирӣ намуда, анъанаи танзими маснавии «Даврони Офтоб»-ро идома додааст.

Кисойии Марвазӣ, чунон ки аз нисбааш бармеояд, зодаи шаҳри Марв аст. Абулҳасан Маҷдуддин Исҳоқ ном дорад. Аз шоъирони нимаи дувуми қарни X – нимаи аввали қарни XI мебошад. Соли таваллудашро бо рўзу моҳ худаш 27 шавволи 341 ҳиҷрӣ қайд мекунад, ки ба 17 марти соли 953 баробар аст:

Ба сесаду чиҳилу як расид навбати сол,

Чаҳоршанбаву се рўз монда аз шаввол,

Биёмадам ба ҷаҳон, то чӣ гўяму чӣ кунам,

Суруд гўяму шодӣ кунам ба ниъмату мол!

Ба қавли Саъид Нафисӣ, ў қариб сад сол ҳаёт дида, тақрибан соли 1049 аз дунё гузаштааст.

Кисойӣ шоъири хеле тавоност. Ғазалу қасидаро некў мегуфтааст. Васфи маю маъшуқа, ҳолати ошиқ ва зуҳуроти гуногуни ишқро тараннум мекунад, ки ин мазмун муҳтавиёти ғазалгунаҳо ва ташбиби қасидаҳои ўро ташкил медиҳад:

Қомати чун сарв равонаш нигар,

Он лаби ширину забонаш нигар!

Кўшиши он чашми сиёҳаш бибин,

Хушшийи он танг даҳонаш нигар!

Кисойӣ устоди чиҳранигориву манзаранигорист. Образҳо ва сувари хаёли ў хеле равшан ба чашм аён буда, аз камоли маҳораташ дарак медиҳанд:

Нилуфари кабуд, нигаҳ кун, миёни об

Чун теғи обдодаву ёқути обдор!

Ҳамранги осмону ба кирдори осмон,

Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор!

Чун роҳибе, ки ду рухи ў солу моҳ зард

В-аз митрафи кабуд ридо кардаву изор!

Дар асри X ранг кардани мўй одат (шояд одати аҳли дарбор) будааст, ки Кисойӣ низ ба он ишора дорад:

Аз хизоби ману аз мўй сияҳ кардани ман

Гар ҳаме ранҷ хурӣ, беш хуру ранҷ мабар!

Ғаразам з-ин на ҷавонист, битарсам, ки зи ман

Хиради пир биҷўянду наёбанд асар!

Кисойӣ ба хотир меорад, ки дар аҳди Сомониёну Балъамиён зиндагӣ, чунон ки дар замони Маҳмуди Ғазнавӣ шуд, набуд. Албатта, ў хеле бад шудани зиндагӣ, бетартибӣ ва ривоҷи бозори зулму ҷаврро дар назар дорад, ки Рўдакивор мегўяд:

Ба вақти давлати Сомониёну Балъамиён

Чунин набуд ҷаҳон, бониҳоду сомон буд.

Ашъори рангоранг ва анвоъи гуногуни шеъри Кисойӣ далели қудрати шоъиронаи ўст, ки абёти зерин далели равшани даъвостанд:

Гул ниъматест ҳадяфиристода аз биҳишт,

Мардум каримтар шаванд андар наъими гул.

Ай гулфурўш, гул чӣ фурўшӣ барои сим?!

Аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул?!

Ҷамъан аз Кисойӣ акнун тақрибан 260 байт дастрас аст.

Абулаббоси Имомӣ низ аз шоъирони охири асри X — ибтидои асри XI буда, муаллифи «Ал-муъҷам» Шамси Қайси Розӣ дар исботи ҳарфи равии қофия ду байт аз ў мисол меорад:

Ду чашмак пур зи банди чашмбандон,

Ду ёқутак ҳамеша ханд-хандон!

Яке мар тандурустонро ғаму дард,

Якеро сўй  дарди  дардмандон!

 

Абулфатҳи Пиндор ҳам аз шоъирони ҳамин замон аст. Номи ўро Абулфатҳ Камолиддин ибни Абўнаср Хотири Розӣ (ваф. 1010) қайд кардаанд, ки чанде дар доираи адабии Маҷдуддавлаи Дайламӣ (997—1029) ширкат варзида, ба забонҳои паҳлавӣ, арабӣ ва дарӣ шеър мегуфтааст. Китоби луғате ҳам доштааст бо номи «Мунтахаб-ул-фурс», ки аз он дар айни замон мадраке дар даст надорем.

Ду байти зерин аз ҷумлаи 54 байти боқимондаи мероси ўстанд, ки басо мақбулу Рўдакивор офарида шудаанд:

Лаҳни ўро ману байти паҳлавӣ,

Захмаи   рўду самоъи  хусравӣ!

Ва:

Мушкинкилке, сару бунболое,

Во ду чашми шаҳлою чӣ шаҳлое?!

Абулҳасани Оғоҷӣ Алӣ ибни Илёс ном дошта, зодгоҳаш Бухорост. Соли 977 ўро ба дарбори Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ даъват намуданд. Ба арабӣ ва форсӣ шеър мегуфтааст. Ӯро шоъири соҳибдевон гуфтаанд, вале имрўз девонаш аз байн рафта, ҳоло аз он фақат 39 байт дар даст дорем, ки дар носозгории рўзгор, авҷи бозори зулм, беқадрии илму ҳунар ва амсоли ин суруда шудаанд:

Туро фазилат бар хештан тавонам дид,

Валек фазлат номардумисту бехирадӣ!

Абўабдуллоҳи Валволаҷӣ. Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Солеҳи Валволаҷӣ, ки маъруф ба Навоеҳийи Марвазӣ буд, дар аҳди Сомониён шоъири устод шинохта шудааст. Аз мероси адабии ў ду қитъа дубайтӣ боқист, ки яке ин аст:

Симдандонаку басдонаку хандонаку шўх,

Ки ҷаҳон он-к бари мо лаби ў зиндон кард.

Лаби ў бинию гўйӣ, ки касе зери ақиқ

Ба миёни ду гул — андар шакаре пинҳон кард!

Абўнасри Марғазӣ аз шоъирони асри X буда, Асадии Тўсӣ дар «Луғати фурс» ин байти ўро зикр мекунад:

Нестиро ҳаст кунад тунбали ў,

Ҳастиро нест кунад фарҳасташ!

Мунҷики Тирмизӣ. Номаш Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад буда, бо лақаби Мунҷики Тирмизӣ маъруф аст. Ба шаҳодати муаллифи «Таърихи эҳё-ул-мулук» Мунҷик номи яке аз қарияҳои шарқии шаҳри Тирмиз буда, шоъир бо номи зодгоҳи худ ва Ҳаким Мунҷик шуҳрат пайдо кардааст. Соли таваллуду марги ў равшан маълум набошад ҳам, аз қаринаҳо метавон ба хулосае омад, ки дар нимаи дувуми қарни X ба шоъирӣ пардохта, чанде дар доираи адабии ҳукмрони Чағониён Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ширкат варзида, фаъолияти адабиро давом додааст.

Мунҷик аз шоъирони соҳибдевон аст. Ба қавли Носири Хусрави Қубодиёнӣ, девони Мунҷик дар Мовароуннаҳру Хуросон даргард буда, онро дар Озарбойҷон низ мехондаанд. Қатрони Табрезӣ чанд ҷойи нофаҳмояшро аз Носири Хусрав пурсида мегирад.

Мунҷик ғазалу қасида ва рубоъиву қитъа дорад, вале дар ҳаҷву танз бемонанд будааст. Ба маҳорати ҳаҷвнигории Мунҷик Муҳаммади Анварӣ ва тазкиранигорони баъдина баҳои баланд медиҳанд. Аз ҷумла, Ризоқулихони Ҳидоят менависад: «Мунҷик марде теззабон, ҳазлойин, тундтабъ, забоновари болиғу нуктадон буд, ки касе аз тири табъаш нарастиву аз каманди ҳаҷваш наҷастӣ; синаи аҳли кинаро ба ҳиҷо хастиву дасти аҳли забонро ба каманди ҳазл бастӣ».69

Бо камоли таассуф метавон таъқид кард, ки аз мероси ғании Мунҷик намунаҳои каме то замони мо расидаанд, ки дар «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ» ҳамагӣ 517 байти он гирд оварда шудааст. Намунае аз он:

Ай маҷлисиёни ҳазрати шоҳ,

Дарёи шумо наҳанг дорад!

Аз баҳри Худо, маро бигўед,

То нони шумо чӣ ранг дорад?!

Панди  дигар:

Чаро-т риш дароз омадаасту боло-т паст?!

Муҳол бошад боло чунону риш чунин!

Дар зарурати табиби доно ва вазири ботадбир  мефармояд:

Басо табиб, ки моя надошт, дард афзуд,

Вазир бояд, мулки ҳазорсола чӣ суд?!

Вазири нав ситадӣ, к-ў зи ройи бемаънӣ

Ба гўши мулк – андар фиканд каррӣ зуд.

Чу мулк кар шаваду нашнавад муроди малик,

Ду чиз бояд – динори зарду теғи кабуд!

Робиъаи Балхӣ нахустин шоъираи форсу тоҷик, духтари Каъб буда,  дар асри X зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ўро бародараш дар ҷавонӣ бо гуноҳи ишқ дар ҳаммом буғӣ карда куштааст. Робиъа ба Бектош, ки ғуломи бародараш буд, дил баста буд. Саргузашти шўрангези Робиъаи Балхӣ бисёр адибонро ба илҳом овардааст. Шоъири бузург Шайх Аттори Нишопурӣ (асри ХШ), Ризоқулихони Ҳидоят (асри XIX) ва чанд нависандаи ҳамзамони Тоҷикистону Афғонистон дар бораи ў асарҳои бадеъӣ навиштаанд.

Робиъа дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рўдакиро сармашқи эҷоди худ қарор медодааст. Аз гуфтори Робиъа ба овардани фақат як намуна иктифо меварзем:

Кош-к танам боз ёфтӣ хабари дил,

Кош-к дилам боз ёфтӣ хабари тан!

Кош-к ман аз ту бирастаме ба саломат,

Ой, афсўсо, куҷо тавонам растан?!

Аксари адибони дигаре, ки дар ин аср рўз бз сар мебурданд, низ соҳиби шуҳрати хос буда, аз Бухоро, Балх, Марв, Самарқанд, Чағониён, Тирмиз, Ҳирот, Сарахс, Гургон ва Нишопур барин шаҳрҳо ва бисёр музофоти Мовароуннаҳру Хуросон маншаъ гирифта, бештаринашон дар Бухоро, ки дар аҳди Сомониён маркази бузурги илмиву адабӣ ҳисоб меёфт, ҷамъ омада буданд. Дар замонҳои баъдина кам ба назар мерасад, ки дар як аср ин қадар суханварони соҳибмақоме ба камол расида бошанд, ки соҳиби табъи салим ва истеъдоди фитрӣ бошанд.

Адабиёти  асрҳои  IX—X тоҷик аз ҷиҳати  мавзўъ ниҳоят ғанӣ буда, мавзўъҳои асосии он аз инҳо иборатанд: муборизаи абадии некӣ бо бадӣ, ҳикмат, фалсафа, панд, ҳасби ҳол, мадҳ, ҳаҷв, танқиди иллатҳои ҷамъият, ҳазл, ишқ, ҳамоса, рухдодҳои таърих, достон, қисса, васфи табиъат, васфи Наврўзу Меҳргону Сада, шодбошӣ ва ғайра. Маҳз дар ҳамин замон талаби эстетикие пеш гузошта шуда буд, ки шеър бояд дар қолаби суханҳои фаҳмо бо ҷавҳари маънӣ ороста гардида, ҳикмату лаззат дошта бошад. Хусусан, мавзўъҳои муҳофизати Ватан. мубориза бар зидди истилогарони хориҷӣ, талоши истиқлол, бо назари ибрат ба гузашта ва собиқаи қавмҳо нигаристан ва ситоиши обу хоки диёр дар адабиёти ин давр баланд садо медиҳанд. Кофист, ки як байти Фирдавсиро ба хотир оварем:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он биҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Зеро шоъири ҷаҳоншумул, алҳақ, дуруст мефармояд:

Ҳама мулки Эрон саройи ман аст,

Ки неку бадаш аз баройи ман аст!

Барои чунин Ватан бедареғ ҷон додан меарзад. Бар болои ин, суннати ачдодии мо будааст, ки мурдани баномро аз зинда  будан дар бандагиву  хидмати душман авлотар мешуморад:

Чунин гуфт мўъбад, ки мурдан ба ном

 Биҳ аз зинда душман бар ў шодком!

Панду андарзу нисиҳат, хусусан таълими одоби нек, тарғиби инсофу адолат, ситоиши ҳунар ва васфи илму дониш, тавсифи хирад, тараннуми дўстӣ қисмати барҷастаи адабиёти асри Х-ро ташкил медиҳанд.70 Ин мавзўъ дар осори Рўдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абулҳайсами Гургонӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Абўшакури Балхӣ бақувваттар ба назар мерасад. «Калилаву Димна»-и Рўдакӣ ганҷинаи ҳикмат будааст. Адибони ҳамзамони Рўдакӣ илму донишро сарвати бебаҳои маънавӣ, наҷотдиҳанда аз тангдастӣ ва маҳрумиятҳо дониста, эътироф мекарданд, ки ҷамъият ҳамеша ба илм эҳтиёҷ дорад. Шахс бояд дар кўдакию ҷавонӣ илму ҳунар аз худ кунад ва то замоне, ки зинда аст, аз омўхтан ғофил намонад. Мақоми шахс дар ҷамъият ба дониш, адаб ва ҳунарн ў вобаста аст, на ба аслу насаб.

Танқиди иллатҳои ҷамъият, нобаробарии иҷтимоӣ, фасоди ахлоқ ва    ҳазлу    шўхӣ   дар    гуфтори   Рўдакӣ,    Аммора,   Кисойӣ,    Шаҳид,  Абўшакур, Ҳаббоз (ваф. 953)  ва Мунҷик бештар ба назар мерасад. Онҳо аз шикампарастии саркардагон, беадолатии ҳокимон, бемурувватии амалдорон, тангдастии аҳли дониш ва ҳоли бади аҳли заҳмат шиква мекунанд. Ба қавли Шаҳиди Балхӣ,

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,

Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.

Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,

Хирадманде наёбӣ шодмона!

Шоъирони ин давра ҳангоми тасвири инсону табиат дар байни онҳо иртиботи ҳайратангезеро дарк намуда, барои ифодаи фикри худ аз он моҳирона истифода бурдаанд. Ташбеҳҳо, тазодҳо, васфҳо ва истиораҳои табиӣ ҳама аз ин ду манбаъи ҷаҳони моддӣ гирифта шудаанд. Рўдакӣ мефармояд:

Чамани ақлро хазонӣ агар,

Гулшани  ишқро  баҳор  туйӣ!

Ишқро гар паямбарӣ, лекин

Ҳуснро офаридагор туйӣ!

Шоъирони асри X хусусан дар тавсифи ҷилваҳои баҳор, нигориши манзараҳои тирамоҳ ва тасвири лаҳзаҳои зимистон устодиву ҳунармандии ҳайратоваре нишон додаанд. Дар ин гуна тасвирҳои эшон кас табиъати зиндаи ҳамеша дар наҳзату ҳаракатро мебинад.

Дар ғазалу тағаззул ва насибҳое, ки дар онҳо сухан аз ишқ меравад, лаззати ишқ ва кайфу сафои ошиқ аз ин лаззатгирӣ тараннум меёбанд, аммо аз ҳиҷрон, фироқ ва дарди ҷудоӣ осоре ба назар намерасад, зеро канизон ва ғуломони турк, ки харида мешуданд, дар ҳар маврид бемалол метавонистанд, ки чун воситаи дилхушӣ истифода гарданд (Ай харидор, ман туро ба ду чиз: — Ба дилу ҷону маҳр дода забун). Ин маъшуқ метавонад марди лашкарӣ бошад. Бинобар ҳамин, чобуксаворӣ, бераҳмӣ, ғазабнокӣ, ноошноӣ ва сойири сифатҳои ҷанговарона чун сифатҳои хуби маъшуқ васф карда мешаванд.

Таҳриру ҷамъ овардан ва сара намудани «Шоҳнома» дар асри X эҳтиёҷи маънавии халк буд, ки ба сабаби зиёд шудани хавфи ҳуҷуми кўчманчиён бар зидди Давлати Сомониён, аз байн рафтани истиқлолияти миллӣ ва низоъҳои дохилӣ рўз ба рўз меафзуд, торафт бештар таваҷҷўҳи аҳли қалам ва мардони сиёсатро ба худ ҷалб мекард. Соли 957, бо супориши сарлашкари Сомониён Абўмансур Муҳаммад ибни Абдураззоқ, чандин мўъбади зардуштӣ «Шоҳнома»-е мураттаб сохтанд, ки чун «Шоҳномаи Абўмансурӣ» машҳур гашт. Соли 983 Абулмуъайяди Балхӣ ва баъди се соли ў Масъудии Марвазӣ «Шоҳнома»-ҳои худро таълиф намуданд. Иқдоми Дақиқӣ дар ин ҷода қадами ҷиддие буд, ки  барои эҷоди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ роҳ кушод.

Қиссаю достонҳо дар навъу қолаби маснавӣ таълиф мешуданд. Достонҳои қаҳрамонӣ, ҳамосавӣ (эпикӣ), ишқӣ ва ахлоқӣ дар ҳамин навъи назм эҷод гардидаанд. Ҳафт маснавии Рўдакӣ, аз ҷумла «Калилаву Димна» ва «Синдбоднома», се маснавии Абўшакури Балхӣ (тав. 915), ки яке аз онҳо «Офариннома» аст, «Шоҳнома»-и манзум, «Юсуфу Зулайхо»-и Абулмуъайяди Балхӣ намунаҳои барҷастаи достонсаройӣ ва қиссапардозии он замон ба ҳисоб мераванд. Дар таркиби номи аксари онҳо омадани ҷузъи «нома» ба достон буданашон ишорат мекунад. Маҳз дар асри X аввалин достонҳое, ки мавзўъашон,  мисли     «Донишнома»-и Майсарӣ, илм аст, ба майдон омаданд, ки асосгузори ин навъи достон низ Устод Рўдакӣ буда, маснавии ў «Даврони Офтоб» роҷеъ ба илми нуҷум (астрономия) будааст.

Навъи  аз ҳама ривоҷёфтаи  назми  асри  X қасида буд. Мавзўъи қасида бештар мадҳу васф, гоҳе фалсафа, шикоят, ҳасби ҳол ва ғайра мебошад. Асосгузори қасидаи мукаммал дар адабиёти форсӣ, чунон ки ишора шуд низ Устод Рўдакист. Бисёр шоъирони давр қасида навиштаанд. Аз ҷумла, Маҷдуддин Абдулҳасан Кисойии Марвазӣ (953—1049) низ ба сурудани қасидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва ҳикматомез машғул будааст. Танҳо қисмати муқаддимавии қасидаҳояш мавҷуданд, ки ба васфи баҳор, ишқ, ҷавонӣ, хушгузаронии умр, ҷашну идҳо ва амсоли инҳо бахшида шудаанд.

Ғазал  ҳам чун  навъи писандидаи  лирика инкишоф меёфт, ки бо мусиқӣ алоқаи зич дошта, асосан бо оҳанг суруда мешуд. Устодони ин навъи шеър дар асри X  Рўдакӣ, Шаҳид, Дақиқӣ, Робиъа, Хусравонӣ, Мунҷик ва дигарон ғазалҳои худро бо мазмунҳои ошиқона, васфи баҳор ва лаззатҳои зиндагӣ ороста, дар ифода суханҳои нарму ташбеҳоти нозукро истифода кардаанд.

Бузургтарин ҳамосаи  миллии дунё «Шоҳнома»  мебошад, ки таҳрири аввали онро Абулқосими  Фирдавсӣ соли 994 ба охир расонда буд. Ин асар бо азамати ҳаҷм (120 ҳазор мисраъ), санъати баланд ва мазмуни олӣ мумтоз  буда, таърих,  фалсафа,  ахлоқ,  ақоид,  муқаддасот,  одоб  ва  пиндори  эрониёнро оид ба    офариниши олам,  сиришти  одамӣ,   моҳияти   рухдодҳои  табиат,   мақоми ҷону хирад дар зиндагии

мардум қисса мекунад.71

Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Мансур ибни Ҳасан Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Божи ноҳияи Табарони вилояти Тўс дар оилаи ашрофзодаи заминдор, ки он вақтқо деҳқон мегуфтанд, ба дунё омадааст. Вай дар мадраса улуми замонаро амиқ омўхта, забони паҳлавӣ, ойини зардуштӣ, аспсаворӣ, тирандозӣ, шамшерзанӣ, гўштингирӣ ва илми ҳарбро азбар карда буд. Аммо диққати ўро беш аз ҳама таърихи ниёгон ба худ мекашид. Аз овони ҷавонӣ    шеър мегуфт, қиссаю афсонаҳоро  ҷамъ   мекард.   Бо  ин   мақсад шаҳру  деҳоти зиёдро   гашт,   «Авасто»,   «Худойнома»   ва   амсоли   инҳоро омўхт ва соли 975 ба таълифи «Шоҳнома» шурўъ намуда, қариб 20 сол ранҷ бурд, то ки таҳрири  нахустини онро  ба  итмом  расонад. Вале  вазъи  кишвар  чунон ноором  буд, ки Фирдавсӣ натавонист шоҳасари худро  ба  ҳокиме тақдим  дорад.  Дар ин  миён, соли 999, Давлати Сомониён аз байн рафта, Мовароуннаҳр ба дасти Қарахониён гузашта, дар Ғазнин Султон Маҳмуд  (998—1030)    ҳукумати    худро    пойдор      кард. Фирдавсӣ асари худро аз нав таҳрир карда, достонҳои  наверо ба  он  илова    намуда, ҷо-ҷо    ба  ситоиши Маҳмуди Ғазнавӣ пардохт ва таҳрири охирини онро, ки солҳои 1010—1014 анҷом дода буд, ба Султон Маҳмуд пешкаш намуд. Вале Маҳмуд пешкаши шоъирро напазируфт. Чаро? Барои он ки Фирдавсӣ таърих, эътиқодот, кешу ойини эрониҳоро ситоиш намуда, халқро даъват менамуд, ки бар зидди аҷнабиён, ғосибон, ҳокимони бенажоду бадасл ба набард бархезад. Ҳамчунин, Фирдавсӣ Заҳҳокро чун араб ба қалам дода, Ковусу Афросиёб барин шоҳони Тўрону туркро чун ақрабои Аҳриман тасвир мекунад. Ба гуфти шоъир, Маҳмуд,

Чу андар табораш бузугӣ набуд,

Наёрист номи бузургон шануд!

Фирдавсӣ, баъди дилозурдагиҳо ва оворагардиҳо, соли 1021 дар зодгоҳи    худ    оламро   падруд   гуфт.  Ӯро   дар   боғи   падараш  ба  хок супурданд. Инак он ҷо оромгоҳи муҳташаме қад афрохтааст. Муҷассамаҳои шоъир дар Тўс, Теҳрон ва Душанбе қад афрохтаанд. Дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон садҳо кўчаю хиёбон, мактабу муассисаи илмӣ ва ғайра номи Фирдавсиро гирифтаанд, ки кохи шуҳрату муҳаббату сипосашро бегазанд нигаҳ медоранд.

«Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ аз лиҳози шаклу мазмун асари тому мукаммали бадеъӣ буда, дар он саргузашту таърих ва воқеаҳои ривоятиву таърихии 50 подшоҳи Эронзамин, аз Каюмарс то замони Сосониҳо, Нўшервони одил ва Яздигурди Ш бо бадеъияти баланд тасвир шуда, тадриҷан падид омадани фулузот, кишоварзӣ, зуҳури пайғамбарон Зардушту Монӣ ва Маздак, муборизаи қувваҳои некӣ бо ҳидояти Аҳурамаздо ва нерўҳои бадӣ бо сарпарастии Аҳриман, набарди Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки Морон, ки тухми инсониятро аз рўйи Замин нест кардан мехост, ҷорӣ гардидани ҷашнҳои миллӣ (Наврўзу Садаву Меҳргон), мубориза алайҳи ҷаҳлу нодонӣ ва амсоли инҳо баён мегардад. Зарару  зиёни манманӣ (дар мисоли Ҷамшед), бародаркушӣ (дар мисоли Эраҷро нобуд кардани Салму Тур), оқибату зарарҳои ҷоҳталабӣ (дар мисоли ҷангҳои Эрону Тўрон, бо иғво писарони худро куштани Рустаму Афросиёб) ва ғайраро таъкид, ғояҳои подшоҳи одил, сулҳу осоиш, фуқаропарварӣ, муҳофизати обу хоки Ватан ва ҳифзи нангу номусро тарғиб мекунад. Рустаму аҷдоду авлоди ў, занони далер Гурдофарид ва Манижаю Фарангис барои бахту саодат талош меварзиданд. Рамз бо базм ва ҳамоса бо ситоиши хирад, тараннуми ишқу ахлоқ омехта тасвир меёбад; талош бо девҳо, набард бо Заҳҳоку Афросиёб, мубориза бо лашкари араб ва, ниҳоят, ҳаҷвияи Фирдавсӣ дар ҳаққи Султон Маҳмуд қадри шоъирро дар назари халқ воло мегардонад. «Шоҳнома» дороӣ ва ифтихори тамоми инсоният аст. Ҳақ ба ҷониби Фирдавсист, ки гуфта буд:

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам!

Шоъир Кисойии Марвазӣ вазъи фалокатбору нобасомони замон, рўзгори пурошўб ва касод шудани бозори шеърро дар Бухоро мушоҳида намуда, бо афсўсу надомат гуфта буд:

Ба вақти Давлати Сомониёну Балъамиён

Чунин набуд ҷаҳон, бониҳоду сомон буд.

Дар бораи шеъри замони Сомониён метавон боз чандин саҳфаи дигар навишт, вале аз ин моҳияти масъала дигар намешавад. Фақат манзараи он рангинтар ҷилва менамояд. Аммо вазъи адабиро бидуни баррасии насри он тасаввур кардан аз имкон берун аст. Бинобар ҳамин, як нигоҳи мухтасар ба насри он замон меандозем.

Насри бадеъии форсу тоҷик зодаи асри X аст. Маҳз дар ҳамин аср, хусусан дар аҳди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ   (914—942)    ва Нўҳ ибни Мансур    (977—997), насри форсии тоҷикӣ на танҳо тавлид ёфт, балки ба пояи баланди инкишоф расид. Аммо доираи густариш ва тараққиёти он    ба дараҷаи назми он замон нест. Се навъи наср дар  асри X маълум  буд:  Якум, асарҳои мансуре, ки аз гирд овардани ривоятҳо, қиссаю афсонаҳо, таърихномаҳо ва  воқеаномаҳои пешин тасниф шуда буданд. Намунаи мумтози он ҳамон «Шоҳнома»-ҳои мансур мебошанд, ки машҳуртарини онҳо ба қалами  Абулмуъайяди   Балхӣ   мансуб   будааст.   «Шоҳнома»-ҳои  Абўъалӣ  Муҳаммад ибни  Аҳмади Балхӣ ва шоъир Абўмансур Муҳаммад ибни Абдураззоқ низ маълуму машҳур будаанд. Китобҳои «Ахбори Баҳман», «Ахбори  Фаромарз»,  «Ахбори   Рустам»,  «Китоби   Гаршосп», «Ахбори Сомӣ», «Ахбори Кайқубод» аз ҳамин силсила   асарҳо   мебошанд.   Ҳамчунин,     «Ахбори   Рустам»-и Озодсарв,  «Ахбори  Наримон»,  «Ахбори  Сом» ва амсоли инҳо    маълум    будаанд. Асари    дигаре, ки дар ин    қолаб ба  вуҷуд омадааст,    «Марзбоннома»-и Марзбони    писари    Рустам    аст, ки    ба    лаҳҷаи   табаристонӣ таълиф гардидааст. Ин навъи асарҳо бештар дар шакли қисса андар қисса навишта шудаанд. Ҳикоятҳои хурд асосан дар дохили асарҳои қисса андар қисса ва асарҳои таърихӣ ҷой дода мешуданд.

Дуюм, китобҳое, ки аз забонҳои паҳлавӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Як намунаи хубу хурди ин навъ асарҳо «Зафарнома»-и Абўалӣ ибни Сино дар ойини давлатдорӣ мебошад, ки баъдҳо номи «Пирўзнома»-ро гирифт. Асли он аз панду ҳикматҳои адлу дод ва ахлоқии Бузургмеҳри Бахтагон (асри VI) иборат буда, Абўалӣ ибни Сино онро соли 997 аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ гардонидааст.

Сеюм, насри фаннӣ, яъне асарҳое, ки роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни илм, хусусан таъриху ҷуғрофия ва фиқҳ таълиф гардида, дар онҳо ҳикояту ривоятҳои адабӣ низ нақл карда мешаванд. «Таърихи Балъамӣ», «Таърихи Систон», «Дар аҳкоми фиқҳи Ҳанафӣ», «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуъайяд, «Ҳудуд-ул-олам» (соли таъл. 984) ва амсоли инҳо аз он қабиланд.

 Насри асри X аз такаллуф ва ибораторойии сунъӣ барӣ буд. Дар он ҷумлаҳои кўтоҳ, ки мағзи суханро ифода мекунад, бештар ба кор рафтаанду калимаҳои арабӣ хеле кам ба назар мерасанд.

Дар охири асри X — ибтидои асри XI дар Эрони Ғарбӣ низ адабиёти форсӣ арзи вуҷуд намуда, дар Гургон, Рай, Исфаҳон, Шероз ва ғайра басе инкишоф ёфта буд, ки анъанаву суннатҳои Рўдакӣ, Мунҷику Дақиқӣ ва амсоли онҳоро омўхта, идома медоданд ва Мовароуннаҳру Хуросон чун маркази адабиёту фарҳанг ва ҳунари форсӣ боқӣ монданд.

Дар асрҳои XI—XII, аниқтараш баъди барҳам хўрдани Давлати Сомониён ва барқарор шудани давлатҳои Ғазнавиён ва ғайра, яъне аз охири солҳои асри X то панҷяки аввали асри ХШ, то замони истилои муғул, чандин бор доираҳои нави адабиёт ташкил шуданду аз байн рафтанд. Ҳар гоҳ давлате таъсис мешуду шаҳреро пойтахти худ интихоб мекард, он ҷо доираи адабӣ шакл мегирифт. Адибону олимон дар он марокизи фарҳангӣ гирд меомаданд. Баробари барҳам хўрдани давлатҳо марокизи маданӣ ҳам аз байн мерафтанд ва ё хеле заъиф мешуданд. Албатта, дар вилоятҳо, хусусан дар шаҳрҳои калон, ҳамеша конунҳои адабӣ гардон буданд. Вале равияи пурқувватро ҳамеша адабиёти марказҳо ташкил мекард, зеро, бар замми он ки дар марказҳо таъсиси доираи адабиёти дарборӣ расм шуда буд, дар онҳо ҳунармандон, аҳли шаҳр ва зиёиён чамъ меомаданду аз байнашон адибон ба воя мерасиданд.

Чаро адабиёти ин давра адабиёти навин ва пояи тараққиёти адабиёти минбаъдаи форсу тоҷик номида мешавад? Чунки то ин замон адабиёти тоҷик ё ба забонҳое, ки баъдан аз байн рафтаанд, навишта шудааст, ё ба забони арабӣ таълиф гардидааст, ки барои халқ бегона буданд. Аз асри IX сар карда адабиёти тоҷик ба забоне офарида мешавад, ки бо он имрўз ҳам мардуми мо гуфтугў менамоянд. Забони осори Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абўали ибни Сино ва дигарон аз ҷиҳати таркиби луғавӣ, таъбиру ибораҳо, воситаҳои тасвир, сохти сарфиву наҳвӣ ва тарзи талаффуз аз забони ҳозираи адабии тоҷик чандон фарқе надорад. Бар замми ин, анъаноти асосии адабиёти тоҷик дар ҳамон замон ба вуҷуд омада, минбаъд инкишоф ёфтанд. Асоси назариявии адабиёти тоҷик ва тобишҳои зебопарастии он дар ҳамон давра гузошта шудааст. Жанрҳо ва анвоъи асосии адабиёти мо дар насру назм — қисса андар қисса, ҳикоя, қасида, ғазал, рубоъӣ, қитъа, маснавӣ, хелҳои гуногуни достон маҳз дар ҳамин қарнҳо тавлид гардида, ба низом дароварда шуданд ва минбаъда такомул ёфтанд. Вазни арўз ва тарзи ҳатмии қофиябандии хос барои ҳар як навъи шеъри тоҷикӣ низ дар ҳамин давра устувор гардид. Ҳамаи ин пайвандҳои ногусастание мебошанд, ки адабиёти асрҳои IX— Х-ро бо тамоми адабиёти баъдинаи мо пайваст менамоянд ва тамоми ин адабиётро чун як адабиёти томи дорои қонунҳо, талабҳо, ҳадафҳо ва анъанаҳои устувор ҷилва медиҳанд.

Тавлид, сабзиш ва такомули адабиёти тоҷик дар асрҳои IX—X заминаҳои хоси таърихӣ дошт, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат буданд: ташаккули халқияти тоҷик, таъсиси давлатҳои мустақили тоҷикон, болоравии худшиносии мардум, ҳамчун забони адабиёту илм мақом ёфтану чун забони давлатии расмӣ қабул гардидани забони форсии дарӣ, инкишофи шаҳрҳо чун марокизи илму ҳунар ва савдо, дастгирии ҳокимон аз аҳли адаб ва амсоли инҳо.

Тоза будани мазмунҳо, равонии фикр, соддагии калом, табиӣ будани забон, барои зеҳн гуворо будани воситаҳои тасвир, ки дар якҷоягӣ саҳли мумтанеъро ба вуҷуд меоранд, хоси назми асри X мебошанд. Саҳли мумтанеъ маънои соддагии баландмазмуну зебойии душворофаринро дорад, ки ду намунаи зерин аз насри асри X исботи гуфтаҳои боло буда метавонанд:

 «То ҷаҳон буд, мардум гирди дониш гаштаанд. Ва суханро бузург доштаву некўтарин ёдгорӣ сухан донистаанд. Чӣ андар ин ҷаҳон мардум ба дониш бузургтар ва моядортар. Ва чун мардум бидонист, к-аз вай чизе намонад, бад-он кўшад, то номи ў бимонад ва нишони ў гусаста нашавад» (Аз муқаддимаи «Шоҳномаи Абўмансурӣ»).

«Чунин гўяд Ибни Мутеъи Балхӣ, ки дар Ҳиндустон… дарахтест бар сари кўҳе дар миёни дарё ва миёни он дарахт чиҳил дар хона асту даҳ дар дукон дар ситабри он дарахт. Ва дуконҳо ҳамеша пури матоъҳову қумошҳост гуногун. Ва бар ҳар матоъе баҳои он навишта, то ҳар фақире ё амире ва ҳар кас, ки матоъе хоҳад, бихарад, ва ҳар ҷинсе ба чанд. Ва он ҷо ҳеч мардум набошанд, чунон чи эшонро бинанд. Чун киштӣ он ҷо расад, бидоранду дар он дўконҳову хонаҳо раванду нархҳо бархонанд, баҳо барсанҷанду биниҳанд ва он матоъ бардоранду бираванд. Ва ҳаргиз кас он ҷо мардум надидааст. Ва агар касе чизе баргирад ва баҳо он ҷо наниҳад, аз миёни он дарахт берун натавонад омадан. Ва ҳарчанд, ки гарданд, роҳи берун омадан наёбанд. Чун матоъро боз ҷо ниҳанд ё баҳои он биниҳанд, роҳ ёбанду берун оянд. Ва ин сахт азоб аст» (Аз «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуъайяди Балхӣ).

Дар назми ин давра ташбеҳҳои хаёлӣ, тавсифҳои  ваҳмӣ,  муболиғаҳои аз  фаҳм  дур,    ибораҳои муғлақ дида намешаванд. Танҳо баъзе калимаҳояшон куҳна шудаанд. Масалан, дар байти зерин иртиботи ҳолу монандиҳои табиату инсон хеле равшану бинову табиъӣ ба қалам оварда шудаанд:

Сарв аст он ё боло? Моҳ аст он ё рўй?

Зулф аст он ё чавгон? Хол аст он ё гўй?

Ва ё:

Абр ҳаме гиряд чун ошиқон,

Боғ ҳаме хандад маъшуқвор.

Раъд ҳаме нолад монанди ман,

Чунки бинолад ба саҳаргоҳ зор.

Барҳақ, шоъирони асри X хусусан дар таснифи ҷилваҳои табиъат бештар доди сухан додаанд. Аз ҳамин нуктаи назар ба барфияи зерини Абулҳасани Оғоҷӣ таваҷҷўҳ фармоед, ки хеле шоъирона нигошта шудааст:

Бар ҳаво дарнигар, ки лашкари барф

Чун кунад андар ў ҳаме парвоз:

Рост ҳамчун кабўтарони сафед,

Роҳгумкардагон зи ҳайбати боз!

Адабиёти асрҳои IX—X бо эҷодиёти даҳанакии халқ алоқаи мустаҳкаме дошт. Аз осори халқӣ қиссаю афсонаҳо, зарбулмасалу мақолҳо ва таъбирҳои халқиро мегирифт. Оҳангнокии суруду таронаҳо ва чакомаҳои халқӣ намунаи ибрати адибони бузург буданд. Дар навбати худ, бисёр асарҳои устодони сухан мазмунан ва ё дар шакли ҳикмат ба фолклор гузашта, моли халқ мешуданд.

Адабиёти асри IXX, ки зодаи Мовароуннаҳр — сарзамини нозанини тоҷикон аст, бо тамоми муваффақиятҳояш асоси минбаъдаи тараққиёти адабиёти классикии тоҷику форсро ташкил додааст. Бузургии бисёр суханварони он давр имрўз ҳам эътироф карда мешавад. Аввалин сабки он — сабки мовароуннаҳрӣ (туркистонӣ) дар ҳамин давра ба вуҷуд омад. Маҳз дар ҳамин давра вазни арўз ба хусусиятҳои забони адабии тоҷик — форсии дарии онрўза мувофиқ гардонида шуд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hmv4uxebqejmqztrvmc-wa-article

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват …