Главная / Илм / АШӯРОВ Ғаюр Ғафурович

АШӯРОВ Ғаюр Ғафурович

indexАШӯРОВ Ғаюр Ғафурович (тав. 08. 08. 1960, деҳаи Шамтучи ноҳ. Айнии вил. Суғд), стоматолог, доктори илмҳои тиб (1995), проф. (2006), Аълочии стоматологияи дараҷаи I ФР. Хатмкардаи ДДТТ (1983). Ординатори клиникии Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии ш. Москва (1983 – 84). Ассистент (1984 – 85), аспирант (1985 – 88) ва ассистенти (1988 – 92) кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ. Докторанти Пажӯҳишгоҳи марказии стоматологии ш. Москва (1992 – 95). Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ (1996 – 97), проф. кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва муолиҷавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997 – 2004). Аз с. 2005 мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ. Дар мавзӯи «Пешгирии бемориҳои стоматологӣ дар занҳои ҳомилаи серкӯдак» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Таҳияи самтҳои асосии инкишофи стоматология дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ (ҷанбаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, ташкили идоракунӣ ва иқтисодӣ)» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 китобу мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 12 дастур ва тавсияҳои таълимию методӣ, 1 кашфиёт аст. Таҳти роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 11 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Раиси Ассотсиатсияи байналхалқии стоматологҳои ҶТ, сармуҳаррири маҷ. «Стоматология Таджикистана».
Ос.: Перспективы развития рыночной модели функционирования стоматологической службы, Д., 1994; Функции органов зубочелюстной системы в жарком климате и горной местности, Д., 2006; Цитологические изучение эпителиального покрова десны в зависимости от степени компенсации сахарного диабета. Дар маҷ.: «Стоматология», №3, М., 2008; Оценка эпидемиологической ситуации заболеваний пародонта у больных сахарным диабетом в Таджикистане. Дар маҷ.: «Эпидемиология и инфекционные болезни», №2, М., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …