Главная / Илм / Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ дар ҶТ

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ дар ҶТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон:  Аз соли 1991- соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 – қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. 24-уми ноябри соли 1991 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони давраи нав раъйпурсии умумихалқӣ барои интихоби Президенти кишвар баргузор шуд ва Раҳмон Набиевич Набиев аз ҷониби кулли шаҳрвандони мамлакат ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардид.

Дар назари аввал чунин менамуд, ки ҳокимияти сиёсӣ мувофиқи талаботи демократия барқарор ва суботи сиёсӣ дар кишвар таъмин шудааст, аммо муқовимати сиёсӣ хеле авҷ гирифта, гирдиҳамоиҳои моҳҳои апрел- майи соли 1992, таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, силсилаи зўровариҳо ва фишорҳо ба Сарвари давлат ва вакилони халқ, ниҳоят задухўрдҳои дохилӣ оқибат боиси сар задани ҷанги гражданӣ гардиданд. Моҳҳои май-ноябри соли 1992 Тоҷикистон дар ҳолати бўҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ қарор гирифта, бесомониву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.

Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурўъ кард ва тавассути ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз барои хомўш кардани оташи ҷанги гражданӣ замина гузошта шуд. Рўзи 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия интихоботи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо тарафдории 186 вакил аз 197 вакили ҳузурдошта Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов Раиси Шўрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон савганди Э.Ш.Раҳмоновро дар он лаҳзаҳои таърихӣ бо мароқи тамом шуниданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»

Натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Э.Ш.Раҳмонов буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии Э.Ш.Раҳмонов 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки баъди он кишвар ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагӣ қадам ниҳод.

Аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудани Конститутсия саҳифаи дурахшони китоби таърихи давраи истиқлоли Тоҷикистон аст. Ба ҷонибдории Конститутсия 94,4 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ овоз дода, моҳиятан роҳи тараққиёти ояндаи худро муайян намуданд. Конститутсияи соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон назир надорад, чунки то ин вақт сохти давлатдорӣ тамоман дигар буд. Акнун Конститутсияро ба тарҳи биное шабоҳат додан мумкин буд, ки аз рўи он сохтмонро оғоз кардан лозим меомад.

Конститутсия ҳаҷман як китоби начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ: шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса, муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.  Он аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Дар муқаддима аз номи халқи Тоҷикистон қабул шудани Конститутсия зикр мешавад, ки комилан дуруст аст. Ин ҳуҷҷати тақдирсозро на гурўҳи одамон, балки аксарияти мутлақи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ, яъне аз рўи талаботи ҷомеаи демократӣ қабул кардаанд.

Боби аввал «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дошта, аз 13 модда иборат аст. Дар ин боб хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат, рамзҳои давлатӣ, масъалаҳои дахлнопазирии инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, сохти марзиву маъмурии давлат, кафолати гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, ҷудо будани дин аз давлат, эътибори олӣ доштани Конститутсия ва мустақиман амал кардани меъёрҳои он, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва моликияти истисноии давлат муқаррар карда шудаанд.

Боби дуюми Конститутсия «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дошта, дар он аз вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, роҳу усулҳои кафолати онҳо, инчунин вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд сухан меравад. Ин боб аз 34 модда иборат аст.

Боби сеюм «Маҷлиси Олӣ» ном дошта, аз 16 модда иборат мебошад. Дар он хусусиятҳои парламенти Тоҷикистон, роҳу усулҳои интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои аъзои парламент ва вазъи ҳуқуқии онҳо, шаклҳои фаъолияти ҳар яке аз палатаҳои парламент, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани маҷлисҳои якҷоя, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, роҳу равиши қабули қонунҳо ва ҷараёни қонунгузорӣ, инчунин, дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти қонунгузории парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудаанд.

Боби чаҳорум аз 9 модда иборат буда, ба вазъиҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) бахшида шудааст.

Боби панҷум масъалаҳои сохтор, тарзи фаъолият, ваколат ва мавқеи Ҳукуматро дар низоми ҳокимияти давлатӣ дар бар мегирад.

Боби шашуми Конститутсия вазъи ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллиро фаро гирифтааст. дар боби ҳафтум вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудааст. Ҷиҳати характерноки боби мазкур аз он иборат аст, ки Конститутсия танзими салоҳияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро ба қонуни алоҳидаи конститутсионӣ ҳавола кардааст.

Боби ҳаштуми Конститутсия ба яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ – суд бахшида шудаааст. Дар он принсипҳои муҳимтарини адолати судӣ, ваколати судяҳо ва мўҳлати фаъолияти онҳо, шартҳо ва қоидаҳои интихоб ва таъин кардани судяҳо ба мақомоти гуногуни судӣ, салоҳияти Суди конститутсионӣ ва масъалаҳои марбут ба дахлнопазирии судяҳо инъикос ёфтаанд.

Боби нўҳуми Конститутсия «Прокуратура» ном дорад. Ба мақомоти прокуратура бахшида шудани боби алоҳида шаҳодати мавқеи хоси он дар бобати таҳкими қонуният мебошад.

Ниҳоят, боби охирин ва даҳуми Конститутсия тартиби ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба он дар бар мегирад. Раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва пешрафти давлатро бо дарназардошти характери дунявӣ ва иҷтимоии он моддаи садуми Конститутсия кафолат медиҳад.

Воқеан, асосҳои сохти конститутсионӣ гуфта, чиро дар назар дорем? Инҳо принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад.

Принсипҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қо- нун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.

Муҳимтарин хусусиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣва ягона. Маънои соҳибихтиёрӣ хеле васеъ аст, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ – роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Дар масъалаи соҳибихтиёрии халқ бояд дар ёд дошт, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист ва ҳокимияти худро бевосита (яъне дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Мафҳуми халқ дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия шарҳ дода шудааст, яъне тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чаро? Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ў ба маънии пуррааш вакили олии халқ аст. Аъзо ва вакили парламентро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд.

Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст. Акнун дар хусуси демократия сухан меронем. Демократия калимаи юнонӣ буда, маънояш ҳокимияти халқ аст. Ҳокимияти халқ дар ду шакл зоҳир мегардад: дар шакли демократияи бевосита, яъне қабули қарору қонунҳо ё ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим дар интихобот ва раъйпурсиҳо ва дар шакли демократияи намояндагӣ, яъне ба воситаи мақомоти аз тарафи халқ бевосита интихобшудаи намояндагӣ.

Яке аз шаклҳои дигари демократия ҳамин аст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, ассосиатсияҳо, маҳфилҳо, гурўҳҳо ва ғайраҳо муттаҳид шаванд ва ба ин восита дар амалӣ гардонидани ҳокимият иштирок намоянд.

Маънои давлати ҳуқуқбунёд низ хеле васеъ аст. Чунин тарзи давлатдорӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём аст. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки фаъолияти ҳама – ҳам давлату мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ мебошад. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон

маънои ба ҳуқуқ ва, пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Тоҷикистон аз рўзи қабули Конститутсияи соли 1994 инҷониб давлати ҳуқуқбунёд месозад ва аллакай бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Хонандагони азиз агар танҳо ба номгўи қонунҳое, ки дар китоби «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп шудаанд, бодиққат нигаранд, хоҳанд фаҳмид, ки ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат нест, ки оид ба танзими он қонун қабул нашуда бошад.

Яъне қонун ба ҳайси танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ паҳлўҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад. Масалан, барои хонандаи мактаби миёна ва донишҷўи мактаби олӣ донистани Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» хеле зарур аст, чунки ин санадҳо ҳама масъалаҳои вобаста ба таҳсилро фаро мегиранд ва дар ин санадҳо ҳуқуқу манфиатҳои хонандагону донишҷўён равшану возеҳ ифода ёфтаанд.

Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо, таҷзияи ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд. Маънои дунявӣ чандон душвору мураккаб нест.

Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо аз ҳуқуқи баробари вуҷуд доштан бархурдоранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки беш аз 90 фоизи шаҳрвандон дини исломро пайравӣ мекунанд, лекин ин дин аз

ҷониби давлат ҳамчун дини асосӣ ё расмӣ эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ҳуқуқи ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои диниро Қонун ба танзим медарорад.

Тоҷикистон давлати ягона мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як Конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона – мутамарказ ва ғайримутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқӣ пешниҳод менамояд. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсия Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Дигар хусусияти давлати ягона аз он иборат аст, ки қувваи мусаллаҳи ягона дорад, ки аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешавад.

Тоҷикистон дар қисми 2-юми моддаи 1-уми Конститутсияи Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.

Таъмини некўаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ – принсипи асосии давлати иҷтимоист. Мафҳуми некўаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад.

Дигар хусусияти асосҳои сохти конститусионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравист. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонад. Гуногунии мафкуравӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахс, гурўҳи иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад назария ва ақидаҳои сиёсии худро бемонеа таҳия ва инкишоф диҳад, онҳоро тарғибу ташвиқ намояд. Ҳамон мафкурае роҳ дода намешавад, ки миллатгароӣ, нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хусумат, зўран сарнагун намудани сохти конститутсионии Тоҷикистонро тарғиб намояд.

Дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятие ҳастанд, ки мафкураи онҳо комилан мухолифи якдигар аст, масалан, Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби наҳзати ислом.

Аммо азбаски онҳо дар доираи қонунҳои кишвар фаъолият мекунанд, ҳуқуқи озодона тарғиб кардани мафкураи худро доранд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент низ фаъолият мекунанд, онҳоро мардум аз рўи ақидаҳои сиёсӣ ва мавқеашон дар ҷомеа ба сифати вакил интихоб кардаанд. Аз ин рў, онҳо ҳуқуқи комил доранд, ки манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатҳое, ки қонун ба онҳо додааст, ҳимоя ва пешбарӣ кунанд.

Ниҳоят, яке аз хусусиятҳои дигар – принсипи иқтисоди бозорӣ. Баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асоси ин принсипро ташкил медиҳад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ – рамзҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд. Онҳо рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Ба дидани Парчаму Нишон ва шунидани Суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси маъсулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ бо қонуни ҷиноятӣ сазовори ҷазо дониста мешавад.

Рамзҳои давлатӣ дар низомномаҳои дахлдор инъикос ёфтаанд, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки дар онҳо намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, чунончи қароргоҳи расмии Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вило ятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо. Низомномаи мазкур истифодаи тасвири Парчамро ба мақсади ороишӣ низ иҷозат додаст, ба шарте ки ороиши он ба асли тасвири парчам мувофиқат кунад ва нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир карда нашавад.

Нишони давлатӣ аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз 7 ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кўҳҳои барфпўш тулўъкунанда рўи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хўшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд, иборат мебошад.

Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён рўи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кўҳҳо, ҳўшаҳои гандум, китоб, курсӣ бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появубаргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст. Бояд гуфт, ки мавриди истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчаму Суруди миллӣ васеътар аст, чунончи шиносномаҳои ҳар яки мову шуморо маҳз Нишони давлатӣ оро медиҳад, инчунин дар ҳама мўҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишон ҷой дода шудааст.

Агар Парчаму Нишони давлатӣ танҳо ба дидан ҳисси эҳтиром ва ифтихори моро бедор намоянд,  шунидани Суруди миллӣ ҳаяҷони касро дучанд мегардонад. Суруди миллӣ рамзи давлатдории миллӣ аст. Тибқи Низомномаи Суруди миллӣ, ки он бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11 -уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, эҳтироми Суруди миллӣ ва азёд донистани он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳар кишваре, ки соҳиби истиқлолияти давлатӣ аст, соҳиби пойтахт низ мебошад. Пойтахт мавқеи ҷойгиршавии мақомоти олии ҳокимият, маркази фарҳанг ва инчунин макони ҷойгиршавии намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 декабри соли 1996 шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳисоб меёбад.

Оиннома ва Нишони пойтахт аз мавқеи махсус доштани он дар ҳаёти кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Забон муқаддастарин рукни давлатдории ҳар миллати дунёст. Маҳз бо шарофати истиқлол ва худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард ва дар Конститутсияи Тоҷикистон (моддаи 2) ба сифати забони давлатӣ эътироф гардид. Ёдрас шудан лозим аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳоест, ки забони хеле қадима дорад. Давраи ниҳоии ташаккули забони тоҷикӣ ба асрҳои IX-X рост меояд. Бо вуҷуди набудани давлатдорӣ дар тўли асрҳои зиёд забони тоҷикӣ дар аксар кишварҳои Шарқ ба сифати забони коргузории давлатӣ истифода мешуд ва бузургтарин дастовардҳои илму адаби дорои шўҳрати ҷаҳонӣ бо ҳамин забон офарида шудаанд. Қабул шудани Қонуни забон дар таърихи 22 июли соли 1989 ба эҳёи фарҳанги нави давлатдорӣ мусоидат кард. Дар Қонуни мазкур манфиати миллатҳои ғайритоҷик оид ба истифодаи забони модариашон ба эътибор гирифта шуда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Асъори миллӣ – сомонӣ нишонаи дигари устувории истиқлоли давлатист. Асъори миллӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карда, муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медарорад. Вазъи мўътадили иқтисодиёти кишвар дурустии иқдоми Сарвари давлатро дар хусуси ба муомила баровардани асъори миллӣсомонӣ собит мекунад.

Саволҳо:

  1. Рукнҳои давлатдориро номбар кунед.
  2. Давлатҳои қадимтарини аҷдодони мо кадомҳо буданд ва дар кадом минтақаҳо сукунат доштанд?
  3. Сохти давлатдории империяи Ҳахоманишиҳо чӣ гуна буд?
  4. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба кӣ тааллуқ дошт?
  5. Давлатҳои Бохтару Суғд дар кадом асрҳо вуҷуд доштанд? 6. Давлати Сосониён чӣ гуна давлат буд ва чанд сол ҳукмронӣ кардааст?
  6. Давлати Сомониён чӣ гуна сохти давлатӣ дошт?
  7. ҶМШС Тоҷикистон кай ва дар чӣ гуна вазъи сиёсӣ ташкил ёфт?
  8. Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС чанд маротиба Конститутсия қабул кардааст?
  9. Таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатиро тибқи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон шарҳ диҳед. 11. Конститутсияи соли

1994 аз чанд боб иборат аст ва кадом масъалаҳоро дар бар мегирад? 12. Хусусияти иҷтимоӣ доштани Тоҷикистонро шарҳ диҳед. 14. Ба фикри шумо, чаро рамзҳои давлатӣ муқаддас эълон шудаанд?

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …