Главная / Илм / АШКОЛИ ДОРУ

АШКОЛИ ДОРУ

220px-datos_pegados_ff93АШКОЛИ ДОРУ (Formae medicamentorum), шаклу ҳолати доруҳост, ки барои истифодаи босамари онҳо мусоидат мекунанд. А. д.-ро дар дорухонаҳо ва ё муассисаҳои фармасевтӣ месозанд. А. д. моеъ, мулоим, сахт, инчунин маҳлули тазриқӣ мешаванд. Ҳар дору метавонад чанд шакл (хока, қурс, маҳлул, марҳам ва ғ.) дошта бошад.
А. д.-ҳои моеъ (обакӣ, соил, рақиқ) чунинанд: маҳлул, нақеъ, табих (матбих), таъфин, қиём (экстракт), микстура, луоб, эмулсия, суспензия.
Маҳлул дар натиҷаи дар ягон моддаи ҳалкунанда ҳал шудани доруи сахт ё моеъ ҳосил мешавад. Барои тайёр кардани маҳлул бештар оби тақтирӣ, баъзан этанол, глитсерин, равғани моеъ (равғани вазелинӣ, зайтун, равғани шафтолу, офтобпараст)-ро истифода мебаранд. Шаффоф будани маҳлул шарт аст; дар он зарраҳои муаллақ ё таҳшон набояд бошанд. Маҳлулро менӯшанд, тарбандӣ ва ғарғара мекунанд, ба гӯш, чашм, бинӣ мечаконанд. Меъёри маҳлул бо қошуқ (хурд, миёна, калон) ва манзурка (истакончаи ченакдор) муайян карда мешавад. Баъзе маҳлулҳоро, ки дар таркибашон моддаҳои заҳрнок доранд ё таъсирашон пурзӯр аст, қатра-қатра истеъмол менамоянд. Маҳлули доруҳои барои табобати иллати бинӣ, чашм ва гӯш пешбиншударо низ қатра-қатра истифода мебаранд.
Нақӯъ (нақеъ) ва табих (доруи дар об ҷӯшонида)-ро бо роҳи дар об тар карда мондан ё ҷӯшонидани барг, реша ва диг. узвҳои растаниҳои доруӣ (то 1000С расидани ҳарорати об 5 – 15 дақ. меҷӯшонанд) тайёр мекунанд. Дар таркиби нақӯъ ва табих ғайр аз унсури таъсирбахш ҳамчунин моддаҳои аҳамияти давоӣ надошта (қанд, танин, пигмент ва ғ.), вале безарар низ ҳастанд. Нақӯъ ва табих тез вайрон мешавад, аз ҳамин сабаб духтур онҳоро фақат барои дар муддати 3 – 4 рӯз истеъмол намудан тавсия медиҳад; дар дорухона бошад, онҳоро як-ду соат қабл аз гирифтан тайёр мекунанд. Дар хона нақеъ ва табихро дар ҷои салқин бояд нигоҳ дошт. Ин навъи доруро асосан менӯшанд, баъзан барои тарбандӣ ё чайқондану ғарғара кардани даҳон, гулӯ ва ғ. истифода мебаранд.
Таъфин (усора, сибға) моеъи шаффофест, ки таввасути спирт (спирту об ё спирту эфир) аз ашёи хушки растаниҳои шифобахш дар корхонаҳои дорусозӣ (бидуни ҷӯшонидан) тайёр мекунанд. Одатан, таъфинро қатра-қатра истеъмол мекунанд. Нисбат ба нақеъу табих таъми дору устувор аст ва дер мепояд. Таъфинро дар ҷои торики хона, ки ҳарораташ мӯътадил аст, дар шишачаи даҳонаш маҳкам нигоҳ медоранд.
Қиём (ҷавоҳирдору) ҳам монанди таъфин давоест, ки аз ашёи хушки набототи шифобахш таҳия мекунанд. Фарқи қиём аз таъфин дар он аст, ки дараҷаи ғилзаташ ҳар хел (обакӣ, ғализ ё хушк) мешавад. Истеъмоли қиём ба дараҷаи ғализии он вобаста аст: агар қиём обакӣ бошад, қатра-қатра менӯшанд, ғализу сахт бошад, аз он дар дорухона ё фабрикаи дорусозӣ ҳаб ё қурс (таблетка) месозанд.
Таъфин ва қиёмро адвиёти ҷолинусӣ низ меноманд. Ҷолинус аввалин шуда қиёми растаниро барои табобат истифода бурдааст.
Доруи луобӣ (луоб) моеъи ғализу часпонест, ки дар натиҷаи дар об ҳал шудан ё варамидани моддаҳои луобии мухталиф (мас., зифти арабӣ, шилми дарахти зардолу, тухми зағир, бехи саълаб) ҳосил карда мешаванд. Луоб пӯст ва ё луобпардаҳоро рӯпӯш намуда, онҳоро аз ангезиши омилҳои мухталиф, аз ҷумла таъсири баъзе пайвастҳои химиявӣ эмин медорад. Одатан, луобро ҳамчун ҷузъи таркибии доруҳои моеъ истифода мебаранд.
Эмулсия (мустаҳлаб) доруи моеъ буда, дар он зарраҳои дар об ҳалшавандаи ягон моеъи дигар (равған, баласон, яъне балзам) дар ҳолати муаллақ қарор доранд. Эмулсия моеъи якхелаи ширмонанд аст. Одатан, ба таркиби эмулсия доруҳоеро дохил мекунанд, ки онҳо таъми ногувор доранд ё пардаҳои луобиро меангезанд. Азбаски эмулсия тез вайрон мешавад, онро зиёда аз 3 – 4 рӯз истифода бурдан мумкин нест. Зарфи доруро дар ҷои салқин нигоҳ дошта, онро пеш аз истифода метаконанд.
Суспензия навъе аз дору буда, дар он зарраҳои майдаи даво (моддаи сахт) дар ягон моеъ (об, равғани наботӣ, глитсерин) муаллақ мебошанд. Суспензияро дар сурате тайёр мекунанд, ки агар моддаи доруӣ дар маҳлул тамоман ҳал нашавад. Пеш аз истифода суспензияро хуб такон медиҳанд.
Микстура (доруи омехта) доруи обакӣ буда, онро аз омехтани чанд моддаҳои доруии гуногун таҳия месозанд. Ба таркиби микстура нақӯъ, матбих, таъфин, қиём, эмулсия ва доруи хока (новобаста ба ҳал шудан ё нашуданаш дар об)-ро дохил кардан мумкин аст. Микстура бештар барои нӯшидан тавсия мешавад. Зарфи микстурадорро пеш аз истеъмоли дору таконидан лозим аст. Агар микстура дар таркибаш нақӯъ, матбих ё эмулсия дошта бошад, онро дар ҷои салқин нигоҳ медоранд.
Марҳам – хамираи нарму маҳин мебошад. Аз дору ва асос, яъне равғани растанӣ, ҳайвонот, моддаҳои равғанмонанд, маҳсули коркарди нефт ва моддаҳои синтезӣ иборат аст. Марҳамро фақат барои молидан ба пӯст ва пардаҳои луобӣ таъин мекунанд. Баъзан маводи доруиро низ, ки тавассути пӯст ва луобпардаҳо ба хун ҷаббида мешаванд, ҳамчун марҳам истифода мебаранд. Дар ин маврид марҳамҳоро бо мақсади таъсир расонидан ба иллате, ки дар узвҳои дарун пайдо шудааст, кор мефармоянд. Марҳамро дар шишаи даҳонаш маҳкам ё саночак дар ҷои салқин нигоҳ доштан лозим аст.
Марҳами моеъ (линимитҳо) аз марҳами муқаррарӣ бо намуди худ фарқ мекунад. Он моеъи ғафс буда, дар ҳарорати бадан об мешавад. Фақат барои ба пӯст молидан кор мефармоянд.
Хамира гуфта марҳамеро меноманд, ки таркибаш аз 25% моддаи хока иборат аст (дараҷаи ғилзати он ба хамир монанд мебошад). Хамира дар сатҳи пӯст нисбат ба марҳам дер мепояд ва моеъотро ҷаббида мегирад. Бинобар ин, онро асосан барои табобати амрози пӯст таъмин мекунанд.
Шамъак (суппозитория) бо хосияти худ аз дигар А. д. фарқ дорад. Вай дар ҳарорати хона тағйир намеёбад, вале дар гармии бадан об мешавад. Шамъак мақъадӣ ва маҳбалӣ мешавад. Шамъаки мақъадиро ба рӯдаи рост ва шамъаки маҳбалиро ба маҳбал ворид месозанд. Шамъакҳои мақъадӣ ангуштшакл буда, нӯги онҳо нимдоира аст. Онҳоро нафақат барои табобати амрози рӯдаи рост, балки барои муолиҷаи дигар узвҳои дохилӣ низ кор мефармоянд (моддаҳои давоии он тавассути луобпардаи рӯдаи рост ҷаббида мешавад).
Шамъакҳои маҳбалӣ лӯнда, байзашакл ё паҳнаки нӯгашон нимдоира мебошанд. Асосан барои табобати бемориҳои узвҳои ҷинсии занона истифода мегарданд. Дар таркиби баъзеи онҳо доруи зидди бордорӣ мавҷуд аст, ки барои пешгирии ҳамл кор мефармоянд. Давои таркиби шамъакҳо зуд ба хун ҷаббида мешавад, бинобар ин онҳоро бо маслиҳати духтур ва аз рӯи вояи таъинкардаи ӯ истифода бурдан лозим аст. Шамъакҳоро дар коғази мумандуд, селлофан ё фолга печонда, дар ҷои салқин ва хушк нигоҳ медоранд.
Ба А. д.-ҳои сахт хока, ғурӯша, қурс, драже ва ҳаб мансубанд.
Хока барои пошидан ва истеъмол кардан пешбинӣ шудааст. Ба вояҳо (доза) ҷудо карда намешавад. Хокаҳоеро, ки барои истеъмол пешбинӣ шудаанд, бо шир, об ё оби маъданӣ (1/4 – 1/2 истакон) менӯшанд; баъзеи онҳоро ба вояҳо низ ҷудо мекунанд. Хокаҳое, ки бо вояҳо ҷудо карда нашудаанд, чандон заҳрнок нестанд. Духтур истеъмоли онҳоро бо қошуқча ё қошуқ таъин мекунад. Хокаҳои ба воя ҷудокардаро дар дорухонаҳо дар халтачаҳои коғазии сафед, баъзан (агар зарур бошад) дар халтачаҳои пергаментӣ ё мумандуд ба фурӯш мебароранд. Доруи хока дар ғилофа (капсула)-ҳо низ ба фурӯш бароварда мешавад.
Ғилофа ҷилди махсусест барои доруҳои хока, хамира ё моеъ, ки вояи аниқ дошта, барои нӯшидан пешбинӣ шудаанд. Дар шакли ғилофа асосан доруҳоеро истеҳсол мекунанд, ки таъми нохуш доранд ё луобпардаи меъдаю рӯдаҳоро озор медиҳанд. Ду шакли ғилофаҳо мавҷуд аст: желатинавӣ ва оҳарӣ (крахмалӣ). Баъзе ғилофаҳо аз меъда гузашта, фақат дар рӯда зери таъсири муҳити ишқории он ҳал мешаванд. Ғилофаро нахоида фурӯ мебаранд. Кушода истифода бурдани он тавсия намешавад.
Ғурӯша (гранула) доначаҳои шаклан гуногун мебошад. Барои истеъмол пешбинӣ шудааст. Тарзи истифодаи он мисли доруи хока аст. Дар баъзе мавридҳо онро пеш аз истеъмол мувофиқи нишондоди духтур ё навиштаҷоти худи дору дар об ҳал кардан лозим меояд.
Қурс (таблетка) шакли кулчаро дорад; баъзан дарозрӯя низ мешавад. Дар корхонаҳои дорусозӣ тайёр менамоянд. Барои истифода хеле мувофиқ буда, дуру дароз меистад, таъми ногувори дору низ чандон ҳис намешавад. Баъзе қурсҳоро қабат-қабат истеҳсол мекунанд (дар роҳи ҳозима аз рӯи тартиби муайян ҷаббида мешаванд).
Вобаста аз хосияти дору ва шакли беморӣ тарзи истифодаи қурсҳо гуногун аст. Бисёр вақт онҳоро барои ошомидан таъин мекунанд. Бинобар ин, дар бештарин мавридҳо қурсро нахоида фурӯ бурдан лозим аст (хоса агар он ҷилди махсус дошта бошад). Қурсҳое низ мавҷуданд, ки онҳор хоида истеъмол кардан тавсия мешавад. Баъзе қурсҳоро то пурра ҳал шуданашон дар зери забон нигоҳ медоранд (мас., нитроглитсерин, изадрин, метилтестостерон ва ғ.). Дар кадом ҳолате, ки набошад, мавриди истифодаи қурс таъиноти духтурро риоя кардан лозим аст.
Драже доруи сахт буда, таъми ширин дорад. Чунин доруҳо лунда ва якранг мешаванд. Дражеро нахоида фурӯ мебаранд.
Ҳаб (пилюла) шакли лундаро дошта, барои нӯшидан пешбинӣ шудааст. Ҳабро одатан дар дорухонаҳо тайёр мекунанд. Аз маводи доруӣ ва хамираи махсус иборат аст.
Ба А. д. ҳамчунин давоҳои наботӣ (растаниҳои доруӣ) дохил мешаванд. Онҳоро дар оби ҷӯш тар карда, сипас бо латта мепечонанд ва ба пӯст мегузоранд. Баъзан хушкохушк гарм мекунанд ва ба халтача гирифта ба ҷои дардманд мениҳанд. Аз растаниҳои дорӯӣ чой ва ҷӯшоб низ тайёр карда мешавад. Дар халтачаҳои коғазин, қуттича ё шишачаҳо ба фурӯш мебароранд. Онҳоро дар ҷои хушк нигоҳ доштан лозим аст.
Ба А. д.-ҳои тазриқӣ (инъексия) маҳлулҳои обӣ ва равғанӣ, суспензияҳо, эмулсияҳо, ҳамчунин хокаю қурсҳо мансубанд. Онҳо қабл аз истифода дар маҳлул ҳал карда мешаванд. Талаботи асосӣ барои онҳо тамйиз буданашон аст, зеро асосан барои тазриқ истифода мегарданд (ба зери пӯст, мушак, ба варид, шараён, ҷавфи бадан). Дар ин мавридҳо вояи аниқи дору ба назар гирифта мешавад (самари табобат низ зудтар фаро мерасад). Барои тазриқи дору маҳорату дониши махсус лозим аст, бинобар ин онро ҳатто дар шароити хона низ бояд корманди тиб (ҳамшираи шафқат, фелдшер) иҷро кунад.
Оид ба тарзи нигоҳ доштани дору дар шароти хона ниг. Доруқуттӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …